Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·дирӯзНашрия

ИМОН – ҒИЗОИ РӮҲ

Сардори синф барои савол пурсидан иҷозат хост.
– Муаллим, агар ҳамин хел рафтан гирад, дар ин дарс ҳам ба мавзӯи аслӣ баргашта наметавонем. Фикр мекунам бачаҳо аллакай тасаввурот пайдо карданд. Акнун ба таҳқиқи мавзӯъҳои имонӣ оғоз кунем, чӣ мешавад?
– Хуб, ин тавр бошад, ба мавзӯи аслӣ бармегардем. Аввал шумо мавзӯъро бо саволу ҷавобҳоятон оғоз кунед. Ман бошам ба шумо кӯмак мекунам. Биёед, пеш аз ҳама ба мазмуни ибораи рамзии «аввал – имон» таваҷҷуҳ намоем. Чаро имон аз ҳама аввал?

Аз саволу ҷавоби хонандагон чунин натиҷагирӣ шуд:

Инсон танҳо аз гӯшту устухон иборат нест. Дар баробари ҷисм инсон рӯҳ дорад. Чӣ тавре ки ҷисм ба обу нон ниёз дорад, рӯҳ низ ба ғизои маънавӣ ниёз дорад. Ғизои маънавӣ барои рӯҳ пеш аз ҳама имон аст. Рӯҳу маънавияти инсон агар бо имон парвариш наёбад, инкишоф намеёбад ва мукаммал намегардад. Агар ҷисм ба камол расаду рӯҳ инкишоф наёбад, чӣ мешавад? Мошини боркаши калонеро тасаввур кунед, ки дар он муҳаррики мототсикл насб карда шавад. Мошин ҳаҷман калон, вале муҳаррик хурду камиқтидор. Рӯҳе, ки бо имон парвариш наёбад, дар ҷисми парварда боиси беэътидолӣ мешавад.

Дар лабораторияи биология пеш аз оғози дарс муаллим талабагонро огоҳ намуда, гуфт: «Бачаҳо, ин олоти дарсиро устои ҳунарманд бо санъати баланд сохтааст. Боэҳтиёт бошед, то ба онҳо зараре нарасад». Яке аз талабагон пурсид: «Муаллим, агар ин скелетро устои моҳир сохта бошад, пас скелети моро кӣ сохтааст?»

Барои ҷамъият чӣ? Барои дар якҷоягӣ зистани мардум имон лозим нест магар? Албатта дар ҳаёти иҷтимоӣ ҳам имон зарур аст. Махсусан, имон ба Худо. Дар ҷамъияте, ки имону эътиқод набошад, мардум чӣ гуна метавонанд амнияту осоиш дошта бошанд? Касоне, ки ба Худо имон надоранд, чӣ тавр метавонанд ба ҳамдигар дӯст бошанд? Агар садди роҳи бадкорию бадахлоқиро тарс аз Худо нагирад, пас чӣ метавонад пеши роҳи ин падидаҳои номатлубро бигирад?

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.