Зеҳн
Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…

зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Волидайни Сўҳроб дастархон кушодаанд, яъне бори аввал дар хонаи навашон чунин карда.

Ҳамсояи навошно, яъне падару модари Нодирро ҳам даъват намудаанд бар меҳмонӣ.

- Агар кас як бурда нонашро бо ҳамсоя бихўрад ширинтар мешавад, - изҳор медорад модари Сўҳроб. - Аз қадимулайём масале монда, ки ҳавлӣ нахару ҳамсоя бихар.

- Акнун бошад, интихоби ҳамсоя ба ихтиёри худи кас ҳам не-ест, - ақидае рондан мехоҳад падари Нодир.

…Ҳавлии пешинаи мо девори ғафс дошт, гирди ҳавлиро баргу шохи зичи ангур мепечонд, яъне мисли девори дигар буд. Вале гапамон ҳеҷ рост намеомад бо ҳамсояҳо. Барои ҳамин хулоса мекардем: хоҳӣ бо ҳамсоя нағз бошӣ, дар байн девори аз ин ҳам ғафстару баландтар бардо-ор!...- изҳор медорад модари Нодир.

Ва модари Сўҳроб, ки ба чунин ҷараён ворид шудани суҳбат дилгир шудааст, ҳоло аз муаллақайвон назар давондан мехоҳад ба атроф

- Ҳар чӣ набошад аз ин ҷо дуру наздик хело зебо ба чашм мерасад. Гўё тамоми шаҳристон дар кафи даст бошад, - яқинтараш вай ба ин тараф кашидан мехоҳад сўҳбати гиреҳбастаро.

Ҳамагӣ ба балкона\* баромадаанд ва менигаранд ба манзари дуру наздики шаҳри азим ва роҳату фароғат бардоштанӣ мешаванд.

Вале авзои модари Нодир тағйир хўрдан мегирад баногаҳ.

- Э-э, нигоҳ куне-ед аа! - мекафад вай тоб наоварда. - Ба фикрам, бачаҳои мо бошанд аа!…

Назди девори куҳнасохт ду бача афту дарафт доранд.

- Бачаҳои мо!- тасдиқ мекунад модари Сўҳроб.

- Гўё моли падарашона тақсим мекарда бошанд ъа, чунон ба ҳам дарафтодаанд, ки…- ташреҳ медиҳад падари

Нодир. - Ҷанг мекунанд ъа!

- Дар тани писари ман куртаи наве бу-уд! - хавотир шудааст модари Нодир, - Аз импортиаш аа!…- баногаҳ бонг мезанад баландтар: - Ээъ!... - ҷониби бачаҳои ҷангара даст меафшонад. - Ээъ!...

Бачаҳо магар нашнида, ки афту дарафти худро идома медиҳанд.

- Шумо барои чӣ хап истодед, аа, - рў овардааст модари

Сўҳроб ба шавҳараш ва марди ҳамсоя. - Ягон чиз бигўед охир аа, бас кунанд ун бачаҳо-о!

- Писари ман зўр барин а, - аз мушоҳидаи худ хулоса кардааст падари Нодир.

Ин гап ба иззати нафси падари Сўҳроб мерасад.

Вале падари Нодир ба ин аҳмият надода, идома медиҳад:

- Дар маҳали пешинамон аз ҳама бачаҳо дастболо ме-шу- уд, писари ма-ан!

Ниҳоят бачаҳо нидоҳои батакрори модарони худро самъ карда, гиребони якдигарро сар медиҳанд.

Сўҳроб аз зери чашм менигарад ҷониби муаллақайвон, ки волидайнаш он ҷо бошанд:

- Ҷанга ту хезондию ҷавоб додани ман лозим меша-ад, - норизоӣ мекунад вай барои Нодир.

- Барои куртаи даридаи ман кӣ ҷавобга-ар мешава-ад а? -

Нодир остини даридаю овезони куртаашро такон медиҳад. -

Умуман… ҳамаи ин аз паси як аспи мўйсафеди девона-ъ! - ҳақорати изофа ҳам медиҳад.

\* балкона - бо чунин тарз вомехўрад дар ашъори Рўдакӣ. Яъне айвонча дар ошёнаи боло Сўҳроб дармегирад ва мекафад:

- Мўйсафеди калонсола «девона» гуфтӣ бо-оз?!

- Эъ, вай деви албастӣ! - суст намеояд Нодир.

Боз ба якдигар афту дарафт мекунанд онҳо.

Аз балконаи хонаи навинашон аз нав нидо дармезананд модарони унҳо:

- Сўҳро-об!

- Ноди-ир!

Шояд аз таъсири ин бошад, ки Нодир, акнун, бо оҳанги дигар давом додан мехоҳад:

- Хайр мўйсафеди ин ҷо девона ё неъ, бало ба пасаш!

Вале биё… Биё ба падару модар мегўем, аспа тамошо кардан хостем, лек мўйсафед дўғу даранг бикард, ман тарсида, аз болои девор афтодам, ту бошӣ… Не, беҳтараш ту тарсида афтодию ман туро доштан хостам, ту бошӣ, остини маро доштӣ… аз ин сабаб куртаи ман дари-ид…

IV

Акнун бачаҳо дар як хонаи иморати навсохт, назди падару модари худ истодаанд.

- Яъне аз гапҳои шумо хулоса мебарояд, ҷанг накарда-ед а? Ҳамин тавр не-ъ? - пурсиш идома дорад ба ин минволе.

- Ҳаа, - Нодир тарзе сар меҷунбонад, ки гўё гапи ростро тасдиқ мекарда бошад.

- Пас ин курта чӣ хел дарид ъа?! - афсўсхўрон таъкид месозад модари Нодир. - Аз куҷо донед, ки барои ёфтани ин ба чӣ қадар мағоза сар халонида буда-ам а. - Аламаш ҷўш зада, писарашро дўғу даранг мекунад бошиддат: - Э бача, агар назди он куҳнаҳавлӣ боз равӣ, поятро мешикана-ам! Фаҳмидӣ ъа?!

- Албат, ба ошноят ёрдам доданат нағз, - насиҳат карданӣ мешавад падари Нодир. - Вале ба девори бегона баромаданат хуб нест… Барои ҳамин ҷазо бигирӣ бояд…

Ҳаа…- гўё ҳанўз ташнаи нўшокӣ бошад оби даҳонашро фурў мебарад: - Яъне ман аз ту чанд пул қарздор будам ъа?

- Даҳ сум гирифта будиву бармегардондӣ бояд бо сӣ фоизи фоида!

- Акнун фаромўш соз фоидаашро ва пули додаатро ҳам фаромўш со-оз! Ҳисоби ману ту баробар! Ман қарздор нестам дигар аз ту!

- Чӣ хел а?!

- Ана ҳамин хе-л!

Нодир бо қаҳру ғазаб тоб хўрда, аз хона мебарояд, яъне ароз карда мебарояд. Аз думболаш дарро бо зарб мепўшонад ва андеша намекунад, азони ҳамсоя бошад. Дари бо шиддат пўшонидаи ў бо аксулзарб тараққосзанон кушода мешавад.

Ҳама лаҳзае пакар мондаанд.

- Рафта дасту рўятро бишўй! - барои Сўҳроб изҳор медорад модараш баъди чанд муддати хомўшии ноҳинҷор. -

Хуб тамошо додед дукаса-а, кифоя будагист, акну-ун!

Модари Нодир аз равзана назар афкандааст ба сўи ҳавлии куҳнасохт ва пасон оҳи пурнадомат мекашад:

- Ман ҳайрон, ки чаро ин ҳавлии фатарота набардоштаанд аз ин маҳалли навсо-охт, - гўё гунаҳкори асосӣ ҳамун ҳавлии қадима бошад, на рафтори писари худаш.

- Ҳа-а, ин бесомоние! - калла меҷунбонад бо тасдиқи гуфтаи завҷаи худаш падари Нодир. - Доири ин ба ҳукумати шаҳр шикоятнома навиштан лозим.

- Ин вайрона доғест ба ҳусни шаҳр, - воҳима дорад модари Нодир. - Асп ҳам дар шаҳр аз рўи гигиена нест!

Мўйсафед ба ҷонвар гап мезада-аст ъа. Ба бачаҳо дўғу даранг мекарда-аст ъа. Аз афташ, вай девонаъ! Ин дили одама хавотир мекунад. Охир бачаҳо, рўзи даро-оз, рўи ҳавлӣ бозӣ карда гаштанашон лози-им, ба онҳо зарари аспи ҷунундор ва мўйсафеди девона расиданаш эҳтимол дорад. Оо, аз ин огоҳ кардан лозим аст мили-са-ро!...

V

Нодиру Сўҳроб бозӣ доранд. Гирди онҳоро печонда гирифтаанд як гурўҳ ҳамсоябачаҳои бинои навин. Ин ҷо бачаяке ҳам метобад, ки аз сабаби хурдҷусса буданаш Нахўтак лақаб дорад. Дар канортари дигари саҳни бино ҳамсоядухтарҳо низ ба бозӣ машғул.

Ҳамин вақт аз дарвозаи ҳавлии куҳнасохт намоён мешавад мўйсафед, ки аспи пири худашро берун овардааст.

Ҳуши бачаҳоро ба худ мекашад ҳамин чиз.

Мўйсафед аспашро этак карда, ба майдони васеи байни ҳавлии худаш ва бинои навсохт расонида, мехи ресмонро ин ҷо, ба дили замин мекўбад. Сабзаю майсаҳои худрўй кабудӣ кардаанд, ки асп онҳоро бўй мекашад ва баъд канда мехояд.

На танҳо Сўҳроб ва Нодир, балки ҷамеи бачаҳо бозиро фаромўш кардаанд, ба мўйсафеду асп менигаранд. Даҳони

Нахўтак аз ҳайрат воз шудааст.

Мўйсафед гўё кай баргашта омаданашро ба гўши асп таъкид мекунаду худ хўрҷинро ба китф партофта, меравад. То панаҳ шуданаш аз дунболи ў менигарад саманд.

Ба сари Нодир, ки ҳамоно ҷониби асп менигарад, баногаҳ хаёле мерасаду сохтакорона оҳ мекашад, баъд паҳлўи бадани Сўҳроб нихта мекунад.

- Як ҳамин намерасид а? Яъне ба ин асп машғул шуданамон лози-им а!...

Сўҳроб ҳанўз ба асли мақсади Нодир сарфаҳм нарафта, ҳайратзада менигарад ба вай.

Ниҳоят Нодир ба самти аспи сафед, ки миёни кабудизор ба мисли садаф дар баҳри лоҷувард метобад, қадам бармезанад. Бачаҳо лаҳзае ҳайрону дудила истоданд, сипас аз дунболи ў кашола мешаванд.

- Ба ин асп савор гаштан мумкин бошад а? - мепурсид

Нахўтак, ки мисли бачаҳои дигар ҷонварро печонда, чашмонаш шавқи тамом дорад. - Ман дар умри сарам савор нашудаам ба аспе.

- Савор шудан мумкин будагист, акнун…- нимғурма мекунад Нодир. - Вале… як чигил ҳаст…

Бачаҳо саволомез ба ў назар овардаанд.

- Медонед чанд пу-ул шудааст, ҳозир, ҷа-ав?

- Не-е, - иқрор мешаванд бачаҳои шаҳрӣ.

- Ҷони гап ана дар ҳами-ин аст, - аз нав оҳ мекашад

Нодир, - ҳоло заҳр барин қимат шудагӣ ин ҷав. Агар асп бекор чарида бигардад, албат, барои вай, алаф ҳам кифоя. Вале савор шаванд, ҷав додан зару-ур!

- Ҷави мухашшар, яъне геркулес мешавад? - мепурсад

Нахўтак.

- Шояд, - изҳор медорад Нодир, - вале барои ҷави мухашшар ҳам пул лози-им. Ё нодуруст гуфта-ам а?

Нахўтак тоб хўрда, ҷониби бинои баландошён медавад.

- Ману Сўҳроб ба мўйсафед ваъда карда будем, барои ин аспи вай мехарем ҷав, - давом медиҳад Нодир. - Вале ҳамаи шумо савор шуданӣ бошед, ҷави бисёртар лозим мешавад.

пешина
аз 34
навбатӣ