Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…
зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа
Дар кўшк ва боғистони хон рўи дастурхони пурнозу неъмат ҷойи як таомро мегирад таоми дигаре.
Ҳама ба айшу нўш банд, ҳатто посбону нукарон бастаи ин мондаанд, баъзе аз унҳо аллакай, дуди бангро жарф-жарф фурў мекашанд.
Хон дар иҳотаи муқаррабон, дар қабати дуввуми шипанги миёни боғистон, дар тахти заркорӣ нишаста; тамоми боғистону базм пеши назараш бошад.
Чингизбашара як ҷониби Шоира, ки дар қафояш нишастааст, даст бурда, ангуштонаш сари зонуи вай мерасад, дилпурӣ ҳосил мекунад, ки асира ин ҷост ва мепардозад боз ба шумури тангаи ҳамёнҳои бағалаш: паст будан ва шикаст хўрдан намехоҳад назди соҳиби табарзин.
Боз даст ҷониби зонуи Шоира бурда, ки дар қафо нишастааст. Аз ин молиши зону илҳом гирифта, ки ба забон омадааст:
- Ҳа, ту баринро беҳуда эҳтиёт намекунад хон. Ту ба тангаҳои бештар меарзӣ. Шояд туро ин ҷо ба намоиш монда, ки қадрат боло бихезаду бо нархи гаронтар бифрўшад, фоидаи фаровон бардорад! Вай аз ҳамаи мо нукаронаш бештар манфиатҷўй аст дар асл!
Шоира ба андешаи дигар банд аст: аз одамони фароғатҷўи базми мутантан нигоҳашро барканда, менигарад ҷониби дигар, ки поёндасти боғистони азимро бурида мегузарад соҳили баланди рўдоба.
Чингизбашара шумури тангаҳои як ҳамёнро ба охир расонида, миёни линг гирифта, ҳамёни дигар аз бағал баровардааст, ки тангаи онҳоро низ шумурда, ба болои ҳисоби аввал зам бисозад. Фақат гоҳе ҷониби Шоира даст мебарад, ки ин ҷо бошад ё набошад?
Шумури тангаҳо идома дораду чингизбашара чунон мамнуну масрур мешавад, ки ҳаду ҳисоб надорад.
- Нагуфта будам а, ки ғанимати ман зи-ёд-тар! Ун каллабури якгўша мана фиреб дода-аст а!
Вале нигоҳи пуртаманнош соҳиби табарзинро намеёбад.
Зеро соҳиби табарзин ҷониби ҳоҷатхона рафта, ки зиёд хўрдаву ошомида, балки барои қазои ҳоҷат байни кадом буттазори дури поён, ки анбўҳ бошад, яъне чакалакзори охири кўшк бошад, даромадааст.
Чингизбашара бо нигоҳ якгўшаро мекобаду Шоира инро ҳис карда, нигоҳашро ба зин меорад, ки якгўша аз аспи кушта ғанимат гирифта буд, ин ҷо монда, то баъд бубарад. Шоира зинро кашидан мехоҳад ҷойи нишасти худаш. Чингизбашара боз дасташро қафо, ҷониби зонуи Шоира оварда.
- Ҳамёнҳои охира шуморам, баъд ба ун каллабури якгўша исбот мекунам, ки…
Вай дасташро боз ба пеш, яъне сўи ҳамёнҳо мебараду
Шоира зинро оҳиста ба ҷои худаш мекашад, балки ҷое, ки то ҳол зонувони худаш меистода; баъдан тани худро оҳиста қафо гирифтан мехоҳад.
Чингизбашара ба шумури тангаҳои қиматбаҳо банд бошад ҳанўз.
Посбонҳои дигар ба айшу нўш баста, бештарашон як ҷо ҷамъ омада, дуди бангро фурў мекашанд; ҳоло на танҳо кадом асира, балки худро ҳам аз ёд мебароварда, балки кайҳо аз ёд бароварда буданд…
- Ин ҳамёнҳо, - ба пешаш ва бағалаш ишора намудааст чингизбашара, - барои айшу ишрати оянда ва занбозии оянда лозим мешавад, - завқ мебарад. Зеро инро гуфта гўё барои
Шоираи думболаш. - Ё туро, Шоира, харидорӣ бикунам аз хон бо сарфи қисмате аз ин тангаву ғанимат ва қисмати дигарашро баъд сарф бисозем ба маишати худмон? Охир ту он қадар нозуку парисоӣ, ки ҳатто хони аъзам то ин ҷо овардан гуноҳатро бахшида буд чандин бор...
- лаҳзае ба андеша рафтааст. - Аммо пешакӣ бояд зикр бикунам: ҳарчанд хон нестам, бахшида натвонам гуноҳи занеро. Ягон гуноҳи занро… Инро бояд бидонӣ, ҳалқаи гўшат бисозӣ...
Аммо касе, ки бояд сухани ўро мешунида, набуд.
Яъне Шоира чанд дарахтро гузашта, бехи девори азим расида. Вале девори кўшк баланд метофту аз он гузаштан имкон надошт. Аз ин боис Шоира мерафт бех-бехи девор ҷониби поён, ба самте, ки дарё метофт ва охири боғро бурида мегузашт, яъне фақат ун ҷониби кўшки азим девор надошт, ки худи рўд садди табиӣ барин буд.
Чингизсумот ҳамёнҳоро аз нав ба бағал ҷо карду аз рўи эҳтиёт як даст қафо бурд, панҷаҳояшро ба як чизи лундаи ба сари зону шабеҳ расонд, дилпур гардид, яъне бори дигар зонуи
Шоира биангошташ. Як ҷониби хон нигарист, ки ба айши худ овора ва ин фурсатро истифода бурда, боз даст ҷониби қафо бурд, «сари зону»-и каси қафоро сила намуд, яъне боз ангошт қоши зин сари зонуи Шоира бошад.
- Ин хон ҳама гуноҳҳои туро бахшид-ъа, ҳол он ки ягон гуноҳи каси дигарро набахшида. Пас ман ҳам туро бояд бахшам ъа?… Хусусан, ки мисли ҳозира фармонбардор бошӣ, саркашӣ накунӣ, рў ба гурез наоварӣ, - дасташ, ки «сари зону»- ро сила мекард, баногаҳ ба пастхамии хонаи зин фурў бирафт.
Чингизбашара силтав хўрд аз ин ва ҳайрон монд, қафо назар биовард. Ҷойи зонувони Шоира бидид гарданаи зини аспро ва шигифташ бештар бигардид.
Худи Шоира набуд. Дар атроф ҳам наметофт. Ин дарк ҳамчу теғ бархўрд ба дилу ҷигари чингизбашара, ки танаш кашида бишуд, хаёли ширини ба пулу занбозӣ вобастааш, ғайб бизад. Ба атроф назар биандохт: ба чашмаш намерасид Шоира ҳеҷ.
Чингизбашара хез бизад, ба по рост бишуд, паси дарахтҳо бигзашт.
Шоира набуд боз.
Ваҳшату изтироб қиёфаи чингизсиморо фарогир бишуд.
- Боз гурехт-ъа? - ғурунгос бизад.
Осемасар мерафту намеёфт Шоираро, овозашро баландтар мекард:
- Гурехт-ъа!!!
Ба сари шипанги баланди кўшк ба гўши хон расид ин овоз:
- Гурехт-ъаа!!!…
Шоираро дар ҷойи собиқаш надид хон, дар паси буттаҳо ҳамчунин набуд духтари Истаравшан.
Он ҷо фақат чингизбашара худро осемасар мезад ба ҳар самт, мазмун дарёфтан мехост гумшударо. Вақти давидан ҳамёнҳош такон хўрда, бағалашро поён мекашид. Фақат ҳамёни охирин ҳанўз дар дасташ буд, яъне андохтани онро ба бағал аз ёдаш бароварда буд дар ғояти воҳима.
- Гурехт-ъа! - такрор мекард ҳамин суханро.
Ошуфтагии хон ба қаҳр бадал меёфт.
- Ман таъкид карда будам, ки ҳушёр шавед-ъа? Аммо ба пулшумории худ овора шуда-аъ... Падарсаго-о!…- аз вайрон шудани базм, ба тарафи дигар рафтани ҳуши ҳозирин безобита гардида буд хон, балки ба исён омада.
Аз тахт бархест, баъд якбора каҷкамони тиллодавонро, ки дар қолии қафои танаи девор ҳамроҳи чанд шамшер барои зеб ва ҳашам овехта шуда, назар бибурд, чанг зада онро баргирифт, чўбтирае, ки новакаш ҳамчунин зардавон буд, бардошт, зеҳи он пахш намуд. Нигоҳаш мекофт Шоираи фироркардаро, ки дарбиёбад. Шоирае, ки аз паси дарахте мегузашт паси дарахти дигари боғистон.
Хон зеҳи камонро сахттар баркашид, тирчўбаро рост намуд ҷониби Шоира, ки мегурехт.
Вале тирчўба оҳиста самташро дигар бикард, ҷониби чингизбашара биомад. Чингизбашара, ки ҳанўз Шоираро мекофт. Ранги чингизбашара, ки тирчўбаи каҷкамони хонро тарафи худ ростшуда дарёфта, мурда барин биканд. Яқин тир кушоданӣ буд хон ҷониби вай барои ғаниматро эҳтиёт накарданаш.
Даҳони чингизбашара бо ларза во шуду баробари ин аз даҳони нимвои ҳамёни дасташ ҳам тангаҳо бирехт.
Тирчўба боз якбора самташро дигар бикард, ҷониби
Шоира майл бисохт.
- Хело дур шуд, ба вай, акнун, намерасад тирчўба, - сухани хон дахл дошт ба Шоира.
- Вай ба дарё мераваду худашро он ҷо мепартояд, - шунида шуд тахмине. - Ё мемирад ё об мебарадаш…
Хон ларзида буд.
Дар ҳақиқат рўдоб барои Шоира наздик мешуд. Рўди азиму пуршўр ва печон.
Вале ҳамин вақт аз паси буттаҳои қариби соҳил бархоста буд якгўша; эзорашро мепўшид; яъне пурхўрии имрўза оварда будаш барои ҳоҷат ба ин ҷо, яъне сари кайфи банг ва кайфи зиёфати ғалаба ҳоҷатхонаро неву ин ҷоро, миёни буттадарахтони анбўҳро интихоб намуда, набошад вақти дигар мебуд, ҳеҷ ёрое намекард дар боғи азими хон чунин бикунад...
- До-ор-е! - фарёд ба вай нигаронида шуда буд.
- До-ор-е!
Якгўша саросема банди эзорашро бастанӣ шуд, вале фарёди амрмонанд маҷбураш бикард, ҷониби Шоира, ки ҳоло аз паҳлўяш гузарон мешуд, хез бизанад.
Шоира, ки парвардаи кўҳдоману боғот ва парвардаи талошу заҳмат буда, баробари тани худаш кашида мебурд якгўшаро. Кашида мебурд ҷониби рўдхона. Банди эзори якгўша аз дасташ раҳоӣ ёфта, вале панҷаҳои вай Шоираро раҳо намекард.
Эзори бандаш сустшуда поён мефаромад, нисфи зиёди зонувони якгўшаро урён карда, вале сар додан намехост духтари Истаравшанро, зеро аз дурӣ овози «сар натеъ а!» такрор мешуду меомад.
Соҳили баланди рўдоб битамом наздик мешуд. Шоира ба он гар мерасид, худашу соҳиби табарзинро меандохт ба коми об. Он гаҳ дарё худашу ин марди беэзормондаро печонида мебурд.
Аммо онҳое, ки аз қафо бо дав омада, имкон намедода
Шоира худашу соҳиби табарзинро ба коми рўд барафканад.
Чанд даст Шоираро боздошта буданд, баъд кашоламолон аз рўи эзори аз тани соҳиби табарзин фитода, гузаронда, аз соҳили рудоб дур бурдан мехостанд.
Соҳиби табарзин, ки аз миён поёнаш луч шуда, ҳанўз дар соҳили баланд, дар лаби ҷар, бо шикам хоб буд, бо чашмони ҳаросзада назар мебурд ҷониби поён - ба рўдхона. Рўде, ки ҳар ҷондор ба комаш биафтад, фурў кашида, печонда, ҳатто несту нобуд карданаш мумкин буд бо талотуми печони худаш…
Ин ҳолоти соҳиби табарзин завқи ҳозиринро, яъне базмиёнро зиёдтар карда.
- Аслан мардҳо эзори занро мекашанду эзори ина кашида бону-ъ! Ҳа-ҳа-ҳаъ!…
Аз оҳанги дигар дарёфтани воқеа хон оромтар гардида, худашро ҳам ханда гирифта буда, балки ин хандаро дигар дошта наметавонист, аз шиддати он такон мехўрд, вале дар ин ҳолат низ тирчўбаро аз зеҳи каҷкамон намегирифт.
Чун нигоҳи баъзеҳоро ба ин эҳсос намуд, ба забон омада буд ниҳоят:
- Ман тири дар камонбударо парондаам, ҳамеша! Ин одатам шуда!
Шоираро, ки миёни дастони сахтпанҷаи нукарон амсоли кабк питиррос мезад, рў ба рўи хон оварда буданд. Яъне барои амалиёти минбаъдаи хон шароит муҳайё шуда, ки тирчўбаро бипаронад ҷонибаш.
- Гунаҳкори дигарро низ наоварде-ед а? - суоли ногаҳону якбораи хон буд.
Ҳама донистанд, гуфтаи вай мансуб бошад ба чингизбашара, яъне ба нафаре, ки аз боиси бепарвоӣ зоҳир карданаш гурехта тавонистааст боз Шоира.
Ун нафарро ҳам кашола карда оварда буданд; дар ин кор соҳиби табарзин саҳми зиёдтар дошт, ки эзорашро ба бар карда буд.
Тирчўбаи каҷкамони хон ҷониби Шоира ва чингизбашара мерафт.
- Камонам як тир дораду бояд бизанад ба яке, - изҳор дошта буд хон.
Дар миён сукунати пуртўфон ҳукмронӣ мекард, фақат товуси пурхироми кўшк зебогии тирамоҳи зарринро месуруду таъкид мекард: ҳар дам ғанимат асту зиндагӣ ғанимат.
Аммо дар нуги чўбтираи каҷкамони хон марг ниҳон буд, ки гоҳ ҷониби Шоира майл мекард, гоҳ ҷониби чингизбашара.
- Ҳаа, тири ман ҳамеша беҷон карда ягон ҷондоракра!
Аммо гўё ба қароре омада наметавонист, ки ба кадом ҳадаф равона бисозад, ки майли тир гоҳ мешуд ҷониби Шоира ва гоҳ мешуд ҷониби чингизбашара.
- Ё Шоираро бубарам, дар ниҳоят, аз миён?…
Чўбтираи новакаш заррини каҷкамони хон парида буд.
Аҷиб, ки дами паридан бо як силтави хон самташро дигар ҳам карда, яъне ба чингизбашара расида буд, билохир, вайро ғалтонда буд, билохир, кулаҳи ҷангиашро аз сараш барканда.
Ҳангомаҷўён, балки соҳиби табарзин кулаҳхуди вайро бардошта буда, нуқтаеро нишон дода, изҳор мекарда: «ин ҷойи кулаҳа сўрох кардааст тирчўба!»
- Вале ҳамин кулаҳ ҷони варо харидааст ъа! - нидои хон буд.
Бо вуҷуди ин чингизбашара мурда барин дароз кашида мехобид.
- Уйй! Боз заҳрет кафида намурда бошӣ-ъа? - суол карда буд соҳиби табарзин. - Тир фақат пешониатро ғозида, ки намирад аз ин одамизод. Ё мурдӣ, ки тангаву ғаниматҳои зиёдат ҳар ҷо рехта, шуморааш аз ғаниматҳои ман камтар гашта?...
Чингизбашара, аз ин ларзида, чашм кушода, ба атроф дидаи ҳаросонашро дўхт, хоса ба тангаю ғаниматҳои ҳар ҷо рехтаи худаш. Кадом як ниҳеб ҳам баркашидан мехост ҳоло вай.
- Дар ҷанг ҷони даҳҳо касро мегириву наметарсӣ, вале барои як ҷонаки ночизакат ин қадар ваҳм кашидӣ а? Ё барои талаф нашудани чанд тангаат ҷон гирифтӣ бо-оз?
Ҳама механдиданд ба ҳоли ў ва барои ҳар чизи ин ҷо рўйдода.
Вале хон монда буд бо хислати хосаи худ:
- Нукари ман, ки вазифаи фармудаи маро фаромўш мекунаду ҳушёриро аз даст медиҳад, хавфнок аст нисбати рақибони ман! Инро бояд ҳар нукару ҷанговари ман бидонад, вагарна дафъаи дигар тирчўба ба косахонаи сараш халида, мағзашро парешон мекуна-ад! - хон гўё каме гузашт карда буд ба хотири рўзи тантана.
Баъд хон ба Шоира нигоҳашро оварда.
- Агар тирчўбаи дигари тиллоӣ ин ҷо мебуд ҷониби бонуи истаравшанӣ равона месохтам. Ҳамту не? Бонуи истаравшан ҳам бояд бидонад, гузашти мо беохир нест. Зеро барои хон байн вуҷуд надорад; ё кушад бояд ё бинвозад, - баъди таваққуфе афзуда буд: - Чун мо накуштемаш боз, пас бояд…
Ҳамагон ҳайрону нигарон буда, ки хон чӣ тур анҷом медода бошад ин ҳамаро?
- Балки ман барои худ маънии дигар дарёфтаам, акнун.
Яъне Истаравшан, ки пеши пойи ман сари зону зада, таслим гардида, ин бонуи истаравшанӣ ҳам бояд пеши поям сари зону занад, яқинтараш зери зонувони ман бошад ҳар шаб. Ин ғалабаи охири ман мешавад ба Истаравшан, ба саканаи он маҳал. Ё нодуруст қарор кардам чунин аа?!...
Ҳама ҳайратзада буданд, боварашон намеомад, балки эълони яку якбора ва ошкораи хон ҳозиринро маҳбут сохта.
- Зеро бонуи Истаравшан, ҳар қадар саркашӣ мекард, аҷибаш, ки зери дили ман бештар реша медавонд. Шояд барои он ки ман ҳам мисли ин… гоҳе шеъраке иншо мекунам… Вале дидаам шоиронро, ки аксарашон сустаку заифанд, гапдарову мадҳиягўянд. Аммо инаш…- ҷониби Шоира нигоҳашро оварда буд.
- Инаш амсоли шеърҳош якрав. Чунин нотакрор буданаш ба ман маъқул бишуд. Яъне ман барин саркаш бояд эътироф бикунад саркаши дигарро, эҷодгари асил эътироф бикунад эҷодгари асили дигарро. Ё нодуруст гуфтам а?
Хуллас тантана, ки чанде муқаддам ба назари ҳамагон вайроншудаю доғдор гардида буд, авҷи тоза мегирифт. Балки ҳама ба ҷумбишу хушҳолӣ омада буданд.
- Муборак шавад, а! Охир ин қадар сол бори аввал майли зангирӣ ва ҳамхонагӣ кардаанд хони мо! То ин вақт бонувони зиёдро фақат ҳамчу маъшуқа ё ҳамхоба пазируфтан мехоставу акнун бошад!...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё