Зеҳн
ЗЕ

Зеҳн

1 пайгир · аз 15 июли 2026 дар Зеҳн

МЕВАИ ШИРИН ВА ОДОБИ ПИСАРАК

Дар як деҳаи зебо писараке бо номи Одил зиндагӣ мекард. Одил писари хуб буд, аммо баъзан фаромӯш мекард, ки ба калонсолон салом диҳад ё ҳангоми суҳбат одоби муоширатро риоя кунад. ​Рӯзе Одил ба боғи бобои худ рафт. Бобояш дар дасташ як сабад себи сурхи ширин дошт. Одил давида омад ва бе ҳеҷ гап дасташро ба сӯйи сабад дароз карда гуфт: — Бобо, ба ман себ диҳед! ​Бобояш табассум кард ва сабадро каме ақиб кашида, оҳиста гуфт: — Одилҷон, медонӣ, себҳои ин боғ хеле ширинанд, аммо онҳо танҳо ба кӯдаконе супорида мешаванд, ки калиди калимаҳои сеҳрноки одобраро медонанд. ​Одил ҳайрон шуда пурсид: — Калиди калимаҳои сеҳрнок? Онҳо кадомҳоянд? ​Бобо пурсид: — Вақте ба касе наздик мешавӣ, аввал чӣ мегӯӣ? Ҳангоми хостани чизе чӣ мегӯӣ? Ва вақте чизе мегирӣ, чӣ мегӯӣ? ​Одил як лаҳза фикр кард ва шармсор шуда сарашро хам кард. Ӯ фаҳмид, ки чӣ хатое кардааст. Сипас бо овози мулоим ва табассум гуфт: — Ассалому алейкум, бобоҷон! Лутфан, ба ман ҳам як себ медиҳед? Бобояш шод шуда, себи аз ҳама калону сурхро ба ӯ дод. Одил себро гирифта гуфт: — Ташаккури зиёд, бобоҷон! ​Бобояш сари Одилро сила карда гуфт: — Офарин, писарам! Одоб ва салом бузургтарин зебоии инсон аст. Калимаҳои «Ассалому алейкум», «Лутфан» ва «Раҳмат» дили ҳамаро шод ва роҳҳоро кушода мекунанд. ​Аз ҳамон рӯз инҷониб Одил ҳамеша бо ҳама боэҳтиром ва боодоб суҳбат мекард ва дар деҳа ҳама ӯро дӯст медоштанд. ​Панди қисса: ​Инсонро одоб зебо мекунад. ​Саломи босамимият, эҳтироми калонсолон ва истифодаи калимаҳои хуш дилҳоро ба ҳам наздик месозад.

0
ДунёЗеҳн27 рӯз пеш

СУБҲ ВА РӮЗ

Рӯзе ду дӯст Субҳ ва Рӯз бо ҳам баҳс карданд. Субҳ гуфт: — Ман аз ҳама муҳимам. Одамон бо ман бедор мешаванд, нияти нек мекунанд, намоз мехонанд, орзу месозанд. Агар ман набошам, ҳеҷ кор оғоз намешавад. Рӯз табассум карда ҷавоб дод: — Дуруст аст, ту оғози хубӣ ҳастӣ. Аммо ман идомаи он ҳастам. Агар инсон дар давоми рӯз меҳнат накунад, субҳи хубаш чӣ фоида дорад? Онҳо ба назди донои пир рафтанд, то доварӣ кунад. Пир гуфт: — Шумо ҳарду якдигарро пурра мекунед. Субҳ ният мебахшад, рӯз амал. Агар ният бе амал бошад — орзу мемонад. Агар амал бе ният бошад — бемаънӣ мегардад. Аз ҳамон рӯз, Субҳ ва Рӯз дигар баҳс накарданд. Онҳо фаҳмиданд: бахти инсон дар якҷоягии нияти нек ва меҳнати ҳалол аст. Панд: Ҳар субҳро бо нияти нек оғоз кунед ва онро дар давоми рӯз бо амалҳои хуб идома диҳед.

0
ДунёЗеҳн27 рӯз пеш

Зиндагии хуб

Рӯзе ҷавоне назди ҳакиме доно рафт, ки аз пайравони таълимоти Абуалӣ ибни Сино буд. Ӯ пурсид: — Эй устод, чӣ гуна инсон метавонад зиндагии хуб дошта бошад? Ҳаким каме сукут кард ва сипас се чизро ба ҷавон нишон дод: як дона тухм, як коса об ва як оина. Ӯ гуфт: — Ин тухм рамзи имконият аст. Агар онро парвариш кунӣ, ба дарахти сермева табдил меёбад. Зиндагии хуб аз заҳмат сар мешавад. Сипас косаи обро нишон дода гуфт: — Об мисли рафтори туст. Агар пок бошад, ҳаётро зебо мекунад. Агар ифлос шавад, ҳама чизро вайрон мекунад. Пас рафтори худро пок нигоҳ дор. Баъд оинаро ба ҷавон дод: — Ба худ нигоҳ кун. Агар ту худро эҳтиром кунӣ ва ростқавл бошӣ, мардум низ туро эҳтиром мекунанд. Ҷавон фикр кард ва гуфт: — Пас зиндагии хуб на аз дороӣ, балки аз меҳнат, ахлоқи нек ва худшиносӣ вобаста аст? Ҳаким табассум карда гуфт: — Дуруст гуфтӣ. Касе ки дилаш ором, нияташ пок ва амалаш нек аст — ӯ аллакай зиндагии хуб дорад. Хулоса: Зиндагии хуб аз берун намеояд, он аз даруни инсон оғоз мешавад: бо меҳнат, ахлоқи нек ва нияти пок.

0
ДунёЗеҳн27 рӯз пеш

БОЛОТАР АЗ ДУОИ НЕКИ МОДАР ЧИЗЕ НЕСТ

Модар барои мо ҳама чиз аст, ҳам нури басар, ҳам ҷону ҷигар, ҳам маънии рӯзгор, ҳам равнақу барор, ҳам субҳи замон, ҳам ҳусни чаман ва тоҷи сар. Масали машҳуреро метавон ба ёд овард, ки қудрати дуои модарро нишон медиҳад. Чунончи ривоят мешавад, ки дар замонҳои қадим боре роҳзанон деҳаеро оташ зада, фарзандони як хонадонро медузданд. Модари фарзандон наҷот меёбад, аммо ғаму ғусса ӯро азият медиҳад. Тамоми рӯз дар назди хонаи сӯхтааш нишаста, нидо мекард: – Парвардигоро, писару духтарамро дар паноҳат нигаҳ дор ва баргардон. Мардум кӯшиш мекарданд, ки модарро бурда хӯрок диҳанд ва ӯро ором созанд. Вале модар якравона пешниҳоди онҳоро рад мекард. Модар мегуфт, ман фарзандонро аз душманон муҳофизат карда натавонистам, бигзор дуои ман ба онҳо кумак расонад. Модар дар назди хонаи сӯхта дурудароз нишаста, зери лаб дуо мекард. Пас аз чанд муддат, ногаҳон,  фарзандонаш аз тарафи ҷангал пайдо шуданд. Онҳо аз шодӣ ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанду писарбача гуфт: –  Модарҷон, ман санги тез ёфта, ресмонеро, ки бо он дастони моро баста буданд, буридам ва мо гурехтем. – Дар ҷангал ба мо хирси азим нияти ҳамла дошт, – гуфт духтар, ки чашмонаш аз тарсу ваҳшат пур аз оби дида буд, –  вале, ногаҳон, гӯиё қуввае ӯро аз ин амал боздошт, ки баргашту рафт. – Инчунин, мо ҳангоми задани раъду барқ эмин мондем, – нақл кард писарбача. – Дар баробари ин, – боз ба сухан омад духтар, – мо ҳатто вақти убури дарёи чуқур ғарқ нашудем. Ҳамин тавр, писару духтари модар банавбат бо таъсири қувваи ноаёне наҷот ёфтани худро ҳикоят намуданд. Ҳама ба суханони онҳо ҳайрон гӯш медоданд ва баногоҳ пирамарде гуфт: – Дуои модар ҳамеша аз пайи фарзандонаш меравад ва онҳоро ҳифз мекунад. Маънии ин масал он аст, ки дуои модар дорои қудрати ғайриодист ва фарзандонашро дар ҳар куҷое бошанд, ҳифз мекунад. Беҳуда бузурге нафармудааст: «Дуои модар метавонад фарзандро, ҳатто, аз қаъри баҳр барорад». Охир муҳаббати модар нисбат ба фарзанд самимист. Хайру саховати замин аз саховати модарон, назокати дунё аз назокати модарон аст. Барои ин барои ҳифзу ҳимояи модар тану ҷонро метавон фидо кард ва сари таъзим фуруд овард ва гуфт: Модар бо қадамҳои ту сар мемонам, Ҳар ҳарфи туро дуру гуҳар медонам. Дар роҳи ҳаёт мушкиле пеш ояд, Ман панди туро мушкилкушо медонам.

0
ДунёЗеҳн27 рӯз пеш

ГАНҶИ ДАР ЗЕРИ ДАСТ

Рӯзе ҷавоне назди пирамарди доное омад ва гуфт: — Эй бобо, ман мехоҳам зуд бой шавам. Ба ман бигӯед, ки ганҷро аз куҷо ёбам? Пирамард каме андеша кард ва гуфт: — Агар ганҷ мехоҳӣ, саҳар барвақт ба саҳро рав, заминро шудгор кун ва дарахт шинон. Ҷавон ҳайрон шуду гуфт: — Ман ганҷ меҷӯям, на кор! Пирамард бо табассум ҷавоб дод: — Ганҷи ҳақиқӣ дар зери дасти коргар аст. Ҷавон ба гуфтаи ӯ амал кард. Ҳар рӯз меҳнат мекард: заминро об медод, ниҳолҳоро нигоҳубин менамуд. Пас аз чанд сол боғи ӯ пур аз дарахтони мевадор шуд. Меваҳо бисёр шуданд ва ҷавон аз онҳо ризқу рӯзии фаровон ба даст овард. Он вақт ҷавон фаҳмид, ки сухани пирамард рост будааст. Касе ки меҳнат мекунад, ҳамеша баракату неъмат меёбад. Ганҷи ҳақиқӣ — меҳнати ҳалол аст.

0

БА КОР БИГӮ, ДАРС ДОРАМ!

Шайх Муртазо Ансорӣ, бузургтарин устод ва олими фиқҳ аз яке аз шогирдон пурсид: – Чаро дирӯз дар ҷаласаи дарс ҳозир набудӣ? Шогирд гуфт: – Кор доштам. Шайх фармуд: –  Баъд аз ин ба дарс магӯ, кор дорам; ба кор бигӯ, дарс дорам!

0

ШАМЪ АЗ ХАЗИНАИ ДАВЛАТ

Боре Абдураҳмон ибни Авф (р) ба зиёрати амирал-муъминин Умар ибни Хаттоб (р) омад. Ӯ салом доду посухе нашунида, ба ҷое нишаст. Ҳазрати Умар (р), ки машғул буд, ба ӯ эътиборе надод. Пас аз чанде амирал-муъминин шамъи дар наздаш сӯхта истодаро хомӯш карда, ба ҷойи он шамъи дигареро фурӯзон намуд ва сипас ба саломи дӯсташ посух дод. Ҳазрати Абдураҳмон аз ӯ пурсид: — Мебинам, ки шамъи фурӯзонеро хомӯш карда, шамъи дигаре афрӯхтӣ. Ин ҳар ду чӣ фарқе доранд? Ҳазрати Умар посух дод: — Эй дӯстам, он шамъи фурӯзон аз ҳисоби хазинаи давлат буд. Агар дар вақти сӯхтани он шамъ корҳои шахсиро иҷро кунам, фардо дар назди Худо масъул хоҳам шуд. Ту, ки бо кори хусусӣ ба наздам омадаӣ, шамъеро ба кор мебарам, ки аз ҳисоби худ харидаам. Бо шунидани ин суханҳо аз дидагони ҳазрати Абдураҳмон (р) ашк ҷорӣ шуд ва ӯ даст ба дуо бардошту гуфт: — Худоё! Умар ибни Хаттобро болои сари мо пойдор бигардон!

0

ЧУН БАНДАЕРО ДӮСТ ДОРАД

Расули Худо (с) дар мавриди муҳаббати Худованд нисбат ба бандааш чунин фармуд: — Чун Худованд бандаеро дӯст дошт, ба ҳазрати Ҷабраил (а) мефармояд: «Ман он бандаамро дӯст медорам, ту низ ӯро дӯст бидор!» Сипас Ҷабраил (а) низ он бандаро дӯст медорад ва ба аҳли само мегӯяд: «Худованд он бандаро дӯст доштааст, ман ҳам ӯро дӯст медорам, пас шумо низ дӯсташ бидоред!» Бо ин сухан тамоми аҳли само он бандаро дӯст медоранд ва тамоми мавҷудот нисбат ба ӯ муҳаббат пайдо мекунанд. Ва чун Худованд бандаеро дӯст надошт ва ба ӯ буғз кард, ба ҳазрати Ҷабраил (а) мефармояд: «Ман ба он бандаам буғз кардаам, ту ҳам ба ӯ буғз бикун!» Сипас Ҷабраил (а) низ ба он банда буғз мекунад ва ба аҳли само мегӯяд: «Худованд ба он банда буғз кардааст, ман ҳам ба ӯ буғз кардам ва шумо низ ба ӯ буғз кунед!» Сипас аҳли замину осмон нисбат ба он банда буғз мекунанд.

0

АҲВОЛИ СЕ ШАХС

Боре Расули Худо (с) бо асҳоб дар масҷид нишаста буд, ки се нафар вориди маҷлис шуданд. Ду нафари онҳо ба назди Паёмбари акрам (с) омаданд ва сеюмӣ баргашту берун шуд. Яке аз он ду нафар дар байни ҷамоат нишасту дигаре дар сафи охирин. Сипас Расули Худо (с) фармуд: — Оё мехоҳед шуморо аз аҳволи он се нафар огоҳ кунам? — ва илова намуд, — Аввалӣ ба Худо паноҳ бурд ва Худо ӯро аз неъмати илм баҳравар кард. Дуюмӣ аз шарми Худо нахост, ки аҳли маҷлиси паёмбарро нороҳат кунад ва Худованд ҳам ба ӯ марҳамат намуд. Сеюмӣ бошад рӯй гардонд ва Худо низ аз ӯ рӯй гардонд.

0

РИЗОИ ХУДО

Дар аснои яке аз муҳорибаҳо ҳазрати Алӣ (р) бо ҷанговари моҳире аз сафи мушрикон тан ба тан меҷангид, ки мағлуб сохтанаш осон набуд. Пас аз чанде ҳазрати Алӣ фурсате ёфта, «Ё Аллоҳ!» гӯён ҳуҷум кард ва мушрикро ба замин афтонд. Ӯ синаи мушрикро бо зону фушурда, бо қасди куштан ба сараш ханҷар кашид. Ҳамин вақт мушрик ба рӯйи ҳазрати Алӣ (р) туф кард. Дар баробари ин ҳазрати Алӣ (р) дарҳол аз болои мушрик бархест ва ӯро раҳо намуд. Мушрик дар ҳайрат афтода пурсид: — Эй Алӣ, ман барои он туф кардам, ки ғазабатро бедор кунам, то ҳарчи зудтар маро ба қатл расонӣ. Ту бошӣ аз куштани ман даст кашидӣ. Чаро чунин кардӣ? Ҳазрати Алӣ посух дод: — Мо барои ризои Худо меҷангем. Вақте ба рӯям туф кардӣ, дар дилам нисбат ба ту ҳисси нафрат пайдо шуд. Дар ин ҳол агар туро мекуштам, инро на аз барои Худо, балки аз барои нафси худ мекардам. Ба ин хотир аз қасдам бозгаштам. Бо шунидани ин суханҳо ҳайрати мушрик дучанд гардид ва ӯ аз ҳазрати Алӣ (р) дар мавриди дини ислом суол кард. Ҳазрати Алӣ (р) исломро ба ӯ фаҳмонд ва он мард шаҳодат оварда, мусулмон шуд. Дар ин маврид Расули Худо (с) ба ҳазрати Алӣ (р) фармуда буд: «Савганд ба Худо, агар Худованд ба василаи ту шахсеро ҳидоят кунад, ин бароят аз як водӣ шутурҳои сурхмӯй беҳтар аст».

0

НАМОНД ЧИЗЕ, КИ АЗ МАН БИГИРӢ!

Расули Худо (с) фармуд: «Рӯзи қиёмат се тоифа сараввал мавриди пурсиш қарор дода мешаванд. Яке аз онҳо нафарест, ки дар ҷиҳод кушта шудааст. Ӯро ба ҳузури Парвардигор меоранд ва Худованд неъматҳое, ки ба ӯ дода буд, назди ӯ паҳн мекунад. Ӯ низ тасдиқ мекунад, ки дар дунё ҳамин неъматҳоро соҳиб буд. Пас Худованд аз ӯ мепурсад: — Бо неъматҳои ато кардаам чӣ кор кардӣ? Ӯ чунин посух медиҳад: — То мурдан дар роҳи Ту ҷангидам. Худованд дар ҷавоби ӯ мефармояд: — Дурӯғ мегӯӣ! Ту барои он ҷангидӣ, то мардум туро «қаҳрамон» гӯянд ва туро «қаҳрамон» гуфтанд. Бар он чӣ ҷаҳд намудӣ, подошашро гирифтаӣ! Дигар намонд чизе, ки аз Ман бигирӣ! Дуюм, нафаре мебошад, ки таҳсили илм карда, ба дигарон таълим додааст ва Қуръонро хуб қироат мекардааст. Ӯро ба ҳузури Парвардигор меоранд. Худованд неъматҳои додаашро назди ӯ паҳн карда, як-як мешуморад ва ӯ тасдиқ мекунад. Сипас аз ӯ мепурсад: — Бо ин неъматҳое, ки ба ту арзонӣ доштам, чӣ кор кардӣ? Ӯ посух медиҳад: — Таҳсили илм кардаму ба дигарон таълим додам ва аз барои ризои Ту Қуръон хондам. Дар посухи ӯ Худованд мефармояд: — Дурӯғ мегӯӣ! Ту илмро барои он омӯхтӣ, ки туро «олим» гӯянд ва Қуръон баҳри он хондӣ, ки гӯянд «ӯ Қуръонро зебо мехонад» ва чунин таҳсин ҳам дар ҳаққи ту гуфта шуд. Дигар намонд чизе, ки аз Ман бигирӣ! Сеюм, нафарест, ки Худованд ба ӯ сарвати зиёд додааст ва ӯ сарваташро хайру эҳсон намудааст. Ӯро ба ҳузури Парвардигор меоранд. Худованд неъматҳои додаашро мешуморад ва ӯ низ тасдиқ мекунад. Сипас Худованд аз ӯ мепурсад: — Бо ин неъматҳо чӣ корҳоро анҷом додӣ? Ӯ мегӯяд: — Ҳамаи молу сарватамро дар роҳи ризои Ту хайр кардам! Худованд дар ҷавоби ӯ мефармояд: — Дурӯғ мегӯӣ! Ту ҳамаи инро барои он анҷом додӣ, ки туро гӯянд: «Ин қадар одами саховатманд аст!» ва ба ин муваффақ шудӣ. Дигар намонд чизе, ки аз Ман бигирӣ!

0

МУВОФИҚИ ГУМОНИ БАНДААМ ҲАСТАМ

Мувофиқи ҳадиси қудсӣ Худованди Мутаъол мефармояд: «Гумони бандаам нисбат ба Ман чӣ гунае бошад, Ман низ ҳамон гунаам. Агар ӯ Маро зикр кунад, бо ӯ ҳастам. Агар ӯ Маро дар танҳоӣ зикр намояд, Ман низ ӯро танҳо зикр мекунам. Агар ӯ маро бо ҷамоат зикр кунад, Ман ӯро бо ҷамоати накӯтаре зикр мекунам. Агар ӯ ба Ман як ваҷаб наздик шавад, Ман ба ӯ як зироъ наздик мешавам. Агар ӯ ба Ман як зироъ наздик шавад, Ман ба ӯ як қулоч наздик мешавам. Ва агар ӯ қадамзанон ба сӯйи Ман биёяд, Ман давон ба сӯйи ӯ меравам».

0

АГАР ДАР ҚАВЛАШ УСТУВОР БОШАД

Боре Расули Худо (с) бо асҳоб дар масҷид нишаста буд, ки марде омад ва ба Расулуллоҳ (с) гуфт: — Аз ҷониби ту ба назди мо қосиде омад ва гуфт, ки Муҳаммад (с) фиристодаи Худованд аст. Оё ин дуруст аст? Расули Худо (с) гуфт: — Бале, ӯ дуруст мегӯяд. Мард боз пурсид: — Дар ин ҳол бигӯ, ки замину осмонро кӣ офаридааст? Расули Худо (с) посух дод: — Аллоҳ Таъоло офаридааст! Мард гуфт: — Хуб, акнун аз барои он Офаридгори замину осмонҳо бигӯ, ки магар Ӯ туро ҳамчун паёмбар фиристод? Расулуллоҳ (с) посух дод: — Бале! Мард пурсид: — Қосиди ту мегӯяд, ки мо бояд ҳамарӯза панҷ вақт намоз гузорем, оё ин дуруст аст? Расули Худо (с) гуфт: — Бале, дуруст аст! Мард гуфт: — Ба номи Худое, ки туро ҳамчун паёмбар фиристод, рост бигӯ, оё инро Худованд ба Ту фармудааст? Ҳабиби Худо (с) гуфт: — Бале! Ҳамин тавр ӯ дар мавриди закоту рӯза ва ҳаҷ низ суол кард. Расули Худо (с) дар посухи ин суолҳо мегуфт: «Бале, дуруст аст!» Сипас мард гуфт: — Савганд ба Худое, ки туро бар дини ҳақ фиристод, ин фармудаҳои туро ба ҷо меорам, дар ҳоле ки ба иҷрои на бештар ва на камтар аз ин гуфтаҳо иқдод хоҳам кард. Пас Расули Худо (с) фармуд: — Агар ӯ ин гуфтаҳояшро ба ҷо оварад, аз ҷумлаи наҷотёфтагон хоҳад буд.

0

ПАНҶ АМРИ ХУДОВАНД

Рӯзе Расулуллоҳ (с) фармуд: «Аллоҳ Таъоло Яҳё фарзанди Закариёро (а) ба иҷрои панҷ амал маъмур гардонид ва фармуд, ки Бани Исроилро низ ба иҷрои ин амалҳо амр кунад. Чун Яҳё (а) дар иҷрои ин фармон таъхир намуд, ҳазрати Исо (а) ба ӯ гуфт: — Худованд туро ба иҷрои панҷ амал маъмур гардонид ва фармуд, ки Бани Исроилро низ ба иҷрои онҳо амр кунӣ. Эй Яҳё! Фармудаи Парвардигорро иҷро бикун ва ё ман онро ба ҷо оварам. Ҳазрати Яҳё гуфт: — Эй бародарам! Агар ту дар иҷрои ин кор бар ман сабқат бигирӣ, метарсам, ки Худованд маро нобуд бисозад. Сипас Яҳё (а) издиҳоми Бани Исроилро ба Байт-ул-муқаддас ҷамъ оварда, гуфт: — Худованд маро ва шуморо ба иҷрои ин панҷ амал маъмур гардонид; аввал ин ки ибодати Худоро ба ҷо оварем ва ҳеҷ касу ҳеҷ чизеро ба Ӯ шарик муқаррар насозем. Шахсе, ки ба Худо шарик меорад, ҳолаташ ба касе монанд аст, ки аз ҳисоби худ канизе мехарад ва ба ӯ мегӯяд: «Инак, ошёни ман ва инак, кори ту, ки аз иҷрои ину он иборат аст. Кори худро анҷом бидеҳ ва самараашро ба ман биёвар!» Канизи ӯ кор карда, ҳосили меҳнаташро ба бегонае мебарад. Дар ин ҳол, оё шумо мехоҳед, ки канизатон чунин рафтор кунад?! Дуюм ин ки Худованд моро ба адои намоз амр кард ва фармуд, ки ҳангоми гузоштани намоз ба чапу рост нанигарем. Чун Худованд намози он касеро қабул мекунад, ки танҳо ба Ӯ таваҷҷуҳ карда бошад. Сеюм, Ҳақ Таъоло моро ба рӯзадорӣ амр намуд. Мисоли шахси рӯзадор мисоли касест, ки бо худ мушку анбар дорад ва ҳамаи мардум муштоқи бӯйи ӯянд. Ба дурустӣ, бӯйи даҳони рӯзадор дар назди Худо аз бӯйи мушку анбар ҳам хуштар аст. Чаҳорум, Худованд ба садақа додан амр кардааст. Мисоли садақадиҳанда мисоли касест, ки ба дасти душман асир афтодааст ва дар садади ба қатл расидан қарор дорад. Аммо дар ин асно ӯ мегӯяд: «Ман ҳозирам, ки тамоми сарвату дороии худро барои раҳо ёфтан аз ин аҳвол ҳамчун фидя диҳам». Бад-ин минвол ӯ худро аз марг наҷот медиҳад. Панҷум, Аллоҳ Таъоло амр кардааст, ки танҳо дар зикри ӯ бошем. Мисоли шахси зикркунанда ба ҳолати шахсе монанд аст, ки душманон таъқибаш мекунанд ва ӯ аз онҳо гурехта, ба қалъаи бузурге мерасад ва бо қасди ҷон ба саломат бурдан ба он ҷо паноҳ мебарад. Аҳволи банда низ чунин аст, ки танҳо бо зикри Худо метавонад худро аз шарри шайтон муҳофизат кунад. Пас аз баёни ин воқеа Расули Акрам (с) чунин фармуд: — Ман ҳам панҷ амалеро, ки Худованд ҳамаи моро ба иҷрояшон маъмур сохтааст, ба шумо мерасонам: Ба амру наҳйи Худованд гӯш андозед ва онҳоро риоят намоед. Ба роҳбароне, ки масъулияти шуморо ба уҳда доранд, итоат кунед. Дар роҳи Худо бо ҷону молатон ҷаҳд кунед. Ҳиҷратро пос доред ва ҳамеша муттаҳид бошед ва ба доми ифтироқ наафтед, зеро ҳар касе аз доираи уммат андаке дур шавад, то вақти бозгашт, худро аз асли ислом дур месозад. Иҷтинобу саркашӣ аз ҷомеа одати даврони ҷоҳилият аст. Ҳар касе даъвои ҷоҳилонаеро ҳақ пиндорад, худро ба яке аз чоҳҳои дӯзах хоҳад андохт».

0

ОЁ ДИЛАШРО ШИКОФТӢ, ТО БИДОНӢ?!

Аз Усома ибни Зайд ривоят аст, ки гуфт: «Расули Худо (с) моро барои таблиғи дин ба ҳар қабила равон мекард. Мо онҳоро ба ислом даъват мекардем, аммо баъзеашон бо силоҳ зиддият нишон медоданд. Боре яке аз онҳоро таъқиб намудем ва чун ба ӯ расидем, гуфт: «Ло илоҳа иллаллоҳ». Бо вуҷуди ин ман ӯро ба қатл расонидам. Чун ба Мадина расидем, ин хабар ба Паёмбари Худо (с) расид. Ӯ маро ба ҳузураш хонд ва гуфт: «Магар ту касеро ба қатл расондӣ, ки «Ло илоҳа иллаллоҳ» гуфта буд?!» Гуфтам: «Ӯ инро аз тарси ҷонаш гуфт!» Пас Расули Худо (с) фармуд: «Оё дилашро шикофтӣ, то бидонӣ, ки аз бими ҷон гуфта буд?!» Ва ин суханро ба андозае зиёд такрор намуд, ки орзу кардам, кош то он рӯз мусулмон намебудам.

0

АЗ ҲАМА БЕШТАР

Расули Худо (с) мефармояд: — Лаззати имонро он касе дармеёбад, ки ин се хислат дар ӯ мавҷуд бошад: ин ки Худо ва расулашро аз ҳама бештар дӯст дорад ва ин ки шахсро фақат барои Худо дӯст бидорад ва ин ки пас аз ҳидоят ёфтан ба куфр бозгаштанро зишттар аз он пиндорад, ки дар оташ андохта шавад.

0

НАҶОТ

Рӯзе фарзанди яҳудие, ки дар хидмати Расули Худо (с) буд, бемор шуд. Расулуллоҳ (с) ба аёдати ӯ рафт ва ба сари болинаш омаду гуфт: — Мусулмон бишав! Писарак ба падараш нигарист. Падараш ба вай гуфт: — Ба Абулқосим итоат бикун! Писарак дарҳол мусулмон шуд. Расули Худо (с) шод гашт ва фармуд: — Ситоиш Худоеро, ки ин писарро аз оташи дӯзах наҷот дод.

0

Ӯ ҶАБРАИЛ БУД

Аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят аст, ки гуфт: «Рӯзе дар назди Расули Худо (с) нишаста будем, ки ногаҳон марди ношиносе ба ҳузури ӯ омад. Дар тан либоси сафед дошт ва дар ӯ асари сафар дида намешуд. Рӯ ба рӯйи Паёмбари Худо (с) нишасту зонуҳояшро ба зонуҳои ӯ расонд ва гуфт: — Эй Муҳаммад! Маро аз дини ислом хабар деҳ. Расули Худо (с) фармуд: — Ислом ин аст, ки шаҳодат бар он диҳӣ, ки нест маъбуде (барҳақ) ба ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Худост ва ин ки намоз гузорӣ, закот диҳӣ, рӯзаи моҳи рамазон бигирӣ ва агар тавоноӣ дошта бошӣ, ба ҳаҷ биравӣ. Сипас мард гуфт: — Рост мегӯӣ! Мо дар ҳайрат афтодем, зеро ӯ ҳам суол мекард ва ҳам суханони Расули Акрамро (с) тасдиқ менамуд. Мард боз пурсид: — Ба ман бифаҳмон, ки имон чист? Расулуллоҳ (с) фармуд: — Имон ин аст, ки ба Худо, ба фариштагони Ӯ, ба китобҳои Ӯ, ба паёмбарони Ӯ, ба рӯзи қиёмат ва бар он ки тақдири некӣ ва бадӣ аз ҷониби Худованд аст, эътиқод дошта бошӣ. Мард гуфт: — Рост гуфтӣ! — ва боз пурсид: — Эҳсон чист? — Эҳсон ин аст, ки Худоро ҳамчунон ибодат намоӣ, ки гӯё Ӯро мебинӣ ва агар ту Ӯро набинӣ, ба дурустӣ ки Ӯ туро мебинад. Мард боз суол кард: — Қиёмат кай барпо мешавад? Расулуллоҳ (с) гуфт: — Дар ин масъала ҷавобдиҳанда аз суолкунанда маълумоте бештар надорад. Пас мард гуфт: — Маро аз нишонаҳои он хабар деҳ! Расули Худо (с) гуфт: — Ин ки хидматгор молики худро таваллуд кунад. Побараҳнаҳо, фақирҳо ва гуруснаҳои гӯсфандчарон дар бунёди биноҳои баланд миёни худ сабқат кунанд. Сипас он мард аз наздамон рафт ва пас аз чанде Расули Худо (с) пурсид: — Эй Умар, оё медонӣ, ки марди саволкунанда кӣ буд? Ман гуфтам: — Худову Расулаш донотар аст. Расулуллоҳ (с) фармуд: — Ӯ Ҷабраил буд ва барои он омад, ки ба шумо динатонро таълим диҳад».

0
ДунёЗеҳн28 рӯз пеш

БАҲОРИ УМЕД

Субҳи барвақт буд. Қатраҳои шабнам бар рӯи алафҳо мисли марворид медурахшиданд. Офтоб оҳиста-оҳиста аз паси кӯҳҳо сар бароварда, заминро бо нурҳои гармаш навозиш мекард. Дар боғ дарахтони зардолу ва себ шукуфта буданд. Гулҳои сафеду гулобӣ бо насими мулоим мерақсиданд. Паррандаҳо бо овози ширин суруд мехонданд, гӯё омадани баҳорро ҷашн мегирифтанд. Фарид, писараки хурдсол, ҳар рӯз ба ҳамин боғ меомад. Ӯ дид, ки дарахти хушкшудае, ки зимистон бехазон менамуд, акнун навдаҳои сабз баровардааст. Ӯ бо табассум гуфт: — Баҳор ҳатто ба дарахти хаста ҳам ҷон мебахшад. Он рӯз Фарид фаҳмид, ки баҳор танҳо фасли сол нест, балки фасли умед аст. Ҳар чизе ки хаста ва хомӯш менамояд, метавонад боз зинда шавад. Танҳо бояд сабр кард ва ба омадани баҳор бовар дошт.

0
СаломатӣЗеҳн28 рӯз пеш

Ларингит чӣ хел беморӣ аст?

Ларингит як раванди илтиҳобист, ки тамоми минтақаи гулӯро фаро мегирад. Бактерияҳо ва вирусҳои гуногун метавонанд ангезандаҳои ин беморӣ бошанд. Сабабҳои рушди он инҳоянд: Сармозании бадан. Дар ҳавои хунук ё сӯзон нафас гирифтан. Ҷароҳатёбӣ. Дахолати ҷарроҳӣ. Таъсири кимиёвӣ ба гулӯ (буғҳои кимиёвӣ). Танишҳои шадид дар сими овоз. Сироятҳои даҳон ва синус. Аломатҳои зерин аз фарорасии равандҳои илтиҳобӣ бо ларингит шаҳодат медиҳанд: Дард ҳангоми фурӯ бурдан ва суханронӣ, эҳсоси карахтшавӣ дар гулӯ, пастшавии тембри овоз, каме баланд шудани ҳарорат, варам кардани гиреҳҳои лимфа.

0