Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…
зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа
Баъд сари шохсор барф нишаста. Яъне зимистон расидааст.
Шоираи Дарвеш бо чашмони хаста ба донаҳои барф, ки печутобхўрон ва озоду сабук ба замин менишинанд, назар дўхта. Балки миёни онҳо мебинад Аржангро, ки дорад табассум, балки Аржанг бо резабарф меомезад, балки зарра- зарра барфи сафеди пурҷило мегардад, балки замину осмонро печонда мегирад, балки зеби дигар бахшидан мехоҳад атрофро.
Рўи авроқи амсоли барф сап сафеди Шоира шеъри дигар падид меояд:
Ман мезиҳам ба ёди ту ёри шаҳиди ман,
Ёди ту ҳаст дар дилам, ёди ту иди ман!
Ҳам дар замини зиндагӣ, ҳам дар замини дил,
Сад орзу бикорам, ин аст диди ман!...
Ба назари вай ё зери қироати шеър сари шохсор барфи сап сафед бадал меёбад ба гули шукуфтаи дарахтон. Гулҳои сап- сафеду сабзгуна.
Баҳор расидааст ва давр меронад ҳолиё.
Миёни ниҳолони гулбасар қадам мезанад Шоира.
Назди дарахти биҳӣ қарор мегирад, ки саропо шукуфта.
Ва мисраҳои дигар зам мешавад ҳолиё:
Умре зиҳам ба ёдатон, ҳар шохи орзу,
Гулрез мешавад зи нав, ҳамчу навиди ман!...
Пеши пояш гул мекорад ниҳол. Балки Аржанг гулкорӣ мекунад гўё аз осмон роҳи дилдодаи худашро.
Мерезад сафедӣ, балки барги гул. Мерезад аз осмон, аз шохсори шукуфта. Миёни сафедреза истодааст Шоира. Балки
Шоираи Дарвеш. Шиками бардамидааш аёнтар ба назар мерасад.
Ҳам дар замини зиндагӣ, ҳам дар замини дил,
Сад орзу бикорам, ин аст диди ман!...
…ин аст диди ман!...
Як қисми гул ба давча бадал ёфтааст: оянда унҳо мева мешаванд, яъне фарзанди ниҳолон мешаванд. Ҳаққо меваҳо фарзанди ниҳол бошанд.
\\\*
Меваҳои биҳӣ калонтар мешаванд ва бештар назаррабо гардидаанд.
Шоира рўи бистар хобида, шикамаш бештар бардамида шуда. Рангаш кандагӣ, лабонаш хушк. Зўр мезанад то фарёдаш берун назанад аз миёни лабони ба ҳам фишурдааш.
Ҳарчӣ набошад варо чордарди зойидан гирифта.
- Ман ягон бор вақти тавлиди бонуе набудам паҳлўш, - зикр мекунад пиру роҳнамо. - Момодоя ҳам нашудаам маротибе. Аммо сўфиёнро, қаландаронро табобат кардам борҳо… Акнун… Хайр, фарзанди қиёматиам бошӣ, ки паҳлўят меистам, то дами чашмат рўшан гардидан…
Дар берун, дар боғистони Истаравшан нишаста дарвешон. Ҳама дар изтироб бошанд яксон.
Аҳён-аҳён ба гўш мерасад овози нолаомези Шоира.
Ҷараёни тавлид басо тўл мекашад.
Ин ҳамагонро безобита кардааст.
Баъд нолиши Шоира бадал меёбад ба фарёди думболадор, сипас паст меравад, ҳатто барҳам мезанад.
Чанд дарвеш хавотир шуда, аз ҷо бархестаанд…
Изтироби ҳама афзун гардидааст.
Аммо ин вақт аз дарун, аз миёни сукунат бармеояд овози дигар. Балки овози тифле бошад.
Тифле сари дасти пиру роҳнамои дарвешон истодааст.
Пиру роҳнамо, ки доя бошад ҳоло.
Шоира аз ў ва хоса тифли дасти вай чашм намеканад.
- Ба ту монанд-ъа, себи дукафон барин, - изҳор медорад пири роҳнамо. Ва изҳор медорад барои Шоира. Шоирае, ки зери обу арақ монда. - Хуллас мисли худат духтарча аст ин…
Шоира зўр мезанад, то як чизи ба табассум шабеҳ рў бизанад дар авзои хастааш. Вале ун бештар бо дарди дигар бадал меёбад. Шоира боз фарёд мекашад аз кадом дард ва дарвешони берунбударо ҳайратзада кардааст. Ҳатто пиру роҳбалади тамоми мўйҳояш ва ришу абрувонаш сап сафедро муттаҳайир гардонидааст.
Вале овози тифли дигар пайдо мешавад чанд муддат пас.
- Инаш писар!... Ба Аржанг монанд а!...- тифли дуввумро рўи даст гирифтааст пиру роҳнамо.
Дар берун дарвешон ба ҳам менигаранд ва табассум зоҳир месозанд, гўё якдигарро барои тавлиди меҳмони нав дар дунёи куҳанасос ва пурпечу пурталош табрик карданӣ мешаванд.
Ҳама мамнун, ҳама сурурманд, ҳама пурфараҳ бошанд.
Ҳама…
Аржанг гўё пайдо мешавад ва менигарад ба ду тифли парпечи ду бари Шоира.
«Хоҳишот ба ҷо оварда шуд ёри шаҳиди ман…» - гўё дар ин ҳолат низ мисраъ ё ҷумлаи мавзун дарёфтан мехоҳад
Шоира, ҳарчанд лабонаш фишурда бошад. Чашмони хастаи
Шоира ба тифлони паҳлўяш омада. «Касонеро ба дунё овардам, ки идома дода тавонад умри рафтагонро, умри туро ҳам, умри Истаравшанро ҳамчунин...»
Донаи уммед месабзад зи зери хирманам,
Тифли ман бошад давоми умри ту, ай меҳанам.
Рафтагон такрор меёбанд дар рўи замин,
Истаравшанро бидорад зинда тифли доманам…
- Истаравшан намурдааст, - ифода мекунад пиру роҳнамои дарвешон. - Истаравшан баъди сари мо, ки кайҳо пир шудаем ва баъди сари ҳамаи мо зинда монад. Зинда монад дар симои ду кўдаки навини тавлидшуда ва зинда монад дар зиндагии унҳо ва дар сурудаи Шоира.
Баробари ин дар рўи харитаи қадима номи хираву қариб гумшудаи шаҳре аз нав падид меояд ва рўшану пурҷиллотар мегардад ва он Истаравшан бошад.
Боз танинандоз мегардад як шеъри Шоира, ки оҳанги мутантан дорад:
Ҳар кӣ бишносад мақоми зиндагӣ,
Шаҳд менўшад зи ҷоми зиндагӣ.
Шукри Аллоҳе, ки ў дода ба мо
Тифлаконро чун давоми зиндагӣ!...
Дарвешон ҳам такрор мекунанд ин сурударо:
Шукри Аллоҳе, ки ў дода ба мо,
Тифлаконро чун давоми зиндагӣ!...
Тифлаконро чун давоми зиндагӣ!...
Ё ҳуу, ё ҳааъ!
Шоира ду тифлро ба бағалаш сахттар пахш кардааст…
\\\*
- Мо, акнун, биравем ҷониби дунёи ноором ва корҳое дорем басо зиёду муҳим. Фақат як зумра дарвешон бимонанд ҳамроҳи ту, Шоира. Бимонанд бо фарзандони ту, яъне барои ҳимояи Истаравшан. Зеро шаҳрҳои мурдаву аз нав эҳёшуда низ душманҳо дорад… Гуруҳи дарвешони ин ҷо монда ва туву фарзандат Шоира ва асиршудагони аз зиндони хон раҳоёфта ва ин ҷо баргашта ин диёрро беҳамто ва тавоно сохта тавонед… Ин-шо-ол-оҳ!...
Пири пешво нафаси чуқур кашида, илова месозад:
- Хуллас меравем мо. Зеро дарвеш намонад аз рафтани роҳи дунё, аз ҳимояи дармондагон. Барои ҳамин меравем аз нав…
Нигоҳаш ба фарзандони Шоира меояд:
- Фарзандони ту ҳам Шоираи Дарвеш амсоли худат ва амсоли дарвешон ин тариқати зиндагиро интихоб бикунанд бояд, яъне дар ояндаҳои дигар чунин бишаванд, ки мо шуда…
- Ё ҳуу, ё ҳааъ!!!.. - тасдиқ мекунанд ё чунин таманно доранд дарвешони олам.
Паҳлўи калламанор истода Шоира ки дар бағал дорад ду тифл. Ва ин ҷо чунин истода, гусел мекунад дарвешони оламро, ки бештари унҳо равона шуда ҳолиё.
Офтоби навхеста шунаҳашро мепошад болои шаҳристону боғистони Истаравшан.
Сурудаи дигар доири ҳаёту зиндагӣ бо шунаҳи офтоби навтулўъ омехта мешавад, балки мерезад ҳамроҳи он. Мерезад ба сару китфи Истаравшан. Истаравшани қадимаву ҷабрдида, вале аз нав рў ба эҳё оварда. Мерезад шунаҳи офтоб ба сару китфи дарвешони дурраванда. Мерезад ба сару китфи замини гардгардони гирдгардон:
Зиндагӣ бигзор нуронӣ шавад,
Зиндагӣ бодо паёми зиндагӣ!
Ҳар кӣ баъди мо биёяд бар ҷаҳон,
Аз манаш бодо саломи зиндагӣ!
Аз манаш бодо саломи зиндагӣ!
- овози Шоираи Дарвеш бошад.
Ва дарвешони саргаштаи олам такрор месозанд:
Аз манаш бодо саломи зиндагӣ!
Аз манаш бодо саломи зиндагӣ!
Ё ҳуу! Ё ҳаааъ!...
Дар ҳолате, ки оқибати ин саргузашт пурра ҷамъбаст нашуда ё хатм наёфта, яъне дуроҳаи зиёди дигар пешорўи зиндагӣ истода, филм (ва ё қисса) ба поён мерасад, балки муаллиф ва гўяндааш - Шераки Ориён ба он нуқтаи итмом мегузорад. Яъне ҷое ба итмом мерасад ва ё ба он нуқтаи итмом гузашта мешавад, ки дар дили хуршеди сурхинаи азиму навтулўъ Истаравшан истода ва Шоираи Дарвеш истода, ки тифлони худро дар бағал сахт пахш кардааст.
Зиндагӣ бигзор нуронӣ шавад,
Зиндагӣ бодо паёми зиндагӣ!
Ҳар кӣ баъди мо биёяд бар ҷаҳон,
Аз манаш бодо саломи зиндагӣ!
Аз манаш бодо саломи зиндагӣ!*
\* Ин ҷо саргузашти як шаҳристон ва духтари қаламкаши он
Шоираи Дарвеш ва тақдири басо шаҳристони дигари тоҷикон ва басо қаламкашони дигари он истифода гардида, бо тахаюлоти офарандаи асар ва мантиқи онвақтаи таърих печиш хўрда, ҷилои нав дарёфтаанд, яъне ин ҷо ҷаҳду талоши ба вуҷуд овардани тимсоли
(образи) онҳое бошад, ки шаҳристонҳои ғоратшуда ва абгоргашта ва валангори миллатро, дар таърихи дарози басо дароз аз нав эҳё кардан, ҷони тоза ва нафаси дигар ва зиндагии илова бахшидан мехоста ва ё чунин карда тавониста.
Дар ин қисса бештар ашъори Равшан мавриди иситифода қарор гирифтааст.
Андешаи кўчаке ба ҷойи пасгуфтор
Ин қиссаро мекушоиву ба рўйдод ва воқеоти он ворид мегардӣ ва замоне , ки дар баъзе саҳна ҳо теғу тир ва тирчўба в а табарзин ҷисмро чоку бар чок мекунад, худат ҳам гўё бурида гаштани ҷисм атро эҳсос месозӣ, аз он бурун омадан ва пош хўрдани хунҳои лоласони худатро гўё ба мушоҳида мегирӣ…
Балки ин қисса як пора зиндагӣ бошад, ки андарунаш худат ҳам зиндагӣ ба сар бурда тавонӣ, балки тамоми ноором ӣ, пархош у афтидану дард кашидан ва талоши хестан ва роҳи зиндагиро идома бахшиданро , аз он, дарк би созӣ. Яъне туро куштаанд ё куштан би хоҳанд, вале ту барои зиндагиро идома додан талошу ҷонбозӣ зоҳир месозӣ ва ё зоҳир кардан мехоҳӣ...
Аз ин боис аз қисса бўи гули орзу, бўи умед, ки аз зиндагии хокистаршуда, балки аз хокистари зиндагӣ сар кашида ва шукуфта ба димоғ мезанад. Балки қисса амсоли зиндагӣ бошад. Зиндагие, ки бо вуҷуди ноомаду носозӣ ва шўру бало ва ашку хунаш ва афтишу хестан аш ширин и ширин боша д… Аз ин боис муаллиф чун ба ин достон нуқтаи итмом мегузорад, мехоҳӣ дудаста килки варо бидорӣ, то хатм насозад, идомаи дигар бахшояд. Чунон ки зиндагӣ идома дораду поён напазирад ҳаргиз …
Шояд дар ҳамин бошад нотакрор будани асари бадеӣ. Яъне дар ҳамин бо шад нодир будани достон. Дар ҳамин бошад шояд мўъҷизаи истеъдод…
Асарро мутолиа намуда, андеша месозӣ: ки гар инро каси дигар иншо ме намуд, саргузаштҳои пурбало, ки мансуби шаҳристони азим ва тақдири мардуми бешумор ва мансуби саргузашти рақибони он бошад, дар ҳазорон саҳифа ғунҷон и да наметавонист. Яъне ин достонест андарунаш чанд достоне. Масалан ишқи Шоирав у Аржанг худ метавонист бо сари худ асари алоҳида бошад ва ҳуҷуми хон ба Истаравшан ҳамчунин асари алоҳида, дарвешон у пеш пайкору пири роҳнамои онҳо ҳам чунин асари дигар ва ё саргузашти соҳиби табарзину чингизсимо ҳамчунин достони алоҳида.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё