Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…
зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа
Хон, ки масти шатара шуда, яъне таъсири шаробу банг ба сараш зада, калавида қадам бармениҳад ва долони дарози кўшкро тай зада, ба хобгоҳи хоса наздик гардидааст ва ин ҷо, дастаи нукаронро мушоҳида мекунад, ки чингизбашара ва соҳиби табарзин низ ҳамроҳашон бошанд.
- Ҳмм, гўё ман, як худам арўса саришта карда наметавониста боша-ам а? Яъне шумо барои ҳамин мондед ин ҷоъ?… Ё ин амалро бе шоҳидии дигарон карда на-ме-та-вонам магар?...- лакнати забонаш, ки аз боиси беҳад зиёд нўшидан ва чакидаро беш дуд додан пайдо гардида, ба осонӣ кушода намешавад. - Ё шумо ҳам зан надоред, ки назди унҳо биравед?... Ё гумон кардед ман ин ҷо метарсаму?... Мане, ки
Истаравшан барин шаҳристонро забт карда, аз рўи олам рўфта, пуф кардаму-у..
- кафи кушодаашро пуф мекунад ва ҳарчанд он ҷо чизе нест тамошо кардан мехоҳад, чӣ тур шаҳре ҳамчу чанг парешону нест шуда мераваду осораш намемонад.
Нукарони ба посбонӣ таъиншуда ба маънои «фаҳмидем» даст ба сари сина мондаанд.
- Ана, ин гапи дигар ъе! - ризомандона нидо мекашад хон.
Фақат соҳиби табарзину чингизбашара истодаанд ҳанўз.
- Шумо чӣ? - дўғ зада хон бо шиддат. - Магар нафаҳмиде- ед а? Албат медонам ҳар ду содиқтарин хизматгори ман! Вале акнун…
Чингизбашара меларзад аз ҳайбати хон ва соҳиби табарзин, яъне якгўша даст пеши бар қафорука рафтааст.
- Ана ин гапи дигар. Ман хилватро бихоҳам ҳолиё. Ҳаа, ин ҷоҳо бекас буданаш лозим… ки айни ваҷди висол фарёд бароварда шавад, яъне баҳазуртар фарёд зада шавад! – ва механдад. - Мехоҳам арўс ҳам дар авҷи васл бе ҳарос фарёд кашида тавонад… Яъне посбонҳои атрофро гуфта намешавад, ки бираванд унҳо ҳамчунин? Дигар душман надошта бошам, ки дифои ман зарур бишавад. Дигар зўри ҳеҷ кас нарасад ба ман! - дастонашро мушт карда ва ҳукм доштанашро нишон додан мехоҳад ва на танҳо барои ин ҷо будагиҳо, балки барои атрофиёни дур.
- Фармони шуморо мерасонем, хони аъзам.
- Якгўшаву чингизбашара! Ба шумо, магар дахл надорад гуфтаи ман, ки намеҷумбед? Ё зане нигоҳ намекунад баъди якгўша шудан ё барои чашмони танг? О, Шумо пул ғундошта овардед куу! Уна нишон бидиҳед, зан пайдо шуда меояд худаш, чунон ки гирди оташ парвона пайдо шуда!
Хон баъди дур рафтани охирин нукарашро мушоҳида карданаш, калавида ба утоқи хоса ворид мегардад, ин ҷо қуту муташ меканад аз дидани бонуҳои зиёд.
- Чӣ шумо бо арўс хобиданӣ? О, ин шаби халалрасонӣ будааст барои ман ъа!
- Ҳамин тур бикунанд аз рўи таомул шаби аввал, - зўр зада фаҳмонидан мехоҳад бонуе каф банди дил ниҳода. - Яъне ки наздики арўс будани бонуҳо лозим.
- Бе мадади шумо зери тан хобонда наметавонам магар арўсамро?
Бонуҳо низ даст пеши бар монда, майли баромадан мекунанд.
Дар андоми хон лабханде ба сайр омада, балки фарох мешавад, балки қоҳ-қоҳ мезанад, дар ниҳоят.
- Ана ин гапи дигар!? - каф ба каф мемолад хон.
Шоира паси пардаи тунуки чодар бошаду гўё ин ҳамаро эҳсос намекунад.
Нигоҳи хони танҳомонда меояд ҷониби вай.
- Шод шудани ту лозим нест оё? Охир на танҳо шоир, - ба худаш ишора месозад, - бо шоира-а,
- ба арўс ишора мекунад, - бихобад имшаб, балки шоира мешавад маликаи даргоҳи беҳамтое.
Мисраҳо низ ба забон оварданӣ мешавад:
…Аз ин бахти баланди хеш мастам,
Ки ман султони тахти ишқ ҳастам!…
Ба дастхати Шоира менигараду як варақи онро мебардорад.
-…Ба чашмам омадӣ, бар дил нишастӣ,
Туро, танҳо, туро ман мепарастам…
- Инро аз ин ҷо, - ба дастхати Шоира ишора месозад, - хондаму дилам гум зад. Яқин кардам барои ман навиштаӣ. Гўё ки пешакӣ медонистӣ, мешавӣ азони хони аъзам!
…Ба чашмам омадӣ, бар дил нишастӣ,
Туро, танҳо, туро ман мепарастам…
Беҳуда нагуфтаанд, ки халқи ту ҳама табиатан шоир. Аз таъсири шеъри қавми ту ман, ки бегонатаборам, шеър навиштам бо забони шумоён,
- аз тоқча китоби дастнависшуда мегирад. - Ана! Ҳоло фақат соҳиби як девонам ва фармудам инро нусха бардошта, паҳн бисозанд… Оянда бошад… бо мадади якдигар эҷод карда тавонем боз бештар. Балки девони якҷоя интишор кунем. Яъне дар ун ашъори ман, ки ба ту бахшидаам ва ашъори ту, ки ба ман бахшида шуда меоянд бари ҳамдигар… Масалан, ин мисраи эҷодкардаи ту ҳам:
Эй ёри ягона, гар набудӣ ҷуфтам,
Дар боғи ҷаҳон чу гул намебишкуфтам…
Баъд ҷавобияи ман меояд ана ин тур:
З-он пеш, ки баҳри ман биёӣ ба ҷаҳон,
Дар ишками модарам «Худо» мегуфтам,- аз чунин кашфиёти илҳом ба завқ омадааст.
- Бин чӣ хел олӣ! Аъ?
З-он пеш, ки баҳри ман биёӣ ба ҷаҳон,
Дар ишками модарам «Худо» мегуфтам!
Шоираи то ин замон дам ба дарун ду мисраи аввали қироаткардаи хонро зикр мекунад яку якбора:
- Эй ёри ягона, гар набудӣ ҷуфтам,
Дар боғи ҷаҳон чу гул намебишкуфтам!
- Вале инро… Инро ман навишта будам барои каси дигар...- иловаи шоира бошад.
- Каси дигар?...- хон ба ҳайрат омада аз шунидаи худ.
- Барои ҳамсояи худ навишта будам, барои боғбонбача…
Барои Аржанг…
Авзои хон тағйир мехўрад.
- Боғбонбача гуфтӣ? О, боғбон куҷову хони мулк куҷо-о- е?...- аз вазъият зўр зада берун омадан мехоҳад.
- Вале ман ин мисраҳоро бахши худ кардам, на вобаста ба он ки ба чӣ кас бахшидаӣ. Зеро ба ҳар кас бахшида бошӣ, вай дигар нест рўи замин. Ва ман бошам… Ман мондаам ин ҷо. Ва ҳар чизи дар рўи замин монда бояд хизмат бикунад барои ман…
Бо забони аз таъсири шаробу банг лакнатзада идома медиҳад вай:
- Хуллас… ҳаёти шоира бо шоир…- ба худашу Шоира ишора месозад, - бояд шоирона гузарад… Яъне:
Бубояд ёри шоир бошӣ, акнун,
Ба фармонаш ту ҳозир бошӣ, акнун!
Инро Шоира чӣ тур қабул карда, аҳамият намедиҳад хон.
- Минбаъд ташбеҳсозӣ ва ҳатто гуфтугўи мо бояд шоирона бигзарад!
Аз лаълии заррин, аз миёни анвои меваҳо аноре бармегирад боз, онро мефишорад, ки дарз оварад, ҷойи дарз торафт хунсон мешавад, яқинтараш шарбати донаҳои анор рў мезанад ба шакли чакра.
- Медонӣ инро ман ба чӣ ташбеҳ додаам? - ба дарзи кафидаву хунчакони анор ишора мекунад ва баробари ин ба завқ меояд хон. Ва завқи зиёд.
Шоира ба анори кафидаи хунчакон назар оварда.
Гўё ба чӣ ташбеҳсозии варо аллакай фаҳмидааст Шоира ва рангаш тағйир хўрда.
Хон аз хандаҳо бехуд мешавад ва бо тани пуртакон хуни ҷойи дарзовардаи анора мелесад бо забони аз ком баровардааш…
- Дар миёни қавми шумо мегўянд, шоир ба ҳар чизи дидааш бадеҳатан шеър гуфта натвонад, шоири ҳаққонӣ нест, - анорро байни кафаш сахттар пахш карда то қатраоби хунсон бештар рў бизанад: - Ина бин ъа!...- механдад: - Яъне наёфтӣ ташбеҳаша? Ҳоо, мегўям барои ту. Балки ин мисли пардаи бакорати наварўс аст, ки пораву хунаш чакон шуда… Чунин шуда аз чӣ ъа? - бехуд мешавад аз завқ. - Аз зарбу азамати миёни хон, яъне аз ман, аз васл ёфтани ман!
Шоира аз қатароте, ки аз анори дарзоварда рўи гилем мечакад, чашмони ҳайратзадаи худро канда наметавонад.
Сипас нигоҳаш болотар рафта, ба анор қарор гирифтааст, ки миёни ангуштони хон фишор мехўрад ва дарзу чокаш зиёдтар мешавад.
- Аммо ин анор… Ин анор ба назари ман…
- Шоира хомўш мондааст, ки гулўяшро кадом чиз гирифта. - Ин… Ин ба назарам дили ғамгини ман аст…
- нигоҳаш ба панҷаҳои фишурдаи хон қарор гирифтааст: - Балки ин дили мардуми шаҳри Истаравшани ман аст, ки аз дасти нокасон чунин шуда, яъне чоку барчок ва хунчакон гардида…
Ранги хон дигар гаштааст.
«Шояд беихтиёр баромадааст ин сухан аз забони
Шоира?» - ба вазъи пешина баргаштан мехоҳад, бо вуҷуди ин хон.
- Шояд ту гумон кунӣ, ягон бор, чунин шаккокиро накарда касе ба туъ, хони аъзам?…- Шоира чунин суол дода.
Ва нигоҳашро боз ба анор оварда, балки идома медиҳад:
- Дар ин нор гунбази афлок дидам,
Дарунаш пур, ҳама ғамнок дидам,
Ба рўшон аз ҳарире парда доранд,
Ба дил хун, дидаҳо намнок дидам.
Яъне ин гумбази афлокро бимонад, ки андарунаш пур аз хуни халқи ман аст, пур аз хунобаи дидагони мардуми ман; яъне қавме, ки ту баринҳо ба чунин ҳолаш расондаед.
- Ин ноз бошад ё шўхии арўсона-ъа? - панҷаҳои хон анорро аз қаҳри бештар фишўрда ва қатраҳо мечакад зиёдтар.
Шоира, ки аз қатраҳои хунсони анори чокшуда чашм намеканад илова месозад:
- Зи теғи золими ин хони ношуд,
Дили ҳар нозанинро чок дидам!
Хон пуршигифту пуризтироб менигарад ҳамоно ба
Шоира.
- Яъне?… «Зи теғи золими ин хони ношуд?..» - гуфтаи
Шоираро такрор мекунад. Ва муддате чӣ карданашро намедонад. Пасон нигоҳаш ба анори фишурдаи дасташ меояд, қулочкаш унро мебардорад, якбораву қулочкаш ва бо зарб бармезанад ба девор. Аз ин анор чанд ҳисса гардида, донаҳош пош мехўрад. Ба куртаи арўсии Шоира, ба чодари тунуки сафед, болои суфи бистар, ки барои арўсу домод пешакӣ густурда шуда, донаҳо доғҳои хунранг пайдо мекунанд.
- Ё хуни туро омезиш диҳам рўи ин бистар бо хуни анор?
- амсоли шери захмхўрда ғуррос мезанад. Бо дастони аз оби анор хунсоншуда аз гулўи Шоира чанг мезанад яку якбора, сари ўро боло бардоштаву кандаву ҳамчу анори дарзоварда ба фарши кўшк барзадан мехоҳад.
Балки вайро афтонда болои бистар ва чоки гиребонашро кушода, балки онро чоктар мекунад ва синаҳои мармарии варо берун мекашаду ба он даҳан мезанад ва даст ба сўи шалвораш ҳам бурдааст.
Шоира, акнун, ба таваллову зорӣ ва урзу маънӣ бигзарад шояд?...
Вале аз миёни лабони кашишхўрдаи вай чизи дигар берун меояд:
- Мурдан осонтар нисбате, ки ба ивази марги зодгоҳи худу мардумонаш бахшида бошам номуси худро ба қотили унҳо. Худи ту ба ҷойи ман мебудӣ, фикри дигар меомад ба мағзат?
Хон такон хўрда, зеро арўси гўё беҳолу пакар варо якбора аз болояш дур афканда тавониста. Сесаду шаст рагу паяшро якҷо намуда чунин карда.
Ва муддате лозим, то лакнатзада ифода карда бошад:
- Каллаи туро ба ҷойи хишт истифода мебурдам дар калламанори Истаравшан магар хубтар набуд-а?
- Дарди ун осонтар буд нисбати номуси худро додан ба хоне, ки манор сохта аз каллаи азизони шаҳристони ман!
Хон боз худро ба рўи вай партофтан хоҳад, балки ин дафъа арўс варо ба осонӣ аз худ дур афканда тавониста.
- Ман пагоҳ, назди мардум, забони туро мебурам… Баъд туро равон мекунам ҷониби Истаравшан, ки дар пояи калламанори ун ҷо банданд. Бале аз баҳри домодӣ мебарояму чунин мекунам. Барои он ки ҳар рўзу шаб калламанора
«тамошо» бикунӣ, аз мазмуни он ҷо бардошта, шеъре ба забон оварда натвонӣ, дар ин алам ҷон супорӣ… Магар дуруст намекунам ъа?
Хони маст гумон мекунад чашми арўс тарсаду саркашиаш камтар шавад ё сари зону бизанад пеши вай.
- Хубтар аст ин нисбати пайвастан бо кушандаи азизони ман! - ҷавоби арўс бошад.
- Балки забонатро аз комат канда гирифтаниам! Чӣ маслиҳат доданиӣ туъ?
Ба гулўи Шоира панҷа зада, даҳанашро кушода, забонашро ба даст гирифта, кашида берун оварданӣ мешавад барои буридан.
Вале шояд аз боиси масти шатара будани худаш ё шояд аз боиси чарту қавию пур аз нерўи ниҳон будани арўс зўраш намерасад.
Балки Шоира яку якбора дасти хонро, ки миёни дандонҳои вай дароварданӣ буда ва забони варо панҷа зада, берун кашиданӣ ва канданӣ буда, дандон мезанад. Сахту дарднок газидааст чунин.
- Уҳҳеъ! - дасти хунсоршудаи худро халос карданӣ мешавад аз миёни дандонҳои Шоира. Баъдан дасти захмгирифтаро афшонда, тоб хўрда, ба хуни рўйзада нигариста, яқин ҳис мекунад зўри як худаш нарасад ба ин шоираи саркаши шаҳри саркаш. Яъне барои забони ин духти
Истаравшанро аз комаш баркашида, кўтоҳ кардан, шоф надораду ханҷар, ки ба арўсхона даровардани чунин чизҳо одат набошад.
Хун мечакад аз захми дасти хон чунон ки пештар мечакид аз анори чоккарда ва фишор овардааш.
- Ой, посбоно-о! - фарёд мекашад хон. Яъне ҳис мекунад як худаш оҷиз монда нисбати ин бону.
Посух намеояд.
- Куҷоед? - фарёд мекашад аз нав.
Чун посух нест чизе ба хотираш мерасад:
- Ҳоо, ман ҷавоб дода будам унҳоро, ки бираванд а…
Ба дасташ, ки Шоира газидаву хунчакон шуда, нигариста, миёни ғазаб дармегирад, балки калавида берун рафтанӣ мешавад.
- Не, ягон посбон бояд монда бошад аа? Макони хону чӣ хел бе посбон а. Ақаллан як-ду нафар мемонда-нд?…
Посбонҳоро дарёфта, даъват кардан мехоҳад.
- Биёед ва ё биоваред баром шо-оф! - ниҳеб мезанад. -
Ман буриданӣ бо унҳо забони арўсака. Баъд ин лабамро ба лабаш монда хуни ун забона макиданӣ. То охирин қатраи вайро фурў бурданиам бо бўсаҳо… Бигзор ин бўсаи висоли мо шавад ва бўсаи вопасин ба лаби ин арўс!
Ҷавоби посбонҳо намеояд ва хон ба иловаи ин ҳис мекунад, аз дарун дар якбора маҳкам шуда. Яъне арўс чунин кардааст. Роҳи даромадро ба сўи хон бастааст. Зеро дарро тела медиҳаду мекўбад, вале кушода намешавад. Ин бештар девона месозад хони аъзамро.
- Ой, посбоно! Куҷоед шумооъ?...- ниҳеб мезанад боз.
Чанд посбон андаруни боғи кўшк, балки дар гўшаи басо дур ба назар мерасанд, ки гирди гулхан нишаста, аз бозмондаи тантанаву тўй лаҳмакҳои калони гўштро канда мехоянд ва ҳар яке кўзаи шароб дар даст дорад ва лаби онро ҳар гоҳ ба лабашон монда, мемакад, яъне барои идомаи маишат ин ҷо монда чанд нафари дигар пинҳонӣ.
Хон, ки калавидаву шитобзада, ба онҳо наздик шуда, нидое дармекашад:
- Эй аз ман масттар шудаед ку… Ҳол он ки ёрдаматон зарур бу-уд! Хеста метавонед носерамои ишратпара-аст?
Посбонҳо гўё намешунаванд ё дарк намекунанд рўйдодаро.
Кор то ҷое мекашад, ки шамшери якеро кашида гирифтааст хон ва ба кўзаи даҳану бағали унҳо мезанаду мезанад. Маълум нест аз даҳану бағали онҳо хун рў зада ё шароби сурхранг берун заҳида аз кўзаҳои шикаста.
Нукарон бештар пакару гаранг мондаанд.
- Мехезед ё не?!
Посбонҳо зўр зада, хестан мехоҳанд аз тарси шамшери дасти хон, вагарна он қадар шароб хўрдаанд, ки ҳаргиз хестанашон намеояд…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё