Зеҳн
Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…

зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале ин ҳангом чизи дигар буд дар ҷойи дигар:

-…Барои ман духтаре таваллуд бикун амсоли худат…- пичиррос зада Аржанг. Пичиррос зада буд сари шавқу иштиёқ.

-…Ман ҳамеша зери дил мехостам писаре дошта бошам амсоли ту, Аржанг…

-…Ҳарчӣ набошад онҳо фарзанди Истаравшан мешаванд, яъне барои ояндаи ин шаҳр лозим…

Аржанг бо панҷаҳои дасти ягонааш чоки гиребони куртаи Шоираро мекушояд, он ҷо пистонҳои анори пухта барин тарангу барҷаста истодаанд. Балки басо шавқхез бошанд. Балки гўё интизоранд, ҷавонмарди ошиқ ин чоки куртаро бикшояд ва онро бибўсаду бимакад…

Рўйдод ва хатари дунё аз ёди ин ду ошиқ рафта.

Балки печидаанд унҳо ба якдигар вақте. Аз хаёлҳои ошиқона ва дами нафаси якдигар ба ваҷд омада, печишу тобхўрӣ дошта. Балки тарзе буда, ки хатару балоҳои дунё гўё дигар намонда ва унҳо таҳдид накунад дигар.

\\\*

Бо шасту ҷадал меомаданд дастаи саворони бегона ҷониби Истаравшан.

\\\*

Аржангу Шоира дар оғўши ҳамдигар буда, балки печиш мехўрда ҳамоно.

Балки ташвишу таҳдиди дунёи хатарбор аз ёдашон рафта. Фақат ишқ чунин ҷуръат ва чунин қудрат дорад ҳамеша.

\\\*

Саворони омада ба боғгузарҳои Истаравшан ворид гардида буда ҳоло. Яъне хону одамонаш бошанд онҳо.

\\\*

Печиши ду нафари бастаи якдигар охир надошта.

Чунон ки «ишқро оғоз бошаду анҷом не…»

Инро мушоҳида мекарда, акнун, нафаре аз канор, балки аз паси шохсори дарахтон. Балки чингизсимои пешрав бошад, ки чун ҳамеша бубинад аввал ҳама чиро.

Мушоҳида мекардаву боварӣ надорад ба дидаи худ.

Вале хоне, ки аз думбол бошад, варо тела дода, пеш мегузарад.

\\\*

Инро пай набурда Аржанг ва Шоира. Зеро билкул ба худ овораанд. Ба муҳаббати печишгар овора.

Балки гўё ғайри печиши баъди тўфонҳои хунбор ва ниҳоят ба умед расидан - бигзор як лаҳза ҳам бошад - чизи дигар набуда барошон рўи дунё. Балки болои ин замини гиргардон гўё чизи дигар нест барои Аржангу Шоира, ғайри муҳаббати беғараз ва тавлидгар.

Хон бовар намекунад ҳанўз, ки ба арўси вай печида каси дигар. Боз касе, ки як дасташ кўтаҳ бошаду захми он бо латтаҳо печонда шуда.

Пешонаи хони шахшударо арақи сард пахш кардааст.

Ҳанўз аз арўси худ чашм намеканад, ки зери тани ҷавони дигар бошад. Ва бо тани урёни урён бошад ин арўс...

Хони пакаршуда дигар тоқат карда наметавонад. Ва якбора пеш парида, чангол зада, аз пойи Аржанг медорад. Ва мекашад. Аз болои Шоира дур фикандан мехоҳад.

- Ту чӣ мекунӣ болои ин, ки ман буданам лозим дар ун ҷо. Балки ту бояд бубинӣ дасти зўрӣ карданам ин арўсакро.

Хон, ки аз ғазабу кин хунаш ба сараш зада, Аржангро бо шасту такон печутоб дода, мепартояд ва худ майл мекунад ҷониби Шоира. Шоира, ки рўи ҷойгаҳ монда бо ҷисми урён.

Аржанг печутоб зада каллапеч ғалтидааст дар дурӣ, латтапечи дасти кутоҳаш кушода шудаву нишеб гардида.

- Ман ҳар чӣ хостам кардаам мудом. Дар ин масъала ормоне ба дилам намонда, - худашро болои Шоира пахш карда хон якбора.

- Дар олам кӣ ҳаст, ки ҳақ дошта бошад бигўяд, нодуруст карда-ам ман?!

Аржанг ҷонибе афтодаасту гумон меравад мадори хестан ва ҷумбидан надорад, вале якбора пеш мепарад, бо дасти ягонааш хонро аз болои Шоира кашида, дур карданӣ мешавад.

- Касе ҳаст, ки боздорад инро барои халал нарасондан ба ман. Бигзор ин бинад, чӣ тур дасти зўрӣ мешавад пеши назараш номуси ин шоира.

Вале Аржанг дасти ягонаашро зери манаҳи хон дароварда гулўи вайро чунон печонида, ки баробари варо қафо кашидани нукарон хон ҳам қафо меояд, яъне аз болои ҷисми Шоира канда мешавад аз боисе, ки ҳалқаи дасти

Аржанг гирди гулўи вай маҳкам монда.

Хон худро боз бо тамоми ҳастӣ рўи ҷисми Шоира афканданӣ мешавад, ки Аржанг ҳам аз думболаш пеш меояд.

Нукарон Аржангро аз хон барканда, дур бурдан бихоҳанд ва дами кашокаш ҳамроҳи Аржанг хон ҳам канда мешавад аз болои ҷисми Шоира. Зеро дасти ягонаи Аржанг амсоли анбур ва занҷир гирди гулўи вай печида мондааст, балки гўё васл шуда, балки торафт танг мешаваду хонро нафасгир кардан мехоҳад. Чунин мекунад бо зўри охирин, ҳарчанд аз дасти дигари кутоҳшуда, аз ин кашокаш, хун рў зада, таровида ва либоси худашу хонро доғдор месозад.

Хон бештар ба шўр омадааст:

- О, маро аз болои ин халос карда метавонед ё на?

Соҳиби табарзин пештар қадам задааст.

Дасти ягонаи Аржанг, ки гулўи хонро ҳалқавор печондааст ҳамоно фишор меоварад ва ўро бештар нафастангу нафасгардон мекунад, гўё дамашро ба дарун занонда куштанӣ.

Таконе ба миён меояд баногаҳ. Балки хон такон хўрдааст. Балки Аржанги ба тахтапушт ва гулўи хон часпида бештар силтав хўрдааст.

Баъд як чиз мечакад.

Чакра-чакра мечакад.

Гарм аст, балки сўзон.

На танҳо ба пушти сар ва пушти гардани хон мечакад.

Балки мечакад пеши бар ва синаҳои урёни Шоира.

Мечакад аз боло.

Балки синаҳои аноршакли Шоира арғувонӣ мешавад аз чакрахунҳо.

Магар ўро теғ задаанд?

Шоира, аввал, намефаҳмад аз чӣ бошад ин? Ва чашмаш дарёфтанӣ ва ақлаш фаҳмиданӣ мешавад манбаи чакра ва сабаби пайдо гаштани онҳоро.

Магар аз дасти кутаҳшудаи Аржанг мечакад, ки бо сабаби кашокаш ва афту хез бештар рў задааст.

Не, аз ҷойи дигар бошад манбаи асосии чакра. Балки аз сари Аржанг. Сари Аржанг, ки ба пушти он табар халида. Аз болотари сари Аржанг истода соҳиби табарзин. Ва дастаи силоҳи ҷаллодиаш дар дасташ бошад. Наход вай бо табар задааст ба пушти сари Аржанг?

Шоира, ки ҳайратзадаву пуршигифт шуда, якбора чиррос мекашад. Гўшхарошу ҷонкоҳ чиррос мезанад.

Ҷонталвоса дасту по зада, худашро аз зери тани хон дур гирифтан мехоҳад.

- Ягон бор, ягон кас, ҳаққи маро гирифта натавониста, ки ту битвонӣ…- чунин ифода карда хон ба Аржанге, ки вай аз болояш яклаба шорида, паҳлўи вай фаромада, бештар оғўштаи хун мешавад сараш.

Шоира бо фарёд, балки чиррос худашро гирифтан мехоҳад яклаба. Балки аз зери тани хон халос мехўрад.

Ҷониби Аржанг омадан мехоҳаду аммо намемонанд вайро.

Шоира аз таконҳо печутобзанон поён рафтааст аз боғайвон.

Фақат назди дарахти биҳӣ варо доштаву пахш кардаанд нукарон.

Хон аз нав наздик мешавад ба Шоира.

- Хуллас дер ҳам бошад, хостаамро бигирам… Ё ин дафъа наметавонам? - ҷониби Шоира қадам зада ва танашро аз нав болои тани вай партофтан мехоҳад.

Шоира ҷонталвоса танашро кашидан мехоҳад ҷонибе.

- Ман ҳамеша хостаамро гирифтаам…

-…Аммо ман… Ман ҳарчӣ доштам… Ҳарчӣ доштам, бахшидам барои каси дигар. Ба он куштаи худатон бахшидам… Ҳарчӣ доштам бахшидам ба писари Истаравшан, бар Аржанг! - якбора дод задааст.

Шоира куртаашро қабза карда, пеши тани урён пахш кардааст, вале дида мешавад, ба зонувонаш хун олуда.

Маълум нест аз хуни бакорати худаш бошад ё аз хуни сари

Аржанг.

Хон инро мушоҳида карда, бехуд шудааст, куртаи бонуро, ки пеши бараш пахш карда медорад, чанг зада, кашида мегирад.

Тан ва пеши бари Шоира намоён шуда, ки хон ба он менигарад.

- Шояд фарзанди ў дар батни ту мондааст а?! - фарёд мезанад хон яку якбора.

- Охир покизатирин чизе, ки доштам бахшидам…

Бахшидам ба ўй! - ҳамчунин дод задааст Шоира. - Бахшидам ба ин писари Истаравшани худ...

Хон ҳам фарёд задаст, акнун:

- Мочахари расво-оъ е!

Чанд лаҳза хон дасту по гум карда, ки намедонад чӣ бикунад дигар:

- Нее, ман бо роҳи дигар ба миёни лингҳои ту ворид бишавам, акнун. Балки шашпари нусратманди ман ворид бишавад он ҷо.. Ҳооъ!… Тухмаи якдастаро намонад барои шакл гирифтан он ҷоъ. Ҳооъ!… Пеш аз он ки туро ба тани калламанор бубандам чунин бикунам… Ҳооъ!... Яъне ту дардро бояд на танҳо дар мағзи дилу ҷонат, балки миёни лингот эҳсос бикунӣ. Ва забонатро ҳам бибурам, ки аз болову поёнат якхела хун ҷорӣ бошад. Балки бо ун безабониҳот шеъри хунбора бигўӣ аз ду ҷонибат яку якбора!… Шеъри хунбораи бе сухане…

Ин корро ҳоло карданист хон. Яъне шашпарро халонданӣ миёни лингони Шоира.

- Ман ё куштаам, ё тобеъ карда (Роҳи дигар набуда). Ту, ки тобеъ шудан нахостӣ - ҳатто ба ишқи ногаҳ сарзадаи ман сар нафаровардӣ, пас… Пас ҷазояшро бикашӣ бояд. Ҳол он ки боре ба бонуе чунин муҳаббат ва гузашт зоҳир накарда будам дар умри сарам, чунон ки ба ту… Аммо ту-у! Хуллас коре бикунам, ки тухмаи нопоки ошиқат дар вуҷудат шакл нагрифта, бо хуни худат олуда бишавад… Ё нодуруст мекунам ъа?

Ин ҳама назди дарахти биҳӣ амалӣ мешуда. Биҳӣ, ки як вақтҳо ин ҷо Шоира тирчўба медодаву Аржанг аз каҷкамон партов мекарда. Ун дафъа дасти Аржанг дар кундабиҳӣ монда.

Акнун ҷисми беҷону хуншори Аржанг дур аз биҳӣ хобу бехи кундаи биҳӣ ситами дигарро раво диданӣ хон барои ин

Шоира…

Сари изтироб, ки ба девонагӣ наздик бошад, Шоира зўр мезанад, аз хон ҷудо бишавад.

Хон барои он ки Шоира ҷудо нашавад, ба тани дарахти биҳӣ даст задааст, яъне бо як даст аз Шоира дошта ва кафи шашпардораш тани биҳиро дошта. Балки кашида ба тани биҳӣ заданист Шоираро ва бехуд карданӣ, баъд шашпарро дароварданист миёни лингони вай.

Гўё ба хон муяссар мешавад ин, ки нўги шашпарро ба миёни лингони бонуи бехудшуда наздик оварданист.

- Ҳмм! - гўё чунин зўр задааст барои чуқуртар халондани шашпар ба миёни лингони Шоира.

Аммо «ҳум»-и хон аз ҳаракат дида, ифодагари дарду ранҷи худаш бошад. Дарду ранҷи ҷонкоҳе. Магар ҳанўз беҳад иштиёқу муҳаббат дорад ба Шоира, ки аз дарди вай дард мекашад? Барои ҳамин чунин силтав хўрдааст?… Аммо на аз боиси шашпар ба миёни лингони Шоира майл карданаш буда, балки аз муҷиби ба дасташ халида шудани тирчўба буда.

Балки тирчўбаи паридаву омада дасташро дўхта ба тани дарахти биҳӣ. Чунон ки ин ҷо дасти Аржангро дўхта буда тирчўба маротибе. Балки дар замони гузашта буда он.

Ва ҳоло бошад хон дард кашидаву ҳайратзада ба атроф менигарад, ки ин бебокиро кӣ зоҳир карда? Ва кӣ ҳад дошта, нисбати вай чунин бикунад? Ҳол он ки ин ҷо каси дигар несту набуда ғайри одамони худаш.

Сардори пешгарди дастаи пархошгари дарвешон, намоён мешавад, ки дар даст дорад каҷкакамон. Пас тирчўбаро партов кардааст маҳз ў.

Шоира фурсатро истифода бурда, зўр зада, худашро аз дами шашпари хон дур кашидан мехоҳад. аммо хон дасташро аз тани дарахт ҷудо карда натавонад, то арўсро, ки боиси ин қадар оворагиву сарсониаш шуда, аз нав панҷа бизанад, тарафаш бикашад, ба миёни лингони вай ханҷар халонида тавонад.

Хон ҳайратзада бошад боз аз чизи дигар: ин чанд дарвеш, ки дар шаҳристони худи вай бо лашкари хон ба ҷанги шадид овора буда чӣ тавр аз унҳо раҳоӣ ёфтаанд, чӣ тур ин ҷо расида тавониста? Боз мўйсафеди Истаравшан ва дарвеши солхўрда аз зери буттадарахти боғистон намоён бошанд, балки аллакай асояшонро зери манаҳи ду нафар аз нукарони хон дароварда, қафо кашида медоранд. Ё инҳо ҷангро ун ҷо ба ҳоли худ монда, аз думбол омадаанд ба ин самт?

Нукарон ҳимоя кардан мехоҳанд хони худро, балки ҳалқаи муҳосираи гирди хонро дур афканданӣ мешаванд.

Якгўша ба гардани дарвеши навпайдо табарзин мефарорад. Чингизбашара низ шамшерзанӣ дорад, балки нукарони дигарро ба чунин набард вомедорад.

Дарвеше захм бардоштааст аз дами ханҷар. Яъне

Дарвеши Кашмирӣ. Вай зўр зада, ханҷарро аз танаш кашида баровардан мехоҳад ва чунин кардааст билохир. Аз ҷойи баромадаи ханҷар хун ҷўшидааст, вале дарвеши ба хун ҷўлон бо ханҷари хунолуди дасташ нукари худаш захмзадаро бармезанад, аз по меафтонад, баъдан худаш беҳол гардида, сари зону меғалтад.

Дарвешон аз ҳуҷум наистодаанд.

пешина
аз 34
навбатӣ