ШАМЪ АЗ ХАЗИНАИ ДАВЛАТ
Боре Абдураҳмон ибни Авф (р) ба зиёрати амирал-муъминин Умар ибни Хаттоб (р) омад. Ӯ салом доду посухе нашунида, ба ҷое нишаст. Ҳазрати Умар (р), ки машғул буд, ба ӯ эътиборе надод. Пас аз чанде амирал-муъминин шамъи дар наздаш сӯхта истодаро хомӯш карда, ба ҷойи он шамъи дигареро фурӯзон намуд ва сипас ба саломи дӯсташ посух дод. Ҳазрати Абдураҳмон аз ӯ пурсид:
— Мебинам, ки шамъи фурӯзонеро хомӯш карда, шамъи дигаре афрӯхтӣ. Ин ҳар ду чӣ фарқе доранд?
Ҳазрати Умар посух дод:
— Эй дӯстам, он шамъи фурӯзон аз ҳисоби хазинаи давлат буд. Агар дар вақти сӯхтани он шамъ корҳои шахсиро иҷро кунам, фардо дар назди Худо масъул хоҳам шуд. Ту, ки бо кори хусусӣ ба наздам омадаӣ, шамъеро ба кор мебарам, ки аз ҳисоби худ харидаам.
Бо шунидани ин суханҳо аз дидагони ҳазрати Абдураҳмон (р) ашк ҷорӣ шуд ва ӯ даст ба дуо бардошту гуфт:
— Худоё! Умар ибни Хаттобро болои сари мо пойдор бигардон!
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё