Зеҳн
Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…

зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар чунин шакли фишурда ва ихчам ва беҳамто пешкаш кардани достонро фақат касе имкон дошт, ки аз ҳикмати фишурдаифшо будани Хайём огаҳӣ дошт ва ё худро вориси вай меан гошт.

Як чизи дигарро набояд фаромўш кард: аз куҷои мағзу андешаи қаламкашони зиёде борҳо ва борҳо гузашта, ки доири шаҳристонҳои ба хокистар бадалёфтаи мардуми ориё ва макони зери хокбодаи таърих монда ё баъдан аз ҷонбозии фарзандонаш аз нав эҳёгашта дост оне ва қиссае ба миён би о вард бояд . Аммо гирдбоди давр он и гузарон ин андешаро ҳамчу гарде руфтаву мебурда ва парешон месохта аз хотиру ҳастии вай …

Лек даме ки чунин андешаву умедро, чунин азму ҳимматро, чунин ҷазму ҷадалро Шераки Ориён либоси зиндагӣ ва ли боси маънӣ ва либоси тасвир пўшонида тавониста, пас бармеояд аз кадом ҷиҳат афзалият дошта, балки дасти мадади Худованд аз осмон барояш расида ва дар натиҷа чунин асарро иншову ифшо карда тавониста.

Пас набояд рашку ҳасад бурд ва ҳарфи носазо зоҳир бикард ба чун ин муаллиф . Балки офарин бояд бигуфт ба иншогари ин достони пурмаъно ва пурғунҷоиш …

Асар саргузашти пурпеч ва тимсолҳои (образҳои) гуногунро чунон ҷаззоб фаро гирифта, ки ба ҳайрат бимонӣ. Яъне тимсолҳои Шоира, Аржанг, мўйсафедони истаравшанӣ, бачая ки тирхўрда, дарвешон, пиру роҳнамо ва пешрави дастаи пархошгар ва инчунин хоне, ки хуношомии нодир «ихтиро» карда ме тавонист, тимсоли нукарони вай, хоса чингизбашара, соҳиби табарзин, инчунин яке аз муқаррабон и хон, ки наздиконашро гоҳе ҷониби инсоф кашид ан хоҳад ва монанди ин у он, ки ба якдигар, билкул, монанд нестанд ва шабоҳат надоранд. На танҳо дар атвор, балки ҳатто дар сукунати худашон (ба амсоли сукунати пири раҳнамо), балки дар тарзи гўиши худ ашон низ фарқият доранд ҳар яке аз тимолҳои (образҳои) ин китоб. Масалан, қариб ҷамеи гуфтори худро бо суол хотима додани хон ва монанди ину он …

Дар асар воқеоти маъмули диёри Истаравшан ва тақдири фарзандон ва одамони марбуташ басо моҳирона ба риштаи таҳлил кашида шуда аст .

Балки ин ҷо боз нигоҳи тамоман дигар бошад. Нигоҳи хос ба таърих. Нигоҳи муаллифи мўъҷизаистеъдод.

Шоираи дар д остон омада ҳамчунин тамоман дигар бошад. Балки шоирае нест, ки дар симои Дилшоди Барно ё фарди дигари ошно таса в вур карда будем аш. Балки тимсоли ҷамъбастшудаи ҷамеи шоираҳои диёр ва саргузашти шоираҳои дигари тоҷикзабон у форсигў би боша н д. Хоса шоираҳое, ки б а тасаввуф пайваста ва баъзе аз унҳо унвони «сўфибону» ё

«сўфибибӣ» ё «дарвешбону» ё «дарвешбибӣ»-ро гирифта. Балки шоираҳои муборизу ишқпарвару фидоӣ, ки ҳар миллат аз дош тан и онҳо фахру сарбаландӣ дошта метавонист ... Фахру сарбаландии зиёд…

Бўрии Сармад, пажўҳишгар, афсари (полковники) вазорати қудратии кишвар.

АСПИ ОХИРИН ва ё ҚАДРИ ДЎСТ филмнома аз рўи қиссаи ҳамном

Маҳалллаи нави шаҳристон. Биноҳои нави баландошён.

Аз ду ҷониби иморати навсохт ду мошини сабукрав, ки аз роҳи калон омадаанд, тоб мехўранд. Аз дунболи онҳо мошинҳои боркаш ҳам бошанд: болояшон коло ва чизу чораи рўзгор ба назар мерасанд.

Сабукравҳо, дар саҳни иморат, муқобили ҳам омада, роҳи гузаштро барои якдигар пешбаст мекунанд.

Дари сабукравҳо кушода гашта, аз он ду мард берун меоянд. Аз паси онҳо писарчаҳошон низ берун шуда. Дар мошинҳо фақат занҳо монда.

- Яктарафа би-гир-ъе! - дўғ мезанад яке аз мардон.

- Худат яктарафа би-ги-ир а! - суст намеояд марди дигар.

- Ба мо роҳ доданат лозим!

- Аввал мо мегузаре-ум баъд шумоён-е! Ин бори мошина фароварданамон, ба ин иморат кашонданамон зарур.

- Гумон мекунӣ чунин кардани мо ҳам лозим нест?

Андоми ду мард, ҳамчунин, якмаром, дигаргуна мешавад.

- …О, мо ҳамсоя гў-ед а!...

-…Ба фикрам ҳамин хе-ел…

- Шумо дар ошёнаи чандуме?

- Шумо чӣ?...

Ва мардҳо бо ишора муаллақайвони хонаҳои худро нишон медиҳанд ва чеҳраи онҳо муттасил ва якмаром кушода мешавад.

Ниҳоят мошинҳои сабукрав худро яктарафа гирифта, барои гузаштани мошинҳои бордор имкон медиҳанд. Ва ҳар ду мошини боркаш, ба ду воридгоҳи бино наздик мешаванд.

Аз онҳо ҳамсояҳои нав ва айёли онҳо, яъне ҳамсарашон ва ёрдамчиёнашон коло ва чизу чораҳоро мекашонанд ҷониби ҳуҷраҳои нави худашон…

Билохир мошинҳои боркаш рафтаанд ва ҷойи холишудаи инҳо ду ҳамсоябачаи нав мондаанд.

Нигоҳи писаракон ба саропои якдигар медаванд.

Маълум аст, ҳар яке худро нишон доданӣ бошад ба тарафи муқобил ва барои ин воситае мекобад.

Ниҳоят бачаяк Нодир аз кисааш ланка бароварда, дар ин

«ҳунар» моҳир будани худро собит карданӣ мешавад. Яъне ланкаро бо пояш муддате бозӣ доронида, баъдан аз ҳаво моҳирона дошта мегирад, ба кафаш фишўрда, изҳор медорад:

- Дар бинои пешинаамон, дар ланкабозӣ, ягон бача, ба ман баробар намеомад.

Ҳамин вақт падари Нодир пайдо мешавад назди онҳо, ки аз кашондани борҳо ва ҷо ба ҷо кардани онҳо басо арақшор шудааст.

- Писарам, як шараққосӣ лозим шуд, - ангуштонашро ба ҳам молиш медиҳад. - Яъне пулам тамом шудаву дар кашон- кашон зиёд ташна мондаам. Чунон ташна, ки… садто назанам, торс мекафа-ам!…

Писари вай Нодир, тааммул дорад, баъд аз кисааш тангаҳо бароварда мешуморад.

- Ҳоло тангабозию майдабозӣ намеша-ад а, - саросема мегардад падар. - Ба ман камаш даҳ сум лозим ъа!

Ин ҳама барои Нодир яқинан нав нест, ки саросема нашуда, ба кисааш даст андохта, аз он ҷо сум бароварда, қати онро рўи кафаш бо ҳавсала ҳамвор кардан мехоҳад:

- Ба ивази ин чӣ қадар бармегардад? - ҳамчунин суол ба миён мегузарад.

- Чӣ қадар лози-им а? - аниқ кардан мехоҳад падар.

- Бо сӣ фоиз фоида!

- Намешава-ад ин хела-аш!

- Пас дода намешава-ад пул ҳам!

- Не а! Исто-о! Нара-ав! Охир ғайри шарти туро қабул кардан дигар чӣ ҳам мондааст барои ман?

Нодир як пули шараққосиро ба падараш месупорад.

Баъди рафтани падар ба писарчаи паҳлўш назар оварда, ташреҳ медиҳад:

- Дар бинои пешинамон ман барин серпул набуд ягон бача.

Таманно кардан мехоҳад аз ин ҷиҳат низ.

Баъд ба дуртар назар афканда, мефизояд:

- Хайр, агар соз фикр бикунем, аз ин ҷо истоданамон фоида нест? Аз паси ягон манфиат рафтан лози-им?

Як дасташро болои китфи ҳамсоябача Сўҳроб гузошта, рафтан мехоҳад.

- Таъкид мекунам: бо ман ошно бошӣ, кордат мешавад болои равған! Боз худат мебинию бовар мекуниъ!

Чун биноҳои навбунёд тамом гардидаанд, дар паҳлўи кўчаи калон ба назар мерасад автомати газоб. Назди дастгоҳи об одам бисёр. Дар гармои тоқатфарсои ҷануб ҳар кас ташнагии худро шикастан мехоҳад.

Нодир, ин ҷо расида, аз кисааш пул бароварда, ба автомати пулмайдакунӣ меандозад. Ба ҷои пулҳои майда ба кафаки поён мефарояд пули худаш.

- Техника дар авҷи тараққ-иёт! - писханд мезанад Нодир.

- Асри фантастика, дар ҳақиқат! - тамасхўр мезанад, вале мамнун бошад аз майда нашудани пулаш, дар асле.

Ин дам ҷавоне назди автомат расида, пули худро ба роғак меандозад. Маблағи вай ҳам майда нашуда, ба кафаки поён мефарояд.

- Пулатона майда куна-ам а? - мепурсад Нодир аз вай.

- Кошкӣ-ӣ!

Нодир ба ивази пули вай тангаҳои дар қиммат камтаре месупорад.

Ҷавон ҳайрон назар дўхтааст ҷониби вай.

- Кам додӣ-ку!

Нодир шарҳ медиҳад:

- Дигар пули майда надорам.

- Моне-е! - ҷавон норизо даст афшонида, меравад ҷониби автомати газоб.

Пирамарде ба тани автомат мушт мезанад, ки чаро майда накарда тангаашро оҳанинтане. Ва маълум аст, ташнаю ошуфта бошад пирамард.

- Майда куна-ам а? - суолашро такрор месозад Нодир.

- Э, раҳма-ат е! – нидо мезанад мўйсафед.

- Тангаҳои майдаи ман нисфи қиммати пули шумост.

Фақат ҳамин қадар дошта-ам - Нодир забон мехояд ва ба қиёфааш осори хиҷолат давондан мехоҳад.

- Ҳеҷ гап не, ҳоло ташнагиро шикастанам заруртар!...

Баъди рафтани мўйсафед Нодир қаноатмандона нафас кашида, ғолибона менигарад ба ҳамсоябача, ки «аз дасти ман ҳама тадбир меояд!» Ниҳоят аз миёни тангаҳои фоидагирифтааш якеро ҷудо намуда, дароз мекунад ба ҳамсоябача.

- Инаш барои ту.

- Барои ман? - ҳайрон шудааст Сўҳроб - Лозим не-ест а…

Дар лабони Нодир табассуми рамздоре падид меояд ва ў ҷониби дастгоҳи газоб ишора месозад:

- Чӣ ташнагиатро шикастан намехоҳӣ?

Баъди газобро нўшидан Нодир тангаи дигар дароз мекунад ба Сўҳроб.

Бачаяк ҳайрон аст, ки инашро бигирад ё на?

Нодир ҷониби дукони яхмосфурўшии дур ишора месозад ин дафъа.

- Яхмос хўрдан намехоҳӣ? Дар ин ҳавои танўр барин тасфо-он а?

Сўҳроб дам намезанад. Вале аз яхмосҳои дукон чашм намеканад.

- Ма, би-ги-ир, даҳонат об кушода! - Нодир тангаи дигар мегузорад ба кафи Сўҳроб…

II

Дар даст қуттиҳои яхмос бармегарданд ошноҳои нав ҷониби манзили навашон.

Нодир яхмосро хўрда, тамом карда, қуттичаро рўи асфалти пиёдароҳ парў гузошта, ба он мезанад бо кафи пош.

Аз ин зарби якбора қуттӣ кафида, садои ба таркише монанд зоҳир месозад.

Аз кори кардааш завқ мебарад Нодир.

Чашми Сўҳроб бошад меравад ҷониби дигар. Ва як чизи аҷиби дигарро мушоҳида кардааст ҳоло вай.

- Азони кӣ бошад а? - ишора месозад Сўҳроб тарафи ҳавлии куҳнасохт. Ҳавлие, ки гирдаш деворбанд ба назар мерасад.

- Аҷаб не, бесоҳиб аст. Яъне соҳибонаш кўчида рафта хонаҳои навсохт, - хулоса мекунад Нодир ва илова месозад: -

Акнун бошад азони мо шуданаш мумкин! - яъне вай аз ин ҷо низ фоида кофтанӣ.

Бачаҳо назди дарвозаи дутабақаи ҳавлӣ омада, даричаи онро тела медиҳанд. Кушода намешавад. Бачаҳо қуттикуҳнаи партов ёфта, рўи ҳам чида, болояш баромада, аз сари девор ба дохил назар афканданӣ мешаванд.

Ва рўи ҳавлӣ мушоҳида мекунанд аспи барф барин сап- сафеде. Пеши ин саманд кадом мўйсафеде сатили об мегузорад, ёлҳои ҷонварро сила намуда, барояш кадом чиҳо зикр мекунад. Аспи обхўрда, сар бардошта, фукашро болои китфони мўйсафед мегузорад, гўё мехоҳад ягон гапи вайро нашнида намонад.

- Вай чиҳо мегў-яд-а? - пичиррос мезанад Нодир, ки вобастагӣ дорад ба амали мўйсафед.

- Чӣ гуфтанаш шунида намешад.

Вале сухани мўйсафедро саманд гўё тасдиқ мекарда бошад, калла меҷунбонад.

- Ба фикрам, асп ўро мефаҳмад, - ниҳоят хулоса мекунад

Сўҳроб.

- Чӣ хел мефаҳма-ад а? - барои инкор ба ду тараф калла меҷунбонад Нодир. - Ҳатто одам гапу нияти одами дигарро баъзан намефаҳмаду-у…

- Не, дар сирк аспҳо чӣ корҳое намекуна-анд..

- Дар сирк бо ҳайвон гап намезананд: балки қамчин мефароранд ба танаш. Ҷондор, ки шатта бихўрд, чӣ карданашро мефаҳмад. - Нодир аз нав зеҳн мемонад ба дарун ва сипас илова месозад: - Ба фикрам, ин мўйсафед одами соқ ҳам не-ест.

- Чӣ хел аа?

Нодир ба оҳанги савол аҳамият надода, такрор мекунад:

- Аз афташ, девона ин! Афту андомаш ҳам дев бари-ин а!

- Ту бошӣ, абла-аҳ! Чунки дар бораи одами калонсол ба- ад мегў-ўӣ!

Нодир ҳайрон менигарад ба Сўҳроб: гўё ба шунидааш бовар намекунад. Сипас аз болои қуттиҳо мефарояд.

- Ку, поён би-иё а! - фармон медиҳад. Дар чашмонаш оташаки сарди ғазаб ба бозӣ даромада, муштонаш гиреҳ бастаанд. - Маро аблаҳ номидӣ-ӣ а? Ҳол он, ки дар бинои пешинаамон, ягон бор, ягон бача маро чунин таҳқир накарда бу-уд!...- хурўси ҷангара барин шуда ҳоло вай.

пешина
аз 34
навбатӣ