МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ ШОИРИ ҶАҲОНГАРД ВА МАРДУМИ ҲАЛАБ
Рўзи даҳуми моҳи Муҳаррам, ки рўзи Ошуро аст, мардуми шиъамазҳаб барои ёдоварии ходисаи Карбало ва кушта шудани Имом Ҳусайну ёронаш ҷамъ мешаванду гиряю зорӣ мекунанд. Дар Ҳалаб низ монанди шаҳрҳои шиъанишин ҳамин расм барпост. Дар чунин рўз шоири ғарибе ба Ҳалаб расид ва аз дарвозаи Антокия ба шаҳр даромад. Гурўҳи бисёреро дид, ки синазанону навҳахонон ва ашкрезон азодорӣ мекунанд.
Як ғарибе шоире аз раҳ расид
Рўзи Ошурову он афғон шунид.
Шаҳрро бигзашту в-он сў рой кард,
Қасди ҷустуҷўйи он ҳайҳой кард.
Ҳар кас мерасид, мепурсид, ки чӣ хабар аст? Барои чӣ ҳама гирёну нолонанд? Магар бузурге дар ин шаҳр мурдааст? Агар чунин аст, маро огоҳ кунед, то барои ў марсияе бинависам ва бисароям.
Мардум гуфтанд: – Эй мард, ту магар кофир ва душмани хонадони Паёмбарӣ? Магар намедонӣ, ки рўзи Ошуро душманони дини ислом фарзанду набераҳои Пайғамбарро кушта ва хуни онҳоро ба ноҳақ рехтаанд? Акнун солҳост, ки мардум дар ин рўз гирд меоянду азодорӣ мекунанд.
Шоир гуфт: – Инро медонам. Аз он рўз то кунун вақти зиёде гузаштааст. Замони Язид куҷою ҳоло куҷо? Чӣ тавр шумо ин қадар дер аз ин саргузашт огоҳ шудаед? Ҳар кару кўре ин достони дарднокро шунидааст.
Гуфт: «Оре, лек ку даври Язид?
Кай будаст ин ғам? Чӣ дер ин ҷо расид?
Чашми кўрон он хисоратро бидид,
Гўши каррон он ҳикоятро шунид.
Хуфта будастед то акнун шумо
Ки кунун ҷома даридет аз азо?
Пас азо бар худ кунед, эй хуфтагон?
З-он ки бад маргест ин хоби гарон».
Онҳо, ки кушта шуданд, аз зиндони тан раҳоӣ ёфтанд ва ба биҳишти Худо рафтанд. Барои онҳо шодӣ бояд кард, на нолаву фарёду на ҷомадарониву синакўбӣ!
Рўҳи султонӣ зи зиндоне биҷаст,
Ҷома бидронему чун хоем даст?
Чунки эшон хусрави дин будаанд,
Вақти шодӣ шуд чу бишкастанд банд.
Сўйи шодурвони давлат тохтанд,
Кундаву занҷирро андохтанд.
Рўзи мулк асту гашу шоҳаншаҳӣ,
Гар ту як зарра аз эшон огаҳӣ.
В-ар найӣ огаҳ, бирав бар худ гирӣ,
З-он ки дар инкори нақлу маҳшарӣ.
Шумо ба ростӣ аз ҳақиқат хабар доред ё не? Агар хабар доред, биравед, шодӣ кунед ва агар хабар надоред, бар ҳолу ғафлати худатон гиряву зорӣ кунед, ҷомаҳо бидаред. Бар ҳоли худатон гиря кунед, ки ҷаҳони дигарро намешиносед, барои шахси бо ҳамаи ҷон харидори он ҷаҳоншуда шодӣ кунед!
Бар дилу дини харобат навҳа кун,
Ки намебинад ҷуз ин хоки куҳун.
В-ар ҳамебинад, чаро набвад далер,
Пуштдору ҷонсипору чашмсер?
Дар рухат ку аз майи дин фаррухӣ?
Гар бидидӣ баҳр, ку каффи сахӣ?
Он ки ҷў дид, обро накнад дареғ,
Хоса он, к-ў дид он дарёву меғ.
Марди ҳарисро чашми дил кўр аст ва бо чашми сар ҳам неъматҳои Худоро намебинад. Монанди мўре, ки дар пайи дона ларзон аст ва гандумҳои хирманкардаро намебинад.
Эй ба сурат зарра, кайвонро бибин,
Мури лангӣ, рав Сулаймонро бибин.
Ту найӣ он ҷисм, ту он дидаӣ,
Вораҳӣ аз ҷисм, гар ҷон дидаӣ.
Чашми зоҳир камбин мешавад ва моҳи ягонаи осмонро дуто мебинад.
Ин дуӣ авсофи диди аҳвал аст,
В-арна аввал охир, охир аввал аст.
Ва аз хилқату растохез ошкор мешавад, ки то намирӣ, ба он намерасӣ.
Касе, ки пул надорад, ба бозор меомад, чизҳоро тамошо мекард, тагурў мекард, вале намехарид.
–Сармояи ин ҷаҳон зар аст ва сармояи он ҷаҳон ишқ:
Моя дар бозори ин дунё зар аст,
Моя он ҷо ишқу ду чашми тар аст.
Ҳар кӣ ў бемояи бозор рафт,
Умр рафту бозгашт ў хомтафт.
«Ҳай, куҷо будӣ бародар?» «Ҳеч ҷо!»
«Ҳай, чӣ пухтӣ баҳри хўрдан?» «Ҳеҷбо!»
Муштарӣ шав, то биҷунбад дасти ман,
Лаъл зояд маъдани обасти ман.
Муштарӣ гарчӣ, ки сусту борид аст,
Даъвати дин кун, ки даъват ворид аст.
Боз паррон кун, ҳимоми рўҳ гир,
Дар раҳи даъват тариқи Нўҳ гир!
Хидмате мекун барои Кирдгор,
Бо қабулу радди халқонат чӣ кор?
ДОСТОНИ БИЛОЛИ ҲАБАШӢ ВА АБЎБАКРИ СИДДИҚ
Тан фидои хор мекард он Билол,
Хоҷааш мезад барои гўшмол.
Билоли ҳабашӣ бандаю ғуломи як яҳудӣ буд. Ў ба дини ислом гаравида буд, аммо чун ғулом буд, эътиқоди худро наметавонист озодона бигўяд. Хоҷааш, ки ба сирри ў пай бурда буд, танашро бо чўби хордор зери офтоби сўзон мезаду лахт-лахт мекард, ки чаро дини хоҷаашро рад кардаю дини Муҳаммадро қабул кардааст.
Рўзе Абўбакри Сиддиқ он сў гузашт ва нолаю фарёди Билолро шунид. Аз овози ягонапарастии ў бўйи ошно ёфт. Назди вай рафт ва пинҳонӣ аз хоҷа насиҳаташ кард, ки сирри худ ва исломи худро нигоҳ дорад. Пандаш дод ва ў розӣ шуд, ки аз эътиқоду бовари худ ба касе чизе намегўяд. Лат хўрдану нолидани ў боз рўзи дигар ба гўши Абўбакр расид:
Боз пандаш дод, боз ў тавба кард,
Ишқ омад, тавбаи ўро бих(в)ард.
Тавба кардан з-ин намат бисёр шуд,
Оқибат аз тавба ў безор шуд.
Фош кард, испурд танро дар бало,
К-эй Муҳаммад, эй адувви тавбаҳо!
Эй тани ман в-эй раги ман пур зи ту,
Тавбаро ғунҷо куҷо бошад дар ў?
Тавбаро з-ин пас зи дил берун кунам,
Аз ҳаёти хулд тавба чун кунам?
Ишқ қаҳҳор асту ман мақҳури ишқ,
Чун шакар ширин шудам аз шўри ишқ.
Барги коҳам пеши ту, эй тундбод!
Ман чӣ донам, ки куҷо хоҳам фитод?
Чанд муддат ҳар рўз Абўбакри Сиддиқ ўро панд медод ва тавба мекунониду боз тавбаро мешикаст, то вақте ки аз худ бехуд шуд ва дар зери шиканҷаи марди яҳудӣ боз «Худо! Худо!» мегуфт, имонашро бар Пайғамбари акрам (с) ошкор месохт, аз чўб хўрдану захм дидан аз роҳи худ барнамегашт.
Абўбакри Сиддиқ чун донист, ки Билол тан ба тавба намедиҳад ва аз имону эътиқоди худ боз намегардад, достони ўро ба Паёмбари акрам (с) дар миён ниҳод ва гуфт:
–Марди яҳудӣ ўро озори фаровон медиҳад. Яҳудӣ чун ҷуғз аст ва ҷони Билол чун боз, тан ба қазо намедиҳад ва зери бори пешниҳоди яҳудӣ таслим намешавад. Аммо ў ба панди касе гўш намедиҳад. Саргаштаю шефтаи Худои якто ва ошиқу дилдодаи Пайғамбари Ўст.
Муҳаммад (с) аз шунидани саргузашти Билол ва неруи имони ў шодмон шуда, аз Абўбакри Сиддиқ пурсид, ки барои халосии ў чӣ бояд кард?
Абўбакр гуфт: –Агар иҷозат бидиҳӣ, ўро аз соҳибаш бихарам ва озод кунам.
Расули акрам (с) гуфт: – Фикри хубест, аммо дар ин кор маро ҳам шарики худ кун ва ними баҳои ўро аз ман бигир. Абўбакри Сиддиқ пазируфт ва ба хонаи марди яҳудӣ рафт, то Билолро аз ў бихарад ва аз шиканҷа бираҳонад. Пайғамбар гуфт: – Марди яҳудӣ намедонад, ки қадру арзиши ин ғулом назди Худованд аз ҳазорон гавҳар бештар аст.
Абўбакр марди яҳудиро сарзаниш кард, ки ин ғуломи бечораро чаро озор медиҳӣ?
Гуфт: –Ў ба дини ман бовар надорад. Агар дили ту ба ў месўзад, онро аз ман бихар:
Гуфт: Раҳмат гар ҳамеояд бар ў,
Зар бидеҳ, бистонаш, эй икромхў.
Абўбакр гуфт: –Ман ғуломи хушгили сафедрўе дорам, ки ў ҳам монанди ту яҳудӣ аст. Ўро ба ту медиҳам ва ба ҷояш Билолро ба ман бидеҳ!
Баъд кас фиристода, ғуломро оварданд. Марди яҳудӣ аз дидани ў дар шигифт шуд.
Абўбакр гуфт:
Тан сапеду дил сиёҳ асташ, бигир,
Дар иваз деҳ тансиёҳи дилмунир!
Бо вуҷуди ин, яҳудӣ ба муомила тан надод, чунки иштиёқи Абўбакри Сиддиқро ба харидани Билол (р) дарёфта буд. Оқибат Абўбакр дусад дирҳам нуқра ҳам илова бар ў дод ва Билолро харид. Чун муомила поён ёфт, яҳудӣ аз шодӣ ба ханда афтод. Абўбакр сабаби шодии ўро пурсид. Яҳудӣ гуфт:
–Агар шавқи ту ба хариди ин ғулом намебуд, ман ўро ба даҳяки ин баҳо медодам, зеро ў пеши ман ба ним дирҳам ҳам намеарзад. Аммо иштиёқи ту баҳои ўро боло бурд. Абўбакр гуфт: –Ту бояд ба ҳоли худат бихандӣ, чунки намедонӣ, ки баҳои ин мард назди ман ба ҷаҳоне меарзад. Ту онро бо чормағзе аз даст додаӣ! Агар ба фурўши ў тан намедодӣ, ман ҳамаи сарвату дороии худро ба ивази ў медодам.
Саҳл додӣ, з-он ки арзон ёфтӣ,
Дур надидӣ, ҳуққаро нашкофтӣ!
Ту дар муомила фиреб хўрдаӣ. Бояд бар ҳоли худ бихандӣ, ки баҳои он гавҳарро надонистӣ ва онро осону арзон аз даст додӣ!
Он гоҳ дасти Билолро гирифт ва ўро пеши Паёмбар бурд. Чун чашми Билол ба ў афтод, саҷда кард ва аз шодӣ бехуд шуд.
То ба дере бехуду беҳуш монд,
Чун ба ҳуш омад, зи шодӣ ашк ронд.
Мустафояш дар канори худ кашид,
Кас чӣ донад бахшише, к-ўро расид.
Он гоҳ ҳазрати Муҳаммад (с) ба Абўбакр фармуд:
– Магар нагуфта будам, ки маро дар хариди Билол шарик кун?
Сиддиқ гуфт: –Мо ҳарду бандаи туем ва фармони ту бар мо равон аст. Ман озод будам ва бо дидор ба ту дил бастаму бандагии туро ба ҷону дил харидам. Ҳар чӣ ман дорам, аз туст.
–Маро ёри ғори худ кардаӣ. Бар хотири дидори ту ман зинҳор озодӣ нахоҳам ва банда будан ба ту барои ман озодӣ аст. Акнун ўро ба шодии рўйи ту аз ғуломӣ озод мекунам!
Гуфт: «Мо ду бандагони кўйи ту,
Кардамаш озод ман бар рўйи ту.
Ту маро медор банда-в ёри ғор,
Ҳеч озодӣ нахоҳам зинҳор!
Ки маро аз бандагит озодӣ аст,
Бе ту бар ман меҳнату бедодӣ аст.
Ман дар ҷавонӣ дар хоб дида будам, ки қурси офтоб ба ман назар мекунад ва маро аз замин ба сўйи осмон мекашад. Пеши худ мегуфтам, ки ин молихулиёст ва ҳаргиз чунин чизе нахоҳад шуд. То туро дидам, донистам, ки он хоб рост будааст. Дар хидмати ту ман ба осмону хуршед расидаам!
Чун туро дидам, бидидам хешро,
Офарин он ойинай хушкешро.
Чун туро дидам, муҳолам ҳол шуд,
Ҳоли ман мутағриқи иҷлол шуд.
Чун туро дидам, худ, эй рўҳулбилод!
Меҳри ин хуршед аз чашмам фитод.
Гашт олиҳиммат аз ту чашми ман,
Ҷуз ба хорӣ нангарад андар чаман.
Нур ҷустам, худ бидидам нури нур,
Ҳур ҷустам, худ бидидам рашки ҳур.
ДОСТОНИ ПИРАЗАНИ НАВАДСОЛА
Буд кампире навадсола калон,
Пурташаннуҷ рўю рангаш заъфарон.
Пиразани навадсолаи фарбеҳу рўяш аз ожанг пуршуда, дандонҳо рехта, мўяш сафеду қадаш чангзада ва қувваи фикрии ў аз кор афтода. Аммо ҳирсу шаҳвати ў ҳеҷ коста нашуда буд.
Ишқи шўю шаҳвату ҳирсаш тамом,
Ишқи сайду пора-пора гашта дом.
Шаҳвату ҳирси беҳангоми ў монанди доми порапорае буд, ки шикорро намепартофт, аз пирӣ аз по афтода буд ва ҳаваси аспсаворӣ дар дил дошт. Саги пири дандонрехтаро мемонд, ки почаи касе наметавонист бигирад ва ба газидани саргин ҳаваси худро мешикаст.
Рехт дандонҳои саг, чун пир шуд,
Тарки мардум карду саргингир шуд.
Ин сагони шастсоларо нигар,
Ҳар даме дандони сагшон тезтар.
Умр, ки ба пирӣ мерасад, одам аз по меафтад ва худаш беҳтар медонад, ки вуҷудаш дигар ба ҳеҷ кор қодир нест, вале касе бо ў вохўраду дуояш кунад, ки
«умрат дароз бод», хушаш меояд ва хандон мешавад ва намефаҳмад, ки барои пири оҷизи азкормонда умри дароз дуои хайр нест, нафрин аст.
Гадое ба молдори гелонӣ вохўрд ва аз ў нон талабид. Марди молдор нонаш дод. Гадо гуфт:
–Худоё, ўро ба хонаводааш бирасон!
Мард гуфт: –Он хона, ки ман дидаам, Худо туро ба он ҷо бирасонад!
Гадо намедонист, ки дуо бояд бо ҳоҷати бахшанда ҷўр бошад. Ту бояд барои диҳанда чизеро аз Худо бихоҳӣ, ки худи диҳанда мехоҳад ва бад-он ниёз дорад.
Чун гуфтугў дар бораи пиразан пеш омад, бояд гуфт, ки чун зан пир шуд, сармояи забони ў ва нишотбахшию шодиафзоии худро аз даст медиҳад. На чизе барои додан дорад ва на зебоӣ дорад, ки пешниҳод кунад ва наметавонад аз зебоие баҳра барад.
Гадое ба дари хонае омаду аз соҳиби хона нонпорае талабид.
Гуфт соҳибхона: «Нон ин ҷо куҷост?
Хираӣ, кай ин дукони нонбост?»
Гуфт: «Боре, андаке пиҳам биёб»,
Гуфт: «Охир, нест дукони қасоб».
Гуфт: «Порай орд деҳ, эй кадхудо!»
Гуфт: «Пиндорӣ, ки ҳаст ин осиё?»
Гадо гуфт: –Ҳоло, ки нон, чарбу ва орд надорӣ, каме обам бидеҳ.
Соҳибхона гуфт: –Магар ин ҷўй ё обанбор аст?
Соҳибхона ҷавоби инкор дод. Гадо доманашро боло кашид ва шалварашро поин кард. Соҳибхона гуфт:
–Чӣ кор карданӣ ҳастӣ?
Гадо гуфт: –Дар хонае, ки на об пайдо мешавад на нон, бигузор худро сабук кунам.
Чун дар ин ҷо нест ваҷҳи зистан,
Дар чунин хона бибояд ристан.
Ту на бозӣ, ки шикор кунӣ ва на товус, ки парҳои рангин дошта бошӣ, на тўтии ширинсухане, ки ба ту қанд бидиҳанд ва на булбуле, ки дар гулистон бо овози хуш ҷилва кунӣ ва на ҳудҳуде, ки хабари хуш биёварӣ.
Ту чӣ кораӣ ва ба чӣ дард даво мебошӣ?
Ба достони он пиразан баргардем. Як шаб хост ба тўйи арўсие биравад. Баробари ойина истод. Чанд адад рангу бор ба чеҳрааш молид, ки худро биорояд. Аммо ҳар чӣ кард, чеҳраи пурожанги худро ороста карда натавонист. Қуръоне дошт, ки варақҳояш заррин ва тиллокорӣ шуда буд. Пораҳои тиллоро аз он меканду рўйи худро бо он меорост, вале зарраҳои тилло бо пўшидани рўймол мерехтанд ва пиразан дубора онҳоро бо оби даҳон мечаспонд. Оқибат хаста шуду гуфт:
– Сад лаънат ба Шайтон!
Ҳамон дам Шайтон пеши чашми ў ошкор шуду гуфт:
–Эй пири зиштрўй, ба ман чӣ кор дорӣ? Ин корҳое, ки ту мекунӣ, китоби Худоро пора-пора намуда, порчаҳои тиллоро ба рўйи худ мечаспонӣ, ақли ман ба ин кор намерасад. Ту расвоиро аз ҳад гузаронидаӣ! Мепиндорӣ, ки бо пораҳои тиллоие, ки аз Қуръон медуздию чеҳраи худро оро медиҳӣ, ба ранги себ зебо мешавӣ? Бидон, ки ҳаргиз ба орзуи худ нахоҳӣ расид, пириро наметавонӣ ба ҷавонӣ баргардонӣ! Бо имрўз дамсоз бошу гузаштаро бигузор. Дар ин ҳолат умеди зебоӣ барои ту муҳол аст, агарчанде хатту хол кунӣ ва абруҳо сиёҳ намоӣ, ҷавониро боз нахоҳӣ ёфт.
БЕМОРУ ТАБИБ ВА СЎФИЮ ҚОЗӢ
Беморе назди табиб рафт ва гуфт: – Набзи маро бисанҷ, то аз бемории ман огоҳ шавӣ:
Ки зи набз огаҳ шавӣ бар ҳоли дил,
Ки раги даст аст бо дил муттасил.
Ҳамчунон ки мо бодро намебинем, аммо вуҷуди ў аз парокандагии гарду ғубор дар ҳаво ва ҷунбиши баргҳо ошкор мешавад, ҳоли дилро набз бозгўй мекунад. Ҳамин тавр, мо Худоро намебинем, аммо аз гуфтори Паёмбару муъҷизаҳои ў пай мебарем, ки Офарандае ҳаст. Аз вуҷуди Офаранда низоми корҳо хабар медиҳанд. Ҳарчанд ки Ўро бо чашми одӣ намебинем, бо чашми ақлу хирад эҳсосу дарк мекунем.
Табиб чун дарёфт, ки ин бемор дармон нахоҳад шуд, пеши худ гуфт:
–Худованд дар ин ҳолат дастур додааст, ки ҳар чӣ мехоҳӣ, бикун. Чун бемор ба ҳар ҳол беҳбуд намеёбад, пас беҳтар аст, ки ҳар кори дўстдоштаашро бикунад, то пурармон ҷон насупорад.
Беморро аз гуфтаҳои табиб хушаш омад ва ба сайёҳат рафт. Ба соҳили дарёчае расид ва худро покиза мекард. Сўфӣ саргарми шустушў буд ва бемор пушти гардани ўро дид, ки барои задан бисёр мувофиқ аст.
Пас бар асоси гуфтаи табиб хоҳиши ба пушти гардани сўфӣ силӣ задан дар ў пайдо шуд. Ў гумон мекард, ки агар ҳар чӣ дилаш мехоҳад накунад, бемориаш дармон нахоҳад ёфт. Бинобар ин, сўфиро силие зад.
Бар ту ханданд, он ки гуфтаст ин давост,
Ўст к-Одамро ба гандум раҳнамост.
Сўфӣ баргашта ўро дид ва дашноме доду хост бо мушт ба сари ў бикўбад, лекин дид, ки бисёр нотавону бемор аст. Андешид, ки агар ўро бизанад, хоҳад мурд ва хунаш ба гардани ў хоҳад афтод. Он гоҳ қозӣ ўро ба қасос хоҳад кушт.
Мардумон дар пайи озори якдигаранд ва намедонанд, ки ҳар чизеро ба дигаре раво медонанд, ба худашон бармегардад. Ту, ки ба бегуноҳе силии пасигарданӣ мезанӣ, аз бар сари худат омадани ҳамон бало ғофилӣ. Пеш аз ин ки амали ноҳақе кунӣ, поёни онро пеши чашм бояд биёварӣ.
Аввали саф бар касе монад ба ком,
К-ў нагирад дона, бинад банди дом.
Ҳаббазо ду чашми поёнбини род,
Ки нигаҳ доранд танро аз фасод.
Гар ҳамехоҳӣ саломат аз зарар,
Чашм з-аввал банду поёнро нигар.
Сўфӣ пеши худ гуфт: –Ба як силии пуштигарданӣ сарамро ба бод нахоҳам дод. Беҳтар аст, ўро назди қозӣ бибарам, зеро ў тарозу дар адлу дод аст.
Дев дар шиша кунад афсуни ў,
Фитнаҳо сокин кунад қонуни ў.
Пас, марди беморро пеши қозӣ бурд ва саргузаштро боз гуфт. Аз ў хост, ки ҳукм ба ҳақ кунад ва ўро, ки бе гуноҳ силӣ задааст, ҷазо диҳад.
Гуфт: –Агар қозӣ ўро чўб бизанад ва ў бимирад, бар қозӣ товон ҳам нест ва қасос ҳам надорад, зеро қозӣ фармони Худоро бар гунаҳгорон иҷро мекунад. Вале агар падаре писарашро бизанад ва ў бимирад, бояд товон бидиҳад, чунки барои хотири худаш ин корро кардааст.
Аммо агар омўзгор шогирдро танбеҳ кунад, ў товон намедиҳад, зеро ки муаллим барои парваришу тарбият танбеҳ мекунад, на аз рўйи ҳавою ҳавас ё хашму ғазаб.
Қозӣ гуфт: –Ин мард ҳоли мурдаро дорад. Аз заъфу нотавонӣ ба мурдагон мемонад, мурдаро наметавон ҷазо дод.
Шояд ў аз нодорӣ ва дарвешӣ зору ранҷур шудааст.
Бар ў наметавон ҳукми қонунро иҷро кард.
Сўфӣ гуфт: –Пас, ту раво мебинӣ, ки ў маро бегуноҳ бизанад ва аз ҷазо ҳам халос шавад?
Қозӣ гуфт: –Ҳукми қонун ва шаръро бар тавоно раво медонанд, на бар касе, ки дар ҳоли мурдан аст.
Сипас аз сўфӣ пурсид: –Ту чӣ қадар пул дар киса дорӣ?
Сўфӣ гуфт: –Дору надори ман шаш дирам аст.
Қозӣ гуфт: –Се дирамаш барои худ нигоҳ дор ва се дирами дигарро ба ин бемор бидеҳ, ки бо он дирамҳо нону обе пайдо кунад.
Дар миёни гуфтугўйи қозию сўфӣ чашми бемор ба паси гардани қозӣ афтод. Дарёфт, ки пушти гардани ў барои силӣ муносибтар аз пушти гардани сўфӣ аст. Он гоҳ бо баҳонаи ин ки дар гўши қозӣ сухане мегўяд, ба ў наздик шуду силии сахте дар пушти гардани ў заду гуфт: –Чун музди ҳар силӣ се дирам аст, он шаш дирамро ба ман бидиҳед, то пайи кори худ биравам.
Қозӣ аз кори кардаи ў хашмгин шуд, аммо сўфӣ огоҳ кард, ки хоҳу нохоҳ ҳукми додаат қабул будааст.
Бинобар ин, ҷуз ин ки он чӣ ба ман раво дидаӣ, ба худат ҳам раво дорӣ, чора надорӣ. Оё намедонӣ, ки дар чоҳи барои ман кандаат худат ҳам меафтӣ? Ин чӣ ҳукме буд, ки ту додӣ? Ба ҷойи ин ки дасти гунаҳгорро бибурӣ, ба ў се дирам додӣ. Акнун бояд ҳукми ботилатро бичашӣ!
Қозӣ гуфт: –Бояд ба фармони Худованд хушнуд буд. Ҳар ғамею балое, ки мерасад, аз қазост ва рўй турш набояд кард. Чӣ басо нороҳатӣ, ки поёни он роҳате ҳаст, аз па си гиря ханда ва баъд аз ғам шодӣ ояд. Ганҷ дар вайрона аст, чунон ки оби ҳаёт дар торикӣ аст.
Сўфӣ гуфт: – Акнун, ки медонем, ҳар чӣ ҳаст аз як сарчашма аст, пас, чаро яке фоида бурд ва дигаре зиён? Яке ҳушёр асту яке маст? Яке заҳр асту яке нўш? Дар зарробхонаи
Худо чаро як пул хуб асту яке дигар бад? Агар роҳ роҳи
Худост, чаро яке рострав асту яке роҳзан?
Қозӣ гуфт: –Ҳайрон машав, ки ин ҳама чунию чигунагии ихтилофу зиддият дар ҳақиқат кафи рўйи дарёст. Худованди бузург дар зоти худ ва дар кори худ на зидде дорад на мисле. Аз ин ҷиҳат аст, ки ҳамин мавҷудотро Ў ҷомаи вуҷуд пўшонидааст. Зид чӣ гуна зидди худро ба вуҷуд меорад? Балки зид аз зидди худ гурезон аст.
Мар туро ҳар захм, к-ояд з-осмон,
Мунтазир мебош хилъат баъд аз он.
Сўфӣ гуфт: –Аҷаб мешуд, ки ин ҷаҳон пур аз осоишу раҳмат бошад: шаб чеҳраи рўзро напўшонад, таб тандурустиро аз миён набарад ва хазон сафои баҳорро ба дасти боди сард насупорад.
Қозӣ гуфт: –Ту сўфии нодон ҳастӣ ва намедонӣ, ки корҳои Худованд бе ҳикмат нестанд:
Гар набудӣ гўшҳои ғайбгир,
Ваҳй н-овардӣ зи гардун як башир.
Ту қиссаи ҷомадўзонро нашунидаӣ, ки чӣ гуна ҷомаҳои барои дўхтан ба онҳо додашударо медузданд?
Шабе ҷамоате ҷамъ буданд ва гуфтугў доштанд. Сухан ба кори либосдўзон ва дуздии онҳо аз харидорони ли босҳо расид. Сухан дар бораи ин буд, ки онҳо дар дуздӣ чунон устоданд, ки то ҳол касе банди дасти онҳоро ҳангоми дуздӣ нагирифтааст.
Турке дар он ҷамъомад буд гуфт: –Ман дуздро дар ҳолати дуздӣ хоҳам дошт.
Номдортарини дўзандаҳои шаҳр кист?
Гуфтанд: –Марде аст номаш Пури Шиш, ки ҳам дўзандаи машҳур ва ҳам дузди қаҳҳор аст. Ҳеч кас то ҳол ўро дар дуздӣ ба даст наовардааст, зеро ки дар ҳушёрию чолокӣ аз ҳама мегузаронад.
Турк гуфт: –Ман гарав мебандам, ки либосе пеши ў мебарам ва ў наметавонад як тори онро бидуздад.
Қарор шуд, ки агар ў шартро бохт, аспи савории худашро ба ҳозирони ҷамъомад медиҳад ва агар бурд, як асп аз онҳо бигирад.
Бомдоди рўзи дигар турк як либоси гаронбаҳоро хариду назди дўзанда рафт. Пури Шиш ўро дидан баробар аз ҷой бархост, салом карду бо гармию меҳрубонӣ ҳоли ўро пурсид ва ба қадре таърифи ўро кард, ки марди турк шефтаи ў шуд. Либосро доду гуфт, ки як либоси коромади ҳангоми ҷанг барои ў бидўзад. Устод либосро гирифт ва саргарми андозагирӣ шуд. Дар ҳамон ҳол қиссаҳои хандаовар барои хушомади турк мегуфт, ба тавре ки аз шунидани он қиссаҳо марди турк ба ханда афтод, дўзанда ҳамин ки чашмҳои танги турк бар асари ханда баста мешуданд, бо чобукӣ пораеро аз либос бурида, зери пой ва дар кисаҳои худ пинҳон мекард. Марди турк муштоқи шунидани қиссаҳои хандаовар шуд ва ғофил монд, ки дўзандаи чолок бо ин ҳилаву найранг либоси ўро медуздад. Дўзанда чор пора аз либос дуздида буд ва боз турки нодон хоҳиши қиссагўйӣ мекард, вале дили дўзанда ба ҳоли нодонии ў сўхт ва гуфт: –Агар қисса бештар бигўям, либос кам меояд ва ҷомаат кўтоҳу танг хоҳад шуд.
Бўса афшон кард бар устод ў,
Ки ба ман баҳри Худо афсона гў.
Эй фасона гаштаву маҳв аз вуҷуд,
Чанд афсона бихоҳӣ озмуд?
Ин фасона гуфтани ман ва хандондани ту ба зиёни ту хоҳад анҷомид. Агар медонистӣ ин хандаҳо чӣ зараре ба ту меоваранд, ба ҳоли худ гиря мекардӣ!
Сўфӣ гуфт: –Худованде, ки аз дарахти сарсабз оташ берун медиҳад ва аз хор гулу аз замистон баҳор меоварад, дарди сар, ғаму нодорӣ ва дармондагиро аз сари мардум дур карда метавонад.
Он ки гул орад бурун аз айни хор,
Ҳам тавонад кард ин дайро баҳор.
Он ки з-ў ҳар сарв озодӣ кунад,
Қодир аст ар ғуссаро шодӣ кунад.
Қозӣ гуфт: – Агар дарди сар заҳмат намедошт ва хубу бад, зишту зебо ва сангу гавҳар намебуд, фарқи байни донову нодон ва тавоною нотавон ошкор мешуд? Агар тобистон набошад, пунба ба даст намеояд, агар зимистон набошад, ях намебуд. Пас, дар ҳар ранҷе неъмате ҳаст ва баъд аз ҳар сахтӣ роҳате. Худованд ҷаҳонро дар пояи зиддиятҳо офаридааст. Вақте ғамнок мешавӣ, бояд аз хушҳолиҳо ёд кунӣ ва ҳангоми навмедӣ аз лутфи
Худо дил набурӣ, ки дар навмедӣ басе умед аст. Ҳар гоҳ аз надоштани чизе дучори ғусса мешавӣ, ба доштани он чӣ дорӣ, биандеш, зеро агар дуруст фикр кунӣ, он чӣ дорӣ, беш аз он аст, ки надорӣ.
Илму ҳикмат баҳри роҳу бераҳист,
Чун ҳама раҳ бошад, он ҳикмат тиҳист.
Баҳри ин дукони табъи шўраоб,
Ҳар ду оламро раво дорӣ хароб?
Ман ҳамедонам, ки ту покӣ, на хом
В-ин суолат ҳаст аз баҳри авом.
Ҷаври даврону ҳар он ранҷе, ки ҳаст,
Саҳлтар аз буъди Ҳаққу ғафлат аст.
З-он ки инҳо бигзаранд, он нагзарад,
Давлат он дорад, ки ҷон огаҳ барад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё