Ӯ ҶАБРАИЛ БУД
Аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят аст, ки гуфт:
«Рӯзе дар назди Расули Худо (с) нишаста будем, ки ногаҳон марди ношиносе ба ҳузури ӯ омад. Дар тан либоси сафед дошт ва дар ӯ асари сафар дида намешуд. Рӯ ба рӯйи Паёмбари Худо (с) нишасту зонуҳояшро ба зонуҳои ӯ расонд ва гуфт:
— Эй Муҳаммад! Маро аз дини ислом хабар деҳ. Расули Худо (с) фармуд:
— Ислом ин аст, ки шаҳодат бар он диҳӣ, ки нест маъбуде (барҳақ) ба ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Худост ва ин ки намоз гузорӣ, закот диҳӣ, рӯзаи моҳи рамазон бигирӣ ва агар тавоноӣ дошта бошӣ, ба ҳаҷ биравӣ.
Сипас мард гуфт:
— Рост мегӯӣ!
Мо дар ҳайрат афтодем, зеро ӯ ҳам суол мекард ва ҳам суханони Расули Акрамро (с) тасдиқ менамуд.
Мард боз пурсид:
— Ба ман бифаҳмон, ки имон чист?
Расулуллоҳ (с) фармуд:
— Имон ин аст, ки ба Худо, ба фариштагони Ӯ, ба китобҳои Ӯ, ба паёмбарони Ӯ, ба рӯзи қиёмат ва бар он ки тақдири некӣ ва бадӣ аз ҷониби Худованд аст, эътиқод дошта бошӣ.
Мард гуфт:
— Рост гуфтӣ! — ва боз пурсид:
— Эҳсон чист?
— Эҳсон ин аст, ки Худоро ҳамчунон ибодат намоӣ, ки гӯё Ӯро мебинӣ ва агар ту Ӯро набинӣ, ба дурустӣ ки Ӯ туро мебинад.
Мард боз суол кард:
— Қиёмат кай барпо мешавад?
Расулуллоҳ (с) гуфт:
— Дар ин масъала ҷавобдиҳанда аз суолкунанда маълумоте бештар надорад.
Пас мард гуфт:
— Маро аз нишонаҳои он хабар деҳ!
Расули Худо (с) гуфт:
— Ин ки хидматгор молики худро таваллуд кунад.
Побараҳнаҳо, фақирҳо ва гуруснаҳои гӯсфандчарон дар бунёди биноҳои баланд миёни худ сабқат кунанд.
Сипас он мард аз наздамон рафт ва пас аз чанде Расули Худо (с) пурсид:
— Эй Умар, оё медонӣ, ки марди саволкунанда кӣ буд?
Ман гуфтам:
— Худову Расулаш донотар аст.
Расулуллоҳ (с) фармуд:
— Ӯ Ҷабраил буд ва барои он омад, ки ба шумо динатонро таълим диҳад».
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё