АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.
Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа
Натиҷаи таҳқиқоти пешакӣ оид ба сатҳи инкишофи тафаккур, тавассути бозиҳои ақлонӣ ва инкишофи зеҳнӣ Дар зинаи тайёрӣ ба мо лозим омад, ки сатҳи инкишофи тафаккур ва диққатнокии хонандагони синфҳои 2 В- муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1,9,53-и ш.Кулобро муайян кунем ва бо назардошти ин як қатор бозиҳои ақлониро ҷудо созем.
Давраи асосӣ: гузаронидани бозиҳои ақлонӣ бо кӯдакон.
Давраи хулосавӣ:
- гузаронидани ташхиси такрорӣ, ки ба арзёбии сатҳи инкишофи фаъолияти мустақилонаи омӯзишии забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони хурдсол равона карда шудааст;
- натиҷаҳои кори иҷрошударо баҳо гузоштан ва хулосаҳои зарурӣ баровардан.
Барои ташаккули фаъолияти мустақилонаи омӯзишии синфҳои дуюм, мо чунин фаъолиятҳоро истифода бурдем:
- пайдарпайии мантиқӣ, вазифаҳои мантиқӣ, бозиҳои фикрронӣ ва дигар бозиҳое, ки имконияти комбинатсияҳои аз нав сохтани таҷҳизот, қисмҳо ва ашёро дошт; - бозиҳои нақшофарӣ, муколама, диалог, ки ба ташаккули маҳорати банақшагирии ҳаракатҳои фосилавӣ барои дастрас кардани ягон намуди ҳадаф равона шудаанд.
- маҳоратҳои банақшагирӣ он вақт амалӣ мешаванд, ки агар хонандагон имконияти муайян кардани онро, ки кадом амалро тезтар иҷро кунанд ва кадомашро дертар, дошта бошанд;
- бозиҳои ба ташаккули маҳорати ташхис равонашуда: ҷуфташро ёбед, зиёдатиро ёбед, ҷавоби чистонро ёбед, қаторро давом диҳед, ҷадвалҳои мавқеӣ – маҳорати якҷоя кардани предметҳои гуногун ба як гурӯҳ бо номи умумӣ, хусусиятҳои умумии ашёро ошкор кардан, маҳорати нишон додани предмет аз рӯйи «аз чӣ иборат аст, чӣ кор карда истодааст?» ва ғайра.
Ба фикри мо, маводи эҷодию ҷустуҷӯйӣ, ки мазмуни ғайритаълимиро дорад, шароити мусоидро барои дар кӯдакон тарбия кардани маданияти тафаккур, ки хусусиятҳои имконияти мустақилона назорат кардани фаъолияти фикриро дорад, фароҳам месозад. Дар давоми 5 ҳафта дар дарсҳои забони модарӣ бо хонандагони хурдсол бозӣ ва машғулиятҳои гуногун гузаронида шуданд, ки фаъолияти мустақилонаи хонандагонро талаб мекарданд. Сипас, бо истифода аз «чӣ зиёдатист?»-и методикаи Монестенберг бо кӯдакон амалиёти ташхиси дубора тариқи тест гузаронида шуд.
Натиҷаҳои тафриқавии назоратии нишондодҳо («Чӣ зиёдатист?») Дар асоси натиҷаи ташхиси гузаронидашуда хулоса баровардан мумкин аст, ки натиҷаҳои аз тарафи кӯдакон нишондодашуда, асосан, баланд шудаанд, маҳорати пайдо кардани аломатҳои муайяни ашё, фарқкунанда ва таҳрир кардан ташаккул ёфтанд. Баъди гузаронидани бозиҳои зеҳнӣ мо мебинем, ки қисми зиёди кӯдакон сатҳи миёнаи инкишофи тафаккурро доранд, ҳатто 27,8%-и хонандагон сатҳи инкишофи тафаккури баландтар аз миёнаро доранд, ки дар ибтидои гузаронидани ташхис мушоҳида намешуд.
Хулосаҳо ва пешниҳодҳо: таҳқиқоти гузаронидашударо таҳлил карда, метавонем оид ба самарнокии фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар раванди истифодаи бозиҳои ақлонӣ дар асоси инкишофи ҷараёнҳои психикӣ, оид ба масъалаҳои диққатнокӣ ва тафаккур дар хонандагони хурдсол сухан ронем.
Натиҷаҳои бадастомадаи мо оид ба таҳлили дар боло зикршуда чунин аст:
- диққатнокӣ афзоиш ёфта, устувор шудааст;
- маҳоратҳои дарёфт кардани аломатҳои ашё пайдо шудаанд;
- маҳоратҳои мустақилона фаъолият намудани онҳо баланд гардидааст.
Дар хонандагон ташаккул ва инкишофи намудҳои шуурнокӣ ва худназораткунӣ қувват гирифта, нестшавии тарс аз хатогиҳо бартараф гардид.
Аз ин лиҳоз, мо фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоиро дар раванди машғулиятҳо ва фаъолона майл намудани хонандагонро дар гузаронидани бозиҳои ақлонӣ мувофиқи мақсад меҳисобем.
Дигаршавии усулҳои таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ истифодаи ҳамаи имкониятҳою сарчашмаҳои мавҷударо барои баланд бардоштани фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагон фароҳам месозад.
На ҳама сарчашмаҳои педагогӣ дар доираи тарбия ва инкишофи кӯдак истифода мешаванд. Дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили ҳаматарафаи ҳозиразамонкунонии соҳаи маориф вусъат ёфта истодааст, ки яке аз самтҳои вай дохил кардани методу усулҳои гуногуни таълими забони модарӣ мебошад. Ин ақидаҳо, асосан, дар курсҳои баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии педагогӣ истифода мешаванд.
Нақши вазифаҳои таълимиро дар фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳни хонандагони хурдсол таҳқиқ карда, педагог И.Я.Лернер қайд мекунад, ки «байни аломатҳои асосии вазифаҳои таълимӣ самти аз ҳама муҳимми он дарёфт кардани донишҳои нав ва ё намуди нави ҳалли вай мебошад, ки бо инкишофи тафаккури эҷодӣ ва нитиҷаи он муайян карда мешавад».
Барои рушди бомароми тафаккури хонандагон маводи дидактикӣ ба таври амалӣ ёрӣ расонда, тавассути маводи грамматикӣ хонандагон қоидаҳои грамматика ва имлоро аз худ намуда, мувофиқи супориш аз рӯйи расм ба саволҳо мустақилона ҷавоб менависанд, ҳикоя тартиб медиҳанд, ба он сарлавҳа мегузоранд. Ребусҳоро хонда калимаҳо тартиб медиҳанд ва чӣ хел калима будани онро муайян мекунанд.
Маводи дидактикӣ ба рушди тафаккури эҷодӣ, инкишофи нутқ ва кори мустақилонаи хонандагон ёрӣ расонда, хонандагонро ба мустақилона фаъолият кардан ҳидоят мекунад. Аҳаммияти маводи дидактикӣ дар раванди таълим аз он иборат аст, ки ҳамаи бачагони синф ба кори мустақилона машғул мешаванд.
И.Я.Лернер чунин меҳисобад, ки дар асоси методи проблемавии таълим «мақсадҳои дидактикии сифатҳои маърифатии хонандагони хурдсолро ба воситаи фаъолкунии фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ бедор намоянд». Ба воситаи маводи дидактикӣ хонандагон мавзуъҳои гузаштаро такрор намуда, мавзуи навро мустаҳкам мекунанд.
Бо мақсади рушди тафаккури мустақилонаи омӯзишии хонандагон, омӯзгорон М.Маҳмудова, Р.Давлатова ва Р.Мирзоев маводи дидактикӣ омода намудаанд. Дар раванди таҳқиқот мо аз онҳо истифода намудем.
Намуна:
Ребусҳо. Хонандагон ребусҳоро хонда, калимаҳои нави сохта ва мураккаб месозанд. Ба таги реша ва пасванд хат мекашанд.
1.1. Ребусро хонда, калимаҳо созед ва ба дафтар нависед. Ба таги реша як хат, ба таги пасванд ду хат кашед. Реша чист? тракторчӣ, рубобчӣ, нағорачӣ; гулзор, дарахтзор, пахтазор
1.2. Ребусро хонед, аввал калимаҳои мураккаб ва баъд калимаҳои сохтаро ба дафтар нависед. Боз 3-4 калимаҳои сода фикр карда нависед. 6.3. Ребусро хонда калимаҳо тартиб диҳед ва ба дафтар нависед. гулбарг, гулмоҳӣ, гулмоҳ, китобхона, ошхона, чойхона
1.4. Ребусро хонда, калимаҳо тартиб диҳед ва ба дафтар нависед. Ба зери пасвандҳо хат кашед. гул-дон, гул-зор, гул-истон, кӯҳ-ӣ, кӯҳ-сор, кӯҳ-истон,
1.5. Ребусро хонед. Калимаҳо тартиб диҳед. Баъд ба ҳар яки он ҷумла тартиб дода, ба дафтар нависед.
Машқҳо барои имлои калимаҳо. Аз рӯйи расмҳо навиштани номи ашёи гуногун, ба онҳо савол гузоштан. Ин намуди кор хонандагонро бо ашёи гуногун шинос менамояд.
Зеҳн ва тафаккури эҷодии хонандагонро рушд бахшида, захираи луғавии онҳоро бой мегардонад.
Намунаҳо:1. Калимаҳоро нависед. Ба зери ҳамсадоҳое, ки паиҳам такрор омадаанд, хат кашед. Худатон ҳам ҳамин хел калимаҳо ёфта нависед.
Иҷро: пилла, ҷуворимакка, қурбоққа, акка, арра, барра, хаттӣ.
2. Калимаҳоро ба дафтар нависед. Ба таги ду ҳамсадо, ки дар аввал калима омадаанд, хат кашед. Бо яке аз он калимаҳо ҷумла тартиб дода нависед.
Намуна: трактор, Ёдгор, анор, Акобир, иҷро, уқоб.
Акобир дар синфи дуюм мехонад.
3. Ба расмҳо бо диққат нигоҳ карда, номи онҳоро аз рӯйи тартиби ҳарфҳои алифбо нависед, гӯед, ки ин ашё ба кадом саволҳо ҷавоб мешаванд?
Чӣ? -харбуза, чӣ? -помидор, чӣ?- олу, чи?-себ... а).Чӣ?- ,чӣ?- ,чӣ? ,чӣ?-
4. Номи ашёро ба дафтар нависед. Ба зери ҳарфи “ӣ” хат кашед.
Боз якчанд калимаҳои ӣ доштаро фикр карда, ба дафтар нависед.
Намуна: моҳӣ, тӯтӣ, қайчӣ, шолӣ, сабзӣ, ....
5. Номи ин ашёҳоро ба дафтар нависед. Ба болои ҳар кадоми онҳо савол гузоред. Гӯед, калимаҳое, ки ба саволи чӣ? кӣ? чиҳо? киҳо?
Ҷавоб мешавад, чӣ меноманд?
Намуна: чӣ?-қалам, кӣ?-Насим, чӣ?- дафтар, киҳо?-коргарон, чӣ?- ручка, чӣ?-қаламдон, кӣ?-духтур, чӣ?-ҷузвдон, чӣ?-китоб, киҳо?- хонандагон. Намуна:Исмҳои ифодакунандаи номи шахс ба саволи Кӣ?, киҳо? ва боқимонда ашёҳо ба саволи Чӣ?, чиҳо? ҷавоб мешаванд.
7. Калимҳоро ҷуфт-ҷуфт ба дафтар нависед. Фарқи онҳоро муайян кунед.
Намуна: Мурғобӣ ва муғобича ,мурғ ва чуҷа, саг ва сагча, гӯсфанд ва барра, гурба ва гурбача, буз ва бузича.
Намуна:Мурғобӣ (калон)
Мурғобича (хурд)
Машқҳо барои такрори қоидаҳои грамматикӣ. Ба исмҳо сифатҳои мувофиқ ёфта тартиб додани ибора. Бо пасвандҳои -ин, -ӣ сохтани калимаҳои нав. Тавассути ин усул мавзуъҳои исму сифат такрор мешаванд.
1. Сифати ашёи зеринро ёбед. Баъд исмҳоро ба сифатҳои ёфтаатон алоқаманд карда, ба дафтар нависед. Ба зери и-и изофӣ хат кашед.
Намуна: вазифаи хонагӣ, гулҳои баҳорӣ, мурғи даштӣ, ҳайвони хонагӣ, куртаи шоҳӣ
2. Аввал номи мева ва баъд сабзавотро ба дафтаратон нависед.
Намуна: 1. мева: олу, себ, нок, лимон, анор, ангур.
2. сабзавот: пиёз, картошка, сабзӣ, шалғам, помидор, бодиринг, карам, қаланфур.
3.Номи ашёро нависед. Ба ҳар яки он пасвандҳои мувофиқ ҳамроҳ карда, калимаҳои ҳамреша созед. Хона, тўб, қошуқ, китоб, табақ, дафтар. Намуна: хона –хонача,...
4. Номи ашёро ба дафтар нависед. Нақл кунед, ки онҳоро якҷоя чӣ меноманд? Онҳо ба кадом савол ҷавоб мешаванд?
Намуна: чӣ ҳел табар? табари тез, чӣ хел корд? корди калон, чӣ гуна қошуқ? қошуқи чӯбин, чӣ гуна коса? косаи гулдор.
Инҳоро асбобҳои рўзгор меноманд. 5. Ба ин ашё сифатҳое ҳамроҳ кунед, ки пасвандҳои -ӣ,
-ин, -гӣ дошта бошанд. Ибораҳоро нависед: хонаи хиштин, кишти баҳорӣ, косаи сафолин,вазифаи хонагӣ.
6. Ба исмҳои додашуда сифат ҳамроҳ намуда, ибора тартиб диҳед ва ба дафтар нависед. Сифат чист? Намуна: ангури ширин, хонаи зебо, бачаи фаъол, барфи баланд, оби хунук.
Маводҳои пешниҳодшуда хонандагонро ба фикр кардан водор сохта, ҳангоми иҷрои супоришҳои дар боло қайд гардида, нутқи шифоҳӣ ва хаттии онҳо инкишоф дода мешавд.
“Талабагон бо ёрии маводҳои дидактикӣ ба гурўҳҳо ҷудо кардани материалҳо, фарқият ва аз кадом ҷиҳат алоқаманд будани онҳоро фаҳмида мегиранд ва доир ба онҳо ҷамъбаст кардан ва хулоса бароварданро ёд мегиранд.”.
Аз ин рӯ, дар асоси маводи дидактикӣ доир ба грамматика, имло ва инкишофи нутқ омӯзгорон метавонанд нутқи даҳанакию хаттии хонандагонро рушд бахшанд, қобилияти фикрии онҳоро бедор намоянд.
Рағбати хонандагони хурдсол дар муносибати эҳсосӣ нисбат ба дониш ва фаъолияти донишандӯзӣ зоҳир мегардад, ки ин ҳама аз бисёрҷабҳа ва гуногунпаҳлу будани рағбати онҳо хурдсол шаҳодат медиҳад. Нутқи пурмазмун ва бошууронаи хонандагон, ки асоси таълими забони модариро дар синфҳои ибтидоӣ ташкил менамояд, пеш аз ҳама, ба шавқу рағабати донишандӯзии онҳо вобаста буда, дар назди хонандагон вазифа мегузорад, ки ба таври амалӣ ва мустақилона меъёрҳои забони адабиро аз худ намоянд.
Муаллифи китоби “Методикаи мухтасари забони тоҷикӣ” (1945) И.Хоҷаев таъкид мекунад: “... дар дарси забони модарӣ маданияти нутқ ҷой ва мавқеи махсусро мегирад”. Бинобар он, ӯ омӯзгоронро даъват менамуд, ки “...ба бачагон бурро, сареҳ ва боадабона гап заданро омӯзонанд.”. Дар барномаи солҳои 1985-1990 ин камбудӣ ислоҳ карда шуд.
Акнун он бо дигар қисмҳои забони модарии синфҳои ибтидоӣ “Саводомӯзӣ ва инкишофи нутқ”, “Хониши эзоҳӣ ва инкишофи нутқ”, “Грамматика, имло ва инкишофи нутқ” якҷоя таълим дода шуда, барнома инкишофи нутқи хонандагонро принсипи асосии таълими забони модарӣ мешуморад.
Мазмуни кори омӯзгор оид ба инкишофи нутқи бошуурона хеле васеъ аст. Дарсе нест, ки омӯзгор дар он роҷеъ ба талаффузи дуруст, интихоби калимаҳо, ҷумласозӣ, алоқаи калимаҳо дар ҷумла ва алоқаи байни ҷумлаҳо фикр баён накунад ва ба фаъолияти мустақилонаи хонандагон эътибор надиҳад.
Дар ҳамбастагӣ бо вазифаҳои таълимию тарбиявии забони модарӣ маҷмуи корҳои дар боло зикргардида бо мақсади рушди инкишофи нутқи бошуурона тавассути фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ гузаронда мешаванд.
Тибқи муқаррароти муносибати босалоҳият ба таълим заҳмат ва ҷиҳду ҷаҳди омӯзгор дар раванди дарсҳои забони модарӣ барои муваффақ шудан ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ бобати фикр карда хондан, навиштан ва гӯш кардану фаҳмидан, яъне, дарку фаҳми маънии матн аз гуфтори дигарон нигаронида шудааст.
Дониши шуурона ва мустақилонаи хонандагон доир ба қоидаҳои грамматикаю имло дар вақти навиштан санҷида мешавад. Бача қоидаи имлои ин ё он мавзуъро донаду онро навишта натавонад, ин аз сустӣ ва ноустувории дониши ӯ гувоҳӣ медиҳад. Д.Н.Богоявленский оид ба асоси илмии таълими имло таҳқиқот гузаронида, ба хулосаи зерин меояд:
“Масъалаи асосӣ дар таълим роҳи шуурона аз худ намудани имлост”.
Дар раванди муносибати босалоҳият ба таълим маҷмуи маводи таълимию методии зарурӣ аз фанни “Забони модарӣ” аз инҳо иборат аст: 1) Стандарти фанни “ Забони модарӣ”, 2. Барномаи таълим, 3.Китоби дарсӣ, 4. Роҳнамои омӯзгор. Ҳар яки онҳо мақсад ва вазифаҳои мушаххаси худро доранд. Асосан, диққати омӯзгорон ба салоҳиятҳои фаннӣ ва нишондиҳандаҳои онҳо, роҳҳои ба даст овардани ин салоҳиятҳо равона мегардад.
Салоҳиятҳои фанни “Забони модарӣ” мувофиқи самтҳои таълими фан аз гуфтан, гӯш кардан, хондан ва навиштан иборат аст.
Дар навбати худ ҳар як самт ба се категория ҷудо карда мешавад:
1. Қоидаҳо, 2. Стратегияҳо, 3. Дарки мазмун.
-
Қоидаҳо – қоидаҳои сухан гуфтан, гӯш кардан, хондан ва навиштан.
-
Стратегияҳо – статегияҳои сухан гуфтан, гӯш кардан, хондан ва навиштан.
-
Дарки мазмун – мувофиқи мақсад сухан гуфтан, дарки мазмуни чизи шунида, дарки мазмуни матни хонда ва мувофиқи мақсад навиштан
Ҷадвали муносибати босалоҳият ба таълим оид ба фанни “Забони модарӣ” дар “Маҷмуи модулҳо оид ба низоми таълими босалоҳият” (Дастур барои омўзгор) ба таври муфассал оварда шудааст.
Омӯхатан ва аз худ кардани маънои ҳар як калима ҳамон вақт аҳаммият пайдо мекунад, ки агар дар хонанда рушди зеҳн шуруъ шуда, нақши тафаккур пешбаранда бошад. Хонанда рӯ ба ҷустуҷӯ ва эҷодкорӣ оварда, дар ӯ малака ва маҳорати мустақилона тартиб додани ҷумла пайдо мешавад.
Кор бо ҷумлаҳо воситаи асосиест, ки хонандагонро ба нутқи алоқанок, нақл ва иншонависӣ тайёр мекунад. Ин ҳама ба рушди зеҳн, ба равандҳои равонӣ (психикӣ)-и ҳис, дарк, хотир, хаёл, тасаввур ва нутқ вобаста буда, дар натиҷа имкон медиҳад, ки хонандагон тарзи аз матн ҷудо кардани ҷумлаҳоро омӯхта, онҳоро ба калимаҳо ҷудо намоянд. Дар охири ҷумла аломати нуқтаро дида мефаҳманд, ки ҷумла ба охир расидааст. Худи хонандагон тартиб додани ҷумлаҳоро мустақилона машқ мекунанд. Ба ҳамин васила дониши нав мегиранд. Аз давраи саводомӯзӣ хонандагон ба унсурҳои нутқ шинос мешаванд. Аз ин рӯ, омили асосии инкишофи нутқи хонандагон мустақилона тартиб додани ҷумлаҳо мебошад.
Масалан, омӯзгор дар раванди дарс чунин фаъолиятҳоро мустақилона бо хонандагон иҷро мекунад: а) ҷудо кардани ҷумлаҳои ҷудогонаи нутқи алоқанок; б) тартиб додани ҷумлаҳои алоҳида; в) аз худ намудани истилоҳи “ҷумла”.
Барои расидан ба ин мақсад усулҳои зерин ба омӯзгор ёрӣ мерасонад:
1. Суҳбати аёнӣ. Ин усул тавассути фаъолияти мустақилона иҷро карда мешавад. Омӯзгор ягон хонандаро назди тахтаи синфӣ даъват намуда, мефармояд, ки тахтаи синфро тоза кунад, бӯрро гирад, хат кашад, аз ягон порчаи шеърӣ интихобан ду-се байт аз ёд гуфта диҳад.
Омӯзгор ба аҳли синф савол медиҳад. “Раҳим ҳозир чӣ кор кард?”
Хонандае ҷавоб медиҳад: “Раҳим тахтаро тоза кард, бӯрро гирифт, хат кашид, шеър гуфт.” Чунин тартиби кор маҳорату малакаи ҷустуҷӯ ва эҷодкорию забондонии шогирдонро рушд мебахшад.
2. Истифодаи расми мазмундор. Ин усул низ тавассути фаъолияти мустақилона иҷро мешавад.
Масалан, омӯзгор расмеро нишон медиҳад, ки дар он духтарак тасвир ёфтааст. Ба расм ном мегузоранд (Лола). Расми дигареро нишон медиҳад, ки дар он духтарак мерақсад ё менавозад. Хонандагон ҷумла тартиб медиҳанд” Духтарак мерақсад. Лола пианино менавозад.
Бо супориши омӯзгор хонандагон ба ҷустуҷӯ ва эҷодкорӣ рӯ оварда, аз рӯйи расмҳо мустақилона ҷумла тартиб медиҳанд. Масалан, омӯзгор дар тахтаи синф расмҳои гуногунеро, ки мазмуни ягон воқеаро ифода мекунанд, овезон карда супориш медиҳад, ки аз руйи расмҳо мазмуни ҳикоя ё афсонаро нақл кунанд. ва ғайраро овезон мекунад. Дар охир аз рӯйи расмҳо мазмуни афсонаи машҳури “Бузаки ҷингилапо” нақл карда мешавад.
Хонандагони синфи якум бо мафҳуми ҷумла ва ҷумласозӣ шинос шуда, дар бораи ҷумла тасаввурот пайдо мекунанд. Дар синфи дуюм мафҳумҳои мазкур мустаҳкамтар мешаванд. Аз ин рӯ, дар аввали соли таҳсил заминаи донишҳои мавҷудаи хонандагон санҷида шуда, машқу супоришҳои санҷишии гуногун пешниҳод мегардад, ки онҳо тавассути фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ иҷро мешаванд. Омӯзгор бояд супоришҳоро тавре омода созад, ки хонандагонро ба фикрронӣ ва ҷустуҷӯ водор созад. Дар натиҷаи мушоҳида ва таҳлил, муқоисаву муҳокимаҳо натиҷабардориву хулосабарорӣ имконпазир бошад.
Намунаҳо:
Аз калимаҳои пароканда тартиб додани ҷумла
Аввал намунаи супориш аз тарафи омӯзгор пешниҳод карда мешавад. Вақте ки хонандагон дар бораи тартиб додани ҷумла малака пайдо карданд, супоришҳоро худи онҳо барои ҳамдигар тайёр ва пешниҳод менамоянд.
Калимаҳо: беминнат, китоб, аст, дӯст, инсон; китоб, чизҳо, мо, бисёр, аз, меомӯзем; надаронед, варақҳояшро, хонед; онро, кунед, эҳтиёт.
Масалан,”Китоб дўсти беминнати инсон аст. Мо бисёр чизҳоро аз китоб меомўзем.Онро хонед, варақҳояшро надаронед, эҳтиёт кунед. Аз ҷумлаҳои пароканда тартиб додани матн Чунончи:
Онҳо чӯбҳои ғафсу вазнинро мекашонанд.
Филҳо ҳайвонҳои боақланд.
Ба вай иҷрои корҳои гуногунро ёд медиҳанд.
Замин шудгор мекунанд, об мекашонанд
Онҳо ҳатто ҳамроҳи доя қӯдаконро ба сайру гашт мебароранд, то ки кӯдаконро касе озор надиҳад.
Иҷрои машқ.1. Филҳо ҳайвонҳои боақланд. Ба вай иҷрои корҳои гуногунро ёд медиҳанд. Онҳо чӯбҳои ғафсу вазнинро мекашонанд. Замин шудгор мекунанд, об мекашонанд. Онҳо ҳатто ҳамроҳи доя қӯдаконро ба сайру гашт мебароранд, то ки кӯдаконро касе озор надиҳад.
Намунаи ҷумлаҳои имлои интихобӣ ва имлои эҷодӣ
Ҷумлаҳо барои имлои интихобӣ:
1. Халқи мо заминҳои бекорро ба гулу гулзор табдил медиҳад.
2. Дар боғи мактаб ниҳолҳои гуногун шинонда шуданд.
3. Дараи Варзоб ба боғи хуррам монанд аст.
Бачаҳо аз ин ҷумлаҳо ибораҳои заминҳои бекор, ниҳолҳои гуногун ва боғи хуррамро навшта мегиранд ва бо супориши омӯзгор аз ҳамин ибораҳо имлои эҷодӣ менависанд. Вале, пеш аз навиштан, омӯзгор нақшаи корро пешниҳод мекунад.
Масалан: Мавзуъ “Боғи хуррам”
Нақша:
1. Замини бекор.
2. Ниҳолҳои гуногун.
3. Баъди ду сол...
Хонандагони синфи 3 ба нақша такя карда, чунин матни дорои нутқи алоқанок тартиб доданд: “Дар назди мактаби мо як порча замини бекор буд. Дар маҷлиси синфӣ қарор додем, ки он ҷоро нарм карда гул ва ниҳолҳои гуногун шинонем. Бачаҳо ниҳол ва гулҳо оварданд. Ниҳолҳоро шинонида нигоҳубин мекардем, об медодем, бехашонро нарм менамудем. Баъди ду сол он замини бекор ба боғи хуррам таблил ёфт.
Имрӯз методҳои нави роҳбарӣ ва роҳҳои дигари таълим низ вуҷуд доранд, ки ба инкишофи сифатҳои маърифатии хонандагон равона шудаанд. Илова бар ин, роҳҳо ва меъёрҳои дигари баҳогузорӣ вуҷуд доранд, ки ҷараёни омӯзишро боз ҳам самаранок ва шавқовар мекунанд.
Меъёрҳои асосии сатҳи таълим баҳогузорӣ ба дастовардҳои хонандагон ва роҳбари педагогӣ метавонад таснифи пешниҳодшудаи гурӯҳи педагогу психологони амрикоӣ бо роҳбарии Б. Блум бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё