АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.
Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа
Натиҷаҳои таҳлили муносибатҳои хонандагони синфҳои озмойишӣ оид ба фаъолияти гӯруҳӣ Вазифаи ҳар як омӯзгор дар он ифода ёфтааст, ки дар асоси маводи муайяни таълимӣ, методҳои таълим ва мазмуни вай ба пайдошавию инкишофи бефосила дар ҳар як хонанда хоҳиши донишандӯзӣ, боварӣ ба худ ва қувваи худ мусоидат кунад.
Барои ташаккул ва инкишофи фаъолияти мустақилонаи хонандагон ба фаъолияти мустақилона одат кунонидани онҳо нақши калидӣ дорад. Ташкили фаъолияти мустақилонаи хонандагон истифодаи методҳои гуногунро талаб мекунад.
Мазмуни ҷавобҳо Нишондодҳо бо % Ҳангоми муҳокимарониҳо бо ҳамсинфон метавонем ҳалли вазифаҳоро хубтар фаҳмем
Барои фаҳмидани ҳалли вазифа хоҳишмандем
Барои аз дигарон қафо намондан кумак мекунад
Шарикдарсон ба ҳамдигар кумак мерасонанд
Ҳангоми қарорҳои якҷоя баровардан хатоҳои рӯйдода хубтар дарк карда мешаванд.
Ба ақидаи мо, яке аз омилҳои муҳимми раванди педагогӣ дар таълими забони модарӣ санҷиши проблемавии дониш, маҳорат ва фаъолияти мустақилонаи хонандагон маҳсуб меёбад.
Санҷиши проблемавии донишҳо «аввал имконият медиҳад, ки муносибат ва вазифаҳои гуногуни таълимӣ дар мадди аввал истад, на вазифаҳои назоратии вай, чунки мақсад санҷиши проблемавии зинаи махсуси ҷараёни ташаккули донишҳо буда, хонандагонро ба фаъолияти мустақили эҷодӣ бедор ва равона кардан аст. Дуюм, санҷиши проблемавии донишҳо имконияти муайян кардани сатҳи дарки маводи таълимӣ, ҳаҷми донишҳо, ҳамчунин, сатҳи шуурнокии азхудкуниро нишон медиҳад. Сеюм, санҷиши проблемавӣ (масъалавӣ) барои ташкили кори фардӣ бо хонандагон хеле муҳим аст».
Дар яке аз синфҳои озмойишӣ дар дарсҳои забони тоҷикӣ мо якчанд вазифаҳоро тайёр кардем, ки ба чунин меъёрҳо ҷавобгӯй мебошанд:
- маҳорати хулосабарорӣ аз нишондодҳои пешниҳодшуда;
- маҳорати асоснок кардани хулосаҳо;
- батартибандозии нишондодҳои муайян;
- маҳорати ошкор кардани мафҳуми масъала ва хулосаҳои зарурӣ баровардан;
- маҳорати ошкор кардани мафҳуми масъала ва хулосаҳои зарурӣ баровардан;
- далелҳои партофташударо пешкаш кардан;
- маҳорати дарк кардани масъала, ташаккул ва ҳалли он.
Хусусияти ин вазифаҳо дар он ифода ёфтааст, ки онҳо бо назардошти меъёрҳо сохта шудаанд: донишҳо, фаҳмишҳо, истифода, ташхис, якҷоякунӣ ва баҳогузорӣ, ки ба талаботи таксономияи Б. Блум ҷавобгӯй мебошанд.
Ҳамин тариқ, метавонем хулоса барорем, ки педагогҳо бояд намудҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзиширо вобаста ба шароит пайдо карда, мавқеи онҳоро дар байни дигар намудҳои ташаккули ҷараёни таълим, аз ҷумла ҷустуҷӯ ва эҷоди одитарини забонӣ, аниқ муайян кунанд.
Фаъолияти роҳбарикунанда ва тамоюлдоштаи омӯзгор ҳангоми дуруст дарк кардани вай на танҳо фаъолнокию мустақилияти хонандагонро, балки шароитҳои мусоиди фаъолияти эҷодӣ ва инкишофи сифатҳои маърифатии онҳоро таъмин мекунад. Бар замми ин, ташаккули фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагон бо он алоқаманд аст, ки ҳар як кӯдак роҳи инкишофи худро ёфта, хусусиятҳои гуногуни шахсии фаъолияти психологиро аз худ мекунад. Роҳи фардӣ имкониятҳои мусоиди инкишофи қувваҳои дарккунанда, маҳорату одатҳои фаъолнокии ҳар як хонандаро фароҳам месозад. Ҳамин тариқ, дар хонандагони хурдсол фикр карда хондан, навиштан, гӯш кардану фаҳмидан ва фаҳмида гуфтан, яъне дарку фаҳми маънии матн нисбат ба гуфтори дигарон инкишоф ёфта, шавқу рағбати забондонӣ ва инкишофи нутқи бошууронаашон рушд меёбад.
Дар ҷараёни таълим омӯзгор, албатта, бояд хусусиятҳои синнусолии хонандаро ба назар гирад. Дар синну соли мактабӣ фаъолияти асосии кӯдак бозиҳо мебошад.
Бояд ба назар гирифт, ки вақт зудгузар аст ва кӯдак афзоиш ёфта истодааст, вай хонанда мешавад. Дар айёми хонандагӣ фаъолияти асосӣ таълим мебошад. Бинобар ин, барои хубтар мутобиқшавии кӯдак ба ҳаёти мактабӣ, гузариши бомаром аз як фаъолият ба дигар фаъолият бояд таъмин шаванд. Барои ин, дар дарсҳо омӯзгор методҳои гуногун, аз ҷумла, бозиҳои инкишофдиҳандаро истифода мебарад. Вай метавонад онҳоро ҳам дар фаъолияти дарсӣ ва ҳам берун аз дарс истифода барад.
Дар ин ҷо бозиҳо бояд хусусияти инкишофӣ ва ё дарккунандагӣ дошта бошанд.
Бозиҳо, новобаста ба он ки онҳо чӣ гуна мавқеъро дар ҳаёт, тарбия ва таълим иҷро мекунанд, аз ҳамдигар бо мазмун, хусусиятҳои хос, тафовут доранд. Нақшҳои сужавиро худи кӯдакон бо роҳбарии омӯзгор иҷро мекунанд. Баъзе вақтҳо чунин бозиҳоро бозиҳои эҷодию сужавӣ меноманд, ки кӯдакон ҳангоми иҷро кардан ин ё он ҳаракатҳоро на танҳо нусхабардорӣ мекунанд, балки эҷодкорона онҳоро дарк мекунанд ва дар симоҳои гуногун бозӣ мекунанд.
Дар таҷрибаи тарбиявӣ бозиҳо бо қоидаҳое, ки аз тарафи калонсолон, барои кӯдакон таҳия гардида, гузаронида мешаванд.
Бозиҳои қоидавӣ-дидактикӣ, ҳаракатӣ, шавқоварӣ намудҳои дигари бозиҳо ба ҳисоб мераванд. Асоси онҳоро мазмуни барономавӣ, вазифаҳои дидактикии мақсадноки таълим ташкил медиҳанд. Худфаъолии кӯдакон дар ин ҷо ҳам вуҷуд дорад, лекин вай, асосан, бо роҳбарии омӯзгор роҳандозӣ мегардад. Ҳангоми аз худ кардани таҷрибаи бозӣ, инкишофи маҳорат кӯдакон ин бозиҳоро мустақилона мегузаронанд. Дар ин айёми синну сол муҳим он аст, ки хонандаи хурдсол бо бозиҳои миқдоран зиёди инкишофдиҳӣ дар мактаб ва дар хона таъмин бошад ва вақти гузаронидани онҳоро дошта бошад. Бозиҳо дар ин синну сол мавқеи дуюмро баъди фаъолияти таълими асосӣ ишғол мекунанд ва ҷиддан ба инкишофи кӯдакон таъсир мерасонанд.
«Бозӣ - ин талаботи ҷисми инкишофёфтаи кӯдак мебошад. Дар бозӣ қувват, ҷисм, диққатнокӣ, дарк, ҳушёрӣ ва маҳсулиятнокии кӯдак инкишоф меёбанд».
Бозиро набояд бо шавқ баробар кард. Бигузор баъзе бозиҳо шавқовар бошад, методи вақтгузаронӣ бошад, лекин дараҷаи самаранокии бисёре аз бозиҳо ҳамчун омили инкишоф ба методика ва техникаи ташкилии онҳо ва, асосан, ба хусусияту мақсади онҳо вобаста аст.
Ба намуди дуюми бозиҳо онҳое дохил мешаванд, ки дар асоси хаёлоти ҳаётӣ ва ё бадеӣ озод ва мустақили муносибатҳои иҷтимоӣ ва объектҳои моддӣ таҳия мешаванд. Асосан, чунин намуди бозиҳо вуҷуд доранд: бозиҳои ҳаракатии гуногун бо мазмун, қоида ва хусусияти ҳаракатҳои иҷрошуда. Онҳо ба мустаҳкам кардани завқи бадеӣ, ташаккули афкор ва саломатии кӯдакон, инкишофи ҳаракатҳо мусоидат мекунанд. Кӯдакон бозиҳои ҳаракатиро дӯст медоранд, бо шавқ мусиқиро гӯш мекунанд, зери садои мусиқӣ ҳаракат мекунанд.
Бозиҳои сохтмонӣ, ки дар кӯдакон маҳоратҳои муҳандисиро инкишоф медиҳанд ва дар оянда ба тайёр шудани азхудкунии маҳорату истеъдодҳои корӣ мусоидат мекунанд, инчунин, бозиҳои дидактикии махсус барои кӯдакон тартиб дода шудаанд. Масалан, лото барои ғанӣ гардонидани донишҳои илмӣ, инкишофи ин ё он сифату хусусиятҳои психикӣ (диққатнокӣ, хотира, мушоҳида) боис мегардад. Инчунин, бозиҳои сужавию нақшавӣ, ки дар онҳо кӯдакон ба фаъолияти иҷтимоӣ, моддию касбии калонсолон тақлид мекунанд, дорои аҳаммияти таълимию тарбиявианд.
Масалан, бозиҳо оид ба мактаб, духтар-модар, мағоза, роҳи оҳан ва ғайра аз қабили чунин бозиҳоянд. Бозиҳои нақшӣ масъулиятнокӣ, эҷодиёт, мушоҳидакорӣ ва ҷаҳони ақлонию зеҳнии хонандагонро инкишоф медиҳанд.
Бозиҳои ақлонию - эҷодӣ барои хонандагони хурдсол бозиҳои самаранок мебошанд. Масалан, тарҳрезию корбасти бозиҳои адабӣ шавқу ҳаваси хонандагонро ба хондан зиёд намуда, дар ташаккули ҷаҳони мааънавии онҳо нақши арзанда дорад. Хонандагон тавассути мутолиаи ин ё он китоб (албатта, тавассути тавсияи омӯзгор вобаста ба синну соли онҳо) супориши вазифаи хонагиро иҷро мекунанд ва ба ин восита бозӣ хусусияти ташаккул додани қобилияти ақлонӣ, эҷодӣ ва ҳаракатиро дар бар мегирад. Мақсади чунин бозиҳо аз инкишофи маҳоратҳои фардӣ, азхудкунии маҳорати фаъолияти коллективӣ, ташаккулёбии сифатҳои маърифатӣ, ки онҳо тавассути фаъолияти мустақилонаи таълимӣ иҷро мешаванд, иборат мебошад.
Хусусияти бозиҳои дидактикӣ он аст, ки онҳо ҷузъи кори таълим буда, дар он ҳамаи қисмҳои таркибии хоси фаъолияти бозии кӯдак вуҷуд дорад: вазифа, мазмун, ҳаракатҳои бозигӣ, қоидаҳо ва натиҷа. Лекин онҳо дар дигар намуд ошкор мешаванд ва бо нақши махсуси бозии дидактикӣ дар таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ асоснок карда шудаанд.
Дар синни 6-7-солагӣ дар кӯдак давраи ивазшавии намуди асосии фаъолият – гузариш аз бозиҳо ба таълими бефосила сар мешавад. Аз ин рӯ, ба ақидаи мо, барои ташкили реҷаи рӯз ва фаъолияти омӯзишии хонандагони хурдсол шароитҳоеро бояд ташкил кард, ки ба гузариши устувори аз як намуди фаъолият ба намуди дигари фаъолият мусоидат намояд.
Дар кӯдакони синни хурди мактабӣ шавқу ҳавас ба бозиҳои рӯйимизӣ дида мешавад. Дар онҳо чунин унсурҳои фаъолият вуҷуд доранд: вазифаи бозигӣ, омилҳои бозигӣ, ҳалли вазифаҳои таълимӣ.
Бозиҳои дидактикӣ метавонанд барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ истифода шаванд.
Ҳамин тариқ, аҳаммияти мусбати бозиҳоро барои инкишофи ҳаматарафаи хонандаи хурдсол дар назар гирифта, ҳангоми ташкил додани реҷаи рӯзи вай вақти муайянеро барои гузаронидани бозиҳо ҷудо кард, ки хурсандии зиёде ба кӯдак меоварад.
Бозии боақлонаи педагогии ташкилкарда имконияти ақлонӣ, маҳорати худинтизомнокӣ, хурсандии кӯдак аз фаъолияти якҷоя ба бор меояд. Инкишофи қобилияти ақлонӣ бо ҳамаи фанҳои дарсии таълими ибтидоӣ зич алоқаманд аст. Чунончи, инкишофи бефосилаи тафаккури хонандагон ба хуб фаҳмидан ва таҳлили чуқури матнҳои хондашуда вобастагӣ дорад.
Ба ҷараёни таълими фаъол дохил кардани бозиҳои ақлонӣ яке аз вазифаҳои муҳимми омӯзгор мебошад.
Аз нуқтаи назари Н.С.Леттес, аз ҳама муҳим барои тафаккури инсон он аст, ки «вай имконият медиҳад муносибату алоқаҳои қонунии олами атрофро ошкор кунад: дигаргуниҳои дар пеш истодаро пешбинӣ кунад, имконияти иваз кардани ҳақиқати ҳолро диҳад, инчунин, ҷараёнҳои ақлонии худро аз худ кунад ва ба онҳо таъсир расонад (рефлексия ва танзимкунанда). “Фикри кўдак ба шарофати захираҳои табии ақл,зеҳн ва шуур, хотир ва унсурҳои қобилияти азалии фаҳмиш, мушоҳида, муқоиса, таҳлил, кашфи робитаҳо,фарқият ва монандии ашё, ҳодисоту воқеоти олам ва баровардани хулосаҳои оддитарни мантиқӣ рушд ва аташккул меёбад.”. Аз қадим дар илми психология муҳиммияти фаъолнокӣ дар инкишофи ақлонӣ қайд карда мешуд. Аз тарафи мо, таҳқиқоти озмоишӣ дар муассисаҳои таълимии № 1,2,3-и н. Шамсиддин Шоҳин, №1,2,
Гимназияи давлатии “Ҳиммат”-и н. Муъминобод ва №1,9,53-и ш. Кӯлоб гузаронида шуд. Дар ҷараёни таҳқиқот бозиҳои дидактикии махсус коркард карда шудаанд, ки ба ташаккули фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба хотири рушд бахшидан ба зеҳн ва нутқ дар хонандагони хурдсол ҳангоми омӯзиши забони модарӣ (тоҷикӣ) равона карда шуда буданд.
Вазифаҳои асосии қисми таҷрибавии таҳқиқот чунин буданд:
1. Бозиҳои ақлониеро пайдо кардан лозим аст, ки ба инкишофи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофии зеҳнии хонандагон кумак расонанд.
2. Дар кори мустақилонаи хонандагон истифода намудани бозиҳои ақлонӣ.
3. Натиҷаҳои кори иҷрошударо баҳо гузоштан.
Методҳои таҳқиқот:
1. Тестгузаронӣ аз рӯйи методикаи Мюнстенберг;
2. Ташхиси бозигӣ;
3. Методҳои коркарди маводи дар таълими забони модарӣ ҷамъшуда.
Хусусияти синф.
Дар таҳқиқоти мо, хонандагони синфи 2 В, синну соли аз 8 то 9- сола аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №№1,9,53 –ш Кўлоб,
97нафар хонанда иштирок карданд. Сатҳи инкишофи маҳорат ва қобилияти умумитаълимии хонандагон чандон ба талабот ҷавобгӯ набуд, чунки бо кӯдакон дар дарсҳои забони модарӣ фаъолиятҳои мустақилонаи омӯзишӣ ва инкишофи зеҳнӣ гузаронида нашуда буданд. Барои ҳамин ҳангоми иштирок дар бозиҳои ақлонӣ дар хонандагон мушкилиҳо пайдо шуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё