Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

ЧУН БАНДАЕРО ДӮСТ ДОРАД

Расули Худо (с) дар мавриди муҳаббати Худованд нисбат ба бандааш чунин фармуд:

— Чун Худованд бандаеро дӯст дошт, ба ҳазрати Ҷабраил (а) мефармояд: «Ман он бандаамро дӯст медорам, ту низ ӯро дӯст бидор!» Сипас Ҷабраил (а) низ он бандаро дӯст медорад ва ба аҳли само мегӯяд: «Худованд он бандаро дӯст доштааст, ман ҳам ӯро дӯст медорам, пас шумо низ дӯсташ бидоред!» Бо ин сухан тамоми аҳли само он бандаро дӯст медоранд ва тамоми мавҷудот нисбат ба ӯ муҳаббат пайдо мекунанд.

Ва чун Худованд бандаеро дӯст надошт ва ба ӯ буғз кард, ба ҳазрати Ҷабраил (а) мефармояд: «Ман ба он бандаам буғз кардаам, ту ҳам ба ӯ буғз бикун!» Сипас Ҷабраил (а) низ ба он банда буғз мекунад ва ба аҳли само мегӯяд: «Худованд ба он банда буғз кардааст, ман ҳам ба ӯ буғз кардам ва шумо низ ба ӯ буғз кунед!» Сипас аҳли замину осмон нисбат ба он банда буғз мекунанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.