Зеҳн
АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.

Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

Тавассути воситаҳои техникӣ ва технологияи навин истифода намудани матнҳои таълимӣ ба ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ рушд бахшида, иҷрои фаъолияти мақсадноки машқҳо ба хотири рушди зеҳнии хонандагон корбаст гардиданд.

3. Ҷанбаи талаботии ҳавасмандона анҷом додани фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ба инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ нигаронида шуда, ҳаҷми муайян ва дастрасӣ ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дорад. Фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ давоми мантиқии фаъолияти умумӣ ё гурӯҳӣ мебошад, ки ба фаъолияти мустақилонаи инфиродӣ мусоидат намуда, вобаста ба душворӣ ва содагии матну супоришҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ барои хонандагони аълохон, аълохону хубхон ва хубхону миёнахон вақти муайян ҷудо карда мешавад.

Яке аз роҳҳои вусъат бахшидан ба фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ мустақилона иҷро намудани бозиҳои дидактикӣ аст. Нақши онҳо дар иҷрои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дар мисоли байтбаракҳо, иҷрои нақши мутахассисони касбу кори гуногун, сафарҳои хаёлӣ ба минтақаҳои гуногуни диёр, иҷрои нақши қаҳрамонҳои асарҳои бадеӣ ва ғайра таҳлилу баррасӣ шуданд. Баҳсу мусоҳибаҳои гуногун, муҳокимаи натиҷаи фаъолияти мустақилонаи таълимии кӯдакон бо иштироки худи онҳо, хондани шеъру хикояҳои кӯдакони синф ва баҳодиҳии худи кӯдакон ба эҷодашон низ аз муҳимтарин шаклҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба ҳисоб мераванд. 4.Дар асоси ташхиси адабиёти психологию-педагогӣ метавонем хулоса барорем, ки асосҳои методии ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба шавқу ҳавас, майлу рағбат ва кордонии омӯзгор зич алоқаманд аст. Ташаккул ва инкишофи фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дар хонандагони хурдсол дар давоми соли таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ мегузарад ва дар ҳар як зинаи синну соли хонандагон хусусиятҳои худро дорад.

Сарчашмаи ташаккул ва инкишофи сифатҳои маърифатии хонандагони хурдсол ба фаъолнокӣ, шавқу ҳавас ва маҳорати донишандӯзии хонандагон вобаста мебошад

Аз диди мо, маҳоратҳо ба се қисм ҷудо мешаванд: умумӣ, махсус ва амалӣ. Онҳо ба якдигар зич алоқаманданд ва ба якдигар таъсир мерасонанд.

Асосҳои методии ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳниии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба маҳорати касбии омӯзгор вобаста буда, дар ташаккули сифатҳои маърифатии хонандагон нақши арзанда дорад.

Дар ҷараёни таҳқиқот муайян кардем, ки хонандаи хурдсол дар баробари омӯхтани асосҳои методии фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ, асосҳои илмӣ, ахлоқӣ, зебопарастӣ, дарккунӣ ва дигар намудҳои тарбиявиро аз худ мекунад. Аз руйи таҳлилҳо ва натиҷагирӣ мо ба хулосае омадем, ки самаранокии фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ба хотири рушди зеҳнию нутқии хонандагони хурдсол ба шавқу ҳавас, эҷодкорӣ, ҷустуҷӯ ва муқоисаву мушоҳидакории худи хонанда вобаста мебошад, ҳарчанд дар амалӣ гардидани ин намуди фаъолият, албатта, нақши омӯзгор дар мадди назари аввал меистад. 5. Барои муайян кардани мақсаду вазифаҳои раванди ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ оид ба мафҳуми сифатҳои маърифатӣ бояд фаҳмиши амиқ дошта бошем, чунки масъалаи донистани маҳоратҳо ва хусусиятҳои синнусолии хонандаи хурдсол дар назарияи педагогика ва психология яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.

Барои ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони хурдсол, омӯзгор бояд барои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ шароити мусоид фароҳам оварда, байни дигар фаъолиятҳои таълимӣ зарурат ва мавқеи онро муаайян кунад.

Омӯзиши корҳои илмии педагогони ватанию хориҷӣ моро ба хулосае овард, ки дар раванди донишандӯзӣ фаъолияти мустақилонаи хонан- дагон ҷойгоҳи махсусро касб намуда, барои инкишофи ҳаматарафаи ҳар як шахс муҳим мебошад. Ба шахс имконият медиҳанд, ки маҳорати бомантиқ андеша кардан, дарёфт кардани ҳалли масъалаҳоро дар ҳолатҳои гуногун, ҷамъу ба тартиб овардани донишҳо ва ташхиси баланди худро дар худинкишофдиҳӣ ва худмуайянкунӣ доро бошад.

6. Яке аз хусусиятҳои синнусолии кӯдакони синни мактабӣ он аст, ки онҳо барои амаликунонии орзуи ҳаётии худ тайёрӣ дида истодаанд.

Аз ин рӯ, фаъолияти мустақилона барои онҳо аҳаммияти махсус дошта, ба ташаккули сифатҳои маърифатӣ ва манфиатҳои шахсӣ, касбию иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Назар ба таълими муқаррарӣ истифодаи роҳҳои гуногунранги таълим имконияти боз ҳам самаранок инкишоф додани фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагонро таъмин намуда, ба рушди маҳоратҳо ва истеъдодҳо мусоидат мекунад. 7. Мо метавонем якчанд вазифаҳои усулҳои фаъоли таълимро пешкаш кунем, ки ба ташаккул ва инкишофи фаъолияти мустақилонаи омӯзишии хонандагони хурдсол равона шудаанд:

1. Ҳангоми истифодаи роҳу усулҳои фаъол дар таълим, фаъолияти мустақилона ва кӯшишу ғайрати хонандагон меафзояд.

2. Тафаккур мустақилона рушд карда, тавассути ҷустуҷӯ дар хонандагон ҳисси масъулиятнокӣ, худмуайянкунӣ инкишоф меёбад.

3. Дар раванди таълим ба мустаҳкамшавии муносибатҳои байнишахсӣ ва фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ оварда мерасонад.

4. Инкишофи малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагон хурдсол яке аз вазифаҳои муҳимми баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокии хонандагони хурдсол мебошад. БОБИ 3.ТАЪМИНИ ТЕХНОЛОГИИ РОБИТАИ МУТАҚО-

БИЛАИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ТАЪЛИМӢ БА РУШДИ

ЗЕҲНИЮ НУТҚИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ ДАР

ДАРСҲОИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

3.1. Методикаи ибтикории ташаккули малакаи фаъолияти мус- тақилонаи таълимӣ дар рушди зеҳнию нутқии талабагон дар дарсҳои забони модарӣ

Таъмини технологии робитаи мутақобилаи фаъолияти мустақи- лонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар онҳо малакаи дуруст ва фаҳмида хондан, тез ва ифоданок хонданро ҳосил кунонида, ба ин восита вазифаи таълимию тарбияии хонишро низ ҳал мекунад, ки он хониши эзоҳӣ ном дорад. Дар ин сурат байни назария ва амалия, байни дониш ва ҳаёт алоқаи мустаҳкам ба вуҷуд меояд ва хонандагон барои ба ҳаёт татбиқ намудани дониш тадриҷан малака ҳосил менамоянд. Ба ҳаёт татбиқ карда тавонистани дониш яке аз шартҳои асосии таълиму тарбия аст.

Дар ин бора мутафаккири форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ фармудааст:

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

«Хониши эзоҳӣ бояд ба таълими аёнӣ алоқаи мустаҳкам дошта бошад, чунки фақат аз китоб омӯхтани дунё мумкин нест. Маълумоте, ки хонандагон аз китоб мегиранд, бояд ба маводи ҳаёт мустаҳкам карда шавад ва баръакс, хониш барои фаҳмидани ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият востаи муҳим гардад”.

Дар вақти хондан бояд ягон калимаи матн барои хонанда номаълум намонад, аммо хонанда дар аввалҳои кор ҳар қадар диққат карда хонад ҳам, бе ёрии омӯзгор ба ин мақсад муваффақ шуда наметавонад, вай пурра фаҳмида хонданро дар синф ба воситаи хониши эзоҳи ёд мегирад. Хонанда дар дарси хониши эзоҳӣ ба воситаи бошуурона хондан малака пайдо мекунад ва ба фаҳмидани ғояи асосии асари бадеӣ сарфаҳм меравад. Ғояи асар дар синфҳои ибтидоӣ ба таври сода фаҳмида мешавад ва аксаран баҳо додани хонандагон ба рафтори симоҳо барои ба даст овардани мақсад кифоя аст. Дар дарсҳои хониши эзоҳӣ хонандагон муайян кардани мазмуни асосӣ ва муҳтавои матнро меомӯзанд, лекин дар баробари ин онҳо бояд масъалаҳои дуюмдараҷаро фаромӯш накунанд, онҳоро низ ёфта аҳаммияташонро муайян карда тавонанд.

Масалан, дар синфҳои I-II хонандагон ба таври одӣ ба сохти асар кордор мешаванд, онҳо асарро ба қисмҳо ҷудо намекунанд, ба ҳар қисм сарлавҳа гузошта, нақшаи асарро тартиб медиҳанд, дар синфҳои III-IV нақшаи мураккаб тартиб медодагӣ мешаванд. Дар синфҳои ибтидоӣ ба забони асар низ диққат дода мешавад. Ба ин восита, аз як тараф, забони хонандагон бой шавад, аз тарфи дигар, ин кор ба кушодани ғояи асар, ба муайян кардани хислатҳои симои марказӣ нигаронида мешавад.

Диққати хонандагон ба унсурҳои нутқи қаҳрамон, ба ифодаҳои маҷозӣ ва ташбеҳҳо ҷалб карда шуда, моҳияти онҳо кушода мешавад.

Методикаи шахсмарказ, ё таълиме, ки ба ташаккули зеҳн ва нутқи шахсияти хонанда нигаронида шудааст, дар асоси муносибати босалоҳият ба таълим таҳия шуда буд, аммо моҳияти таълими шахсмарказ аз ҷониби омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф амиқ фаҳмида намешуд. Чунин муносибати омӯзгорон ва кормандони соҳаро фаҳмидан мумкин аст, зеро барномаҳои пешин азхудкунии маводи зиёди таълимро талаб карда, барои ташаккули малакаву маҳоратҳо вақти хеле маҳдуд ҷудо мекарданд ва омӯзгорон имконияти истифодаи талаботи таълими шахсмарказро надоштанд.

Ҳангоми истифодаи методи шахсмарказ хусусиятҳои фардии хонандагонро ба эътибор гирифта, аз ин метод ба таври самаранок ва мақсаднок истифода кардан лозим аст. Мақсади асосии методи шахсмарказ ташаккули механизми дар амал татбиқ кардани дониш, малака ва маҳорати худ, диққат додан ба раванди инкишофи шахсӣ, мутобиқ гардидан ба шароитҳои нав ва ношинос, худмуҳофизатӣ, худтарбиятдиҳӣ ва дигар хусусиятҳое мебошад, ки барои ташаккули шахсият заруранд.

Методи шахсмарказ дар асоси якчанд принсип ба роҳ монда мешавад. Принсипҳои мазкурро ҳангоми банақшагирии раванди таълим ба эътибор гирифта, омӯзгорон метавонанд дар ташаккули салоҳиятнокии хонандагон замина гузоранд. Яке аз ин принсипҳо чунин аст, ки диққати асосӣ на танҳо ба мазмуни таълим (чиро омӯзонем?), балки ба раванди таълим (чӣ тавр меомӯзем?) равона мегардад. Чунки хонандагон барои фаҳмида гирифтан дониши заминавӣ дорад. Ба эътибор гирифтани дониши заминавии хонандагон маҳаки асосии таълими шахсмарказро ташкил медиҳад. Принсипи мазкур тавассути назарияи минтақаҳои инкишоф, ки аз ҷониби Виготский таҳқиқ ва пешниҳод шудааст, тақвият дода мешавад.

Ин дар муносибати босалоҳият ба таълим принсипи асосӣ маҳсуб меёбад. Барои қонеъ намудани принсипи мазкур дар ҳар лаҳзаи раванди таълим ба хонандагон имконияти таҳлилу баррасӣ ва арзёбии ҷараёни азхудкунии малакаро фароҳам меоварад.

Омӯзиши адабиёти фалсафавӣ, иҷтимоӣ ва психологию педагогӣ оид ба вуҷуд доштани заминаи назариявии маҷмуи масъалаҳои мазкур шаҳодат медиҳад, ки ба он дар таҳқиқоти психологону педагогон ба таҳлили роҳҳои ташаккули шахсияти мақсаднок асос гузошта, онҳо шахсро ҳамчун субъекти ташаккулёфтае донис- таанд, ки дар фаъолият ва муошират бо дигар одамон қарор дорад. Чунин амал дар ташаккули арзишҳои маънавӣ бо иштироки фаъолона дар тақдири дигар одам, дар ҳамдардӣ, дилсӯзи, якдигарфаҳмӣ ба шахс имконият медиҳад, ки ҳисси қонеи маънавиро аз арзишҳои рафтори худ ҳисоб кунад. Ташаккули фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дар адабиёти муосири психологию педагогӣ дар корҳои В.В.Давидов “Назарияи таълими инкишофёфта”, В.В.Давидов, Д.Б.Элконин, А.К.Маркова“Масъалаҳои асосии психологияи муосири кӯдакони синни хурди томактабӣ”, В.В. Сериков “Таълимот ва шахсият. Назария ва таҷрибаи лоиҳакунонии тартиботҳои педагогӣ”, И.С. Якиманская “Таълими шахсӣ дар мактаби ҳозиразамон”, ва дигарон баён гаштаанд.

Вазифаи омӯзгор фароҳам овардани имконият ва фазои мусоид барои азхудкунии малака, ташаккули стратегия ва механизмҳои гуногуни инкишофи қобилияти фардии хонанда мебошад.

Хонандагон бо роҳҳои гуногун меомӯзанд ва мутаносибан усули гуногуни дарккунӣ доранд. Шахсикунонӣ ва фардикунонии ҷавобҳои хонандагон дастгирӣ карда мешавад. Ҳар як шахс қобилияти мухталифи зеҳнӣ дорад. Ба эътибор гирифтан ва инкишофи ин қобилиятҳо яке аз унсурҳои асосии методи шахсмарказ ба шумор меравад.

Омӯзиш раванди фаъоли инкишофёбандаест, ки робитаи байни далелҳо, ғояҳо, ҷараёнҳои гуногун мунтазам тағйир меёбад ва сохтори онҳо ислоҳ мешавад. Методикаи рушддиҳандаи хонанда тавассути муколамаи байни омӯзгору хонандагон ва байни хонандагону ҳамсолони онҳо ҷараён ёфта, хонандагонро ҳамеша барои баён кардани фарзияҳои худ доир ба ҳалли мушкилот ва масъалаҳое, ки онҳо дар болои он кор мекунанд, ҳавасманд мегардонад. Арзёбӣ дар методи шахсмарказ аз рӯйи характери худ

«рушддиҳанда» мегардад. Ин чунин маъно дорад, ки мақсад «чен» кардани кори хонанда набуда, арзёбии фаҳмиш (ва барои фаҳмидан ёрӣ расондан)-и раванд- ҳоест, ки тавассути онҳо хонандагон ҳангоми ҳалли масъалаю мушкилот фикрҳои худро баён мекунанд. Ҳамчунин барои бунёди донишҳо робитаи мутақобилаи созанда ва доимӣ нақши калидӣ дорад. Хонандагон якҷоя бо омӯзгор кор мебаранд, ки нишондиҳандаҳои муваффақиятро муайян созанд ва малакаҳои худбаҳодиҳӣ ва ҳамдигар баҳодиҳиро инкишоф диҳанд.

Диққати асосӣ ба донишҳои байнифаннӣ дода шуда, ҳавасмандкунии доимии малакаҳои фикрронӣ ва иттилоотии дараҷаи баланд ба роҳ монда мешавад. Асосан, ҳалли мушкилот, дастрасӣ, ташкил, таҳлил ва муаррифии донишҳо ва намоиш додани малакаҳо муҳтавои асосии мақсади таълимро ташкил медиҳанд. Хонандагон бо омӯзгор якҷоя мақсаду вазифаҳои таълимро дар асоси мушкилоти мавҷуда ва донишҳои қаблии худ муҳокима карда, бо шавқу ҳавас ба таҷрибаи пешина ҳамкорӣ мекунанд.

Дар методи шахсмарказ омӯзгор ба сифати роҳбалад фаъолият карда, ба хонандагон барои дастрасӣ ба ахбор ва таҳлили он ёрӣ мерасонад. Ин чунин маъно дорад, ки омӯзгор дар синф камтар кор карда (зеро хонандагон ба ҳалли супоришҳои хуб тайёркардаи омӯзгор ҳидоят карда мешаванд ва онро мустақилона ё дар ҳамкорӣ бо шарикдарсон ва зери назорати омӯзгор иҷро мекунанд), корҳои зиёди беруназсинфиро барои ба дарс омодагӣ дидану кори хонандагонро арзёбӣ кардан анҷом медиҳад.

Хонандагон барои гирифтани донишҳои муайян масъул буда, (савол медиҳанд, барои худ маълумотеро ҷудо мекунанд), барои баланд бар- доштани савияи дониши худ кӯшиш мекунанд. Малакаҳои худро дар ҳамкорӣ бо омӯзгор, ҳамсинфон, бо ёрии маълумоти ҷамъовардаи худ аз дигар сарчашмаҳо бо мақсади ҳалли масъала ва мушкилот ташаккул медиҳанд, кӯшиш мекунанд, ки алоқаҳоро барқарор намоянд, ба моҳият сарфаҳм раванд, маъниро дарк кунанд.

Омӯзгор барои муайян кардани стратегияи таълим бо хонандагон ҳамкорӣ менамояд. Ба хонандагон имкони бо чанд навъи манбаи ахбор (китобҳо, интернет, ҳамсинфони дигар) кор кардан фароҳам оварда мешавад, ки дар натиҷа барои ҳалли масъала ва мушкилот ёрӣ мерасонад.

Л.С.Виготский масъалаи мувофиқати байни таълим ва ташаккули кӯдаконро таҳқиқ карда, ба хулосае омад, ки омӯзиш бояд пештар қадам зада, боиси инкишофи кӯдак гардад.

Аз нуқтаи назари Виготский, “Муайян кардани минтақаи наздик- тарин бе муоширати доимӣ ва ҳамкорӣ бо кўдак имконнопазир аст.

Омўзгор бояд бодиққат рафтори шогирдонро мушоҳида кунад, зеро ҳар як кўдак хусусияти хоси муайян дорад, ки бо такя бо он усули корбариро бо ў интихоб намудан мумкин аст.”.

Ҳар як амале, ки кӯдак аз рӯйи ақл ва қобилияташ иҷро менамояд, ба инкишофи ӯ мувофиқат мекунад. Лекин, агар малакаҳои нав дар асоси малакаҳои аллакай бадастомада ташаккул ёбанд, пас, чунин ташаккул манфиати бештаре дорад.

Таъсири доимӣ расонидан ба минтақаи наздиктарини инкишофи кӯдак боз як хусусияти муҳимми дигарро дорад. Муайян кардани минтақаи наздиктарин бе муоширати доимӣ ва ҳамкорӣ бо кӯдак имконнопазир аст. Омӯзгор бояд рафтори шогирдашро бодиққат мушоҳида кунад, зеро ҳар як кӯдак хусусияти хоси муайян дорад, ки бо такя ба он усули корбариро бо ӯ интихоб намудан мумкин аст.

Минтақаи наздиктарини инкишофи фард амалеро мустақилона иҷро карда наметавонад ва барои иҷрои он ба ёрии дигарон ниёз дорад.

Минтақаи муҳимми инкишофи фард амалеро мустақилона иҷро карда метавонад. Даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикстон ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва маориф навгониҳои арзишманд ба миён овард ва тадриҷан кишвари моро воқеан ҳамчун узви таркибӣ ба ҷомеаи ҷаҳон ворид сохт. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф тадриҷан ислоҳоту таҳаввулоти бунёдии назариявӣ, ташкилию амалии назаррас ҳанӯз дар охири асри XX шуруъ гашта, пайгирона идома дорад. Ин ислоҳоту таҳаввулот, пеш аз ҳама, қисмати муҳимтарини маориф – мазмуни таҳсилоти миёнаи умумиро фаро гирифт. Конститутсия Ҷумҳурии Точикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи- кистон “ Дар бораи маориф”, “Консепсияи мактаби миллӣ дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон” ҳамчун санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ ва сарчашмаи назариявӣ самти минбаъдаи инкишофи муассисаҳои таълимии муосири тоҷик, ҳуқуқу масъулиятҳои иштирокдорони муҳимтарин соҳаи ҳаёти чамъиятӣ – маорифро муайян сохт. Давлат маорифро соҳаи афзалиятноки ҳаёти ҷомеа эълом дошт ва ин иқдом қадами нахустини ҳалкунанда дар кишвари соҳибистиқлоламон ба шумор меравад.

пешина
аз 32
навбатӣ