РИЗОИ ХУДО
Дар аснои яке аз муҳорибаҳо ҳазрати Алӣ (р) бо ҷанговари моҳире аз сафи мушрикон тан ба тан меҷангид, ки мағлуб сохтанаш осон набуд. Пас аз чанде ҳазрати Алӣ фурсате ёфта, «Ё Аллоҳ!» гӯён ҳуҷум кард ва мушрикро ба замин афтонд. Ӯ синаи мушрикро бо зону фушурда, бо қасди куштан ба сараш ханҷар кашид. Ҳамин вақт мушрик ба рӯйи ҳазрати Алӣ (р) туф кард. Дар баробари ин ҳазрати Алӣ (р) дарҳол аз болои мушрик бархест ва ӯро раҳо намуд. Мушрик дар ҳайрат афтода пурсид:
— Эй Алӣ, ман барои он туф кардам, ки ғазабатро бедор кунам, то ҳарчи зудтар маро ба қатл расонӣ. Ту бошӣ аз куштани ман даст кашидӣ. Чаро чунин кардӣ?
Ҳазрати Алӣ посух дод:
— Мо барои ризои Худо меҷангем. Вақте ба рӯям туф кардӣ, дар дилам нисбат ба ту ҳисси нафрат пайдо шуд. Дар ин ҳол агар туро мекуштам, инро на аз барои Худо, балки аз барои нафси худ мекардам. Ба ин хотир аз қасдам бозгаштам.
Бо шунидани ин суханҳо ҳайрати мушрик дучанд гардид ва ӯ аз ҳазрати Алӣ (р) дар мавриди дини ислом суол кард. Ҳазрати Алӣ (р) исломро ба ӯ фаҳмонд ва он мард шаҳодат оварда, мусулмон шуд.
Дар ин маврид Расули Худо (с) ба ҳазрати Алӣ (р) фармуда буд: «Савганд ба Худо, агар Худованд ба василаи ту шахсеро ҳидоят кунад, ин бароят аз як водӣ шутурҳои сурхмӯй беҳтар аст».
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё