Зеҳн
ЗЕ

Зеҳн

1 пайгир · аз 15 июли 2026 дар Зеҳн

АхборЗеҳн8 соат пеш

ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ШВЕЙТСАРИЯ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ РУШД МЕКУНАД

Вохӯрии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед бо роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Дениз Люти Кришан баргузор гардид. Маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳӣ навиштааст, ки ба имкониятҳои сайёҳии кӯҳҳои Алп, Помир ва Фон, ба омӯзиши таҷрибаи Швейтсария дар ташкили хатсайрҳои кӯҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сокинони маҳаллӣ ба хизматрасонии сайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Гуфта мешавад. ки яке аз самтҳои ҳамкорӣ баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ мебошад. Дар ин замина имкони ташкили курсҳо, семинарҳои амалӣ ва сафарҳои омӯзишӣ барои роҳбаладон, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва хонаҳои меҳмонӣ баррасӣ шуд. Зикр мегардад, ки ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Швейтсария низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Аз ҷумла, ташкили сафарҳои шиносоӣ ба Тоҷикистон барои ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони расонаҳои Швейтсария, муаррифии хатсайрҳои кӯҳӣ ва мероси фарҳангии кишвар, инчунин, барқарор намудани робитаҳои мустақим миёни ширкатҳои сайёҳии ду кишвар аз самтҳои имконпазири ҳамкорӣ арзёбӣ шуданд.

0
АхборЗеҳн8 соат пеш

ҚАЗОҚИСТОН ДАР МИЁНИ СЕ ШАРИКИ БУЗУРГИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ГИРИФТ

Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қазоқистон дар моҳҳои январ - октябри соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,3 фоиз афзоиш ёфта, ба тақрибан 1 миллиарду 280 миллион доллар расидааст. Бо ин нишондиҳанда Қазоқистон дар миёни се шарики асосии тиҷорати Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин бора “Казинформ” хабар дода, навишт, ки гардиши умумии савдои хориҷии Тоҷикистон дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ба 11 милларду 730 миллион баробар шудааст. Тоҷикистон дар ин муддат бо 133 кишвар, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил робитаҳои тиҷоратӣ доштааст. Чин бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мондааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар моҳҳои январ - октябр якуним баробар афзоиш ёфта, ба 3 миллиарду 340 миллион доллар расидааст. Русия бо гардиши савдои тақрибан 2 миллиарду 100 миллион доллар дар ҷойи дувум қарор дорад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11, 4 фоиз афзоиш ёфтааст. Қазоқистон бошад бо гардиши савдои наздик ба 1,28 миллиард доллар мақоми севумро ишғол мекунад. Афзоиши мубодилоти тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳолест, ки ду кишвар дар солҳои охир барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, афзоиши содироту воридот ва тақвияти робитаҳои минтақавӣ талош доранд.

0
АхборЗеҳн8 соат пеш

Қанноди тоҷик дар Олмон. Барои унвони «chef» талош дорад

Малика Боймирзоева пас аз хатми мактаби махсус, ки бо барномаи “Ausbildung” шинохта мешавад, дар як ширкати маъруфи қаннодии Олмон ба кор пардохт. Ӯ мегӯяд, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм карда, сипас ба Душанбе омад. Дар пойтахт оиладор шуд. Ҳамсараш барои кор ба Олмон даъват карданд. Пас аз чанде Малика низ ба ин кишвар омад. Панҷ моҳ забон омӯхт ва бо барномаи “Аusbildung” ба мактаби махсуси касбомӯзӣ шомил шуд. Ӯ қаннодиро бисёр дӯст медошт ва ин ҳунарро омӯхт. “Асосан мактаби махсус 3-сола аст. Лекин ман пештар дарсҳоро аз худ карда, имтиҳонҳоро супурдам. Ҳафтае ду рӯз дарс мехондам ва 3 рӯз дар ширкати қаннодӣ фаъолият мекардам. Пас аз хатми давраи касбомӯзӣ расман ба кор шурӯъ кардам.”, — гуфт Малика. Малика дар ширкате фаъолият дорад, ки 45 намояндагӣ дар Олмон ва беш аз 800 коргар дорад. «Дар ин ҷо навъҳои гуногуни шириниҳо ва нон мепазем. Аввал кор душвор буд, Акнун аз корам лаззат мебарам.», — илова кард ӯ. Малика ният дорад, ки дар ин ширкат устод шуда, ба таҷрибаомӯзон ин ҳунарро омӯзонад. Ба наздики такмили ихтисос меравад то ки унвони «chef»-ро бигирад. «Барои гузаштан аз такмили ихтисос ва гирифтани ин унвон бояд 15 ҳазор евро пардозӣ, вале роҳи дигар ҳам ҳаст, ки ин маблағро давлат мепардозад. Хушбахтона, ман аз ин роҳ ба такмили ихтисос меравам.»,- афзуд Малика. Ин бону дар Олмон корхонаи қаннодии хешро таъсис доданист. Ҳар нафаре, ки унвони «chef»-ро надорад барои бунёди корхона ҳақ надорад. Малика пас амали кардани ин орзӯяш дар Олмон ва дар Тоҷикистон низ ширкати худро таъсис медиҳад. Мо низ дар ин роҳ ба ӯ тавфиқ ва барор мехоҳем.

0
АхборЗеҳн9 соат пеш

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар оянда ҷорӣ кунанд. Дар ин бора вазири дифои Бритониё  хабар додааст. Ӯ гуфтааст, ки ду кишвар мехоҳанд лоиҳаи муштараки мавҷудаи худро дар соҳаи амнияти сайберӣ бо номи Cyber Lighthouse васеъ кунанд. Қарор аст, ки минбаъд он таҳияи технологияҳои зеҳни сунъиро низ фаро гирад. Стритинг навиштааст, ки озмоиш, таҳия ва дар ниҳоят ҷорӣ кардани зеҳни сунъӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар ҳамкории онҳоро амиқтар карда, имкони муқовимат ба таҳдидҳои эҳтимолиро тақвият медиҳад. Ба гуфтаи вазири дифои Бритониё, ширкатҳои олмонӣ пас аз имзои созишномаи ҳамкории дифоӣ миёни ду кишвар дар соли 2024 уҳдадор шудаанд, ки барои рушди саноати ҳарбии Бритониё 800 миллион фунтстерлинг, муодили тақрибан 956 миллион евро сармоягузорӣ кунанд.v

0

ЧАШМАИ “БИБИЗУБАЙДА”

Миёни он неъматҳои моддие, ки Офаридгор  ба инсон арзонӣ додааст, об мебошад. Обро метавон ҳастии тамоми ашё номид, ки бидуни он ҳеҷ чиз вуҷуд дошта наметавонад. Сарчашмаи об пиряху чашмаҳо мебошад, ки тавассути дарёҳо ва ҷӯйҳо ҷорӣ гардида, инсон ва табиатро шодоб мегардонад. Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим обро ашёи муқаддас дониста, ҳар як қатраи онро арҷгузорӣ мекарданд. Ин анъана то имрӯз идома ёфта, дар бораи муқаддасии об ҳар гуна нақлу ривоятҳо бофта ба мардум мешунавонданд, ки ин неъмати бебаҳоро азиз доранд. Қариб дар ҳар гӯшаву канори олам ривоятҳои асотирие дар бораи об – ҳаёти ҷовидонӣ ва фанонопазирӣ мебахшад, вуҷуд доранд. Масалан, барои мисриҳои қадим об макони тавлиди худоҳояшон ба шумор мерафт ё ҳиндуҳо боварӣ доштанд, ки аввалу охири мавҷудияти олам об аст, инчунин бошандагони Бобулистон обро сарчашмаи беинтиҳои инсоният медонистанд. Тоҷикистон низ дорои ададҳои бешумори чашмаҳои табиӣ ва шифобахшӣ аст, ки бештари  онҳо дар атрофи худ нақлу ривоятҳоеро дар бораи таърих ва пайдоишаш ба вуҷуд овардааст. Барои мисол метавон дар бораи чашмаи “Бибизубайда” дар шаҳри Норак  каме маълумот дод. Чашмаи “Бибизубайда” дар деҳаи Туғмазори ҷамоати деҳоти Дуконии  шаҳри Норак  ҷойгир аст, ки  бошандагони ин мавзеъ бо лаҳчаи худ “Бибизведа” мегӯянд. Мувофиқи баъзе ривоятҳои сокинони Норак таърихи 500 сола дорад, аммо дар мавриди таърихи пайдоиши он ягон далели мӯътамад пайдо наградид. Мардуми маҳаллии Норак ин мавзеъи табииро бениҳоят муқаддас дониста, нисбати вай бовару эътиқод доранд.  Зимни зиёрат ба ин мавзеъ мушоҳида гардид, ки рӯ ба рӯи чашмае, ки аз байни санг ҷорӣ мешуд,  дарахтони туғ соя меафканданд. Ва дар шохҳои ин дарахт миқдори  зиёди латтаҳои гуногунранг баста шуда буданд. Боиси тазаккур аст, ки ба андешаи мардуми тоҷик дарахти “туғ” муқаддас маҳсуб ёфта, онро бештар дар мазору зиёратгоҳҳо вохӯрдан мумкин аст.  Шояд аз ҳамин сабаб ин деҳаро Туғмазор меномиданд.  Аз ин бармеояд, ки одамон ба зиёрати чашма бисёр мерафтаанд ва ҳангоми  зиёрат ба дарахти туғ барои талаби ҳоҷаташон латта мебастаанд. Дар бораи чашма бо сокини деҳаи Туғмазор Солеҳов Насрулло (соли тав. 1939) вохӯрда, маълумот гирифтем, аз гуфтаҳои пирамард маълум шуд, ки Бибизубайда дар оила чор нафар: ду писар ва ду духтар  будаанд. Мувофиқи нақли пирамард дар замонҳои пеш ҳангоми ҳуҷуми душманон ин чор нафар бародарону хоҳарон аз таъқиби кофирон гурехта ба ин мавзеъ меоянд,  писарҳо яке ҳазрати  Хоҷаи Сабзпӯш, ки марқадаш  дар наздикии НБО-и Норак дар масофаи 150 км. дуртар аз ин мавзеъ, дуввумин ҳазрати Хоҷаи Сурхпӯш дар назди обанбори  Норак,  духтарҳо хоҳараш Бибитуғдона дар деҳаи Тутқавули нав ва худаш Бибизубайда дар деҳаи Туғмазор воқеъ мебошад. Баъди  таъқиби  кофирон  Бибизубайда ба деҳаи Туғмазори имрӯза омада, ба болои кӯҳ, ки баландиаш  200 метр мебошад,  мебарояд. Ин дам кофирон наздик шудан мегиранд, Бибизубайда рӯй суи қибла карда, ба ҷониби Худованд илтиҷо мекунад, ки кӯҳро бишкофад то вай ба даруни он даромада, рӯи кофирони номаҳрамро набинад. Ҳамин дуои Бибизубайда иҷобат гардида, даруни кӯҳ кушода мешаваду ин  зани покдоман вориди он мегардад. Кӯҳ боз дубора пӯшида мешавад, мегӯянд аз ҳамон рӯзу соат аз ҳамон ҷо чашмае ҷорӣ мешавад, ки обаки ширину мусаффое дорад. Ба ақидаи мардуми маҳаллӣ гўё ин чашма ашки Бибизубайда  мебошад, ки то имрӯз ҷорӣ шуда истодааст.  Оби ин чашма хусусиятҳои ба худ хосе дорад: Оби чашмаи “Бибизубайда” аз даруни санг ҷорӣ шуда, чандон дур  намеравад,  то дарозии 2 метр рафта нопадид мешавад. Ин об дар чор фасли сол як хел ҷорӣ мегардад,  на кам ва на зиёд мешавад. Оби ин чашмаро барои дармон бахшидан ба бемориҳои меъдаву руда, шикамдард ва “кабудсулфа” истифода мебаранд. Тибқи мушоҳидаи мардум чашма оби сарду гуворо дошта, он аз ҷиҳати таъму лаззат аз дигар чашмаҳо фарқкунанда мебошад. Мегӯянд вақте ки одам аз ин об нӯшад худро сабуку  бардам  ҳис мекунад. Аз роҳҳои дуру наздик ҳоҷатмандон барои табобат омада шифо меёбанд. Ба ин хотир чашмаро муқаддас дониста, ҳамеша тозаву озода нигоҳ медоранд. Тибқи нақли сокинон ин обро танҳо барои нӯшидан ё табобат истифода кардан мумкин аст. Ҳатто дар оби ин чашма даст шустанро калонсолон қатъиян иҷоза намедиҳанд. Дар аснои зиёрат ба ин мавзеъ як ҳамсафарамон, ки зодаи шаҳри Норак буд, ба мо гуфт, ки “мардуми мо пояшонро сӯи чашма дароз намекунанд, ки убол мешавад. Агар дидаву дониста пояшонро сӯи чашмаи Бибизубайда дароз кунанд ба ягон фалокат дучор мешаванд”. Мардуми шаҳри Норак тибқи ҳамин бовару эътиқод зиндагӣ карда, нисбати чашма эҳтироми хосса зоҳир менамоянд. Боз як ҳодисаеро дар робита ба чашмаи Бибизубайда нақл намуд, як вақтҳо як гурӯҳ аскарони рус омада, дар ин ҷо беэҳтиромӣ нисбати ин чашма намуданд ва ҳангоми бозгашт мошинашон ба садамае дучор гардида,  чаппа шуд. Бештар рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба зиёрати чашма меоянд. Тибқи ривояти сокинон вақте мардҳо зиёрат кунанд, оби чашма камтар ҷорӣ мешавад ва агар занҳо ба зиёрат оянд, баръакс об бисёртар ҷорӣ мешавад. Сабаби инро чунин шарҳ медиҳанд, ки Бибизубайда аз мардон шарм медоштааст. Баъди таҳқиқу баррасӣ ба хулосае омад, ки мазмуни ҳамаи нақлу ривоятҳое, ки дар бораи пайдоиши чашмаҳои муқаддас офарида шудааст, қариб якранг аст. Ва пайдоиши онҳоро ба бузургони дин,  ашхоси парҳезкор, занҳои покдоман ва  ё шахсиятҳои асотирӣ нисбат медиҳанд. Аз ин хотир мардуми омма ба ин ривоятҳо бовар карда, онро ба дигарон образнок ва ё камтаре аз худ илова карда, нақл мекунанд, ки дар натиҷа вариантнокии он ба вуҷуд меояд. Ҳатто ривоят ба худ характери асотирӣ касб карда,  ба афсона  мубаддал мегардад. Аммо дар бораи чашмаи “Бибизубайда” мо танҳо як варианти ривоятро пайдо кардем. Маълум мегардад, ки дар муқоиса ба Чилучорчашма, Авҷ, Бибифотимаи Заҳро, Гармчашма ва дигар чашмаҳо теъдоди  зиёраткунандагон ба ин чашма маҳдуд буда, дар миқёси ҷумҳурӣ чандон маъмулӣ нест. Дар ҷумҳурӣ адади рӯду чашмаҳо бениҳоят зиёданд ва на дар бораи  ҳамаи онҳо нақлу ривоятҳои аҷиб офарида шудааст. Аз ин маълум мегардад, ки обҳои он чашмаҳое, ки воқеъан шифобахшанду  гуворо нақлҳои ҷолибе аз тарафи мардум эҷод гардида, то ба дараҷаи муқаддасӣ расонида шудааст. Ин омил метавонад барои сарфа ва тозаву озода нигоҳ доштани ҷӯю чашмаҳо мусоидат кунад, зеро муқаддас будани оби ин ё он чашма шахсро водор месозад, ки нисбати чашмаҳо эҳтиёткорона рафтор намояд. Холмуродов Зафар

0

Истироҳатгоҳи Биби Фотимаи Заҳро

Чашмаи шифобахши Бибӣ Фотимаи Заҳро ба қабули беморону истироҳаткунандагон оғоз намуд. Агарчи ин чашма дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ишкошим дар масофаи 200 километр дур аз шаҳри Хоруғ ҷойгир аст, аммо бо хусусиятҳои шифобахшӣ, манзараҳои ҷолибу тамошобоб сол то сол таваҷҷуҳи сокинони кишвар  ва берун аз онро бештар ба худ ҷалб мекунад. Сардори Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи табобатии Бибӣ Фотимаи Заҳро Ақназар Самадов ба мухбири АМИТ Ховар гуфт, ки ин истироҳатгоҳи табобатӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ тааллуқ дошта, собиқадорони ҷангу меҳнат бо роҳхати ин Вазорат дар ин ҷо ройгон ба истироҳату табобат фаро гирифта мешаванд. Барои қишрҳои дигари ҷомеа низ дари ин истироҳатгоҳ ҳамеша боз аст ва онҳо бо пардохти маблағи муайян аз оби чашма баҳра мебаранд. Баъди бунёд гардидани панҷ меҳмонхонаи нав ҳоло  дар як баст истироҳатгоҳ то 100 нафарро қабул карда метавонад. Хизматрасонӣ  дар ин муассиса  мутобиқи меъёрҳои муосир  ба роҳ монда шуда,  муштариён аз хизмати маркази саломатӣ,  кабинети  физиотерапевтӣ, дорухонаи  гиёҳҳои шифоӣ ва ёрии таъҷилӣ истифода мебаранд.  Барқароркунии пурраи  ҳудуди  истироҳатгоҳ соли 2000 оғоз ёфта,  марҳила ба марҳила  анҷом дода шуд.  Дар ин муддат  зиёда аз  10 ҳазор бех  дарахтони сояафкан шинонда шуда,  боғи мевадор ҳам  дар нашъунамо аст. Истироҳатгоҳи Биби Фотимаи Заҳро  барои  касалиҳои  сирояткунанда, пӯст, дарди дил, тарбод,  меъда,  безурётӣ ва чандин  дардҳои дигар  фоидаовар аст.  Дар назди чашма  нуқтаи  ёрии аввалияи тиббӣ мавҷуд аст ва баъди аз оби чашма берун омадан табибон вазъи саломатии ҳар як беморро муоина мекунанд.

0

КАЛИДИ РӮЗҲОИ БОБАРОР

​Бозори шаҳр тоза аз хоби шабона бедор мешуд. Нурҳои аввалини офтоб биноҳоро ранги заррин мебахшиданд. Дар ин субҳи душанбе, ки оғози ҳафтаи нав буд, ду дӯст — Акмал ва Фарҳод — дар назди қаҳвахонае вомехӯрданд. ​Фарҳод бо чеҳраи пажмурда ва асабӣ оҳи сард кашида гуфт: — Оҳ, боз ин душанбеи мушкил омад! Ҳафтаи гузашта тамоман бесамар гузашт, ҳоло бошад, боз ҳамон кору ташвишҳо аз нав сар мешаванд. Намедонам ҳафтаро чӣ тавр тоқат кунам. ​Акмал табассум кард, дасти дӯсташро гирифт ва гуфт: — Биё, Фарҳод, душанберо на ҳамчун бори гарон, балки ҳамчун як саҳифаи сафед бинем, ки мо имкон дорем онро бо нақшҳои зебо пур кунем. Фарҳод дар ҳайрат монд: — Саҳифаи сафед? Ин чӣ маъно дорад? ​Акмал ҳикояеро нақл кард: ​«Дар як деҳаи дур пирамарди хирадманде зиндагӣ мекард. Ҳар рӯзи душанбе ӯ ба ҳар як шогирдаш як коғази сафед ва холӣ медод ва мегуфт: "Ин рӯзи аввали ҳафта аст. Ин коғаз мисли вақти шумост; он тоза ва холӣ аст. Агар онро бо корҳои нек, нақшаҳои бузург ва меҳнат пур кунед, шомгоҳон соҳиби ганҷ мешавед. Агар онро бо шикоят ва бекорӣ сипарӣ кунед, коғаз сиёҳу беқадр мешавад". Шогирдон фаҳмиданд, ки оғози ҳафта ин муҳлат нест, балки имконият аст». ​Акмал ба Фарҳод нигоҳ карда идома дод: — Душанбе бузургтарин тӯҳфа аст. Ин фурсатест, ки мо хатоҳои ҳафтаи гузаштаро ислоҳ кунем ва нақшаҳои нав кашем. Агар пагоҳии душанберо бо руҳияи хуб ва мақсади аниқ оғоз кунӣ, тамоми ҳафтаат бобарор мегузарад. Ҳафтаи нав на душворӣ, балки қувваи тоза барои расидан ба орзуҳост. ​Суханони Акмал дили Фарҳодро гарм карданд. Ӯ нафаси чуқур кашида, чеҳрааш кушода шуд: — Рост мегӯӣ, биё имрӯзро бо нақшаи мусбат ва азми қавӣ сар кунем!

0

ЭҲТИРОМИ КАЛОНСОЛОН НИШОНАИ ОДАМИЯТ

Рӯзе писаре ҳамроҳи падараш аз кӯча мегузашт. Дар роҳ пирамардеро диданд, ки бо душворӣ роҳ мерафт ва аз вазнинии бори худ хаста шуда буд. Писар зуд ба наздаш рафта, борашро гирифт ва то манзилаш ҳамроҳӣ кард. Пирамард бо чашмони пур аз меҳр ба ӯ нигариста гуфт: - Фарзандам, Худованд туро сарбаланд гардонад! Имрӯз ту бори маро сабук кардӣ, аммо аз ҳама муҳимтар, диламро шод сохтӣ. Падар ба писараш гуфт: - Писарам, дар зиндагӣ фаромӯш накун: калонсолон ганҷинаи таҷриба, хираду панданд. Онҳо замоне ҷавон буданд ва барои ободии зиндагии мо заҳмат кашиданд. Эҳтироми онҳо на танҳо қарзи фарзандӣ, балки нишонаи фарҳангу одамгарии мост. Писар бо эҳтиром гуфт: - Падарҷон, акнун фаҳмидам, ки меҳрубонӣ танҳо бо сухан нест, балки дар рафтору амал зоҳир мешавад. Хулоса, меҳру оқибат инсонҳоро ба ҳам наздик месозад. Ба калонсолон эҳтиром гузорем, суханашонро бо сабр бишнавем, дар рӯзҳои душвор дастгирашон бошем. Зеро имрӯз мо ба пирон такягоҳ мешавем ва фардо худ ба меҳру дастгирии насли ҷавон ниёз пайдо мекунем. Эҳтироми калонсолон - эҳтиром ба гузашта, меҳрубонӣ ба имрӯз ва тарбияи неки фардост!

0

АСБОБҲОИ ЭЛЕКТРИКИИ ДАСТӢ БАРОИ КОРКАРДИ ЧӮБ

Ҳаёти инсонро бе қувваи электр тасаввур кардан душвор аст. Бисёр дастгоҳҳои хонаамон бо қувваи электр кор мекунанд. Дар натиҷаи тараққиёти истеҳсолот, тараққиёти илм ва техника бисёр дастгоҳҳои электриконидашудаи коркарди чӯб истеҳсол карда шуданд. Ба ин асбобҳо электродрел, арраи электрикии дастии дискдор, дастгоҳи суфтакунанда, асбоби фрезери электрикии дастӣ, лобзики электрикӣ ва арраи электрикии нишеб буридани чӯб дохил мешаванд. Асбобҳои дастии электрикӣ самараи баланд дошта, истифодаашон осон, аз як ҷой ба ҷойи дигар ба осонӣ кӯчонидан мумкин ва энергияро кам сарф мекунанд.

0
СаломатӣЗеҳн5 рӯз пеш

Сиёҳалаф

Сиёҳалафро барои муолиҷаи бемориҳои рӯда ва захми меъда истифода мебаранд Бо фаро расидани фасли баҳор дар Тоҷикистон ҳазорон намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Аз ҷумла, чукрӣ, торон, шибит, рошак, қоқу, каравчак ва дигар намудҳои растаниҳои барои саломатӣ муфид дар мамлакати мо зиёд месабзанд. Ба таври зарурӣ истеъмол намудани ин растаниҳо дар организм ба сифати маводи зиддисироятӣ ё антибиотик хизмат мерасонад. Гиёҳҳо барои нигоҳ доштани саломатӣ кумак мерасонанд. Дар фасли баҳор бисёриҳо кӯшиш менамоянд, ки растаниҳои шифобахшро ҷамъоварӣ намоянд, онҳоро тару тоза бихӯранд ё хушк кунанд.  Ба назари мутахассисон, алаф дар кӯҳсор ҳар қадар дар баландиҳо сабзад, ҳамон қадар фоиданок аст. Дар хусуси фоидаи сиёҳалаф ҳар сокини мамлакати мо огоҳ аст. Аз он бештар хӯрокҳои баҳорӣ тайёр карда мешавад ва соҳибхоназанон  онро боз хушк карда, нигоҳ медоранд. Сиёҳалафро аз дигар растаниҳо фарқ кардан душвор нест. Агар онро чида гиред, нӯги поя аз миқдори зиёди йод зуд сурх мешавад. Йод дар хӯроке, ки аз ин гиёҳ тайёр карда мешавад, ранги бунафшро мегирад. Дар Тоҷикистон онро бо чакка мехӯранд. Хӯрокҳое, ки аз гиёҳҳои кӯҳӣ, бахусус сиёҳалаф тайёр карда мешаванд, ба кӯдакони хурдсол хеле маъқул мебошанд. Хӯрок ва хӯришҳои аз растаниҳои кӯҳӣ омодашуда ба нигоҳ доштани саломатӣ ва пурра намудани норасоии витаминҳо дар бадан мусоидат менамоянд. Баъзе гиёҳҳо инчунин барои рафъи дарди сар ва дарди меъда кумак мерасонанд. Сиёҳалаф аз витамини С, каротин ва фитонсид бой аст. Дар таркиби он миқдори зиёди намакҳои минералӣ, оҳан, марганетс, калий, руҳ ва йод мавҷуд аст. Он дорои фитонсидҳои хеле фаъол, сахароза, кислотаи аскорбин (витамини С), бета-каротин (провитамини А) ва витаминҳои РР, В1, В2 мебошад. Сиёҳалафро дар муолиҷаи бемориҳои меъдаю рӯда, бахусус захми меъда ва гастрит бо туршии баланд истифода бурдан мумкин аст. Барги ин навъи пиёз иштиҳоро ба вуҷуд оварда, ба ҷаббидани ғизо мусоидат мекунад. Одамони гирифтори бемориҳои сипаршакл танҳо сиёҳалафро бояд ба парҳези худ дохил намоянд. Рибофлавин, ки як қисми он аст, кори ғадуди сипаршаклро назорат менамояд. Умуман, ин растании нодир бо миқдори зиёди антибиотикҳои табиии фаъол фарқ намуда, ба мустаҳкам намудани системаи масуният кумак мерасонад. Қариб ҳамаи гиёҳҳоро барои омоданамоии хӯрок истифода бурдан мумкин аст. Онҳо барои кори дил, меъда, майна, ҷигар ва дигар узвҳо муфид мебошанд. Дар хотир бояд дошт, ки алаф дар замин мерӯяд, он бояд бодиққат шуста шавад, то пасмондаҳои хок тоза шаванд. Барои нағз тоза кардани алаф онро як соат дар оби шӯр тар карда, баъд тамоми хоки боқимондаро шуста, қоидаҳои санитариро таъмин намудан зарур аст. Дар Тоҷикистон гиёҳҳоро ба миқдори зиёд ба хӯрокҳои ҳаррӯза илова мекунанд, зеро онҳо болаззат ва фоиданок мебошанд. Аз онҳо отала, оши бурида, умоч, самбӯса ва дигар хӯрокҳо тайёр кардан мумкин аст. Истеъмоли гиёҳҳои баҳорӣ барои саломатии инсон хеле фоиданок аст. Хӯрокҳои гиёҳиро дар ҳар вақти рӯз бе тарси зиёд шудани вазн истеъмол кардан мумкин аст. Гиёҳҳо инчунин аз ҷиҳати молиявӣ дастрас мебошанд. Зарангези ЛАТИФ,

0
ДунёЗеҳн5 рӯз пеш

Дурӯғ

Писари Маҳатма Гандӣ мегуяд: Падарам дар шаҳр конфронси яксоатае дошт ва аз ман хоҳиш кард, ки ӯро ба маҳҳали конфронс расонам. Вақте ӯро расонидам, гуфт: — Соати панҷ ҳаминҷо мунтазират ҳастам, то бо ҳам баргардем. Ман аз фурсат истифода карда барои хона харид намудам. Ҳамчунин мошинро ба таъмиргоҳ бурда, баъд аз он ба синамо рафтам. Соати 5:30 ба ёдам расид, ки бояд дунболи падарам равам. Вақте, ки наздаш расидам, соат 6:00 шуда буд. Падарам бо нигаронӣ пурсид: — Чаро дер кардӣ? Бо шармандагӣ ба дурӯғ гуфтам: — Мошин омода набуд, маҷбур шудам, ки мунтазир монам. Падарам, ки қаблан ба таъмиргоҳ тамос гирифта буд, гуфт: — Дар равиши тарбияи ман ҳатман нуқсе вуҷуд доштааст, ки ба ман дурӯғ мегӯӣ. Барои он ки бифаҳмам нуқси ман куҷост, ин 18 км - ро то хона пиёда роҳ меравам, то дар ин бора фикр кунам. Муддати панҷуним соат пушти сари падарам мошин мерондам ва ба падарам, ки ба хотири дурӯғи аҳмақонаи ман ғарқи нороҳатӣ ва андӯҳ буд, нигоҳ мекардам. Ин буд, ки ҳамон ҷо тасмим гирифтам дигар ҳаргиз ба ӯ дурӯғ нагӯям. Ин амали орӣ аз хушунати падарам чунон нерӯманд буд, ки баъд аз гузашти 80 сол аз зиндагиям, ҳануз ба он меандешам.

0
ДунёЗеҳн5 рӯз пеш

МАҲАТМА ГАНДӢ

Вақте Маҳатма Гандӣ дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Лондон таҳсил мекард, устоде дошт бо насаби Питерс, ки нисбати Гандӣ муносибати хуб надошт. Аммо Гандӣ шахсе набуд, ки аз касе тарсад ё худро поёнтар ҳис кунад, ӯ ҳамеша метавонист ба ҳар сухани нешдор ҷавоби шоиста диҳад. Рӯзе устод Питерс дар ошхонаи донишгоҳ хӯрок мехӯрд ва Гандӣ, ки ягон сабабе барои канорагирӣ намедид, ҳамон ҷо нишаст. Питерс бо табассуми масхараомез гуфт: — Ҷаноби Гандӣ, шумо медонед, ки хук ва паранда наметавонанд якҷо хӯрок хӯранд? — Рост гуфтед, устод,  оромона ҷавоб дод Гандӣ. — Пас, ман парвоз мекунам,  ва ба сари мизи дигар гузашт. Ин ҷавоби зиракона устодро сахт ба хашм овард. Дар имтиҳони навбатӣ Питерс кӯшид, ки аз ӯ интиқом гирад. Аммо Гандӣ ба ҳамаи саволҳо бе хато ҷавоб дод. Он гоҳ устод саволи иловагӣ дод, ки баръало таҳқиромез буд: — Тасаввур кунед, ки шумо дар роҳ мешавед ва як халта меёбед. Дар дохили он  хирад ва пул аст. Шумо кадомашро мегиред? — Албатта, пулро, ҷавоб дод Гандӣ. — Ман бошад, хирадро мегирифтам,  бо ғурур гуфт устод. — Комилан дуруст,  гуфт Гандӣ.  Ҳар кас чизи надоштаашро, мегирад. Ин ҷавоб охиран устодро аз худ берун кард. Вай дафтарчаи имтиҳониро гирифт, ва танҳо як калима навишт  «Аҳмақ»  ва онро ба Гандӣ баргардонд. Гандӣ бо диққат ба навишта нигарист, баъд бархоста гуфт:  Устод, шумо имтиҳонро имзо кардед, аммо баҳо монданро фаромӯш кардед.

0
БонкЗеҳн7 рӯз пеш

Дар Тоҷикистон барои ба каси дигар додани кортҳои бонки ҷарима муқаррар гашт

Дар Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ додан, фурӯхтан ё харидани кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ ҷавобгарии маъмурӣ ҷорӣ гардид. Барои чунин амалҳо шаҳрвандон метавонанд то 6630 сомонӣ ҷарима шаванд. Ин тағйирот ба иловаи 2-и моддаи 541-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шуда, аз 21-уми октябри соли ҷорӣ амал мекунад. Моддаи мазкур «Муомилоти ғайриқонунии воситаи электронии пардохтӣ» ном дошта, муомилоти ғайриқонунии кортҳои бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва маълумоти онҳоро бо мақсади ғаразнок фаро мегирад. Тибқи тағйироти воридшуда, барои додан, фурӯхтан, харидан ё паҳн кардани чунин воситаҳои пардохтӣ ҷарима ва мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунӣ пешбинӣ шудааст. Маблағи ҷарима вобаста ба ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ аз 780 то 6630 сомонӣ, баробар ба 10–85 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муқаррар шудааст. Дар ҳамин ҳол, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки симкортҳо, кортҳои пардохтӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва маълумоти онҳоро ба шахсони дигар надиҳанд. Ба таъкиди ин ниҳод, афроди дигар метавонанд аз чунин воситаҳо барои содир намудани ҷиноят истифода баранд. Дар ин сурат, ба ғайр аз ҷавобгарии маъмурӣ, эҳтимоли фаро расидани ҷавобгарии сангинтари қонунӣ низ вуҷуд дорад.

0

ДАРСИ САБР ВА ЗАҲМАТ

​Дар як деҳаи зебоманзаре, ки дар домони кӯҳҳои сарбаланд ҷойгир буд, боғдори пиру кордидае бо номи бобои Солеҳ зиндагӣ мекард. Ҳавлии ӯ боғе дошт, ки бо намудҳои гуногуни меваҳо ва дарахтони куҳансол машҳур буд. ​Фасли тирамоҳ фаро расид. Табиат рангубори худро дигар кард. Рӯзҳои тирамоҳӣ оғоз шуданд: ҳар рӯз осмон бо абрҳои тира пӯшида шуда, боронҳои майдаи ҳаррӯза заминро мешӯстанд. Шохаҳои дарахтон баргҳои зарини худро як ба як ба замин мепартофтанд ва гӯё гирду атроф бо қолини тиллоӣ оро ёфта буд. ​Набераи хурдсоли бобои Солеҳ — Умед, ки писарбачаи тоқатфарсо ва шитобкор буд, ҳар рӯз ба боғ меомад ва аз ин манзара нороҳат мешуд. ​— Бобоҷон, чаро тирамоҳ ин қадар дилгиркунанда аст? — пурсид Умед рӯзе дар зери борони реза. — Ҳама ҷо лой, баргҳои зебои дарахтон рехта нобуд шуда истодаанд, осмон бошад ҳар рӯз гирён аст. Ин ҳама ғамгинӣ барои чӣ лозим аст? Бобои Солеҳ табассум кард ва дасти набераашро гирифта ба тарафи дарахти себи калоне бурд, ки баргу шохаҳои худро ба замин рехта буд. Дар зери дарахт ҳосили охирини себҳои сурху хушбӯй ҳанӯз ҳам ба назар мерасид. ​— Писарам, тирамоҳ фасли ғамгинӣ нест, балки фасли муҳимтарини табиат аст, — оғоз кард бобо бо овози ором. — Ба ин барг бо назари ибрат нигоҳ кун. Ин боронҳои ҳаррӯза бесабаб нестанд; онҳо замини хушкро сероб мекунанд, то решаи дарахтон қувват гиранд. ​Бобо каме таваққуф карда, ба баргҳои рехта ишора кард: — Мебинӣ ин баргҳоро? Онҳо меларзанд ва мерезанд, аммо ин марг нест. Онҳо дар замин пӯсида, ба ғизои фоиданок табдил меёбанд ва ба замин қувват мебахшанд, то дар баҳори оянда дарахтон боз ҳам сабзтар ва зеботар шаванд. Бе рехтани баргҳои кӯҳна баргҳои нав мерӯиданд? Албатта не. ​Сипас, бобо бо ифтихор ба сабадҳои пур аз ҳосили ҷамъовардаи боғ ишора кард: — Вақте мо дар фасли баҳор меҳнат кардем, тобистон ба дарахтон об додем, ҳозир вақти ҳосилғундорӣ аст. Меваи ширин маҳз бо шарофати ҳамин заҳматҳо, боронҳо ва сабри мо ба даст омад. Инсон ҳам дар ҳаёт бояд сабр дошта бошад. Рӯзҳои тирамоҳӣ ба мо меомӯзанд, ки ҳар як душворӣ ва марҳилаи «боришоту хунукӣ» дар зиндагӣ барои таҳкими ирода ва ба даст овардани «ҳосили» муваффақият зарур аст. ​Умед суханони бобояшро бо диққат гӯш кард. Ӯ баргҳои рехта, борони нозук ва сабадҳои пур аз себро аз назар гузаронид ва фаҳмид, ки ҳар фасли сол зебоӣ ва ҳикмати худро дорад. Аз он рӯз ба баъд, ӯ дигар аз рӯзҳои тирамоҳӣ шикоят намекард, балки дар ҷамъоварии ҳосил ба бобояш фаъолона кӯмак мерасонд. ​Ҳикмат аз қисса: ​Тирамоҳ бо ҳама боронҳо ва рехтани баргҳояш рамзи тағйирот ва тозашавӣ аст. Чӣ тавре ки дарахт барои ояндаи зебо баргҳои худро мерезад ва замин боронро қабул мекунад, инсон низ бояд дар рӯзҳои душвори зиндагӣ сабр пеша кунад, зеро бе заҳмат ва мушкилот ҳосили хушбахтиро ба даст овардан ғайриимкон аст.

0

КАЛИДИ ЧОРЯКИ ДУЮМ

Дар як мактаби зебо, дар остонаи рӯзи аввали чоряки дуюм, муаллим ба синф ворид шуд. Баръакси одат, дар рӯйи мизи ӯ на китобу дафтар, балки як қуттии хурди чӯбӣ меистод. Хонандагон бо таваҷҷӯҳ ба муаллим нигоҳ мекарданд, зеро ҳама ҳис карда буданд, ки таътили тирамоҳӣ ба охир расидааст ва саҳифаи наве дар хониш боз мешавад. ​Муаллим қуттиро кушод ва аз он як санги хурди ҳамвор, ки дар рӯяш бо рангҳои тиллоӣ калимаи «Ирода» навишта шуда буд, баровард ва ба шогирдон нишон дода гуфт: ​— Бачаҳои азиз, чоряки якум бо ҳама муваффақиятҳо, имтиҳонҳо ва шиносоиҳо паси сар шуд. Баъзеҳо аз натиҷаҳои худ шод шуданд ва баъзеи дигар шояд фикр карданд, ки метавонистанд беҳтар амал кунанд. Аммо имрӯз оғози чоряки дуюм аст. Ин ба он монанд аст, ки ба шумо дубора як китоби сафед ва дафтари холии пур аз имкониятҳо додаанд. Як хонандаи синф аз ҷой хеста пурсид: — Устод, барои он ки баҳои чоряки гузаштаро беҳтар кунем ва дар ин чоряк камтар хато кунем, чӣ кор кардан лозим аст? Муаллим табассум кард ва чунин қисса нақл кард: ​«Дар замонҳои қадим дар як деҳа устои кӯзагари моҳире зиндагӣ мекард. Рӯзе як ҷавон шогирди ӯ шуд ва хост пешаи кӯзагариро омӯзад. Усто ба ӯ як пора лойи нарм дод ва гуфт: "Аз ин кӯза соз". Ҷавон бо ҳавас ба кор шурӯъ кард, аммо чун таҷриба надошт, дар ними роҳ девори кӯза каҷ шуд ва шикаст. Ҷавон ноумед шуда гуфт: "Ин кор аз дасти ман намеояд, лой хароб шуд". ​Усто пирӯзмандона сар ҷунбонд ва гуфт: "Писарам, дар ҳунар ва дар ҳаёт ҳеҷ гоҳ лойи хароб вуҷуд надорад. Ин кӯзаи шикастаро боз мушт кун, об зан ва аз нав ба чарх гузор. Хатои ту дар кӯзаи якум дарси ту барои кӯзаи дуюм шуд. Ҳоло ту медонӣ, ки дар кадом ҷой фишорро зиёд кардӣ ва аз ин рӯ, кӯзаи ин дафъа боифтихортар хоҳад баромад".» ​Муаллим ба шогирдон нигоҳ карда идома дод: — Чоряки дуюм низ ҳамин гуна аст. Он чизе ки дар чоряки якум ба даст омад ё наомад — он таҷрибаи шумост. Аммо акнун шумо бо таҷрибаи бештар, бо дониши бештар ва бо имконияти нав қадам мегузоред. Бигзор ҳар яки шумо ин чорякро бо мақсади тоза, бо интизоми мустаҳкам ва бо хоҳиши қавии омӯхтани илмҳои нав оғоз кунед. Баҳои аъло ва комёбиҳои бузург танҳо бо қадамҳои хурди ҳаррӯза ва кӯшиши пайваста ба даст меоянд. ​Хонандагон суханони муаллимро бо диққат гӯш карда, фаҳмиданд, ки ҳар як рӯзи мактабӣ имконияти наве барои беҳтар шудан аст. Бо ҳамин рӯҳияи болида ва илҳоми тоза дарси аввали чоряки дуюм оғоз ёфт.

0
ДунёЗеҳн9 рӯз пеш

БАҲРОМИ ГӮР ВА МАРДИ ҶАВОНМАРД

Овардаанд, ки Баҳроми Гӯр, вақте ки бо Нӯъмони Манзар дар диёри Араб мебуд ва Нӯъмон ба амри падараш Яздиҷурд ӯро тарбият мекард, рӯзе ба шикор рафта буд. Баҳром қасди оҳуе кард. Оҳу аз пеши ӯ рамида, ба ҳар тараф мегурехт ва Баҳром аз ақиби он метохт. Ҳаво гарм шуд ва оҳу аз ташнагӣ бетоқат гардида, ба канори қабилае расид ва ба хаймаи марди арабе, ки Қабиза ном дошт, даромад. Марди араб оҳуро гирифта, баст. Баҳром низ аз ақиби оҳу расида, ба назди хаймаи он мард омад. Тиреро бар камон ниҳода, наъра зад: — Эй соҳиби хайма, магар шикори ман ба ин ҷо наомадааст?! Қабиза берун омад. Ӯ намедонист, ки ин савора кист. Пас гуфт: — Эй савори зеборӯй! Аз мурувват нест, ки ҷонвареро, ки ба ин хайма паноҳ овардааст, ба дасти касе супорам, то ӯро бикушад. Баҳром ба дуруштӣ сухан гуфтан оғоз кард. Қабиза гуфт: — Суханро дароз макун! То ин тиреро, ки бар камон дорӣ, ба синаи ман назанӣ ва маро накушӣ, дасти ту ба гардани ин оҳу нахоҳад расид. Ва агар маро бикушӣ, мардумони ман туро ба ҷустуҷӯи ин оҳу нахоҳанд гузошт. Пас, бар ҷони худ раҳм кун ва аз куштани ин оҳу даргузар! Сипас афзуд: — Агар аз ин шикор чашм пӯшида натавонӣ ва хоҳише дошта бошӣ, ин аспи тозинажодро, ки назди хайма баста шудааст, бо зину лаҷоми муталло (зарандуд) ба ту мебахшам. Бар он савор шав, аспи худро ҷанибат кун ва ба ҷойгоҳи худ бозгард. Баҳром аз ин ҷавонмардӣ ва ҳимояти Қабиза бисёр хушаш омад. Ба аспи ӯ таваҷҷуҳе накард, инони аспи худро баргардонд ва ба ҳамроҳони худ пайваст. Чун рӯзе тоҷи салтанат бар сари Баҳром ниҳоданд ва мардуми Аҷам ба фармони ӯ итоат карданд, Баҳром Қабизаро ба дарбор талабид. Ӯро мавриди эҳтирому тарбият қарор дод ва ба ӯ мартаба бахшид. Аз он пас Қабизаро дар миёни арабҳо «Муҷир-ул-ғазолон» лақаб карданд, яъне «паноҳдиҳанда ва ҳимояткунандаи оҳувон». Назм Касеро, ки орӣ ба зинҳори хеш, Нигаҳ дор аз андоза кори хеш. Ба мардӣ ҳимоят аз ӯ вомагир, Ба мардонагӣ кори ӯ дарпазир. Яке қатра орад ба дарё паноҳ, Зи садри садаф созадаш такягоҳ. Ба сад тарбият номдораш кунад, Яке гавҳари шоҳвораш кунад. Ҳусайн Воизи Кошифӣ --- Луғат ва тавзеҳот Мурувват — ҷавонмардӣ, саховат ва некӣ кардан. Рамидан — тарсида гурехтан. Дуруштӣ — дағалӣ, тундӣ дар гуфтору рафтор. Зинҳор — паноҳ, амон. Муталло — зарандуд, бо тилло пӯшонидашуда. Ҷанибат кардан — аспро ҳамчун аспи эҳтиётӣ ҳамроҳ бурдан. Инон — лаҷом, афзори идора кардани асп. Мавкаб — гурӯҳи ҳамроҳони подшоҳ ё амир. Муҷир-ул-ғазолон — паноҳдиҳанда ва ҳимояткунандаи оҳувон. Панди ҳикоя Ин ҳикоя ба мо дарси бузурги ҷавонмардӣ, раҳмдилӣ ва вафодорӣ ба аҳди худро меомӯзад. Қабиза марди одӣ буд, аммо дар қалбаш ҳисси бузурги инсонпарварӣ дошт. Ӯ медонист, ки оҳу ҷонвари нотавонест, ки аз тарс ва ташнагӣ ба хаймааш паноҳ овардааст. Аз ин рӯ, ҳимояи онро вазифаи ҷавонмардии худ шуморид. Ӯ на аз таҳдиди Баҳром тарсид ва на ба хотири наҷоти ҷони худ паноҳандаашро таслим кард. Рафтори Қабиза ба Баҳром таъсир расонд. Подшоҳи оянда дар симои ин марди одӣ бузургвории ҳақиқиро дид ва баъдтар некии ӯро қадр кард. Дарси асосии ҳикоя ин аст: ҳар касе, ки ба ту паноҳ меорад ва ба ту эътимод мекунад, бояд то ҳадди имкон аз ҳимоя ва меҳрубонии ту бархӯрдор бошад. Зеро ҷавонмардӣ на дар қудрату сарват, балки дар раҳмдилӣ, вафодорӣ ва ҳимояи нотавонон зоҳир мегардад.

0
ДунёЗеҳн9 рӯз пеш

ЯК ШАРТИ МЕҲМОНДОРӢ

Мурувват кун ба ҷойи душману дӯст, К-аз мурувват зиён накард кас. Шарти дигари меҳмондорӣ он аст, ки агар аз меҳмон ҷурме* содир шуда бошад ё қабл аз ин хатое аз ӯ сар зада бошад, чун аз хону эҳсони мизбон наволае тановул намояд, бояд аз гуноҳи ӯ даргузашт. Чунончи нақл аст, ки сесад асир аз душманони Маъмун бинни Зоирро назди ӯ оварданд. Маъмун хост, ки ба ҷазои онҳо ҳукм фармояд. Кӯдаке аз миёни асирон бархосту гуфт: — Эй амир, ба Худо савганд, ки маро об диҳӣ ва ташна накушӣ! Маъмун фармуд, то ҷоми обе ба дасти он кӯдак доданд. Кӯдак боз гуфт: — Эй амир, қавми ман ташнаанд. Агар ман об нӯшаму онҳо нанӯшанд, аз мурувват дур бошад. Агар об нанӯшанд, ташна мемонанд. Пас, чун қасди ҷазо додани моро дорӣ, ҳамаро об деҳ. Маъмун фармуд, то ба ҳамаи асирон об доданд. Чун ҳама об нӯшиданд, кӯдак бархосту гуфт: — Эй амир, акнун мо ҳама меҳмони ту шудем ва меҳмонро куштан расми аҳли карам нест! Маъмун аз фасоҳат ва зиракии кӯдак дар ҳайрат монд ва ҳамаи асиронро озод кард. Ҳусайн Воизи Кошифӣ --- Луғат Ҷурм — айб, гуноҳ. Мурувват — ҷавонмардӣ, некӣ ва бахшандагӣ. Навола — луқмаи таом. Тановул намудан — хӯрдан, истеъмол кардан. Фасоҳат — равонӣ, зебоӣ ва таъсирбахшии сухан. Аҳли карам — одамони саховатманду бузургвор. Панди ҳикоя Меҳмондорӣ танҳо дастархон оростан ва ба меҳмон хӯрок додан нест. Меҳмондории ҳақиқӣ бо мурувват, бахшандагӣ ва бузургворӣ зоҳир мегардад. Кӯдаки зирак бо сухани хирадмандонаи худ на танҳо ҷони хеш, балки ҷони сесад асирро низ наҷот дод. Ин ҳикоя ба мо меомӯзад, ки сухани оқилона метавонад хашмро ба раҳм ва душманиро ба бахшиш табдил диҳад.

0

ПАЙВАСТИ НОХУНИИ МАСОЛЕҲИ ЧӮБӢ

Бо мақсади таъмин намудани сифати маҳсулоти дуредгарӣ ва эҳтиёткорона пайваст кардани деталҳо вобаста ба шаклу ҳаҷми он пайвандҳои якнохуна, дунохуна, бисёрнохуна, кушода, пинҳонӣ ва нимпинҳонии шаклҳои гуногун ҳосил карда мешавад. Шумораи нохунҳо, шакл ва андозаи нохунҳо ба мустаҳкамии пайванд таъсир мерасонанд. Агар шумораи нохунҳо зиёд шавад, сатҳе, ки ба он ширеш мекашанд, калонтар шуда, қувваи пайванд зиёд мешавад, аммо барои тайёр кардани онҳо вақти бештар лозим аст. Мустаҳкамии пайвандҳои дуредгарӣ ба сифати чӯб, аниқ тайёр кардани элементҳои васлшаванда, сифати ширеш ва дуруст иҷро кардани ширеш низ вобаста аст. Ҷараёни ҳосил намудани пайвасти якнохуна Чӯби мувофиқ барои пайванд интихоб карда мешавад. Пас аз арра кардани нӯги брусокҳо дар асоси гӯнё ва буридани росткунҷа, нохун ва гӯшҳо ба нақша гирифта мешаванд. Дар асоси нақша пеш аз ҳама кори буридани нохунҳо ва кушодани гӯшҳо ба ҷо оварда мешавад. Барои ин андоза ба назар гирифта мешавад. Бо воситаи арракунии нишеб нохун ҳосил карда мешавад. Барои сохтани гӯшҳо аз искана истифода мебаранд. Ҷавсиги он тавассути пайваст кардани нохунҳо ва гӯшҳо барои сохтани пайванд таъмин карда мешавад.

0

Мозаика бо чӯб

Мозаика усули сохтани таркиб аз қисмҳои хурди маводи рангҳои гуногун дар сатҳи гуногун мебошад. Намудҳои мозаикаи инкрустатсия, интарсия, блокӣ, инсулт, интарсия, блоки мозаика, маркетрӣ мавҷуданд. Инкрустатсия – усули эҷоди тасвир ё нақшҳо дар рӯйи ашёи чӯб, металлӣ ва чармӣ бо истифода аз шаклҳои садафӣ, қаҳрабогӣ, металлӣ, устухони фил ва сангҳои қимматбаҳо сохташуда мебошад. Интарсия як навъи мозаикаест, ки аз пораҳои гуногуни чӯб, ранг ва донаҳои табиӣ гуногун, дар пояи чӯбӣ сохта шудааст. Корҳои мозаикаи блок ба таври зерин иҷро карда мешаванд: чӯби рангоранг ва гулдори табиӣ дар як чанд қабат бо ҳам часпонида мешаванд; аз қабати ҳосилшуда пораҳои чӯбии чортарафа бурида, мувофиқи тасвири сохташаванда васл карда, сипас ширеш карда мешаванд; аз блокҳои часпонидашуда ба самти нишеб пластинкаҳои тунук бурида мешаванд; сатҳи маҳсулот бо ин пластинкаҳо оро дода мешавад. Маркетрӣ як навъи мозаикаест, ки дар он тасвирҳо ва нақшҳо тавассути часпонидани порчаҳои чӯби гаронбаҳо ба рӯйи чӯбҳои оддӣ сохта мешаванд.

0

КОРКАРДИ БАДЕИИ ЧӮБ ВА МАСОЛЕҲИ ЧӮБӢ

Чӯб маводи нодирест, ки инсоният дар тӯли ҳазорсолаҳо аз он истифода бурдааст ва арзиши худро то ҳол гум накардааст. Барои зеботар гардондани маснуоти чӯбин корҳои гуногуни ороишӣ иҷро карда мешаванд. Чӯбкорӣ кандакорӣ, гардиш, мозаика, коркарди чопӣ, сӯзондан, наққошӣ ва ғайра дохил мешавад. Кандакории чӯб. Кандакории чӯб яке аз намудҳои паҳншудаи санъати ороишии халқ мебошад. Дар ин ҷо нақшу нигор ё тасвир дар тахта ё ашёи чӯбин кашида, бурида ва кандакор карда мешавад. Ба ғайр аз меъморӣ, кандакории чӯб дар ороиши рӯзгор ва ашёи гуногун васеъ истифода мешавад. Ин навъи санъати бадеӣ қариб дар ҳамаи халқҳо мавҷуд буда, бо нақшҳои гуногун, усул ва анъанаҳои коркард аз ҳамдигар фарқ мекунад. Асбоби асосии кандакории чӯб искана мебошад. Дар кандакорӣ навъҳои зиёди искана аз қабили исканаи ковза, исканаи рост, исканаи нова, заминискана, исканаи рӯйи моҳӣ, исканаи морпеч ва ғайра истифода мешаванд. Дар кандакории чӯб ба ғайр аз искана қалам, сиркул, хаткашак, хаткушак, коғази наждак, асбобҳои дуредгарӣ, болға, ширеш ва ғайра низ истифода мешаванд. Чӯбҳоро сӯзонида коркарди бадеии додан. Коркарди бадеии чӯб бо роҳи сӯзондан бо ёрии оташгираки электрикӣ сурат мегирад. Нӯгҳои оташгираки электрикӣ аз хӯлаи махсуси металлӣ сохта шудаанд, то ки ҳангоми додани ток он хуб гарм шавад. Дар оташгираки электрикӣ нӯгҳои гуногуншакл мавҷуд. Қоидаҳои асосии сӯзонда коркард кардани чӯб: заготовка тайёр карда мешавад; расм ё хатҳои асосӣ кашида мешаванд; дастаки оташгиракро мисли қалам дошта, оташгираки электрикӣ ба кор. андохта мешавад; гармии нӯги оташгирак (сӯзон) танзим карда, ба пораҳои чӯби аз заготовка боқимонда якчанд хати назоратӣ кашида мешавад; ҳангоми кор дуруст нишастан ва хонаро тез-тез шамол додан лозим; дастаки оташгирак бе пахшкунии сахт истифода мешавад; нӯги гарми он дар як ҷо пахш карда нашуда, хатҳо бояд бо роҳи якчанд маротиба ба кор андохтани нӯги оташгирак ташкил карда шаванд. Сатҳи сӯхташуда метавонад табиӣ бошад, ё бо ранг ва лак коркард карда шавад. Қоидаҳои бехатарии кор бо оташгираки электрикӣ: бо иҷозати муаллим оташгираки электрикиро ба кор андозед. Пеш аз ба кор андохтани оташгирак ашёи зиёдатиро аз миз хориҷ кунед; дасту либоси худро аз нӯги гарми оташгирак муҳофизат кунед; дастгоҳро даргирон нагузоред; баъди ба охир расидани кор оташгиракро аз ток кашида, хунук шудани онро интизор шавед.

0