ИМОН – АВВАЛТАР АЗ ҲАМА
Тахминам дуруст баромад. Баъди дарсе, ки хулосааш «имон – аввалтар аз ҳама» буд, талабагон доир ба имон саволҳо омода карданд. Онҳо саволҳоро пеш аз пурсидан миёни ҳамдигар музокираву муҳокима мекарданд ва то куҷо бамаврид будани онро аз якдигар мепурсиданд. Вақте дарс оғоз шуд, нахустин шуда «файласуф» ба сухан даромад:
– Муаллим, шумо гуфта будед, ки мо метавонем ҳама гуна савол оид ба мавзӯи имонро пурсем, аммо дар ин мавзӯъ натавонистам хуб омодагӣ бинам. Чунки вақте ман ин мавзӯъро дар хона хостам фаҳмонам, модаркалонам сухани маро бурида гуфтанд: «Писарам, зинҳор дар мавзӯи имон ин гуна саволҳои шубҳаангез напурс ва ҳатто фикр ҳам накун. Эҳтиёт бош, писарам, агар инсон доир ба ин саволҳо бисёр андеша кунад, аз дин мебарояд». Ман сахт тарсидам ва ба худ гуфтам, ки ба умеди хубу ҳаққонӣ бовар кардан, боз аз дин набароям. Аз ин сабаб он қадар савол омода накардам. Аслан кӯшиш кардам, ки тамоман фикр накунам, вале нашуд. Нохост якчанд савол ба сарам омад.
Се-чор каси дигар ҳам ҳолати ҳамсонро қисса карданд. Ба онҳо низ дар хонаашон чунин гуфтаанд. Ҳатто яке аз волидайн хостааст дар ин бобат бо ман суҳбат кунад. Ӯ гуфтааст, ки чӣ гуна муаллими фанни маърифати ислом метавонад доир ба ягонагӣ ва ҳастии Худо савол гузорад.
Ман аллакай қарор дода будам, ки мавзӯъро аз куҷо оғоз кунам.
– Хуб, бачаҳо! Аввал биёед як-ду масъаларо бо ҳам дар миён гузорем. Мехоҳед, ки ман шуморо аз андешидан ва савол пурсидан манъ кунам? Шуморо водор намоям, ки ҳарчи мегӯям, гӯш диҳед ва танҳо ҳамонро қабул кунед? Агар бигӯям, ки андешаи шумо маъние надорад ва шумо ҳаққи савол карданро надоред, ҳамаи ин қабул аст?
Албатта, ин таклиф аз ҷониби аксарият рад шуд. «Мо фаҳмидан мехоҳем!», – мегуфтанд онҳо.
– Ин тавр бошад, саволу ҷавоб мекунем, баҳс меороем ва андешаи худро дар миён мегузорем. Имону эътиқодамонро аз лиҳози илм баррасӣ мекунем ва онро комил мегардонем.
То ҳар касе ба мо оид ба эътиқодамон савол дод, посух дода тавонем. Хоҳ ин саволро касе пурсад, хоҳ дар рӯзнома ё китобе нашр шавад ва ё ки дар фанни таълимие ба миён ояд. Мо дар ин хусус бояд омода бошем.
Дар ин асно яке аз хонандагон даст бардошт ва иҷозат пурсид.
– Марҳамат, писарам! – рухсат додам ман. Вай гуфт:
– Чаро калонсолони мо дар бораи он чӣ ки шумо мегӯед, андеша намекунанд? Масалан, модарам. Ба мавзӯъҳои динӣ сару кор гирифтанро хуш надорад. Ба ҳама маълум аст, ки онҳо бо нияти бад намегӯянд ва нисбат ба дин эҳтиром доранд. Пас, чаро чунин муносибат мекунанд?
– Албатта, баъзе омилҳое ҳастанд, ки сабаби чунин тарзи муносибат мегарданд, – шарҳ додам ман. Биёед, ҳоло аз мавзӯъ берун нарафта, ба онҳо ишорат кунем:
Аввал ин, ки дар гузашта инсонҳо доир ба масъалаҳои имонию эътиқодӣ хело кам шубҳа доштанд. Тақрибан ҳама дар эътиқоди худ устувор буданд. Касе, ки ба ҳастии Худо имон надошта бошад, қариб набуд. Ҳатто агар чунин касе ёфт шавад, дар миёни ҷамъият худро намоён намекард. Хулоса, дар чунин ҷомеа ба исботи далелҳои имонӣ эҳтиёҷ намонда буд. Вале имрӯз вазъият дигар аст. Дар ҳама ҷо, дар кӯчаву бозор, дар шаҳру деҳот ҳама гуна одамонро вохӯрдан мумкин аст. Онҳо метавонанд ба ҳастии Худо имон дошта бошанд ё метавонанд умуман бедин бошанд. Аз ин рӯ, имрӯз аҳли имон ба ҳифзи имону эътиқод ва мустаҳкам доштани он эҳтиёҷ дорад.
Дар ҳамин ҷо «файласуф» гуфт:
– Дуруст аст, муаллим! Ҳатто дар синфи мо касоне ҳастанд, ки ҳастии Худоро қабул надоранд.
– Не, «файласуф»! – гуфтам ман. – Дар синфи мо шояд касоне бошанд, ки мехоҳанд бифаҳманд ва ба чӣ бовар доштани худро муайян кунанд. Беимон будан дигар асту кӯшиш кардан ба омӯзиши асли имон дигар. Мутаассифона, имрӯз касоне, ки ба омӯзиши асли имон мекӯшанд ва аз беимонӣ дурӣ меҷӯянд, дар назар беимон менамоянд. Онҳо касонеанд, ки аз аҳволи худ тамоман розӣ нестанд. Мехоҳанд бовар кунанду имон оваранд.
Сардори синф андаке боғазаб ба Маҳмуди «файласуф» нигарист ва гуфт:
– Муаллим, шумо сабаби онро ки чаро калонсолон аз чунин саволҳо нороҳат мешаванд, фаҳмонда истода будед, аммо Маҳмуд дар байн даромад.
– Хуб, ҳозир мегӯям, – идома додам ман. – Дар гузашта, азбаски ба далелҳои исботкунандаи асосҳои имон эҳтиёҷ набуд, чунин далелҳо ба мардум таълим дода намешуд. Аммо ин далелҳо ҳамчун илм дар китобҳо дарҷ гардида буданд. Дар замони наврасии насли калонсоли мо бошад, таълимоти динӣ умуман вуҷуд надошт. Баръакс, ба онҳо бединию беимонӣ таълим дода мешуд. Маҳз ба хотири гумроҳ кардани мардум мавзӯъҳои эътиқодӣ ғалат маънидод карда мешуданд.
Калонсолони мо, ки дар ҳамин гуна шарту шароит зиста буданд, саволҳои марбут ба имонро шунидан намехоҳанд. Онҳо маълумоти кофӣ надоранд, то ба ин саволҳои шубҳаангез, ки аслан аз ҷониби душманони дин паҳн карда мешаванд, ҷавоб гӯянд. Вале онҳо ба қадри он чӣ ки аз падару бобоҳои худ шунидаанд, бе исбот ва бе далел бовар мекунанд. Аммо аз пурсида шудани саволе, ки ба миён ояду ҷавобашро надонанд, дар ҳаросанд. Ҳол он ки чунин тарзи муносибат ба имони онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Маълум мешавад, ки онҳо савол надодан ва дар ин бора андеша накардани шуморо ба хотири беэътиқод кардани шумо не, баръакс, ба он хотир мехоҳанд, ки агар чизе надонед ва нафаҳмед ҳам, имон дошта бошед. Вале дар рӯзгори мо ин аз имкон берун аст. Чунки мо дар асри илму техника зиндагӣ дорем. Ҳатто кӯдакон мехоҳанд, ки ба он чӣ бовар мекунанд, дар борааш маълумоти кофӣ дошта бошанд. Насли имрӯз дар баробари ин, зери таъсири ҳар гуна таълимоти дигар низ қарор дорад. Намояндагони динҳои дигар ба воситаи маҷаллаву рӯзномаҳо, радиову телевизион ва китобу воситаҳои электронӣ дину диёнати худро таблиғ мекунанд. Ба ин маънӣ, гуфтан мумкин аст, ки дунё кӯчак шудааст ва ҳар кас аз ҳама чиз бохабар аст. Дар ин сурат, агар имони мо бо донишу маълумот тақвият наёбад, ба ин қадар омилҳои таъсиррасон тоб намеорад. Зарур аст, ки мо имону эътиқоди худро ба воситаи илм тақвият бахшем ва ҳақиқати онро бо ақл тасдиқ намоем.
Эътимоду боварие, ки дар гузашта нисбат ба олимон вуҷуд дошт, ҳоло аз байн рафтааст. Дар он вақтҳо агар олим ва шахси муътабар сухане мегуфт, бе чуну чаро пазируфта мешуд. Чунки ба шахсияти ӯ эътимод доштанд ва эҳтиромаш мекарданд. Вале имрӯз касе ба касе ба ин ҳад боварӣ надорад. Аз ин рӯ, ҳар чизеро, ки дар мавзӯи имон мегӯем, бояд исбот намоем. Дар акси ҳол, агар гӯед, ки дар Қуръон чунин омадааст ва ё Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин фармудааст, барои қабули мардум кифоят намекунанд. Онҳо мехоҳанд, ҳама чиро бо ақл дарёбанд, ба ибораи дигар, мехоҳанд ҳама чӣ илмӣ бошад.
Гап сари ҳамин меравад. Ниҳоят ба сухане расидем, ки дар аввал гуфтем: имон – аз ҳама аввал. Аммо имони кӯркӯрона не, имоне, ки бо илму дониш тақвият ёфта бошад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё