Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·6 рӯз пешНашрия

КАСЕ, КИ БА КИШТӢ ДЕР МОНДААСТ

Барои он ки талабагон мавзӯи дарсро ба осонӣ бифаҳманд, ҳар амру дастури исломро ба яке аз дарсҳо ташбеҳ медиҳам. Ин услуб ба он мусоидат мекунад, ки суолҳои хонандагонро мувофиқи фаҳмиши онҳо ҷавоб гардонам. Дар ин ҳолат дафтари аъмоле, ки инсон аз фариштагони Кироман котибин мегирад, ба рӯзнома монанд карда мешавад. Аз синф гузаштанро ба биҳишт ва дар синф монданро ба дӯзах ташбеҳ медиҳем.

Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки ин услуб рӯзе корамро ниҳоят осон карда буд. Дар он рӯз дӯсте ҳам пайдо кардам, ки то ҳол бо ӯ робитаи дӯстӣ дорам.
Ба хонанадагони синфи 7 мавзӯи намозро мегузаштам. Вақте ки фоидаҳои намозро фаҳмонда, мавзӯъро ҷамъбаст мекардам, дидам, ки дар чашмони Зуҳал ашк ҳалқа мезанад. Ин ҳолат диққати маро ҷалб намуд, зеро ӯ мисли ҳарвақта ҳушёру пурдиққат набуд.

Тахминам дуруст баромад. Ҳангоми танаффус Зуҳал аз пуштам омада, дар рӯ ба рӯям қарор гирифт ва чашмони ашколудашро пок карда, бо овози паст гуфт:

– Муаллим, шумо гуфтед, ки намоз аз шартҳои асосии ислом аст. Ҳамин тавр не?

– Бале, Зуҳал! Магар чанд дарси охир танҳо дар ҳамин мавзӯъ суҳбат намекардем? Канӣ бигӯ, ки чӣ шуд?!

– Муаллим, намоз, ки амри Худо ва шарти асосии дин аст, бояд иҷро шавад. Вале аксарияти инсонҳое, ки ман мешиносам, ин амрро ба ҷо намеоранд. Аҳволи онҳо чӣ мешавад?

– Касоне, ки ин амрро иҷро намекунанд, аз дарси намоз мононда мешаванд. Агар минбаъд ҳам қазои онро ба ҷо наоранд ва сазовори авфи Парвардигор нашаванд, ҷазо мебинанд.

– Дар куҷо ҷазо мебинанд?
– Дар охират ҷойи ҷазо дӯзах аст.

Пас аз шунидани ин ҷавоб Зуҳал хомӯш монд ва ташаккур гуфту рафт. Ман ба асли саволҳои ӯ сарфаҳм нарафта будам ва дар ҳайрат мондам, ки шояд мехост чизи дигаре ҳам пурсад. Чунки ӯ хонандаи фаъолу зирак буд.

Аз миён чанд рӯзе гузашта буд, ки рӯзе ӯ ҳангоми танаффус ба назди ман омад. Вақтам ниҳоят танг буд. Ӯ саволе пурсид, ки мазмунаш тақрибан чунин буд: «Агар як шахс ниҳоят боадабу нексиришт бошад, вале намоз нагузорад, ба дӯзах меравад?!» Ӯ мехост бифаҳмад, ки инсони хубу дилсоф, некмуомила, хушгуфтор, адолатпеша, ҳалолхӯр, сахиву фидокор ва ҳатто рӯзагир ҳам метавонад дӯзахӣ бошад.

Ман сухани ӯро бурида гуфтам:
– Зуҳал, дар давоми ин панҷ дақиқа ман бояд якчанд корро ба анҷом расонам. Чӣ хеле ки қаблан гуфта будам, ин гуна одам ба хонандае монанд аст, ки аз дарсҳои зиёд гузаштааст, вале масалан, аз дарси математика мондааст. Бо амалҳои дигар ин масъулият аз ӯ бардошта намешавад.

Вале аз чӣ бошад, ӯ ҳоло ҳам дар бораи ҷазои намоз нахондан андеша мекард. Боз ҳамон суолро пурсид:

– Яъне гуфтаниед, ки оқибати чунин инсон ҳам дӯзах аст? Ман лозим надонистам, ки ин саволи ӯро шарҳу эзоҳи бештар диҳам. Чунки дар он ҳолат чунин имкон надоштам. Ба саволаш ҷавоби кӯтоҳ додам:
– Бале, чунин одам ҷазо мебинад.

Чашмони Зуҳал якбора пуроб шуданд. Тааҷҷубам афзуд ва илова кардам:

– Вале дар ниҳоят ба сабаби боимону боахлоқ буданаш ба биҳишт меравад.

– Охир, муаллим, ин одам ҳамеша корҳои неку шоиста анҷом медиҳад. Дар асл бисёр инсони хуб аст. Намозгузоронро дӯст медорад, вале худ намоз намегузорад.

– Хуб, агар ин бандаи Худо воқеан мусулмони хуб ва хушмуомила бошад, чаро намозҳояшро ҳам намегузорад, то амалҳои некаш комил шаванд? Агар чунин накунад, ҳолати ӯ ба ҳамон марде монанд аст, ки ба бандар дер омадааст.

– Ҳолати он мард чӣ гуна аст, муаллим?
– Тасаввур кун, ки мусофире аз як ноҳияи дурдаст ба шаҳр меояд. Ӯ коре дорад, ки дар вақту соати муайян бояд иҷро гардад. Фарз кардем, ӯ расо соати даҳ мурофиаи судӣ дорад ва бояд дар вақти таъиншуда ба додгоҳ бирасад. Мусофир ҳамаи корҳояшро хуб ба роҳ мондааст. Ӯ аз ноҳияи дурдаст ба воситаи нақлиёти баландсуръат то соҳили баҳр меояд.

Вақтро аз назар мегузаронад ва мебинад, ки соат ҳашт шудааст. Дилаш пур аст, ки ҳоло ду соати дигар вақт дорад ва дар тӯли ним соат бо киштӣ ба он соҳили баҳр мегузарад ва қариб якуним соат барвақттар ба додгоҳ расида, боварӣ ҳосил мекунад, ки корашро бемалол анҷом медиҳад. Аммо ҳангоми нишастан дар толори интизорӣ ӯ қарор медиҳад, ки бо нияти баровардани куфти роҳ дар болои нармкурсӣ каме хоб кунад. Пас аз чанд муддат вақте чашмонашро мекушояд, дарҳол ба соат менигарад ва мебинад, ки соат аллакай ёздаҳ шудааст. Дар ин ҳол вақти мурофиа кайҳо гузашта, ҳамаи меҳнату заҳматҳои ӯ барбод рафтааст.

Ҳолати он касе, ки корҳои хубу нек анҷом медиҳад, аз гуноҳҳо дурӣ меҷӯяд, ҳатто рӯза медорад, аммо намоз намегузорад, ба ҳолати ҳамин марди мусофир монанд аст. Ӯ дар аснои сафар ҳамаи корҳои заруриро иҷро кард, вале кори аз ҳама муҳимро анҷом надод. Пас метавонем бигӯем, ки ҳар инсони хубу нексириште, ки намоз намегузорад, дар чунин вазъияте қарор дорад. Гузашта аз ин мумкин аст, ки бо сабаби ширкат накардан дар мурофиа ҷазо ҳам бинад.

Зуҳал бо овози паст чизе гуфт ва ин ҷумларо такрор карду рафт. Ӯ зери лаб мегуфт: «Касе, ки ба киштӣ дер мондааст». Ман инро шунида, гумон кардам, ки дар бораи худаш чизе мегӯяд.

Пас аз чанд рӯз назди ман меҳмоне ба мактаб омад. Дар ин хусус навбатдор маро хабардор намуд. Гуфтам, ки марҳамат карда биёяд. Навбатдор гуфт, ки меҳмон мехоҳад бо шумо дар танҳоӣ суҳбат кунад. «Бахайр бошад!» - андешидам ба худ ва ба назди қабулгоҳ ҳозир шудам. Гумон доштам, ки шояд волидайни хонандае омадааст ва хато накардам. Дар рӯ ба рӯям марди миёнсолу тануманд ва хушсимое қарор дошт, аммо ҳарчанд хотираамро ба кор даровардам, кӣ буданаш ба ёдам нарасид. Ӯ маро бо табассуми самимона пешвоз гирифт.

Пас аз салому алайк гуфтам: – Бубахшед, шуморо нашинохтам.

Ӯ бо лабханд посух дод:
– Ин аввалин бор аст, ки маро мебинед, вале мо ғоибона шинос ҳастем.
Боз кӣ буданашро тахмин карданӣ шудам, аммо ӯ худашро «муаррифӣ» кард:

– Ман ҳамон касе ҳастам, ки ба киштӣ дер мондааст.
Хайрият ки ҳамон соат дарс надоштам. Бо меҳмон то дер вақт ҳамсуҳбат шудем. Маълум шуд, ки Зуҳал падарашро маҷбур кардааст, ки намоз хонад, то азоби дӯзахро набинад. Ӯ бо модараш кайҳо боз намоз мехондаанд ва орзу доштааст, ки дар биҳишт ҳам якҷоя бошанд. Зуҳал қонеъ нашудани падарашро дида, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки бо ман ҳамсуҳбат шавад.

Дар поёни дидору гуфтугӯи самимона падари Зуҳал изҳори хушнудӣ кард ва бо ҳисси масъулият таъкид дошт, ки минбаъд омодагии сафарро пурратар мекунад, то саривақт ба манзили мақсуд бирасад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.