МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ СЕ МОҲӣ ВА ШИКОРЧИЁН
Мардумон бар се гунаанд: ё оқиланд, ё нимоқил, ё ҷоҳил. Он ки доност бо равшании дониши худ мебинад ва нимоқил ба ҳидояти оқиле худро пайрави ў медонад ва ҷоҳил ҷуз худ касеро намебинаду намешиносад.
Оқил ҳамеша пешвою роҳбар аст:
Пайрави нури худ аст он пешрав,
Тобеи хеш аст он бехешрав.
Нимоқил чун ба нодонии худ огаҳ аст, пайваста доноеро пайравӣ мекунад.
Дигаре, ки нимоқил омад ў,
Оқилеро дидаи худ донад ў.
Аммо нодон ҷуз худ касеро намебинад:
В-он харе, к-аз ақл ҷавсанге надошт,
Худ набудаш ақлу оқилро гузошт.
Дар обгири дур аз ободӣ се моҳӣ зиндагонӣ мекарданд, рўзгорро ба хушӣ мегузарониданд. Рўзе шикорчиён аз он ҷо гузаштанд ва назарашон ба моҳиҳо афтод. Тамаъ карданд, ки онҳоро шикор кунанд. Аммо чун афзори моҳигирӣ надоштанд, бозгаштанд, то доме биёваранду моҳиҳоро бигиранд. Моҳиён аз нияти шикорчиён огаҳ шуданд ва донистанд, ки барои шикори онҳо хоҳанд омад. Яке аз моҳиён бисёр донову дурандеш буд. Ҳамин ки аз нияти шикорчиён огоҳ шуд, аз обгир худро ба ҷўйи об андохту роҳи баҳр пеш гирифт.
Он ки оқил буд, азми роҳ кард,
Азми роҳи мушкили нохоҳ кард.
Дар дил гуфт: – Агар бо он дутои дигар машварат кунам, маро аз сафари дарё хоҳанд тарсонд.
Машваратро зиндае бояд накў,
Ки туро зинда кунад в-он зинда ку?
Эй мусофир! Бо мусофир рой зан,
З-он ки поят ланг дорад рой зан.
Ҳамчунин ҳуббулватан бошад дуруст,
Ту ватан бишнос, эй хоҷа, нахуст.
Гуфт он моҳии зирак: «Раҳ кунам,
Дил зи рою машваратшон барканам».
Нест вақти машварат, ҳин, роҳ кун,
Чун Алӣ ту оҳ андар чоҳ кун.
Маҳрами он оҳ камёб аст бас,
Шабраву пинҳонравӣ кун чун асас.
Сўйи дарё азм кун з-ин обгир,
Баҳр ҷўву тарки ин гирдоб гир.
Аз дами ҳуббулватан бигзар, маист,
Ки ватан он сўст, ҷон ин сўй нест.
Гар ватан хоҳӣ, гузар он сўйи шат,
Ин ҳадиси ростро кам хон ғалат.
Моҳии доно бо дурандешӣ худро аз хатар раҳонд ва ба дарё расид.
Он гоҳ шикорчиён бо дом омаданд ва беш аз ду моҳӣ надиданд. Аммо моҳии нимоқил, ки хатарро дарёфт, пушаймон шуд, ки чаро бо ёри худ аз ин гирдоб нагурехт ва худро сарзаниш кард:
Бар гузашта ҳасрат овардан хатост,
Боз н-ояд рафта, ёди он ҳабост.
Аммо чун медонист пушаймонӣ суде надорад, ба фикри чора афтод ва бар он шуд, ки худро ба мурдагӣ занад, балки аз дасти шикорчиҳо роҳи фироре пайдо кунад:
Мурда гардам, хеш биспорам ба об,
Марги пеш аз марг амн аст аз азоб.
Пас худро ба мурда заду нафасро дар сина ҳабс карду ба рўйи об баромад. Яке аз шикорчиён ўро дид ва афсўс хўрд, ки моҳӣ мурдааст. Аммо барои эҳтиёт ўро гирифт.
Вале моҳӣ вайро фиреб доду ҳамчунон беҳаракат монд, то сайёд бовар кард, ки мурдааст. Ўро ба замин гузошт.
Моҳӣ бо чобукӣ худро ба ҷўйи об расонид ва аз хатар раҳид.
Вале моҳии севумӣ, ки нодон буд, аз тарси ҷон, аз ин сў ба он сў шино мекард, ба ҳар тараф рўй меовард.
Роҳи гурез пайдо намекард ва оқибат дар дом гирифтор шуд.
Дом афканданду ў дар дом монд,
Аҳмақӣ ўро дар он оташ нишонд.
Бар сари оташ, ба пушти тобае,
Бо ҳамоқат гашт ў ҳамхобае.
Ўро гирифтанд ва ҳангоме ки рўйи тоба кабоб мешуд, меҷўшиду мегуфт:
–Агар аз ин бало бираҳам, ин бор худро ба дарё хоҳам расонд ва дар амну амон зиндагӣ хоҳам кард.
Оби беҳад ҷўяму омин шавам,
То абад дар амну сиҳҳат меравам.
Ақл мегуфташ: «Ҳамоқат бо ту аст,
Бо ҳамоқат аҳдро ояд шикаст.
Чунки ақлат нест, нисён мири туст,
Душману ботилкунӣ тадбири туст.
ДОСТОНИ МУРҒИ ГИРИФТОРУ ПАНДИ Ў БА ШИКОРЧӢ
Мурғи доное дар доми шикорчӣ гирифтор шуд. Барои озодии худ тадбире карду ба шикорчӣ гуфт:
– Ту шикорчии бузурге ҳастӣ. Оҳую гавазну гов шикор карда хўрдаӣ. Аз мани ночиз даргузар, то се панд ба ту бидиҳам, ки ту хушбахт гардӣ:
Ҳил маро, то ки се пандат бардиҳам,
То бидонӣ зиракам ё аблаҳам?
Аввали он панд ҳам дар дасти ту,
Сонияш бар боми каҳгилбасти ту.
В-он савум пандат диҳам ман бар дарахт,
Ки аз ин се панд гардӣ некбахт.
Панди нахустро ҳамин ҳоло, ки дар дасти ту гирифторам, медиҳам, дуюмиро бар сари девор ва сеюмиро ҳангоме ки ба дарахт нишастам.
Шикорчӣ пазируфт ва мурғ гуфт:
–Панди аввал ин аст, ки ҳаргиз ҳеҷ кори ношуданӣ ва ғайри имконро аз касе бовар макун:
Он чӣ бар даст аст, ин аст он сухун,
Ки муҳолеро зи кас бовар макун.
Шикорчӣ ўро раҳо карду мурғ парид ва бар сари девор нишаст. Гуфт:
–Ҳаргиз бар гузашта ғам махўр!
Чун бар сари дарахт нишаст, гуфт: – Дилам ба ҳоли ту месўзад. Ман дар шиками худ гавҳаре дорам, ба вазни даҳ дирҳам санг. Агар маро мекуштӣ, моли ту буд:
Давлати ту – бахти фарзандони ту,
Буд он гавҳар, ба ҳаққи ҷони ту.
Мард аз шунидани ин ҳарф ба нолаву зорӣ афтоду аз ҳасрати аз даст додани он гавҳар ашк мерехт. Мурғ гуфт:
–Эй мард, магар нагуфтам бар гузашта ғам махўр.
Гиряю зорӣ чӣ суд дорад?
Чун гузашту рафт, ғам чун мех(в)арӣ,
Ё накардӣ фаҳми пандам ё карӣ!
Ба илова ман туро огаҳ кардам, ки ҳаргиз кори муҳолро бовар макунӣ. Охир, вазни худи ман се дирам нест. Чӣ гуна дар ишками ман як гавҳари даҳдирҳамӣ ҷо мегирад?
Шикорчӣ андешид, ки рост мегўяд ва ба худ омаду гуфт:
– Акнун, ки маро фиреб додӣ, панди сеюмро боз гўй.
Мурғ гуфт: – Рост гуфтӣ. Панди сеюм ин аст, ки ҳеҷ гоҳ ба одами нодону аҳмақ панд мадеҳ, ки монанди ин аст, ки дар замини шўразор дона бикорӣ, ки ҳаргиз сабз нашавад:
Панд гуфтан бо ҷаҳули хобнок
Тухм афкандан бувад дар шўрахок.
Чоки ҳумқу ҷаҳл напзирад рафў,
Тухми ҳикмат кам диҳаш, эй пандгў.
Мард аз шунидани ин се панд ибрат гирифт ва бар раҳо кардани он мурғи зирак ҳасрат бурд.
ДОСТОНИ ПОДШОҲ ВА НАДИМУ ВАЗИР
Подшоҳе бар надиме хашм кард,
Хост, то аз вай барорад дуду гард.
Кард шаҳ шамшер берун аз ғилоф,
То занад бар вай ҷазои он хилоф.
Подшоҳе мушовире дошт, ки барои хилофе, ки карда буд, сахт бар ў хашм гирифт ва дар ҳузури дигарон шамшер кашид, то ўро бикушад. Ин шоҳ вазире дошт, ки бисёр назди ў гиромӣ буд ва шоҳ барои ў ҳамон арзишеро дар назар дошт, ки Худованд барои паёмбараш.
Бинобар ин, ба ҳарфи ў бисёр эҳтиром мегузошт ва ҳине ки шоҳ мехост бо шамшер сари надими худро бибурад, вазир пеши пойи подшоҳ худро ба замин афканд:
Бас ҷаҳиду зуд дар саҷда фитод,
Дарзамон шаҳ теғи қаҳр аз каф ниҳод.
Шоҳ шамшери худро ба ғилоф андохту гуфт:
Чунки омад пойи ту андар миён,
Розиам, гар кард муҷрим сад зиён.
Шоҳ боз гуфт:
–Ба хотири қадру манзалате, ки пеши ман дорӣ ва дурустию амонате, ки дар хидмат ба ман нишон додӣ, наметавонам бо ҳамаи хашму ғазабе, ки нисбат ба надим пайдо кардаам, ўро ҷазо диҳам. Аз ин ҷиҳат ўро ба ту бахшидам ва аз сари гуноҳи ў даргузаштам, вагарна:
Гар замину осмон бар ҳам задӣ,
З-интиқом ин мард берун н-омадӣ.
В-ар шудӣ зарра ба зарра лобагар,
Ў набурдӣ ин замон аз теғ сар.
Аммо он надим ба ҷойи ин ки аз вазир хушнуд бошад, ки ўро аз хашми шоҳ раҳонида, аз марг наҷот додааст, аз вазир озурдахотир шуд, ки чаро шафоати ўро карда ва нагузорида, ки шоҳ ўро ҷазо диҳад.
Божгуна рафту безорӣ гирифт,
Бо чунин дилдор киндорӣ гирифт.
З-ин шафеи хештан бегона шуд,
З-ин тааҷҷуб халқ дар афсона шуд.
Ки на маҷнун аст, ёрӣ чун бурид,
Аз касе, ки ҷони ўро вохарид.
Ҳамаи мардум аз ин дар шигифт шуданд, ки чӣ гуна одамӣ аз касе, ки сабаби наҷоти ў шудааст, меранҷад, магар ин ки девона шуда бошад. То ин ки як рўз дўсте ба он надим сарзаниш кард, ки расми инсонӣ нест, ки аз наҷотдиҳандаи худ биранҷад ва шукри меҳрубонии ўро ба ҷо наёварад. Ҳама мардум туро барои ин рафторат девона медонанд.
Он мард гуфт: – Буридани дўстӣ байни ману он вазир барои ин аст, ки чаро монеи куштани ман ба дасти шоҳ шуд:
Ман нахоҳам раҳмате ҷуз захми шоҳ,
Ман нахоҳам ғайри он шаҳро паноҳ.
Ғайри шаҳро баҳри он «ло» кардаам,
Ки ба сўйи шаҳ тавалло кардаам.
Гар бибуррад ў ба қаҳри худ сарам,
Шоҳ бахшад шаст ҷони дигарам.
Кори ман сарбозиву бехешӣ аст,
Кори шоҳаншоҳи ман сарбахшӣ аст.
Ман дар баробари подшоҳи худ ҳоҷат ба воситаву шафеъ надорам ва ба қадре сарсупурдаю ҷонфидои ў ҳастам, ки агар ба ростӣ маро мекушт, ба фармони ў будам. Магар нашунидӣ, ки ҳангоми ба оташ андохтани Иброҳим паёмбар (а) Ҷабраили фариштаи хоси Худо назди ў омаду гуфт:
–Омодаи фармони туам. Чӣ мехоҳӣ, то барои ту анҷом диҳам?
Иброҳим (а), ки дар ҳаво ба оташ афтодан дошт, гуфт:
–Ман ниёзе ба ту надорам ва агар ҳам дошта бошам, аз Худовандам металабам ва муҳтоҷи восита нестам.
К-ин ҳуруфи восита, эй ёри ғор,
Пеши восил хор бошад, хор, хор.
Ман низ монанди ҳазрати Иброҳим (а) ҳар чӣ мехостаам, аз шоҳ хостаам ва акнун ки шоҳ маслиҳатро дар куштани ман медонад, сар ба фармони ў дорам. Вазир васила шуд, ки иродаи шоҳ амалӣ нашуд. Табъан ман, ки фармонбардори ў ҳастам, наметавонам аз вазир хушнуд бошам. Чун шарти бандагӣ ризо додан ба фармону ирода ба соҳибихтиёр аст, ки дар мавриди ман соҳибаш шоҳ аст. Ман медонам, ҳар чӣ шоҳ бикунад, дуруст аст, монанди Иброҳим (а), ки медонист ҳар чӣ пеш ояд, хости Худованду айни савоб аст, чун Парвардигор донист ва аз ў кори нодурусте сар намезанад.
Гар ҳакиме нест, ин тартиб чист?
В-ар ҳакиме ҳаст, чун феълаш тиҳист?
Кас насозад нақши гармоба-в хазоб
Ҷуз пайи қасди савобу носавоб.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё