АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.
Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа
«Калимаи зиёдатиро ёбед»
Хонандагон ба якчанд (2 ва ё 3) гурӯҳ ҷудо мешаванд. Супориш чунин аст: аз байни калимаҳои хондаи омӯзгор калимаи зиёдатиро ёбед.
Омӯзгор бояд калимаҳоро мувофиқи мавзуъ ва мақсади дарс интихоб намояд. Масалан, ҳангоми мустаҳкамкунии мавзуи сифат калимаҳои ифодакунандаи аломат ва хусусияти ашёро номбар карда, дар байни онҳо калимаеро мегӯяд, ки хоси сифат набошад. (Зебо, хурдакак, баланд, калон, Моҳрӯ, кӯтоҳ, чӯб, сафед, паст, ширин, сабзӣ, бомаза, дилрабо, себ, гарм, сурх ва ғайра).
Омӯзгор метавонад ин калимаҳоро ба таври хаттӣ низ пешниҳод намояд, зеро баъзе калимаҳо аз ҷиҳати маъно, оҳанги талаффуз ва тарзи навишт аз як ҳиссаи нутқ ба ҳиссаи нутқи дигар мегузаранд. Ғолиб ҳамон гурӯҳе мешавад, ки тезтар калимаи заруриро меёбад.
Бозии «Аз ду калима сохтани як калима»
Дар ин намуди бозӣ калимаҳои сутунчаи якумро бо калимаҳои сутунчаи дуюм пайваста калимаҳои дигар месозанд.
«Бинго»
Барои гузаронидани ин бозӣ варақаҳо аз маводи нодаркор, яъне аз қуттиҳои зиёдатӣ сохта мешаванд. Ташкил кардани ин бозӣ фардӣ ва ё дар гурӯҳҳои 2-нафара хеле шавқовар аст, чунки кӯдак кӯшиш мекунад, ки фаъол бошад ва дигар кӯдакони сустхон ҳам ба ин фаъолият ҷалб мешаванд, яъне онҳо аз якдигар меомӯзанд. Барои гузаронидани бозӣ сангча ё тугмачаҳоро истифода бурдан мумкин аст. ма сул хо ла ра на то ло
Равиши бозӣ чунин аст, омӯзгор ҳиҷоҳоро номбар кардан мегирад.
Хонандагон дар ҳамин маврид бояд болои хоначаеро, ки дар он ҳиҷои лозимӣ ифода ёфтааст, бо сангча, тугмача ё коғаз пӯшонанд. Ин бозиро ҳангоми таълими ҳарфҳо, калимаҳо ва ҷумлаҳо низ гузаронидан мумкин аст.
Бозии «Бо тарҷумон»
Мақсади бозӣ: бой гардонидани захираи луғавии хонандагон. Бозӣ ба монанди суҳбати ду нафар хонанда бо ёрии тарҷумон гузаронида мешавад. Ба назди тахтаи синф 3 нафар хонанда мебароянд. Ду нафар ба якдигар саволу ҷавоб менамоянд ва дар рафти саволу ҷавоб калимаҳоеро истифода мебаранд, ки муродифҳо (синонимҳо, калимаҳои ҳаммаъно)-и зиёде доранд. Вақте ки яке аз иштирокчиён муродифи калимаеро намедонад, ба тарҷумон муроҷиат менамоянд. Дар дасти тарҷумон навиштаҷоти калимаҳои ҳаммаъно дода мешавад. Нафаре, ки бе тарҷумон муродифҳоро меёбад, ғолиби мусобиқа мешавад.
«Ҷумласозӣ».
Ду гурӯҳи ҳар яке иборат аз 5-6 хонанда рӯ ба рӯйи тахтаи синф саф мекашанд. Бо ишораи омӯзгор нафарҳои якум давида рафта дар тахтаи синф ягон калимае менависанд ва баргашта омада бӯрро ба рафиқаш, яъне нафари дуюм медиҳад. Ин хонанда баъд аз рафиқаш калимаи дигаре менависад. Ҳамин тавр, то тамом шудани аъзои гурӯҳҳо бо навбат ин амалро иҷро мекунанд. Ғолиби мусобиқа ҳамон гурӯҳе мешавад, ки калимаҳои навиштаашон як фикри том – ҷумларо ташкил намоянд. Бозӣ ба таври мусобиқа гузаронида мешавад. Барои иҷрои бозӣ 2-3 дақиқа ҷудо карда мешавад.
(Лола: 1) Шариф; Шаҳло: 2) китоби; Наргис: 3) нави; Суман: 4) афсона; Зебо 5) харид. Яъне, Шариф китоби нави афсона харид.
«Ҷумларо пурра намо!»
Омӯзгор ба хонандагон ҷумлаи нопурраеро пешниҳод намуда, хоҳиш менамояд, ки онро пурра намоянд. Ғолиб хамон нафаре мешавад, ки калимаи охирини ҷумларо гӯяд ва ҷумларо аз аввал то охир дуруст ва бехато бихонад: Мисол: Ин хона …… Ин хонаи калон……, Ин хонаи калон, равшан…. Ин хонаи калон, равшан ва зебо мебошад.
«Агар ман…»
Бозии мазкур барои ташаккули нутқи шифоҳии кӯдакон мусоидат менамояд ва онро дар давра гузаронидан мумкин аст.
Шарти бозӣ:
Кӯдакон дар як давра ҷамъ меоянд ва бо навбат ҷумлаи додашударо ба итмом мерасонанд. Барои ин бозӣ мавзуъ бояд пешакӣ интихоб карда шавад, яъне кӯдакон бояд донанд, ки сухан дар бораи чӣ меравад. Масалан, «Агар ман омӯзгор мебудам, ба кӯдакон хуб дарс медодам” ва ё “Агар ман шер мебудам, ба ҳайвонҳои дигари лоғар кумак мерасонидам» ва ғайра. Ба итмом расонидани ҷумла ба эҷодкории кӯдакон вобаста аст.
«Ман ба ту монанд»
Истифодаи бозии мазкур ба кӯдакони синфҳои ибтидоӣ барои ташаккули нутқи шифоҳӣ, муайян намудани монандӣ ва фарқи ашё муфид аст.
Шарти бозӣ:
Бозии мазкур дар давра гузаронида мешавад. Баранда бозиро оғоз намуда, ба як нафар хонанда муроҷиат менамояд: «Ман ба ту монанд, барои он ки ту ба мисли ман либоси сафед дорӣ». Ҳар кӯдаки дар давра нишаста метавонад бо навбат аломатҳои ба ҳам монанди худро, чи дар симо ва чи дар либоси ҳамдигар, нишон диҳад.
«Чӣ парид?»
Бозии мазкурро дар дарсҳои забони модарӣ, табиатшиносӣ ва тарбияи ҷисмонӣ гузаронидан мумкин аст. Он барои фарқ кардани ҳайвонҳо ва парандагон ва дигар ашё кумак мерасонид.
Шарти бозӣ:
Омӯзгор дар оғози бозӣ шеъреро қироат мекунад: Чӣ парид, булбул парид?
Аз шохчаи гул парид,
Аз чанор лаклак парид,
Лаб-лаби ҷӯйҳо парид.
Сӯзанак боло парид,
Он чӣ бисёртар парид,
Ҳар чи қанотдор парид...
Баъд аз ду маротиба хондани шеър, омӯзгор ба ҳонандагон шарти бозиро мефаҳмонад. Ӯ ба хонандагон номҳои паранда ва ҳайвонотро номбар мекунад. Хонандагон бояд ҳангоми шунидани номи парандаҳо дастҳояшонро боло бардоранд. Дар мавриди шунидани номи дигар ҳайвонҳо дастҳоро бардоштан лозим нест. Агар кӯдакон дастҳояшонро ногаҳон нодуруст бардоранд, бозиро давом медиҳанд. Агар чунин ҳолат якчанд бор такрор шавад, кӯдак суруд ё шеър мехонад.
Бозиҳоро аз рӯйи тарзи иҷро ба ду гурӯҳ ҷудо менамоем:
-
Бозиҳои шифоҳӣ
-
Бозиҳои хаттӣ.
Ба гурӯҳи бозиҳои шифоҳӣ ин намуди бозиҳо дохил мешаванд:
«Калимаро пурра намоед»
Ин намуди бозӣ аз он иборат аст, ки омӯзгор ё хонандае ҳиҷои аввали калимаро мегӯяд. Хонандае, ки ҳиҷои дигари калимаро ёфта, онро пурра мекунад, ғолиби ин намуди бозӣ мегардад. Масалан, агар ҳиҷои аввал фа- бошад, ҳиҷои дуюм ин тавр шуданаш мумкин: -лак, -қир,
-тир: фа-лак, фа-қир, фатир ва монанди инҳо.
«Калимаёбак»
Дар ин намуди бозӣ омӯзгор ҳарфҳои аввал ва охири калимаҳоро мегӯяд. Худи калимаҳоро бачаҳо меёбанд. Масалан, ҳарфи аввал «м», ҳарфи охир «р». Бачаҳо мегӯянд: «модар», “мӯр”, “мор” ва ғайра.
«Кӣ бештар калима мегӯяд» Дар ин намуди бозӣ 2 нафар иштирок мекунанд. Иштирокчиён аз алифбо ҳарферо интихоб намуда бо он калима мегӯянд.
Масалан, бо ҳарфи «б» хонандаи якум мегӯяд: “баҳор”, хонандаи дигар мегӯяд: “борон”, хонандаи якум мегӯяд: ”барра”, хонандаи дуюм мегӯяд: “буз”.
Ҳамин тавр, кадоме аз онҳо дар охир калима наёбад, мағлуб мешавад. Ин намуди бозиро омӯзгор метавонад дар давраи таълими савод ҳангоми омӯзонидани овоз ва ҳарфҳо гузаронад.
«Ин кист?»
Дар ин намуди бозӣ 2 ё 3 нафар иштирок мекунанд. Шарти бозӣ чунин аст: хонандагон бояд номи ашёро аз рӯйи амали онҳо муайян намоянд ё баръакс аз рӯйи ном амали онро муайян кунанд.
Масалан, хонандае (саволдиҳанда) мепурсад: Кӣ месарояд? Кӣ кор мекунад? Кӣ меомӯзад? Кӣ меомӯзонад? Кӣ табобат мекунад? Кӣ табобат меёбад? Кӣ парвоз мекунад? ва ғайра. Хонандаи дигар
(ҷавобдиҳанда) бояд баробари ҳар як пурсиш ҷавоб гӯяд. Ҳангоми бе ҷавоб мондани савол ҷавобгӯянда мағлуб мешавад. Омӯзгор метавонад ин бозиро дар ду гурӯҳ низ гузаронад. Яъне, як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар савол медиҳад.
«Бозӣ – чистон» а) Муродифи калимаи овозро ёфта, ба он номи мевае илова намоед.
Он чист? (садонок). б) Агар ба муродифи калимаи овоз пешванди «ҳам» гузоред, он гоҳ калимаи муқобилмаънои садонок ҳосил мешавад. Чист он? (ҳамсадо).
«Ёфтани ашё»
Бозии мазкур барои ташаккули мушоҳидакории кӯдакон пешбинӣ шудааст.
Шарти бозӣ:
Барандаи бозӣ тамоми хонандагонро дар як давра ҷамъ меоварад.
Яке аз иштирокчиёнро аз синфхона мебарорад. Ба ӯ мефаҳмонад, ки аҳли синф ягон чизро пинҳон мекунанд. Ба хонандаи дар беруни синф буда вазифа супорида мешавад, ки ин ё он чиз ё касро меёбад. Дар вақти кофтуков иштирокчиён қарсак мезананд, бо наздик шудан ба ин ё он чиз овози қарсак баланд ва аз он ашё дур шудан овози қарсак паст мешавад.
Педагог-психологҳо назарияи бозиро ҳамчун шавқи ҳолӣ намебинанд, балки зарурати муҳимми ҳаётӣ медонанд. Бозӣ воситаи хориҷ кардану сарф намудани қувваи зиёдатии кӯдак мебошад, ки онро дигар намедонад дар куҷо сарф кунад, аз ин лиҳоз рӯ ба бозӣ меорад, ки он воситаи асосии сарфаи қувваи зиёдатии кӯдак мебошад.
«Сохтани калимаҳо бо як садонок»
Омӯзгор ба хонандагон мегӯяд, ки имрӯз садонокҳо ба дарс дер монданд. Танҳо ҳарфи «О» омадааст. Ҳоло фақат бо ҳамин ҳарф калимаҳоро менависем. Канӣ бинем, кадоме аз шумо бештар калима менависед. Омӯзгор метавонад ҳангоми омӯзонидани овоз ва ҳарфҳои гуногун дар синфи 1-ум ва ҳангоми таълими мавзуи имлои садонокҳо дар синфи 2-юм ин бозиро истифода намояд.
«Ҳарфи аввали калимаро иваз намо»
Омӯзгор дар тахтаи синф як калимаро менависад ва аз хонандагон мепурсад, ки агар ҳарфи аввали калимаро иваз намоем, чӣ гуна калимаҳои нав сохта метавонем.
Масалан, калимаи шона пешниҳод карда мешавад. Ҳарфи аввали ин калимаро иваз намоем, калимаҳои «хона, лона, дона, фона» ҳосил мешаванд.
«Калимаёбӣ»
Омӯзгор дар тахтаи синф ҳарфҳои аввал ва охири калимаҳоро менависад. Хонандагон мувофиқ ба ҳарфҳо калимаҳо месозанд.
Мисоли ҷадвали сохташуда: Намуна: Омӯзгор ин намуди бозиро метавонад ба таври мусобиқа гузаронад.
Барои иҷрои ин бозӣ 2-3 дақиқа вақт кифоя аст.
Бозии «Худамро месанҷам»
Ба се қисми тахтаи синф (вобаста ба мавзуи гузашта, масалан, имлои садоноки «ӯ») шаштоӣ калима менависем, ки дорои садонокҳои «у», «ӯ» бошад. Ба шогирдон таъкид менамоем:
Ба ҷойи нуқтаҳо ҳарфҳои мувофиқи «у» ва «ӯ» гузашта, дониши худро бисанҷед: х…р…с З…ҳро Дилафр…з к…ҳсор н…шдор… г…фт…г…
…сто дир…з ҳ…ҷ…м
«Ҳиҷоҳои пароканда»
Омӯзгор ба хонандагон ҳиҷоҳои парокандаро нишон медиҳад (аз рӯйи воситаҳои аёнӣ) ё худ онҳоро дар тахтаи синф менависад.
Шогирдон кӯшиш менамоянд, ки аз рӯйи ҳиҷоҳои пароканда калимаҳо тартиб диҳанд. Намунаҳо:
«Калиди калимаҳо»
Шарти ин бозӣ чунин аст: Калимаи дилхоҳро гирифта, аз ҳарфҳои таркиби он калимаҳое тартиб диҳед, ки ин калимаҳо бо якдигар алоқаманд бошанд ва дар якҷоягӣ як ҷумлаи пурраро ташкил намоянд.
Масалан: С- Саид мо тан ва дар тод ус бар та а- аз н-назди ҷ-ҷӯрааш о-омада б- буд.
«Ребусҳо» ё «Сохтани калима»
Барои ин бозӣ тахтаи синф ва бӯр кифоя аст. Омӯзгор дар тахтаи синф дар се сутунча ададҳоро менависад ва хонандагони синфро ба се гурӯҳ ҷудо намуда, аз ҳар се гурӯҳ як нафарӣ хонандаро ба назди тахтаи синф даъват менамояд. Шарти бозӣ чунин аст: хонандагон бо ададҳои додашуда калимаҳо (ребусҳо) месозанд, яъне калимаҳое месозанд, ки ҳиҷои аввалашон ифодакунандаи ҳамин ададҳо бошанд. Хонандае, ки пештар калима месозад ва калимаҳои сохтаашро мехонад, ғолиби мусобиқа дониста мешавад. Намунае чанд аз ин калимаҳо ё ин ки ребусҳо:
1-лухт 2-тор 2-беда 3-р 3-роб
1-ранг 2-гона 2-байтӣ 3-б 3-бак
1-дил 2-шанбе 2-редгар 3-л 3-ла ва монанди инҳо.
Ин намуди бозиро на танҳо дар дарсҳои забони модарӣ, дар дарсҳои математика низ истифода намудан мумкин аст. Истифодаи ин
4-мағз 4-кунҷа 4-а 5-а 5-рӯд
4-тут 4-дара 4-китоб 5-акент 5-ара
4-боғ 4-гул 4-як 5-рӯд 5-оҳ
7-а 10-лез 10-марда 30-тора 30-но
7-ранг 10-он 10-ана 30-роҷ 30-моб
7-як 10-ӣ 10-р 30-там 30-ёҳ намуди бозӣ алоқамандии байни фанҳои забони модарӣ ва математикаро таъмин менамояд.
Ба ақидаи В. Н. Липник, «омӯзгор дар ҷараёни таълим бояд чизеро хабардор созад, ки роҳату манфиатро нишон диҳад; бояд ба дарсҳо бозиҳоро ворид кард, ки машқҳои фикрронӣ ба шавқу ҳавас ва бозӣ мубаддал гарданд.».
Мақсади таълими забони тоҷикӣ дар синфҳои ибтидоӣ на барои донистани қоидаву қонунҳои грамматикӣ, балки барои инкишофи нутқи хонанда ва рушди фикрронии вай мебошад.
Вазифаи омӯзгор танҳо хабар додани ягон маълумот набуда, балки бо шогирдон якҷоя кашф намудани дониш, ташаккули малакаю маҳорат ва, ниҳоят, салоҳияти шахсияти замони нав аст. Омӯзгор ба хонандагон дониши тайёрро надода, балки ҳамроҳи аҳли синф дар ёфтани роҳи беҳтарини ҳал, ки он боиси инкишофи шахсият мегардад, ҳамкорӣ менамояд.
Саёҳат шакли махсуси ташкил намудани фаъолияти таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад, ки дар раванди он хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар шароити табиӣ бо ашё, ҳодисаҳои табиат, фаъолияти меҳнатии одамон, ҳодисаю воқеаҳои иҷтимоӣ шинос мешаванд. Ташкилу гузаронидани саёҳат дар синфҳои ибтидоӣ аз синфи
1 оғоз гардида, он дар дохили худи бинои таълимӣ ва берун аз он баргузор мегардад. Вобаста ба имконияту зарурият барои хонандагон бозию машғулиятҳо дар хусуси гӯшаҳои китоб, табиат, утоқи кории ҳамшираи тиббӣ ва ошхона саёҳат ташкил карда мешаванд. Дар ҷараёни он бо ашё, ҷойгиршавии онҳо, меҳнати одамон шинос мегарданд.
Вобаста ба мураккабшавии вазифаҳои таълиму тарбия саёҳати такрорӣ гузаронидан мумкин аст.
Бо хонандагон берун аз муассисаи таълимӣ ба кӯча, гулгашт, боғ, мағоза, мактаб, китобхона, театр, осорхона ва дигар марказҳои фарҳангию иҷтимоӣ саёҳат ташкил карда мешаванд. Дар рафти саёҳат дар бораи олами наботот, паррандаҳо, ҳайвонот, обу ҳавои маҳал ва тағйироти он, меҳнати одамон, ашё, биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, фарҳангӣ, ҳодисаю воқеаҳои иҷтимоӣ, нақлиёт ва ғайраҳо маълумот дода мешавад.
Ҳангоми банақшагирии саёҳат омӯзгор бояд талаботи зеринро ба ҳисоб гирад:
- хонандагон дар рафти саёҳат ашё ва ҳодисаю воқеаҳои мушоҳидашавандаро ба пуррагӣ ба таври эҳсосотӣ дарк намоянд ва дар онҳо шавқу рағбати донистан, мушоҳида кардан ва кунҷкобӣ инкишоф ёбад;
- барои васеъ кардан ва такмили донишу тасаввуроти хонандагон ба объектҳо саёҳати такрорӣ гузаронида, тағйироту дигаргуниҳои онро дониста, донишҳои худро ҷамъбаст намоянд, хулосабарориро ёд гиранд.
- мазмун ва вазифаҳои таълимии саёҳат мунтазам мураккаб карда шуда, дар раванди он риоя намудани принсипҳои таълим таъмин гардад;
- дар ҷараёни саёҳат иҷро гардидани вазифаҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва инкишофдиҳандагӣ амалӣ гардонда шавад.
1. Тайёрии омӯзгор ва хонандагон ба саёҳат. Тайёрии омӯзгор ба саёҳат аз онҳо иборат аст: муайян кардани мавзуъ, мақсад, вазифа ва вақти саёҳат, пешакӣ шинос шудан бо объект, интихоб намудани методу усулҳои истифодашаванда: мушоҳида, саволу ҷавоб, чистон, шеър ва вақти харҷшаванда ба роҳ.
Тайёрии хонандагон ба саёҳат, ин пеш аз ҳама, тайёрии психологӣ ба дидану донистани чизҳои нав ва алоқаманд карда тавонистани онҳо ба тасаввурот ва таҷрибаи пештара аст.
2. Рафти саёҳат лаҳзаҳои зеринро дар бар мегирад: дар шакли пурра дарк намудани объект (бино, боғ, гулгашт); ҷалб намудани диққати хонандагон ба кулл ва ҷузъҳои объекти мушоҳидашаванда бо ёрии саволу ҷавоб, нишон додан, хондани шеър, чистонгӯйӣ, муқоиса, монандкунӣ, фаҳмондадиҳӣ, шарҳу эзоҳ додан ва ғайра, ки рӯҳияи эҳсосотии хонандагонро таъмин менамояд.
3. Охири саёҳат ва ҷамъбасти он, ки донишу тасаввуроти хонандагон мустаҳкам ва хулоса карда мешавад. Бо саволгузорӣ ва пешниҳоди омӯзгор (кадом чизҳо ба шумо писанд омад, барои чӣ, чиҳо писанд наомад, барои чӣ, боз чиҳоро дидану донистан мехоҳанд ва ғайра) андешаронӣ менамоянд.
Омӯзгор метавонад вобаста ба мазмуни саёҳат корҳои зеринро ташкил намояд, ки ба фаъолиятҳои минбаъдаи хонандагон таъсири мусбат мерасонад:
- дар ҷойи намоён ба намоиш гузоштани маводе, ки дар рафти саёҳат ба даст овардаанд (ба монанди расмкашӣ-аксбардории якҷоя ҳангоми саёҳат, ҷалғуза, донагиҳо, сангчаҳои рангу шаклашон гуногун ва ғайра);
- дар машғулиятҳои таълимӣ, махсусан расмкашӣ, суробсозӣ, гулмонӣ, тартибдиҳӣ тасвир кардани образи ашёву ҳодисаҳои мушоҳидашударо ворид намудан. Масалан, кашидани расми боғ, сохтани олотҳои меҳнат, бурида ширеш кардани чароғаки раҳнамо, аломатҳои роҳ, арчаи солинавӣ ва ғайра.
- аз маводи табии донагиҳо, чалғуза дар машғулиятҳои меҳнати дастӣ истифода бурда, дар бораи онҳо суҳбат гузаронидан. Дар машғулиятҳои ҷамъбастии семоҳа ва солона гузаронидани суҳбати такрорӣ-маърифатӣ ва ғайра;
- дар гӯшаи китобҳо ба намоиш гузоштани асарҳои бадеӣ, расмҳо, мусаввараҳо, албомҳо ки ба мавзуъ ва мазмуни саёҳат мувофиқат менамоянд;
-ташкилу гузаронидани бозиҳои дидактикӣ, сюжетӣ-дидактикӣ, сохтмонӣ-созандагӣ. Масалан, доир ба олоти меҳнат бозии дидактикӣ «Ба кӣ чӣ даркор?” (ба фўрушанда, духтур, дӯзанда ва дигар одамони касбу кори гуногун)-ро ташкил кардан мумкин аст;
-бой намудани мазмуни бозиҳои сюжетӣ-нақшофарӣ дар мавзуъҳои
«Мағоза», «Мактаб» ва ғайра. ХУЛОСАИ БОБИ ДУЮМ
Яке аз самтҳои марказӣ ва афзалиятноку муҳим, ки дар “Қонун дар бораи маориф” зикр гардидааст, дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида, ҷалб намудани хонандагон ба арзишҳои ахлоқию маънавӣ, амалӣ намудани тарбияи миллӣ, дар рӯхияи ватандӯстию сифатҳои миллӣ ва ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ маҳсуб меёбад.
Самаранок ба роҳ мондани ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар раванди таълиму тарбия барои ноил гардидан ба дониш, маҳорат ва малакаи зарурӣ марбут ба тарбияи миллӣ, фарҳангӣ ва расидан ба мақсадҳои олии таълиму тарбия заминаи устувор мегузорад.
Ҷалби хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба рушди зеҳнии забон ва нутқи хаттию шифоҳии онҳо нақши муҳим бозида, асос мегузорад.
Ҳамзамон, истифодаи роҳ ва усулҳои таълиму тарбия, ки ба ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ вобаста мебошад, бояд омодасозии омӯзгорро ҳамчун симои асосӣ дар раванди омӯзиши воқеӣ ва ба насли наврас ба мерос мондани дониш, фарҳанг, ахлоқи ҳамида, ватандӯстию ифтихори миллӣ, ки бо адабиёт, фарҳанг, санъат ва таърихи ниёгони мо тавъам аст, таъмин намояд.
Айни замон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи тарбияи миллӣ дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳангоми кор бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ барои дарки муҳиммияти он диққати ҷиддӣ равона намудан ба ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ мусоидат мекунад. Аҳаммияти он дар донишандӯзӣ, ахлоқи ҳамида, зебоипарастӣ ва ҷаҳони фарохи маънавии хонандагон зоҳир мегардад.
Боби дуюмро ҷамъбаст намуда, ба хулосаҳои зерин расидем:
-
Гуногунпаҳлуии методии ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо назардошти ақидаҳои мутафаккирону анъанаҳои адабӣ, хусусиятҳои забонӣ ва педагогӣ муайян карда шудаанд. Самаранок ба роҳ мондани таълими ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ барои омода намудани онҳо барои дарки дониш, маҳорат, малака ва инчунин, инкишофи зеҳнӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстию сифатҳои миллӣ ба воя расонидани онҳо шароит фароҳам меорад ва барои амалӣ намудани ҳадафҳои таълиму тарбия дар самтҳои асосии фаъолияти миллӣ, бадеӣ, меҳнатӣ, илмӣ ва ғайра,ки дар Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи маориф” инъикос ёфтааанд, имконияти мусоид фароҳам меорад.
-
Бо мақсади муайян кардани вазифаҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳни хонандагони синфҳои ибтидоӣ, рушди малакаҳои тафаккури мустақилонаи омӯзишии хонандагонро ба асос гирифта, онро дар раванди дарсҳои забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагон мавриди омӯзиш ва озмойиш қарор додем. Дар раванди машғулиятҳои забони модарӣ тавассути иҷрои машқҳо маҳорат ва малакаи тафаккури эҷодӣ ва мустақилонаи омӯзишии хонандагон рушд ёфта, бедорсозии шавқу рағбати забондонӣ, инкишофи нутқи бошуурона, фикр карда хондан, навиштан, гӯш кардану фаҳмидан ва фахмида изҳори афкору ақида кардан аз гуфтори дигарон, рӯ овардан ба ҷустуҷӯ ва эҷоди одитарин ба мушоҳида расид.
Ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба дастрасӣ ва истифодаи самараноки аёнияту воситаҳои техникии муосир вобаста мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё