АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.
Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа
Дар асоси санадҳои зикршуда, мактаби тоҷик вазифадор шудааст, ки мазмуни таҳсилот ва таълиму тарбияро ба нафъи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон муайян ва мураттаб созад. Ба ин хотир ҳанӯз аз солҳои 90-уми асри гузашта бори нахуст нақшаҳо, барономаҳои таълим, баъдан китобҳои дарсӣ ва маводи дигари таълимӣ таҳия ва нашр шуданд. Дар мазмуни таҳсилот дигаргуниҳои ҷиддӣ ворид гардид ва бори нахуст дар он манфиатҳои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангию маърифатии миллати соҳибдавлати тоҷик ва дигар сокинони Тоҷикистон ба роҳбарӣ гирифта шуд. Дар натиҷа, дар нақшаҳои таълим, ки санади расмӣ ва ҳатмии давлатии мазмуни таҳсилот ба шумор меравад, фанҳои нави дархурди ҷомеа мисли “Таърихи халқи тоҷик”, “Алифбои ниёгон ва матн”, “Технологияи компютерӣ”, “Иқтисоди бозоргонӣ”, “Таърихи динҳо”, “Маърифати оиладорӣ”, “Ифтихори ватандорӣ” ва монанди инҳо ворид шуданд. Барои ҳар яке ин фанҳои нав барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ, дастурҳои дидактикӣ ва ғайра аз ҷониби олимону методистон ва омӯзгорони ҷӯяндаву пешқадами ватанӣ таҳия ва нашр гардиданд.
Ҳамаи ин рӯйдодҳо дар таърихи мактабдории тоҷик нав ва ногузир ҳастанд. Азбаски дар ҳама гуна кору ибтикори нав ногузир камбудию нуқсон низ роҳ меёбад, дар ҷустуҷӯ ва пешниҳоди нави таҳсилот низ камбудию норасоиҳо ба назар мерасад. Вале, онҳо усулан ва мантиқан наванд, дар роҳи такмилу мувофиқгардонии он ба меъёрҳо ва стандартҳои умумибашарии таҳсилоти муосир қадамҳои нахустин мебошад.
“Дар илми педагогика, аз ҷумла, педагогикаи шуравии солҳои 20- уми асри XX ин ду проблема ба таври эъломияи педагоги арзи вуҷуд карда буданд, вале онҳо аз ҷиҳати назариявӣ асоснок карда нашуданд.
Хусусан, таълими тафриқа бо сабабҳои идеологияи ҳокими замон, ки гўё фарқ кунонидани кӯдакон дар мактаб ба тоифабандии шаҳрвандон оварда метасонида бошад, расман манъ шуда буд. Таълими ҳамгиро бошад, бо сабаби мураккабиҳои назариявӣ ва амалӣ таҳқиқ нагардид.
Вале проблемаҳои таълими ҳамгиро ва тафриқа барои муътадил сохтани сарбории таълимии кӯдакону наврасон роҳҳои муносиб буданду ҳастанд”.
Маълум аст, ки муътадилсозии сарбории хонандагон бо сабаби рушди мунтазами соҳаҳои гуногуни илм, афзудан ва ҳамеша мураккаб шудани ахбори илмӣ, боисрор гардидани фармоиши ҷамъиятию давлатӣ нисбат ба мазмуни таҳсилоти фарогири тамоми паҳлуҳои илмҳои гуногуни замонавӣ дар барномаҳои фанҳои таълимӣ хеле мушкил ва мураккаб мебошад.
Ниҳоят, олими барҷаста Ю.К.Бабанский,Б.Т.Лихачев ва дигарон дар охири асри XX диққати муҳаққиқонро ба таҳқиқи проблемаҳои таълими тафриқа ва ҳамгиро ҷалб карда, пешгӯйӣ намуданд, ки яке аз роҳҳои асосии ба низоми муътадил даровадани сарбории таълимии хонандагон ба ҳалли назариявӣ ва амалии ин ду проблемаи муҳим вобаста аст. Аз ҷумла, муҳаққиқ Б.Т.Лихачев ҳамгиройии фанҳои таълимиро ҳамчун асоси умумиметодологии ташаккули мазмуни таҳсилоти миёна шинохта мегӯяд, ки “моҳияти ҳамгироии фанҳои мактабӣ аз он иборат аст, ки дар онҳо мазмунҳо, ақидаҳо ва омилҳои нисбатан калони илмҳои хешу наздик ба як фанни таълимӣ муттаҳид карда мешаванд”. Дар асоси ин пинсипи умумиметодологӣ, масалан, фанни таърих фактҳо ва мазмунҳои назариявии археология, санъатшиносиро фаро мегирад. Фанни ҷуғрофия донишҳоро аз сиёсатшиносӣ, иқтисодиёт, ҷомеашиносӣ ва ҳамчунон илмҳои табиӣ, ба мисли геология ва хокшиносӣ дар бар мегирад. Адабиёт (забон) ё филология бошад, мазмуни санъати сухан, грамматика (сарфу наҳв), таърихи адабиёт, адабиётшиносӣ ва санъатшиносиро муттаҳид менамояд.
Вазифаи муҳимтарини муаллифони китобҳои дарсии ин фан аз он иборат аст, ки дар баробари фаро гирифтани санъати сухан, асрори калимаю ҷумла, арзишҳои муҳимтарини рӯҳию маънавии адабиёт ва санъатро ба назар гиранд.
Масалан, технологияҳои ба шахсият нигаронидашудаи таълим, технологияҳои “тафаккури интиқодӣ” ва технологияҳои таълими проблемавиро роҳандозӣ кардан мувофиқи мақсад мебошад. Ҳамзамон, “таълими ҳамгиро на танҳо робитаи тарафайни дониши фанҳои гуногун (ҳамгииро)-ро дар як дарс, балки ҳамгироии технологияҳои гуногун, метод ва шаклҳои таълимро дар доираи як фан ва як дарс дар назар дорад.”.
Дар натиҷаи риояи принсипи ҳамгиройӣ фанҳои нави таълимӣ пайдо хоҳад шуд, ки дар онҳо маълумот боз ҳам васеътару амиқтар пешниҳод мегардад ва доираи назари хонандагон оид ба ҷомеашиносӣ, табиатшиносӣ, забону адабиёт, асосҳои истеҳсолот ва технология амиқтар, яклухттар ва васеътар мегардад. Баробари ин, риояи принсипи ҳамгиройӣ манфиатҳои дигарро низ молик аст. Масалан, ба ҷойи ду-се фанни хешу наздик як фанни таълимӣ ба вуҷуд меояд, ба ҷойи якчанд дастуру маводи дидактикӣ барои ҳар як фанни таълимӣ як дастуру маводи дидактикӣ бо масрафи ками молиявӣ ба миён меояд. Аз ҳама муҳим он аст, ки сарбории таълимии хонандагон бамаротиб муътадил мегардад. Ба ҷойи 500-800 саҳифа якчанд китоби дарсӣ 200-250 саҳифаи як китоби ҳамгироро хондан лозим мегардад ва дар ҳаҷми мухтасари ахбори илмӣ мақсад ва вазифаҳои дидактикии фанҳои ҳамгирогашта ҳаллу фасл хоҳад шуд. Дар ин гуна шароит ягон фанни қаблан алоҳида ва феълан ҳамгирогашта аз ҷиҳати илмӣ-назариявӣ ва амалӣ зарар намебинад ва хонандагон низ аз ин ҷиҳат бохт намекунанд.
Мураттаб намудан ё таълифи чунин китобҳои таълимии ҳамгиро барои муаллифон нисбатан мураккаб ва мушкил аст. Эшон бояд асрори фанҳои қаблан мустақил ва феълан ҳамгирошударо бо тамоми нозукиҳояшон донанд, барои ҳар як дарс маводе интихоб кунанд, ки мақсаду вазифаҳои илмию дидактикии ҳар як мавзуи дарс ва фанро, умуман, фаро гирад, таҳрики имконияти зеҳнӣ, ақлӣ, психологии шогирдонро, ки дар инкишофу тағйироти мунтазам мебошад, ба назар гиранд.
Дар таъмини робитаи тарафайни ҳамгиройии мазмуни таҳсилот ва таълими тафриқавӣ ин нуктаҳоро ба назар гирифтан мувозинати назариявӣ ва амалии ин ду проблемаи муҳимми педагогикаи муосири миллиро дар ҳалли масъалаи мазмуни таҳсилоти миёнаи умумӣ таъйин хоҳад кард. Пас, кадом нуктаҳоро ба назар бояд гирифт, ки дар ҳалли масъалаи муайян сохтани мазмуни таҳсилоти миёна, як қадам бошад ҳам, ба пеш равем?
Фанҳои ғайриравиявӣ ва ғайритамоюлӣ дар синфҳои тафриқавӣ мазмуни муқаррарӣ доранд ва ба таври муқаррарӣ таълим дода мешаванд. Ба хотири муътадил сохтани сарбории таълимии хонандагони синфҳои тафриқавӣ аз имконоти ҳамгиро сохтани мазмуни ин фанҳо (боз ҳам бар асоси принсипи ҳамгиройии мазмуни таҳсилот) кор гирифтан мувофиқи мақсад хоҳад буд. Дар ин ҳолат аз ҳисоби ҳамгирошавии фанҳо соатҳои таълимии фанҳои равияӣ ва тамоюлиро дар нақшаи таълим афзудан имкон дорад. Ба ин тариқ, дар синфҳои тафриқавии табиӣ-риёзӣ фанҳои гуманитарӣ бештар ҳамгиро ва аз ҷиҳати илмӣ асосноку муътадил сохтани сарбории таълимии хонандагон мебошад.
Бо мақсади инкишофи маҳоратҳои хонандагони синфҳои ибтидоӣ, мувофиқи нақшаи нави таълим дарсҳои интихобӣ ва таълими тафриқавӣ дохил карда мешавад. Ин чорабиниҳо самаранокию манфиат ва маҳоратҳои хонандагони хурдсолро инкишоф медиҳанд.
Дар натиҷа, метавон гуфт, ки ҳам таълими ҳамгиро ва ҳам таълими тафриқа дар мактаби миллӣ татбиқи миллии худро меёбад, сифати таълиму дониши хонандагон рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва мактаб ба мақсади ниҳоии худ – инкишофи тафаккури мантиқӣ, мустақилона, эҷодӣ ва амалии шогирдон мерасад.
Педагог Н.М.Белянкова оид ба муносибатҳои ҳагиройии таълим чунин мегӯяд: “Оид ба масъалаи имконпазирӣ ё ғайриимкон будани муносибати ҳамгиро ба таълими кӯдакони синни хурди мактабӣ аксарияти муҳаққиқон ва омӯзгорон бар ин ақидаанд, ки ҳамгиройии фанҳои таълимӣ дар синфҳои ибтидоӣ на танҳо имкон дорад, балки зарур аст”.
Яке аз воситаҳои паҳншудатарин дар таълим асбобҳои гуногуни аёнӣ мебошад. Нақш ва мавқеи асбобҳои аёнӣ дар таълим дар асарҳоипедагогҳои гузашта ва имрӯза борҳо таъкид ёфтааст.
Ба масъалаи аёният ва таълими аёнӣ К.Д.Ушинский аҳаммияти калон медод. Ӯ қайд мекунад, ки ба кор бурдани асбобҳои аёнӣ дар таълим боиси тараққии тафаккур ва нутқи хонандагон гардида, ба қобилияти мушоҳидакории онҳо ёрӣ мерасонад. «Дар вақти таълими аёнӣ, – таъкид карда буд ӯ, – омӯзгор фикрҳои дурӯғи бачаҳоро ислоҳ менамояд, ибораҳои нодурусту печ дар печи онҳоро ба тартиб меорад, ягон калимаи партофташударо таъкид мекунад. Гуфтан мумкин аст, ки омӯзгор он чиро, ки ба воситаи гуфтан душвор аст, ба таври амалӣ ниҳоят осон иҷро менамояд».
Навъҳои гуногуни асбобҳои аёнии зерин мавҷуданд:
1. Ашёи гирду атрофи бачаҳо (ашёи синф, мактаб, хона). Ин ашё, ки муҳити бачаро ташкил медиҳанд, чи барои омӯхтани мавзуъҳои алоҳида ва чи бой намудани захираи луғавии хонандагон ва инкишофи нутқи онҳо маводи зарурӣ медиҳанд.
2. Варақаҳои суратнок, ки ба хелҳои зерин ҷудо мешавад: а) варақаҳои мавзуӣ. Ин гуна варақаҳо мавзуъҳои муайян (либос, ашёи хониш, асбобҳои рӯзгор, ҳайвоноти хонагӣ, парандаҳо…)-ро дар бар мегиранд; б) варақаҳое, ки ашёи гуногун тасвир ёфта, саволҳои мувофиқ низ гузошта шудаанд. Дар ин гуна варақаҳо ашёи гуногуни ҷондор, беҷон ё худ ба тариқи омехта дода шуда, саволҳои кӣ? чӣ? навишта мешаванд; в) расмҳо доир ба инкишофи нутқи алоқанок.
3. Расмҳои лотобоб, ки дар бобати инкишофи нутқ ва тафаккури хонандагон ва, инчунин, барои такрору мустаҳкам намудани мавзуъҳо аҳаммияти калон доранд.
4. Расмҳое, ки дорои мазмуни яклухт мебошанд. Ин гуна расмҳо ҳам барои инкишофи нутқ ва ҳам барои қоида ва таърифи мавзуъҳо ба аҳаммияти калон моликанд.
5. Нақшаҳои гуногун, ки дар бобати ба осонӣ омӯхтани мавзуъҳои алоҳида ва ташкили кори мустақилонаи хонандагон дорои аҳаммияти калон мебошанд.
6. Нақшаҳои суратдор, ки бештар барои омӯхтани қоидаҳо ба кор бурда мешаванд.
7. Маводи дидактикӣ, ки қариб дар ҳамаи фанҳо барои омӯхтан ва мустаҳкам намудани мавзуи нав ба кор меравад. Истифода бурдани маводи дидактикӣ барои аз худ ва мустаҳкам намудани мавзуи таълим, шавқовар гузаштани ҷараёни дарс нақши калон мебозад. Аз тарафи дигар, онҳо воситаи муҳимми таъмини кори мустақилонаи хонандагон ҳам мебошанд. Барои ҳамин, вақте ки сухан дар бораи маводи дидактикӣ меравад, ҳамоно кори мустақилонаи талабагони алоҳида, кори инфиродии омӯзгор бо хонандагони ҷудогона дар пеши назар ҷилвагар мешавад.
Аз маводи дидактикӣ омӯзгор дар вақти омӯхтани мавзуи нав, мустаҳкамкунӣ ва такрори он истифода мебарад.
Масалан, бо такя ба қоидаҳо, намудҳо, нақшаҳои дар китоби дарсӣ пешниҳодшуда, дар вақти гузаштани мавзуи «Овоз ва ҳарфи у ва ӯ» омӯзгор аз варақаҳои суратнок ин тавр истифода мебарад:
Дар назди бачаҳо дар коғазчаҳои алоҳида ҳарфҳои у ва ӯ навишта гузошта шудаанд. Омӯзгор оромона варақаро боло мебардорад, ки дар он расми рӯбоҳ кашида шудааст. Баъд аз он ки хонандагон расмро аз назар гузаронданд, омӯзгор тарафи дигари варақаро нишон медиҳад.
Дар он тарафи варақа номи ашё навишта шудааст, вале ба ҷойи ҳарфи зарурӣ нуқта гузошта шудааст. Бачаҳо аз ду ҳарфи дар дасташон буда, ҳарфи даркориро мебардоранд. Пас аз ин калимаро хомӯшона дар дафтар менависанд.
Баъди навиштани якчанд калима омӯзгор тарзи навишти онҳоро ба воситаи худи бачаҳо месанҷад.
Мавзуи дигар. «Ҳарфи калон дар аввали лақаби ҳайвонот» Омӯзгор ба ҳар як хонанда яктоӣ расм медиҳад, ки дар он ин ё он ҳайвони хонагӣ кашида шудааст.
Вазифа: ба ҳар як ҳайвон лақаб гузошта, сонӣ ҷумла тартиб диҳед.
Ё ки: дар варақа расму ҷумла, вале ба ҷойи ном се нуқта гузошта шудааст. Бачаҳо расмро аз назар гузаронида, ҷумларо пурра мекунанд ва ба дафтар менависанд. Барои он ки аз як варақа якчанд вақт ва бо мақсадҳои гуногун истифода баранд, калимаю ҷумлаҳои заруриро дар он не, балки дар коғази алоҳида навишта часпондан лозим, то ки он коғазчаро гирифта ба ҷояш коғазчаи дигарро гузорем.
Навъи дигари маводи дидактикӣ, масалан, дар дарсҳои забони модарӣ варақаҳои грамматикӣ (такявӣ) мебошад. Аҳаммияти ин варақаҳо барои мустаҳкам намудани қоидаҳои грамматикию имлоӣ ва корҳои луғавию орфографӣ ниҳоят калон аст. Вай воситаест, ки кори инфиродии омӯзгорро бо хонандагони ҷудогона таъмин мекунад. Чунин варақаҳоро барои ҳар як мавзуъ ва қисмҳои ҷудогонаи барнома (овоз ва ҳарфҳо, калима, ҷумла, нутқи алоқанок) тартиб додан мумкин аст.
Масалан, доир ба мавзуи «Исм»:
Варақаи №1.
Супориши 1. Аз калимаҳои зерин аввал номҳои ҳайвонҳои хонагӣ, даранда, баъд парандагони хонагиро ҷудо карда, ба дафтаратон нависед: шер, гов, кафтор, шағол, кабк, асп, бабр, зоғ, гург, бедона, хирс, мурғ, буз, паланг, рӯбоҳ, гӯсфанд, фил, оҳу, хар, калхот, булбул, турна, саг, мурғобӣ, шутур, той, ғоз, гӯсола, мусича, барра, харгӯш, бузғола.
Супориши 2. Бо калимаҳои кабк, гӯсфанд, барра, харгӯш ҷумла созед.
Варақаи №2.
Супориши 1. Мувофиқи тартиби зерин ҳамаи рустаниҳоро, ки дар боғ мерӯянд, ба дафтаратон нависед.
1. Дарахтони мева: себ, анор…(давом диҳед).
2. Дарахтони бемева: бед, сафедор….
3. Сабзавоту обчакорӣ: пиёз, харбуза…
4. Гулҳо: атргул, раъно…
5. Алафҳо: себарга…
Супориши 2. Ба калимҳои навиштаатон саволҳои мувофиқ гузоред. Варақаи №3.
Супориши 1. Ба саволҳои зерин ҷавоб навишта, ба зери исмҳои хос хат кашед:
Маҳаллаи мо
Номи деҳаи (шаҳри) шумо чист?
Кадом дарё аз наздикии маҳаллаи шумо ҷорист?
Кадом деҳаҳо ба деҳа (шаҳр, ноҳия)-и шумо наздиканд? Кадом шаҳр ба шумо наздиктар аст?
Супориши 2. Ба савол ҷавоб нависед: Аввали исмҳои хос бо кадом ҳарф навишта мешаванд?
Варақаи №4.
Супориши 1. Дар вақти ба дафтаратон навиштани калимаҳои зерин пасвандҳои ҷамъи мувофиқро ҳамроҳ кунед: сарбоз, дафтар, асп, моҳӣ, хонанда, пахта, барра, зардолу, коргар, синф, хона, пизишк, оҳу, ҷувол, мурғ, шаҳр, модар, саҳро, булбул, чашм, абру, бед, гулзор, рама, ситора, кӯҳ, боғ, даст, навозанда, шунаванда, об, китоб, гов, дӯзанда.
Супориши 2. Ҳикоячае нависед, ки дар он калимаҳои хонандагон, шаҳр, дарё, кӯҳ, соҳил, боғ, саҳро кор фармуда шуда бошанд.
Варақаи №5.
Ин порчаро хонда исмҳои ҷамъро ёбед ва мавқеи кор фармуда шудани пасвандҳои ҷамъро гуфта диҳед.
Дар чарогоҳ
Чаҳ-чаҳи булбулон ва нағмасароиҳои дигар мурғон шуморо таъсире мебахшад, ки дастаҳои мусиқии олами маданиятро тамоман фаромӯш мекунед.
Дар ин чарогоҳҳои пуралаф давутози бузон ва бузғолагон, ҷастухези гӯсфандон ва баррагон, рамидан ва давидани оҳувон, рақс ва бозии духтарон ва арӯсонро дар саҳнаҳои шаҳрҳои обод аз ёди шумо мебарорад.
Расмҳо ва мавқеи онҳо дар таълим
Аҳаммияти истифодаи расмро дар дарсҳо К.Д.Ушинский ин тавр тавсиф кардааст: «Агар шумо ба синфе дароед, ки аз он як калима ҳам шунидан мушкил бошад, корро аз нишон додани расм сар кунед, он гоҳ синф ба гап медарояд».
Дар ҳақиқат, хонандагон расмро тамошо карда, хушҳол мешаванд, миш-миш сар мешавад, ҳар кас мувофиқи лаёқаташ ҷавоб тайёр мекунад.
Хонандагон ба расм нигоҳ карда, оид ба мазмуни он ҷумлаҳо тартиб медиҳанд, ки баъд дар асоси ҳамин ҷумлаҳо фаҳмондани мавзуъ хеле мувофиқ аст.
Масалан, омӯзгор ба тахта расмеро меовезад, ки дар он ашёи гуногун тасвир ёфтаанд. Баъди саволу ҷавоб хонандагон ашёро навишта, ба ҳар яки он саволҳои кӣ? ва чӣ?-ро мегузоранд. Табиист, ки ин кори хонандагон онҳоро ба омӯхтани мавзуъ наздик ва тайёр мекунад.
Омӯзгор ҳам аз вақт истифода бурда, дар бораи қоидаи грамматикии исм маълумот медиҳад.
Мисоли дигар: «Шумора дар исм».
Омӯзгор чор варақаи суратнокро, ки суратҳо ба ҳаҷми варақи албом кашида шудаанд, ба тахтаи синф меовезад. Дар онҳо расмҳои мазмундор тасвир ёфтаанд:
1. Хонанда менависад.
2. Хонанда….менависад.
3. Гул шукуфт. Гулҳо шукуфтанд.
Хонандагон ба расмҳо нигоҳ карда, ҷумла тартиб медиҳанд ва дар айни замон ба ҷойи нуқтаҳо калимаҳои заруриро мегузоранд.
Намунаи дигар. Мавзуи дарс: «Пешояндҳо» Омӯзгор се расмро ба тахта овехта, таъкид менамояд, ки оид ба мазмуни онҳо ҷумлаҳо тартиб диҳанд. Се ҷумлаи тартибдодаи хонандагонро ба зери расмҳо менависад:
Бачаҳо ба мактаб мераванд.
Бачаҳо аз мактаб меоянд.
Бачаҳо дар боғи мактаб ниҳол мешинонанд.
Хонандагон ҷумлаҳои худро дар тахта дида, хеле рӯҳбаланд мегарданд ва ба омӯхтани мавзуи нав омода мешаванд.
Аз расм дар лаҳзаи мувофиқ ва дар мавридаш истифода бурда, баъди ба охир расидани кор онро гирифта мондан даркор, то ки диққати бачаҳоро ба худ ҷалб накунад. Пас аз тамом шудани дарс мумкин аст якчанд вақт дар синф монем. Ин кор имконият медиҳад, ки бачаҳо бо расм аз наздик шинос шаванд.
Нақшаҳо. Агар аз расмҳо бештар дар дарсҳои забони модарӣ, адабиёт, табиатшиносӣ истифода шавад, нақшаҳоро дар таълими ҳамаи фанҳо метавон истифода кард. Нақшаҳо вақтро сарфа карда, рафти фаҳмиши мавзуъро осон мегардонанд.
Гоҳо дар баъзе нақшаҳо расмҳои ашё ҳам кашидан мумкин аст, ки ин қимати онро боз ҳам афзун мегардонад. Хонандагон баробари хондани маводи нақша шакл ва ё ранги онро низ мебинанд. Чунончи, вақте ки доир ба мавзуи «Сифат» нақша тартиб доданӣ мешавем, метавонем расми ашёи гуногунро ҳам кашем.
Китоби калон (аз ҷиҳати ҳаҷм);
Хонаи хиштин (аз кадом мавод);
Гули сурх (аз ҷиҳати ранг);
Анори турш (аз ҷиҳати маза).
Баъзан дар ҷараёни дарс аз нақшаҳое истифода мебарем, ки дар онҳо моҳияти масъала бо камонак, хатҳои рост, давра ва нимдоира ишора карда мешаванд. Истифодаи чунин нақшаҳо ба лаҳзаи тартиб додани онҳо вобаста аст. Нақшаҳоро бештар дар рафти дарс, дар лаҳзаи фаҳмондан омӯзгор дар тахтаи синф тартиб медиҳад. Табиист, ки дар ин вақт баробари тартиб додан аз он истифода ҳам мебарад. Омӯзгор фикрашро баён карда истода, онро дар нақша ифода менамояд.
Хонандагон баробари шунидан ба ҳаракати дасти омӯзгор диққат дода, роҳҳои сохта шудани худи нақшаро ёд мегиранд. Гоҳо омӯзгор метавонад ин гуна нақшаҳоро пешакӣ тайёр намояд. Дар ин маврид бачаҳо нақшаҳои тайёрро хонда, мувофиқи он фикрашонро баён менамоянд.
Тайёр намудани нақша кори чандон душвор нест. Бинобар ин, баъзан омӯзгор метавонад ба хонандагон супорад, ки як қисми онҳоро мустақилона тайёр намоянд ва ҳатто гоҳо байни бачаҳо оид ба ин корҳо озмун ҳам ташкил кардан мумкин.
Педагог И.А.Зимняя оид ба фаъолияти мустақилона чунин ақида дорад. «Мо бояд насли наврасро ёд диҳем, ки донишҳоро мустақилона аз худ кунад. Ин яке аз проблемаҳои муҳимтаринест, ки бояд мактаби имрӯзаи мо хал кунад. Вазифаи ба хона супорида шуда бояд хонандагонро ба мустақилона омӯхта тавонистан мусаллаҳ кунад. Аммо, ба хонандагон вазифаи хонагиро аз ҳад зиёд супоридан лозим нест.
Таълимро чунин ташкил кардан лозим аст, ки маводи таълим, асосан, аз худ шавад ва ба андозаи муайян дар вақти дарс мустахкам карда шавад ва вазифаи хонагиро ба қадри имкон кам супоридан даркор аст».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё