Зеҳн
Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…

зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар пойтахти хон ҷанги миёни лашкари хон ва дарвешон идома дошт.

- Дарвешон наметарсанд аз маргу нестӣ. Шумо ҳам наметарсед магар нукаро-они хон?! - нидои дарвеши пиру роҳнамо буд. - Хоса баъди куштани аҳолии Истаравшан ба дилатон пайдо нагашта магар пушаймонию ҳаросе? Ё хуб нест, ки гузоред силоҳи худро, то бештар нарезад хуни ноҳа-ақ?

Нукаре, ки хон аз беруни шаҳр фиристода буд, аз чунин ташвиқ хавотир гардида, ҷангкунон ба пиру роҳнамои дарвешон наздик мешуд, ҳатто ба вай шамшер задан мехост.

- О, ин мард бародари модари хон а-ст,

- огоҳ кард яке.

Балки ҳамоне буда, ки дастнависҳои Шоираи Истаравшаниро дарёфта, ба хон пешкаш карда, баъд мусоидат намуда то хон дар амали худаш бо дарвешон андак ба инсоф биёяд ва эътибори онҳоро риоя бикунад.

- Ман бошам, супориши хонро иҷро мекунам…- овози фиристодаи хон буд.

Дарвеши пир аз дами шамшери вай захмӣ шуда, вале фиристодаи хон бо шамшер заданист боз бар вай.

Монеъгари ин кор, яъне муққараби хон, бо шамшери худаш зарбаро бармегардонад.

Миёни ў ва фиристодаи хон шамшерзанӣ шиддат мегирифт.

Фиристодаи хон ин нафарро захмӣ карда афтонда, гузашта буд, ки ба пири роҳнамо аз нав шамшер занад ва ин дафъа ўро маҳв созад. Вале ин нафари фитода, яъне наҷотгари

Шоира дар Истаравшан, тамоми зўрашро якҷоя намуда, шамшерашро партов карда буд. Нўги шамшери парида, ҳаворо бурида, ба тахтапушти оне, ки ба пири роҳнамо захми дигар заданӣ буд, бихалид. Ин варо такон дода, суст карда, биафтонид.

Пешвои солхўрда, ки китфаш хунрез бошад, даст ба мадад кушода буд аз нав ҷониби осмон.

- Ба дарвешони роҳи худат мадад бинмо, Худовандо!!!…

Шамол шиддат гирифта, чангу боди бештарро боло мехезонд. Балки тўфонбодест ҳолиё.

- Худо ғазаб кард барои куштани дарвешон! - фарёд мезанад каси шамшерхўрда, ки аз муқаррабони хон бошад, вале ҳимоятгари пиру пешво шуда, балки ҳамонест, ки як вақто дастнависҳои Шоираро дарёфта, ба хон дода, боиси наҷоти вай шуда. Ва ин нафар ҳолиё аз рехтани хуни захмаш нигоҳ накарда, фарёд бармекашад: - Дигар накушед, а, дарвешо-онро! Накушед дарвеш, ки қаҳри Худо меояд аз ин! - нидои вай бемадор ва пасту ношунаво мегардид аз рехтани хуни бештари танаш.

- Дигар накушед дарвешонро-о…

Вай аз гап мемонад дар ниҳоят.

Балки фавтидааст, билохира.

Куштор идома дорад ва найзаву ханҷару тирчўбаи камони нукарон зиёд равона шуда алайҳи дарвешон.

\\\*

Дар чўлистон медаванд аспоне, ки ду нафарро мебаранд, яъне Шоира ва Аржангро.

Ҳамчунин аспоне медаванд, ки думболагир шуда ин ду гурезаро.

\\\*

Онҳое, ки дар шаҳристони хон тавба накарда ва дарвеш мекушанд, бехабар бошанд, сари бораҳои атроф падид гашта дарвешони тамоман дигар. Балки зиёд мешаванд дар шумора, ки аз паси девораҳои азими гирдогирди шаҳристон боло меоянд бо расанҳо ва дигар василаҳо.

Аз сари бораҳо дида мешавад, ки аз роҳи мулки Шимол меоянд дарвешон.

- Ба гўши мо дарвешони мулки Шимол расида, ки ба сари Истаравшан чӣ бало оварда хоне. Ин моро аз мулки худамон берун кашида сўи Истаравшан мебурда, вале дар роҳ фиристодаи шумо расиду маълум кард: чӣ маҳшаре бошад дар мулки Офтобрўя… аз ин боис майл кардем, ҳадаҳа, ба ин ҷониб…

Гўяндаи ин суханҳо пиру роҳнамои захмхўрдаро, яъне тағои хонро, ки сари зону афтода, бардошта, ба по рост кардан бихоҳад.

Ҷанг шиддати дигар гирифтааст дар шаҳристони хон, ки дарвешони наврасид ба ин ҳамроҳ шудаанд.

\\\*

Мўйсафеди истаравшанӣ бо дарвеши ҳамроҳаш ва чанд дарвеши дигар ба зиндоне ҳуҷум карда, ки он ҷо асирони оварда маҳбус бошанд.

Нукарони хон ин кўшку зиндонро доданӣ нестанд ба ҳуҷумгарон.

Асирони истаравшанӣ ҳам аз даруни зиндон дару панҷараро зўр зада, ҷудо карда ва кандан мехоҳанд, ҳарчанд ин осон нест, балки номумкин метобад ҳоло.

Нукарони хон аз халос шудани бандиёни Истаравшан сўхтани унҳоро авлотар дониста, ки ба иморати зиндон оташ дарзадаанд.

Мўйсафед ва дарвеши солхўрда ва чанд дарвеши дигар меҷанганд бо нукарони берун, ки оташ зиндонро пурра фарогир нашуда, ба он расида тавонанд, дару равзанаҳоро бикшоянд, то асиронро наҷот бахшидан имконпазир гардад.

Асирон аз дарун низ ба валвала омада, дару равзана ва панҷараҳоро шикаста берун омадан мехоҳанд. Оё ин муяссарашон мешуда бошад?

Хуллас ҷангу оташпечу талоши наҷот идома дорад чунин.

\\\*

Дар чўлистон равона бошанд аспоне, ки Шоираву

Аржангро мебарад ва ҳамчунин равон бошанд дар дурии дур хингоне, ки аз пайи таъқиби онҳо шуда.

Ва хон дар қаҳр асту изҳор медорад:

- Пеши назари якдастаи ошиқаш ба висоли арўсак бирасам, бокираи миёни лингони ўро пеши назари ун ошиқаш пора кунам. Баъд олоти миёни линги ун якдастаро бурида худи вайро ҳамроҳи арўс бубандам тани калламанори

Истаравшан. Бигзор он ҷо шеърҳои вопасин ва таронаҳои охирини худро ба миён оварда тавонанд ду ошиқи шайдо, ки дигар ҳаргиз ба васли якдигар расида натвонанд. Ё нодуруст мекунам ъа?

- Сазояшон ҳамин! - тасдиқ созанд ҳамроҳонаш. - Балки нодиртарин ҷазо бошад, ки фақат Шумо тавонед чунинашро ёфтан!

\\\*

Ниҳоят аз миёни ғуборҳо Истаравшан ба чашм расидааст.

Балки ба чашми Шоираву Аржанг расидааст.

Балки калламаноре ба чашм расида, ки ҳамчу нишони марг худнамоӣ дорад.

Шоираю Аржанг назди калламанор истода, ки боди чанголуд миллаҳои аз андовалой берунмондаи арўси нокомро меҷумбонад.

Ва ин ду каси ин ҷо расида, ҳарчанд дуову фотиҳа намекунанд, вале дуои фотиҳаашон мерасад ба гўш.

\\\*

Бегоҳи хоси Истаравшани валангоршуда.

Балки шом расида.

Ҳавлибоғи дар ҳамсоягӣ ҷойгиршуда, яъне манзилгаҳе, ки дар собиқ дар яке Шоира шеър иншо мекарду аз ҳавлибоғи дигар, аз сари девор Аржанг инро шунида, бо оҳанг кашида, тараннум менамуд. Пештар ин ҷо аз овози зиндаҳо моломол буд, ҳолиё бошад ҳукмронӣ дорад ҳолати ҳузнангез ва пурсукут. Меваҳои рехта рў ба туршӣ ва гандидан овардаанд дар тамоми боғистони ин ҷо.

Шоираву Аржанг ба ин манзар менигаранд…

\\\*

Миёни тирагии шаб ҳанўз асп меронанд хону шариконаш. Балки бештар тозиёна мезананд аспҳои хастаро, ки дарёб ва дастгир карда тавонанд ба зудиҳо Шоираю

Аржангро.

Ё шояд хону дастааш роҳгум зада дар чўлистон, ки аз гурезаҳо, то ҳанўз, нишон намеёбанд?

\\\*

Дар айвони боғхона ду кас ёзиданд. Яъне Ааржангу

Шоираи хастаю беҳол.

Дурудароз беҳаракат монда паҳлўи ҳамдигар.

Дар атроф шабистони хоси Истаравшан ҳукмрон аст.

Балки Истаравшани холиву бекасшуда мондааст зери пардаи асрори шаб.

-…Зўри як ману ту камӣ мекунад барои зинда кардани ин шаҳристон…

- пичиррос мезанад ниҳоят яке.

-…Афсўс, ки ҳамин тавр…

- Барои ин ҷоро зинда кардан насли нав лозим аст.

-..Ҳоо...

\\\*

Дастаи савороне меомада ҳанўз ҷониби Истаравшан.

Яъне ба самти маконе, ки дар он монда Шоираву Аржанг.

- Пеши назари якдастаи ошиқаш ба висоли арўсак бирасам, бокираи миёни лингони ўро пеши назари ун ошиқаш пора кунам. Баъд олоти миёни линги ун якдастаро бурида худи вайро ҳамроҳи арўс бубандам тани калламанори

Истаравшан…- эҳсоси ғазаболудашро дошта натавониста изҳор медорад хон аз миёни тақотуқи суми аспон ва ҳиш-ҳиши канда-кандаи нафасгирии онон.

\\\*

Хон огаҳ набуда, ки ин ҳангом Аржанг, бо дасти ягонааш, бари рў ва мўйҳои парешоншудаи сари Шоираро навозиш мекунаду сила.

Балки бўсида буда вайро дар ниҳоят.

Балки ҳар ду мебўсиданд ҳамдигарро, акнун.

\\\*

Дастаи саворони дигар меомада ҳанўз ҷониби

Истаравшан.

Пешопеши онҳо медавида аспи хон.

Ва бисёр саросемаву дар қаҳр буда хон, ки боз қамчин мезад ва қамчин бар саманди зери пояш.

\\\*

Ба ҳам мепечиданд Аржангу Шоира дар Истаравшан.

Балки худи онҳо бехабар буда, ки чӣ тур шуда ва чӣ тур печида унҳо ба ҳамдигар…

\\\*

Дастаи саворон меомада ҷониби Истаравшан. Яъне маконе, ки дар он буда Шоираву Аржанг.

- Пеши назари ошиқи дастбуридааш мерасам ба висоли ун арўс. Ва олоти якдастаро ҳам кўтоҳ бикунам, ки ба васли зане расида натвонад ягон бор…

пешина
аз 34
навбатӣ