МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ ҚИБТӢ ВА СИБТӢ
Қибтӣ номи пайравони Фиръавн ва сибтӣ номи пайравони Мўсо (а) аст. Дар рўзгоре, ки муборизаи
Мўсо (а) ва Фиръавн ба авҷ расида ва бо дархости ҳазрати Мўсо (а) оби рўди Нил барои қибтиён хун мешуд, як нафар қибтӣ, ки бо яке аз сибтиён хешовандӣ дошт, пеши ў омад:
Гуфт: «Ҳастам ёру хешованди ту,
Гаштаам имрўз ҳоҷатманди ту,
З-он ки Мўсо ҷодуе карду фусун,
То ки оби Нили моро кард хун.
Қибтӣ гуфт: –Ман имрўз ба ту эҳтиёҷ дорам.
Чун Мўсо оби Нилро барои мо хун кардааст ва барои шумо оби соф аст, барои хешованд ҳам боист, ки соф бошад. Хоҳиш мекунам, чун барои худ об меовардӣ, нимеро бинўш ва ними дигарро ба ман бидеҳ, ки аз ташнагӣ дар азобам. Шояд ба туфайли ту аз ин ранҷ раҳоӣ ёбам. Сибтӣ ҳарфи ўро шуниду кўзаро аз об пур кард. Ниме аз онро нўшид ва боқимондаро ба қибтӣ дод. Аммо ҳамин ки қибтӣ обро ба даҳон наздик кард, чизе ҷуз хун набуд. Қибтӣ ҳам андўҳнок ва ҳам хашмгин шуд ва гуфт: – Эй хешованди азиз, чорае бикун.
Сибтӣ гуфт: – Агар мехоҳӣ аз ин оқибат осуда шавӣ, пайрави
Мўсо (а) бишав.
Қавми Мўсо шав, бихўр ин обро,
Сулҳ кун бо маҳ, бибин маҳтобро.
Хашм биншон, чашм бикшо, шод шав,
Ибрат аз ёрон бигир, устод шав.
Ту хаёл карда будӣ Худоро фиреб медиҳӣ, ки дар об бо ман шарик шудӣ.Ғофил, ки ин фиреб ба ту зиён мерасонад. Агар ба сўйи ў рўй оварӣ, Худованд ҳам хоҳиши туро хоҳад пазируфт.
Ҳақ наҷунбонад ба зоҳир сар туро,
Лек созад бар сарон сарвар туро.
Мар туро чизе диҳад Яздон ниҳон,
Ки суҷуди ту кунанд аҳли ҷаҳон.
Ончунон ки дод сангеро ҳунар,
То азизи халқ шуд, яъне ки зар.
Қибтӣ гуфт: – Бо ин дили тира, ки ман дорам, ниёзам бароварда нест. Ту барои ман дуо кун. Шояд дилам равшан шавад:
Ки бувад, ки қуфли ин дил вошавад,
Зиштро дар базми хубон ҷо шавад.
Сибтӣ ҳамон дам пеши Худованд ба хок афтоду гуфт:
–Эй донои ошкору ниҳон, ҳар чӣ ҳаст, аз туст, ту оғозу анҷомӣ ва бар ҳар розе доноӣ:
Ҷуз ту пеши кӣ барорад банда даст?
Ҳам дуову ҳам иҷобат аз ту аст.
Ҳам зи аввал ту диҳӣ майли дуо,
Ту диҳӣ охир дуоҳоро ҷазо.
Аввалу охир туӣ, мо дар миён,
Ҳечи ҳечӣ, ки наёяд дар баён.
Дар ин ҳол сибтӣ аз худ бехуд шуд ва дар он бехудӣ аз Худованд дархост кард, ки дили қибтиро аз нури имон равшан кунад. Дар ин ҳангом қибтӣ дар беҳушӣ фарёд кард:
– Эй дўст, имон ба ман арза кун, ки омодаи қабул карданам:
Кимиёе буд суҳбатҳои ту,
Кам мабод аз хонаи дил пойи ту.
Ту яке шохе будӣ аз нахли хулд,
Чун гирифтам, ў маро то хулд бурд.
Сел буд он ки дилашро даррабуд,
Бурд селам то лаби дарёи ҷуд.
Он ки ҷўю чашмаҳоро об дод,
Чашмае дар андаруни ман кушод.
Дўстии ту маро аз бадбахтиву кўрдилӣ раҳонид.
Ман гумон мекардам, ки барои табдили хуни об имон биёварам. Акнун мебинам, ки худ монанди Нил дар ҷараёнам, агарчи дигарон маро як ҷо истода мебинанд:
Ман гумон бурдам, ки имон оварам,
То аз ин тўфони хун обе х(в)арам.
Ман чӣ донистам, ки табдиле кунад,
Дар ниҳоди ман маро Ниле кунад.
Сўйи чашми худ яке Нилам равон,
Барқарорам пеши чашми дигарон.
Мо ин ҷаҳонро хомўшу беҷунбиш мебинем ва намедонем, ки ҳамаи аҷзои он забон доранд ва пеши Парвардигори баландмартаба ситоишгаранд. То имон бар дилҳо натобад, одамӣ аз ин маъно ғофил аст ва танҳо ба сурат менигарад, вагарна ба чашми Мўсо (а) оташ аз дарахт сар мезанад ва шоху барг онҳоро сабзу хуррам мекунад ва чўби хушк дар дасти ў аждаҳо мешавад?
Ин дарахти тан асои Мўсӣ аст,
К-омираш омад, ки бияндозаш зи даст.
То бибинӣ хайри ўву шарри ў,
Баъд аз он баргир ўро з-амри ҳу.
Пеш аз афкандан набуд ў ғайри чўб,
Чун ба амраш баргирифтӣ, гашт хуб.
ДОСТОНИ МЎРЧАГОН
Мўраке бар коғазе дид ў қалам,
Гуфт бо мўри дигар ин роз ҳам.
Мўрчае дид қалам рўйи коғаз мераваду калимаҳою ҳарфҳоро паҳлуи ҳам мечинад. Бо тааҷҷуб ба мўрчаи дигар нишон дод. Ў, ки донотар буд, гуфт:
– Ин нақшҳо, ки рўйи коғаз меояд, кори қалам нест, кори ангуштон аст, ки онро мегардонад.
Мўрчаи севумӣ гуфт:
–Аз ангушти лоғари нотавон чӣ меояд? Ин кори бозуи тавоност, ки ангуштонро нигоҳ медорад ва такягоҳи онҳост.
Мўрчагони дигар, ки ҳозир буданд, ҳар як чизе, ки ба ақлашон дар ин бора мерасид, мегуфтанд, то ин ки риштаи сухан ба дасти мўрчае, ки донотару бузургтар аз ҳама буд, афтод. Ў гуфт:
– Фаромўш накунед, ки агар ақлу ҷон набошанд, ҳеҷ чиз аз ҷойи худ намеҷунбад. Он чӣ мо мебинем, сурати кор аст.
Сурат омад чун либосу чун асо,
Ҷуз ба ақлу ҷон наҷунбад нақшҳо.
Аммо ў ҳам намедонист, ки ақлу ҷон ҳам бе иродаи
Парвардигори баландмартаба коре анҷом намедиҳанд.
Фаҳмидани ин матлаб кори одам нест, чӣ расад ба мўрчае, ки дар тамсил баён шудааст. Дар кори Худованд ҳама дар шигифтанд ва беҳтар аст, ки ҳайрон бошанд.
Чун зи фаҳми ин аҷоиб кавданӣ.
Гар «бале» гўйӣ, такаллуф мекунӣ.
В-ар бигўйӣ: «на», занад «не» гарданат,
Қаҳр барбандад бад-он «не» равзанат.
Пас, ҳамин ҳайрону вола бошу бас,
То дарояд насри Ҳақ аз пешу пас.
Одамӣ, ки ақлаш ба канораҳои офариниш намерасад, агар даъво кунад, ки ҳама чизро медонад, дуруст нест, чаро ки дар ақди фаҳми ў нест. Агар инкор кунад, дучори хашми Худованд хоҳад шуд. Беҳтар аст дар ҳамон ҳайронию саргардонӣ дасту по бизанем ва аз Парвардигори доно ва меҳрубон ёрӣ бихоҳем.
ДОСТОНИ МУҲАММАД ВА ҶАБРАИЛ
Рўзе ҳазрати Паёмбари акрам (с) ба Ҷабраил (а) гуфт:
–Эй дўсти ман, чеҳраи худро чунон ки ҳаст, ба ман нишон диҳ, то онро аз наздик бинам.
Ҷабраил гуфт:
–Ту тоқати дидори маро надорӣ, чун ҳисси одамӣ заиф аст ва тавоноии дарёфту дидори қисми ҳодисотро надоранд. Агарчи Худованди тавоно дар ботини ў розе нуҳуфтааст, ки қобилият нишон диҳад, аз қисми ин ҳадяи илоҳӣ даст мекашад.
Ҳазрати Муҳаммад фармуд:
–Худро нишон бидеҳ, то ошкор гардад, ки ин тан чӣ қадар нотавону заиф аст. Тан монанди санг аст ва тобини ў оҳан. Ё оташзана аст, ки чун ба ҳам бархўрд кунад, оташ падид меояд ва шуълаи ин оташ танро дарҳам мешиканад. Аммо дар ҳамин тан шуълаи дигаре ҳаст, ки оташро бар Иброҳими Халил (а) гулистон мекунад.
Ҷабраил шаҳпареро аз шаҳпарҳои худ ба Паёмбари акрам нишон дод, ки аз ҳайбати он Паёмбари Худо беҳуш шуд:
Чун зи биму тарс беҳушаш бидид,
Ҷабраил омад, ба оғўшаш кашид.
Ҷабраил гуфт: –Он тарсу бими офарида, ки дар ман дидӣ, барои бегонагон аст. Подшоҳон ҳангоме ки дар кўчаю бозор меоянд, сарбозону афсарон пешопеш роҳ мераванду садои «дур бош»-и онҳо гўшро кар мекунад. Ин кор барои ин аст, ки ҳайбати онҳо дар дили оммаи мардум тарс падид оварад ва онҳоро аз фитнаофаринӣ боз дорад, амнияти шаҳр таъмин гардад. Вагарна дар хилвати хос аз ин хабарҳо нест ва ҷуз меҳрубонию гузашт чизи дигар аз шоҳон дида намешавад.
Таблу кўсу ҳавл бошад вақти ҷанг,
Вақти ишрат бо хавос овози чанг.
Ҷисми Паёмбар ҳам монанди ҷисми дигарон дар маърази дард ва хобу марг қарор гирифт ва ҳамчун мардумони фонӣ зери хоки Мадина орамидааст. Он ҷисми хокии ў буд, ки аз муҳаббати дидори Ҷабраил беҳуш шуд. Агар ҳазрати Паёмбари акрам ҳам ботини худро ба Ҷабраил нишон медод, ў ҳам аз бузургии ботини ў беҳуш мегардид.
Аҳмад ар бикшояд он парри ҷалил,
То абад беҳуш монад Ҷабраил.
Мисли шабе, ки ба Меъроҷ рафт, Ҷабраил ҳамроҳи ў буд, то ин ки ба ҷое расид, ки Ҷабраил аз парвоз бозмонд. Паёмбари акрам фармуд, ки ман ҳанўз ба авҷ нарасидаам ва то расидан ба назди Худованди азза ва ҷалла ҳанўз роҳе мондааст.
Ҷабраил гуфт:
–Ҳадди ман ҳамин ҷост ва агар болотар равам, парҳоям месўзад.
Гуфт ўро: «Ҳин, бипар андар паям»,
Гуфт: «Рав рав, ман ҳарифи ту наям».
Боз гуфт ўро: «Биё, эй пардасўз!
Ман ба авҷи худ нарафтастам ҳанўз».
Гуфт: «Берун з-ин ҳад, эй хушфарри ман,
Гар занам парре, бисўзад парри ман».
ДОСТОНИ ТОВУС ВА САБАБИ КУШТАНИ Ў
Омадем акнун ба товуси дуранг,
К-ў кунад ҷилва барои ному нанг.
Инак, аз товус мурғи дигаре, ки Иброҳим (а) ўро кушт, сухан бигўем. Товус ба парҳои зебои худ мағрур аст. Бо он парҳо дили мардумро мебарад ва худро ҳам ба хатар меандозад. Бо ҷилвагарии худ шикорчиёнро ба сўйи худ мекашад. Ў намедонад чӣ мекунад. Мисли дом аст, ки аз баду хуби кори худ хабар надорад. Ў бо ноз мардумро мефиребад ва намедонад, ки парҳои зебои ў балои ҷони вай ҳастанд. Ў хаёли шикори дигаронро дорад, аммо худаш шикор мешавад.
Товус рамзи ҷилвагарӣ ва ғуруру худписандӣ аст.
Ин ҷилвагарӣ на барои худаш суд дорад ва на хайре ба дигарон мерасонад.
Он ки арзад сайдро, ишқ асту бас,
Лек ў кай ғунҷад андар доми кас?
Ту магар ойиву сайди ў шавӣ,
Дом бигзорӣ, ба доми ў равӣ.
Ишқ мегўяд ба гўшам паст-паст:
«Сайд будан хуштар аз сайёдӣ аст.
Гўли ман кун хешрову ғарра шав,
Офтобиро раҳо кун, зарра шав.
Бар дарам сокин шаву бехона бош,
Даъвии шамъӣ макун, парвона бош.
То бибинӣ чошнии зиндагӣ,
Салтанат бинӣ ниҳон дар бандагӣ.
Бисёре аз корҳои ҷаҳон ба зоҳири феъл чаппа аст.
Касеро, ки бар сари дор мебинӣ, дарвоқеъ, тоҷдор аст:
Бас таноб андар гулўву тоҷи дор,
Бар вай анбўҳе, ки инак тоҷдор.
Ҳамчу гўри кофирон, берун ҳулал,
Андарун қаҳри Худо азза ва ҷал.
Чун қубур онро муҷассас кардаанд,
Пардаи пиндор пеш овардаанд.
Табъи мискинат муҷассас аз ҳунар,
Ҳамчу нахли мум, бебаргу самар».
Дарвеше аз дарвеши дигар пурсид: –Худоро чӣ гуна дидӣ?
Гуфт: –Ўро бечун дидам, аммо барои мисол бояд бигўям, ки сўйи чапи ў оташ буд ва сўйи рост ҷўйи Кавсар.
Гурўҳе ба оташ рў меоварданд ва ҷамъе ба оби гуворо, вале барои бозшинохти хушбахту бадбахт бозии аҷибе буд: ҳар кӣ ба сўйи об мерафт, аз оташ дармеомад ва ҳар кӣ ба оташ дарун мерафт, ба оби зулол мерасид.
Кам касе бар сирри ин музмар задӣ,
Лоҷарам кам кас дар он оташ шудӣ.
Ҷуз касе, ки бар сараш иқбол рехт,
К-ў раҳо кард обу дар оташ гурехт.
Касоне, ки худошинос буданд, бонги оташро мешуниданд, ки фарёд мезад: «Ман оташ нестам, балки чашмаи гувороям» ва онҳое, ки мағрури ҳунари худ буданд, ба зоҳири об фирефта мешуданд ва ба оташ меафтоданд.
Чашмбандӣ кардаанд, эй беназар,
Дар ман ойу ҳеч магрез аз шарар.
Эй Халил, ин ҷо шарору дуд нест,
Ҷуз ки сеҳру худъаи Намруд нест.
Чун Халили Ҳақ агар фарзонаӣ,
Оташ оби тусту ту парвонаӣ.
Ҷони парвона ҳамедорад нидо,
К-эй дареғо, сад ҳазорам пар будо.
То ҳамесўзид з-оташ беамон
Кўрии чашму дили номаҳрамон.
Худованд барои шинохти бандагони муъмини худ ба ин бозии шигифт даст мезанад.
Оташеро шакли обе додаанд,
В-андар оташ чашмае бикшодаанд.
Ходиме аз хидмат ба мардум махдуму азиз мешавад ва махдуме аз худписандӣ ба зиллату пастӣ меафтад. Чӣ басо сайде, ки растагор аст ва чӣ басо сайде, ки гирифтор.
Араберо сагаш мемурд ва ў гиряву зорӣ мекард.
Раҳгузаре сабаби зории ўро пурсид.
Гуфт: – Саге доштам, ки:
Рўз сайёдам буду шаб посбон,
Тезчашму сайдгиру дуздрон.
Пурсид: – Бемориаш чист?
Гуфт: – Дарди гуруснагӣ.
Раҳгузар гуфт: –Худованди азиз ба ту сабр бидиҳад. Дар ин халта, ки бо худ дорӣ, чӣ ҳаст?
Гуфт: – Нон!
Роҳгузар гуфт: –Эй мард, чаро аз ин нон ба он саг намедиҳӣ, то аз гуруснагӣ намирад?
Гуфт: – Ўро он қадар дўст надорам.
Даст н-ояд бедирам дар роҳ нон,
Лек ҳаст оби ду дида ройгон.
Товус пари зебои худро мебинад, аммо пойҳои зишти худаш ба чашмаш намерасад. Барои ҳамин ғурур ба ў чашми бад мерасад. Бо ғурури худ ҳасади дигаронро меафзояд ва ба дарди сар меафтад:
К-аз ҳасад в-аз чашми бад бе ҳеч шак,
Сайру гардишро бигардонад фалак.
Об пинҳон асту дўлоб ошкор,
Лек дар гардиш бувад об асли кор.
Чашми некў шуд давои чашми бад,
Чашми бадро «ло» кунад зери лагад.
Ин ғурур, ки дар товус ҳаст, дар шайтон ҳам буд.
Шайтон дар луғат ба маънои саркаш аст. Ў аз фармони Худо бо худписандӣ сар кашид ва дархури лаънату нафрини Парвардигор шуд. Раёсатҷўйӣ ва бартарихоҳӣ ўро аз даргоҳи Худои бузург дур кард.
Донишманде товусеро дид, ки парҳои худро меканду ба замин мепартофт. Гуфт: –Чаро парҳои зеборо меканӣ? Он ҳам ин парҳои зебо, ки қуръонхонон онҳоро чун ишорачўб дар байни варақҳои Қуръони маҷид мегузоранд:
Ин чӣ ношукриву чӣ бебокӣ аст?
Ту намедонӣ, ки наққошаш кӣ аст?
Бармакан он пар, ки напзирад руфў,
Рўй махрош аз азо, эй хубрў.
Товус аз гиря боз истоду гуфт: –Эй марди доно, ту рангу бўйро мебинӣ ва он балоҳо, ки аз чашми ҳасуд ба ман мерасад, ҳама аз ин парҳои зебост, намебинӣ:
Он намебинӣ, ки ҳар сў сад бало
Сўйи ман ояд пайи ин болҳо.
Чун надорам зўру забти хештан,
З-ин қазову з-ин балову з-ин фитан.
Он беҳ ояд, ки шавам зишту кареҳ,
То бувад омин дар ин кўҳсору теҳ.
Ин силоҳи уҷби ман шуд, эй фато!
Уҷб орад муъҷибонро сад бало».
Ин парҳо сабаби ғурури ман аст. Чун сабр надорам ва тавоноии нигаҳдории худ аз ҷилвагарӣ дар ман нест, беҳтар, ки мояи фасодро аз худ дур кунам.
Мурғаке саргарми шикори кирм буд. Гурбае фурсат ёфт ва ўро шикор кард:
Оқилу маъқул буду бехабар,
Дар шикори худ зи сайёди дигар.
Агар гиёҳ оби пок мехўрду сар бармекашид, меъдаи ҳайвон онро беҳтар қабул мекард. Ҳама хўрандаанд ва хўрда мешаванд, ҷуз Зоти Худованд! Даст дар дасти пири хирад неҳ ва бо вай ўро бишнос:
Ақли комилро қарин кун бо хирад,
То ки бозояд хирад з-он хўйи бад.
Чунки дасти худ ба дасти ў ниҳӣ,
Пас зи дасти оқилон берун ҷаҳӣ.
Ҳар куҷо дом асту дона, кам нишин,
Рав, забунгиро, забунгирон бибин.
Эй забунгири забунон, ин бидон,
Даст ҳам болои даст аст, эй ҷавон!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё