Зеҳн
Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…

зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар чўлистон аспи хаставу беҳоле мерафт. Мерафтаву пешпо мехўрд гоҳе. Балки ин дафъа сахт пешпо хўрда. Соҳиби беҳолшуда ва сари зин хамхўрдаи худро такон дода.

Боз пешпо хўрда буд ва боз такон дода. Ва ин мувозинати савори беҳоли болояшро вайрон карда ва ҳарчанд бо як даст аз ёли асп панҷа андохта буд, яъне бо ин васила наафтидан хоста, вале шорида поён зад.

Асп тўрида, як қад парида, шиҳазанон канор баргирифта буда худашро.

\\\*

Дар боғистону кўшки азими хон чизи дигар буд. Яъне тарабу шодӣ барои арўс интихоб кардани хон.

- Тантанаи пирўзии ман бар Истаравшан то чанд рўзи дигар идома меёбад… Баъди он ҳам се рўзи дигар тантанаву зиёфат мешавад. Албат се рўзи пасин ба шарафи зангирии ман бошад! Зане, ки ҳар шаб, ба номуси вай ман ғалаба карда, бузургтарин ғалабаи зиндагии худам, яъне пирўзӣ ба саркаштарин шаҳри тоҷаконро ёд оварда, худро дукарата ғолиб бигуморам!...

Ҳаёҳуй боло хеста буд боз.

Хон таъкид карда:

- Хуллас базму зиёфату тантана идома меёбад барои ман ва ҳамаи шумоён! Яъне имкон бошад ғаму ғусса ва хастагиро то зарраи охири охираш шуста, берун карда тавонем. Яъне андаруни худро, хотири худро шустушў бикунем бо майи хунсон, - ҷоми азими дасташро такон дода буд дар ҳаво.

- Ё нодуруст гуфтам ъа?

- Билкул дуруст-е! - дод заданд базмиён.

- Давлати хон безавол бо-од-о! - таманно мекарданд дигарон.

Нидои базмпарастони ҳамешагӣ, шаробхорагони кайфиятҷў баландтар хеста буд.

Духтари Истаравшан бошад, бо ду даст рўяшро пўшонда: на танҳо ҳамчу ҳайкали малоҳату балоғат ба назар мерасид, балки, акнун, ҳамчу пайкари маъсумиву бадбахтӣ истода.

Ғумуми варо касе аз базмиён эҳсос намекард, балки эҳсос кардан намехост…

\\\*

Рўи чангу хоку реги чўлистон монда буда каси дасташ кўтоҳшуда, яъне Аржанг.

Асп аз вай дур рафта, ба кадом хорбутта даҳан мезад ва хоидан мехосташ. Бармеомад нафсашро, то ҳаде, бо ин таскин бахшиданӣ бошад, ки сахти сахт гурусна аст.

Дар чўлистон, ки гўё беохир метобид, дигар ҷондоре ба чашм намерасид.

\\\*

Дар кўшкбоғи азими хон идома дорад базму тантана.

Шоира миёни соҳиби табарзин ва нукарони дигар истода. Ба тую дабдабаи атроф менигарад, ки тантанаи марги худаш барин бибошад. Зўр мезанад, чораи гурез дарёбад ҷониби рўд ва худро барафканад аз он сарозер. «Мурдан афзалтар, нисбате ки бо хон бимонӣ дар умри боқимондаат!»

- Мо на танҳо ба гурехтанат имкон намедиҳем, балки ҳатто ба мурданат, - пичиррос зада соҳиби табарзин, акнун.

Зеро ту бояд зинда бимонӣ барои хони мо-оъ!

Чингизбашара, ки баъди тирчўба хўрдан гўё аз нав шахси пешина шуда, акнун аз бонуи Истаравшан, ки аз они хони зарринкулоҳаш мешавад, гўё даст кашидаву аз дур менигарист ҳайратзада ба ин ҳама рўйдодҳои макон.

\\\*

Дар дили ҳомун беҳаракат ёзида буд ҳамоно яке. Фақат чашмони вози хастааш ба қаъри фалак нигарон монда.

Бемораму ҷуз лутфи ў табибам нашавад,

Ҷуз ёду хаёли ў ҳабибам нашавад…

Шояд пеши назараш падид омада Шоира, ки пичиррос зада буд Аржанг чунин.

Бемораму ҷуз лутфи ў табибам нашавад…

Баъдан тоб мехўрад, то дасти ягонаашро ҷониби лаҷоми асп бубарад ва худро аз нав болои он бигираду роҳашро идома бахшида тавонад.

Асп аз вай дуртар шуда, кадом буттачаи чўлистонро даҳон мезанад, ки бо василаи ин гуруснагӣ ва ташнагии худро камтар бисозад.

Аржанг ниҳоят зўр зада, хестан мехоҳад.

Ин муяссар шуда будаш дар ниҳоят. Ва зўр зада, калавида ҷониби саманд рафта, онро боз даст гирифтан ва савор шудан мехоҳад.

Саманд аз калавида, кебида, ҷонибаш наздик шудани савори собиқаш, тўрида, худро канортар мегирад.

Аржанг ҳар қадар наздик бишавад, ҷонвар бештар дур меравад.

Чун Аржанг по ба по печида, мефитад, асп турида дуртар мегурезад.

Аржанги бемадор дигар хеста наметавонад. Балки дигар хестанаш бефоида, ки асп беҳад дур гашта.

Нигоҳи чашмони Аржанг аз аспи дур канда шуда, ба дили ғуборолуди фалак меғўтад. Шояд боз дар бораи Шоира фикр мекунад.

Дар синаи мо кӣ деви ғамро бикушад?

Кӣ дарди ҷудоиву аламро бикушад?

Ку рўи чу офтоби ў, то як дам,

Дар дидаи мо ҳуҷуми намро бикушад?!

Чашмони Аржангро нам гирифта.

\\\*

Дар шаҳристони хон ва кўшки азиму пурнеъмати вай

Шоира миёни соҳиби табарзин ва нукарон монда, ки дигар гурехта наметавонад. Ҳамоно ба тўйи худаш - бо тантана менигарад, ки барояш на тантанаи зиндагӣ, балки тантанаи марг барин метобад.

\\\*

Аржанги фитода ба дили фалаки ғуборгирифта менигарад.

Овози Шоира мерезад гўё бо пичиррос:

Вақте ки маро видоъу падруд кунӣ,

Ҳар буди маро бариву нобуд кунӣ,

Симурғ наям, ки расам бар сари ту,

Гар болу парам гирифтаву дуд кунӣ.

Чўлистони азамат ғайри як аспу як одами фитода ва аз ҳам дур ҷонзоде надорад дигар.

\\\*

Дар кўшки хон ҳама аз оби ангур, яъне шаробхорагӣ масруру хушком ва болида ва ширакайф метобанд.

Фақат Шоира бошад, ки дар косаи чашмонаш ҳалқа мезанад оби дигар ва он бошад ашки одамӣ.

\\\*

Аз кадом ҷониби дури ҳомуни гўё беҷон падид омадаанд ду шабаҳ, ва торафт мегиранд суроби одамиро. Балки мўйсафеди истаравшанӣ буда ва дарвеши ҳамраҳи вай.

- Мо ҳам амсоли Аржанг аз ин ҳомун гузашта меравем ҷониби марг, яъне ҷониби пойтахти хон…

- Вақте ки писараки навруста дар кўҳистон, пеши назари мо бимурд, пас чаро битарсем аз марг дар сине, ки дорем.

- Ту, ки дарвешӣ ва умратро ба дарвешӣ гузарондаӣ, ҳикмати маргу зиндагиро бештар бидонӣ.

-…Шояд…- ба андеша меравад. - Шояд… Вале баъзе гумон кунанд тамоми умри ман гузашта ба дарвешӣ…

- Пас ба чӣ гузашта бошад а?

Дарвеши солхўрда ба асои хосаи худ сахттар такя карда, гўё бо мадади он низ рафташро тезонида, сипас идома медиҳад:

- Балки аслан ман писари шоҳи Кашмирам…

Мўйсафеди Истаравшан нигаҳи пуртааҷҷубашро меоварад ҷониби вай.

- Чун роҳ тўлонист барои ба чизе мангирифт шудан, нақлашро меоварам.

Ва баъд идома медиҳад:

- Ҳа, ман аслан писари шоҳи Кашмир. Ва ҳамчу нахустписар менишастам бояд ба тахти вай. Падарам низ барои омода кардани ман ҳеҷ чизро дареғ намедошт. Вале китобу улум маро то тасаввуф кашонда буд. Дар миёни ақидаи сўфиёна дарёфта будам: меҳмонем ҳама рўи дунё ва мансабу дорамӣ арўсест, ки сад домоду талабгор дорад; ҳол он ки аз моли дунё зери замин як пора кафан бубарем ё набарем.

Тасаввуф ба ман боз фаҳмонда: як роҳгузарем, аз ин боис ба ҳама роҳҳои дунёи қадим қадам бимонем, муқаддам аз он ки тангии гўристон бишавад зиндони мо…

Хомўшона қадам мезанад муддате.

- Хуллас кўлбору асо гирифта, ба роҳ баромадам, ки талхиву шодии рўи оламро бичашам бевосита. Бародари хурдиам, ки ба ҷойи ман ба тахт нишаста буд, чанд нафарро ҳамроҳам бикард, то нигаҳбонам бишаванд дар роҳҳои пурпечутобу рўйдодҳои пурбало. Вале ину онро рад бикардам.

Охир чӣ дарвешӣ бошад, ки дигарон аз пайи ту овора бишаванд. Дарвешӣ ҳамон ки пушту паноҳ бишавӣ худат барои худат, балки барои мазлуме, барои дастнигаре.

Дарвешӣ ҳамон ки ҳикояи як мардумро, саргузашти онҳоро бубарӣ ва расонӣ барои мардуми дигар, то унҳо ҳамдигарро дарк бикунанд, ба якдигар ҳавас пайдо бисозанд, гар имкон бошад пушту паноҳи якдигар шуда тавонанд…

Ҳамин тавр нақли дарвеш идома меёфт, баробари ин тай мешуд миқдори дигар аз масофа.

- Баъд сари роҳи худ Истаравшанро дидаму балоҳои ба сари ин кишвар ва мардуми он омадаро шоҳид гардида, бетараф монда натавонистам. Хостам худам ҳамқисмати ин шаҳристон ва бошандагони он бишавам, чунон ки дарвешони мулки Офтобрўя ва мулки Шимол ба мадади инҳо расида.

Хуллас дар дифои Истаравшан солҳо ширкат доштам. Аз ин қавм, ки акнун бештарашон кушта шуда, аз шаҳрашон, акнун, қариб чизе намонда, дил канда натавонистам ва инак меравам боз барои унҳо, меравам шояд ба ҷониби марг… Қафо барнамегардам…

Ҳамин тавр чўлистонро тай мезада ду солхўрда, яке мўйсафеди Истаравшан ва дигар дарвеши Кашмир. Ва нигоҳи ба пеш дўхтаи унҳо муттасил тағйир мехўрд. Зеро дар чўлистони билкул холӣ баногаҳ ҷонвареро мушоҳида карда буданд. Саманди бесаворе буд.

Чун ду одам ба вай наздик шуданд, ҷонвар ваҳм кашида, худро баргирифта буд канора.

Мўйсафеди Истаравшан донист: аспест, ки Аржанг ба он савор шуда ин ҷониб омада. Пас худи Аржанг куҷо бошад?

Мўйсафед ва дарвеш кафи даст рўи абрўш соябон сохта, ба атроф дида медўхт, вале аз Аржанг нишоне намеёфт.

Ниҳоят мўйсафед аз кўлбор як дона биҳӣ бароварда, ҷониби саманд қадам барниҳод.

- Маъ, бўй бикашу бигаз, фурў бубар а…

Асп тўрида ҳамоно яктарафа рафтан мехост.

- Маъ, бўй бикаш… Ташнагиат мешиканад дар ин чўли тасфон!

Ниҳоят биҳии рўи кафи мўйсафедро бўй кашида буд саманд. Баъд онро кимир-кимир канда, хоида фурў мебурд.

Мўйсафед бо дасти дигар лаҷоми варо оҳиста баргирифт.

Баъд асп аз думболи мўйсафеду дарвеш қадам бармезад.

Аз рўи изи суми дар собиқ мондаи вай қадам мениҳода ҳамагӣ.

Нигоҳи ба пеш дўхтаи унҳо дар чўлистони нопайдоканор паси хомаҳои рег, ниҳоят, ҷисми ноҷумбони одамиро пайдо бикарданд...

Дарвеш аз камарбандаш обгина баркушода, ба лаби

Аржанг барниҳод.

- Фурў бубар а! Ин афшураи гиёҳу меваҳои кўҳ. Хун мешавад. Ин барои ту хело зару-ур!… Мо инро дар кўҳистон барои ту тайёр карда ҳамроҳи худ гирифтем. Зеро умед мекашидем, туро меёбем.

Мўйсафед латтаи дасти кўтоҳшудаи боғбонбачаро баркушод, аз кўлбори камараш кадом марҳам баровард, бо қиёми мўмиё омехта, ба он бимолид. Аз саллаи худаш боз порае бурид, дукаса ҷароҳати Аржангро печонда, барбастанд.

Баъд Аржанг болои асп буду мўйсафеду дарвеш мерафта аз ду бари саманд. Балки ҷониби шаҳристони дури хон қадам бармениҳода, балки ҷониби қисмати номуайян мерафта ҳамагӣ.

Дарвеши кашмирӣ таёқи хосаашро ба замини чўлистон сахт фишурда, андешаманду дар тааммул қадам бармегузошт.

\\\*

Бо чунин таёқи хоси дарвешӣ машқ мекарданд дар шаҳристони хон. Онҳо дарвешон буда, ки бо пешгарди худ ба кадом муҳорибаи ҷиддӣ омодагӣ мегирифтанд ва пири роҳнамои унҳо ба асояш такя намуда, бо тааммул ба кори шарикон менигарист.

пешина
аз 34
навбатӣ