Зеҳн
Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…

зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шоира ҳанўз дар хобгоҳи хос монда, яъне дар гўшаи дигари ин боғкўшки азамат монда. Дар ҳуҷрае монда, ки барои шаби висол ороставу пероста гардида буд. Дар ин ҷо, акнун, забонаш бурида мешавад чун баргардад хон… Яъне хуни бакораташ неву хуни забонаш бирезад. Баъд шояд ба бакораташ низ кордор бишавад ун хон.

Шаббодаи тирамоҳ пардаи равзанаи кушодаро бардошта, ба рўйи рангпаридаи арўс, ки арақи сард пахш кардааст, бармезанад.

Ин назари вайро мекашад, оҳиста, ҷониби равзана.

Ҳарчанд равзана баланд аст, вале аз ин фаромадан мумкин аст оё? Яъне ин иморати азими кўшк дар бари кўча истода. Ва дар ин тараф, яъне пушти иморат ва наздики он посбонҳо ба назар намерасанд, ки ҳамаи онҳоро худи хон ронда буда дар дили ин шаб…

Аммо пушти иморат бо чӣ фаромадан мумкин аст, яъне ба рўи кўча бо чӣ фаромадан мумкин?

Чанд посбон, ки хон бо тасодуф пайдояшон карда буд, ҷониби кўшки азим меомада ҳолиё. Басо калавидаву такон хўрда меомада, ки масти шатара буда.

Назди равзанаи хобгоҳи хоси кўшк ҳанўз истода буд арўс, аз пардаи равзана бо ангуштони кашишхўрдааш дошта, балки ғиҷим карда, гўё бо ин ба сиёҳтар шудани тақдираш тан додан мехоста духтари саркаши Истаравшан. Ба қисмат тан доданӣ буд гўё.

Хон, ки ба кўшк наздик мешуд аз посбонҳо пеш гузашт, ҳарчанд калавида ҳар сў мерафт ва посбонҳо ҳад намекарда варо доранд ё пеш гузаранд. Шояд хон худаш бо шамшерханҷари қабзааш ҳама чиро ба охир расонданӣ вобастаи арўсаш…

Шаби пурасрори олам пурмуаммо метофт ҳолиё дар атроф.

Хон дар даст шамшерханҷари урён калавида меомад дар долон, ба хобгоҳи хосааш наздик мешуд. Баъд дари онро мекўфт бо дастаи шамшераш.

Назди равзанаи хобгоҳи кўшк истода буд арўс, аз пардаҳои равзана бо ангуштони кашишхўрда медошт ҳамоно, балки онҳоро ғиҷим мекард боз, гўё бо ҳамин ба тақдиру сарнавишташ тан додан мехост. Дигар чӣ ҳам монда буд барои вай?

Зарбаи ба дар кўфта шудани дастаи ханҷар ва ба он бархўрдани тани нукарон на танҳо дарро, балки Шоираро такон ҳамедод.

Дар, ки аз зарби тани нукарон меларзиду ғиҷиррос мезад, дар ниҳоят, кушода бишуд ё канда бигардид ҳамроҳи ғалақаву занҷираш.

Нукарону хон ин ҷо ворид шуданд.

Нигоҳи хон ба доғҳои сурхинаи тани чодар ва рахти хоб ва донаҳои парешони анор бирафт. Матои сафед, ки болои он хон бояд бокираи Шоираро мегирифт, хуни духтарии варо мерезонд, аз асари донаҳои анор доғдор шуда. Балки ҳоло ба нўги матоъи дигар бастагӣ буда, балки ҷониби равзана нишеб гардида.

Хон, ки духтари шаҳри кушташударо мекофту аз ин ҳўҷра намеёфташ, гўё ҳушёр мешуд, чашмашро калонтар кушода, ба равзана назар мебурд, ки пардаву матоъ аз он берун кашола шуда.

Хон аз равзана поён назар бурда буд ва касеро намедид.

Ҳанўз чашмони масташро калонтар кушода, соз нигаристан мехост.

Ва баногаҳ дар дурӣ чизи сафедчатоб мушоҳида намуд, ки дар хамгашти кўча панаҳ гардида, балки гум шуда. Ва магар набуд вай арўс?

- Даст гирифта метавонед ъа? - баногаҳ фарёд зада буд ба сари нукарон хон.

Ва нукарон, ки ҳушёр шудан мехоставу наметавониста, суоле ба миён партофта:

-…Чиро гирем а?...

Хон, ки бо таъсири ғазабу эҳсоси фузуда аз банди шароби мардафкан берун мешуд бо дасти шофкардааш, балки шофханҷараш ҷойи дури берунро нишон медод, балки кадом чизи он ҷо бударо ишора мекард:

- Даст гирифта метавонед ъа?! - дод мезад ҳамоно.

Чанде баъд посбонон паси девор, балки паси иморат буданд, яъне ҷонибе, ки хон ишора мекард ҳанўз аз равзана.

Вале арўс наметофт дигар.

- Аз даме, ки бо ин бонў вохўрдем, фақат мегурезаду мегуреза-ад…- изҳор карда буд нукаре.

Ва нукарони маст, ки дар кўча медавида, чанде баъд як чизи сафедрангро мушоҳида намуданд. Он чиз дар гардишгоҳ тоб хўрда буд.

Ва нукарон чун давида аз хамгашт тоб хўрданд ба тани сафедпўш барзаданд, балки донистанд маркаб бошад. Яъне маркаби сафеди ҳайдав буд.

- Шояд ба кўчаи дигар гузашта бошад арўс ъа? - тоб хўрда, ба кўчаи дигар ворид шуданд нукарон.

Тангкўчаи дигарро ҳам тай зада буданд.

- Нест, - изҳор карда буда яке аз унҳо.

- Шояд ба кўчаҳои шаҳр пароканда шавем ъа?!

Нукарон ду-се нафарӣ дар кўчаҳо медавида.

Вале дар кўчаҳо касе, ки думболагираш мешуда, набуд.

Балки кўчаҳои шаҳристон холӣ метофт.

Балки кадом чашмоне аз бари таёқ мепойид ин ҳамаро.

Магар аз бари таёқи дарвешӣ назора намекунад ин чашмон ҳама рўйдоди ин маконро?

*

Арўс мерафт дар кўчаи тамоман дигари шаҳристон.

Мерафт бо либоси арўсӣ. Бештар бо сояи девору дарахт мерафт, зеро дигар қисмати кўчаро анвори маҳ рўшан дошта.

Яке аз дарвозаи девораҳои атрофи шаҳр намоён гардид, ки посбонон кушода мондаву хобашон бурда. Ба ғофилхоб рафтанашон шояд аз асари айшу шаробхорагии базми думболадори хон буд.

Шоира ҳоло ҷониби ҳамин дарвозаи бозмонда рафтан мехост, то битвонад берун шавад аз шаҳристон. Ва ин берун шудан то ҳаде наҷотро мемонд.

Баробари ин ба назараш бирасид, дар ун самт чанд нукар бо шасту валвала наздик мешавад ба ин дарвоза. Баъд нукарон радду бадал мекарданд бо дарвозабони бедоркардаи худашон ва ҳамроҳи вай дарвозаи дутабақаи азимро пўшонидан мехостанд осемасар.

Шоира, ки аз панаҳҷо инро ба мушоҳида гирифта буд, фаҳмида: ун ҷониб рафтан натиҷа намедиҳад дигар, балки басо хатархез шудааст.

Кобандагон ҷонибе баргашта меомаданд, ки Шоира панаҳ бурда.

Шоира аз соярў набаромада, қафотар кашида буд танашро.

Кобандагон наздик меомада.

Шоира дар ковокии бехи девори байни хонаҳо худро пахш намуд.

Ҷўяндагон бо дав меомада.

Шоира бехи девор сахттар бичаспид.

- Ҳуу, ин ҷо сафедие ба чашм битофт…

- Ҳозир ба чашми мо ҳама сафедӣ арўс тобад. Барои он, ки мисли хон зиёд нўшидаем, дуд ҳам додаем…

Баъди гузашта рафтани унҳо низ арўс дар ковокии девори бино чанде истода буд. Баъд берун биомад. Лаҳзае чӣ кор карданашро ва кадом ҷониб рафтанашро намедонист, баъдан таваккал аз сояҳо берун гашт, роҳашро идома бидод.

Хамгаштро тоб хўрду ба кадом як кўчаи дигар гузашт.

Боз нукарон пайдо шуда. Акнун беибо ва аниқ думболагирӣ мекарда арўсро.

Аз кўча ба кўча, аз тангкўча ба тангкўча мегузаштанд.

Боз сафедпўши гумкардаро пайдо намуданд, аз думболаш давиданд. Аммо чаро асо дошт сафедпўш ва куҷо ғайб зада?

Боз сафедии дигарро пайдо карданд як вақт.

- Ана боз либоси сафедро дидам ъа! - нидои шодиомези нукаре буд.

- Дидани пешинаат барин набошад а?

- Не ъа? - рост ҷониби арўс мерафт нукар.

Гўё арўсро ба даст гирифта, ҳамроҳонашро даъват карданӣ мешуд. Арўс ҳам дар кўчаи пешбаст суст гашта акнун чӣ кардан ва кадом самт рафтанашро намедонист. Пас нукар варо, дар ниҳоят, даст гирифта тавонад.

Вале нукари тамоман наздикшуда ногаҳон оҳ кашид ва ё нолаи паст баровард, суст гардид, пеши пойи арўс ғалтид.

Варо арўс не, балки яке зада. Зада гўиё бо қубаи таёқ.

Вале нукари дигар ҳам ин сў меомад.

Ин нукар ҳам аз зарби таёқ биафтид.

Таёқбадаст ба сари арўс кадом матои сиёҳ биандохт, шояд барои он, ки бо сиёҳии шаб ҳамранг бигардад ва ба чашми нукарони дигар натобад.

Барои он ки арўс аз ҳаяҷону тарс овоз набарорад, даҳони варо пахш намуд таёқбадаст. Арўс печалак зада, халосӣ ҷустан мехост. Вале таёқбадаст, ки қавию оҳанпанҷа буда, сар намедод вайро. Балки баъди гузашта дур шудани нукарон пайкари арўсро сўе кашид. Магар чингизбашараи ба вай ошиқшуда набуд, ки пайдо шуда бо чунин намуд?

Балки нукари дигарро ҳам, ки аз думболаш шудан мехост, зада афтонда буд таёқбадаст.

Хуллас Шоира ба дасти нукарон неву ба дасти дигаре гирифтор монда. Балки ин нафар кашида, ба рахнаҳои миёни кадом биноҳо даровардан мехост ўро ва чанд монеа ва саду печ ва рахнаи дигарро гузашт, ба кадом кулба ворид бишуд билохир.

Ҳарчанд Шоира ҳанўз дасту по меҷумбонд, халос хўрда наметавонист, ки чодари сиёҳ танашро сахт печонда буд: ин магар аз борон гурехта ба тарноб дучор шуданро надорад?

Яъне аз хон гурехтану ба дасти дигар гирифтор гардидан?

*

Машъала месўхт дар ин хонадон. Балки хира месўхт.

Назди он касе меистод, ки ҳамчунин нимаён ба назар мерасид.

Ин шахс аз сари нафари ба хонадон воридкарда матои сиёҳгунаро баргирифт.

Шоира, ки якбора озод шуда буд, хез зада, ба кадом як таёқ, ки бехи девор меистод, чанг андохта, баргирифт, бо он худро муҳофиза кардан мехост ё заданӣ мешуд ба сари рабояндааш.

Каси ин ҷо буда оташи машъаларо баландтар бикард.

Қиёфаи ошуфтаву пурҳаяҷони арўс, ки таёқро бардоштаву заданӣ буд, торафт пуршигифту ҳайратзада мешуд.

- Ба инаш ҳам бовар надорӣ а? - суол дод касе, ки оварда буд вайро.

Назди пилтачароғ меистод оне, ки як дасти кўтоҳ дошт ва рангаш кандагию коҳида. Оё Аржанг набошад, яъне ҳамсоябача аз Истаравшан? Ва чӣ тур ин ҷо пайдо шуда, ки чандрўза роҳ бошад дар миён? Ё шояд ин ҷо ҳам шаҳристоне бошад мансуби хон? Шояд яке аз ҳуҷраҳои гиливу хоксоронаи ягон канораи он бошад?

Касе, ки дар қафо меистоду варо ин ҷо оварда, дарвеш буда, яқинтараш сарвари дастаи пархошгари дарвешон.

Балки дарвеши мўйсафед ҳам буда дар канортар, яъне ҳамоне, ки охири умри худро гузаронидан мехоста дар

Истаравшан.

Боз як мўйсафеди истаравшанӣ ҳам буд.

Илова дарвеше буда, ки на танҳо мўю риш, балки абрўву мижгонаш сап-сафед гардида…

Вале инаш пешвои дарвешони мулки Офтобрўя буд.

Шоира ҳанўз нобовар менигарист ҷониби Аржанг.

Магар ин хобу хаёл бошад?

Балки менигариста ҳар ду ба якдигар ва бовар намекарда ба ин.

Вале:

Бўят зи димоғи ман нарафтаст ҳанўз,

Барги ту зи боғи ман нарафтаст ҳанўз.

Ҳамсоябача Аржанг ва Шоира ба ҳам часпида буда, дар ниҳоят.

Ашки унҳо ба китфи ҳамдигар мечакид, балки бари рўи ашколудашон ба ҳам часпида.

Бўят зи димоғи ман нарафтаст ҳанўз,

Барги ту зи боғи ман нарафтаст ҳанўз…

пешина
аз 34
навбатӣ