Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…
зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа
Рўзи дигар мўйсафед, дар ниҳоят, ҳар ду табақи дарвозаи ҳавлии куҳнасохтро калон баркушод…
Қариби иморатҳои баландошён духтарҳо ба шохаи дарахти ягона арғунчак баста, арғушт мерафтанд. Дар як гўшаи дигар, гирди Нодир, тоб мехўрда чанд бача. Нодир тангаҳои кафашро бозӣ доронида, мегуфт:
- Пулатон тамом шуд? Хоҳед қарз медиҳам: фақат ба ҳар
20 тинам* бармегардонед 40 тин. Канӣ, боз кӣ қимор заданӣ бо ман?
\* тин-дирам
Нахўтак оҳе баркашид, кафи кўчакашро дароз намуд ҷониби Нодир:
- Хайр биё, ман бозӣ мекунам. Ҳарчанд медонам ту ғалаба мекунӣ. Бо вуҷуди ин… Бист тин қарз бидеҳ, то бахтама санҷида би-на-ам, - рўяшро гардонд ҷониби дигар: шояд мехост вақти қарз гирифтан чашмаш ба чашми Нодир наафтад.
Ҳамин вақт назди ҳавлии мўйсафед кадом чиро диду даҳонаш аз ҳайрат воз гардид. Дасти тарафи Нодир дарозкардааш оҳиста паст фаромад…
Охир, чунон ки дар фасона бошад, аз дарвозаи мўйсафед падид меомада аспи ба фойтун бастае, сару гардан ва зину абзолаш бо тарзи ҳайратбахше ороёфтагӣ буд. Магар Бўр нест? Болои ароба-фойтун наметобанд магар мўйсафеду
Сўҳроб?!...
Бачаҳои дигар низ аз ҳайрату нобоварӣ карахт бишуданд.
Баъд як-як мерафтанд ҷониби ароба-фойтун.
Нахўтак давида аз ҳамагон пеш гузашт.
Бачаҳо нидоҳои шодиомез бароварда, якмаром ба аробаю асп ва мўйсафеду Сўҳроб наздик меомаданд.
Худи мўйсафед ҳам аз ин ҳаёҳўй ба шавқ омада, барои
Сўҳроб изҳор бидошт:
- Мо андаки дигар вақт доре-ем а, бачаҷон. Ошноҳои туро савор куне-ем чӣ шавад: як хуморашонро шиканад аа?
- Хуб мешавад, бобо-ҷон! - Сўҳроб аз қаноатмандӣ каф ба каф баркўфт. - Савор шавед, бачаҳо! Зуд-та-ар а! - даст гардонд вай барои онҳо.
Бачаҳо аввал нобовар ба мўйсафеди ришаш ғул ва андомаш пурмуаммо назар мебурда, пасон таваҷҷуҳу шавқи бачагӣ ба фойтун биафзуд, ки ба он наздиктар шуданд ва билохир ба он часпиданд. Баъзеҳо дар нишастгоҳ, иддаи дигар дар поймонак, зумрае дар пеш, чанде дар қафо ва онҳое, ки ҷойи нишаст наёфта буда, байни нишастгоҳ рост меистоданд.
Нахўтак паҳлўи мўйсафед ва Сўҳробро интихоб карда буд...
Фақат Нодир дар поён монда.
- Чаро ту савор намешавӣ а?- пурсид мўйсафед.- Дил васеъ бошад, ҷой ёфт мешава-ад а! Биё…
Вале Нодир ба Сўҳробу Нахўтак ва дигар бачаҳо, ки сари шавқу шодӣ ўро фаромўш карда, бори дигар назар андохта, тоб хўрда, бирафт.
…Мўйсафед дигар илоҷ надошт ғайри лаҷомро ҷунбонидан.
Бўр ба ҳаракат омад, фойтунро кашида, аввал оҳиста, сипас резачорпо пеш рафт.
Фойтун лаппиши дилкушое дошт ҳолиё.
Фараҳи бачаҳоро афзун мекард.
Шавқи онҳо аз ҳадду ҳудудаш гузашта, нидоҳои шодиашон печиш мехўрд.
Нодир, ки дур рафта буд, тоқат накарда, як биистод, ҷониби онҳо ва аспу ароба назар бурд, ҳарчанд пинҳон кардан мехост, дар чашмонаш андуҳ ва ҳасад хона дошт ва бори нахуст худашро ин дараҷа танҳо ва нодаркору ҳақир эҳсос мекард, яъне баъди кўчида омаданашон ин ҷо чунин шуда буд ҳоло.
Фойтуни пур аз бача, пур аз шавқу ҳаёҳуй дур мерафт ва мерафт. Дуртар мешуд аз ў.
Дар кушодии миёни биноҳои баландошён ва ҳавлии куҳнасохт чанд бор давр зад фойтун бо ҳайҳўи хосаи бачаҳо ва ниҳоят биистод.
- Бо-оз, бобоҷон! Бо-оз а!... - овоз баланд карданд бачаҳо, ки ҳавсалаашон пир нашуда буд.
- Дафъи дигар, азизони ман, - узромез ба забон овард мўйсафед. - Ҳозир рафтани мо зарур. Як кори хайр интизори мо-ост... Як кори ниҳоят хайр-е…
XII
Фойтунро, ки болояш мўйсафеду Сўҳроб монда буданд,
Бўр бо резачорпои дилнишине кашида, пеш мерафт. Пеш мерафт дар кўчаҳои шаҳристони азим.
Ва шаҳриён қадами худро суст намуда, баъзеҳо, ҳатто, истода, бо ҳайрату мафтунӣ менигаристанд ба аспу ароба, ки миёни иморатҳои сангин ва ҳавои вазнини шаҳристон аз будаш аҷибтар метофт, аз ин манзар гирди лабон табассум бармедамид.
Нозири роҳ (гаишник), дар гардишгоҳ, бо чўбдасташ ишора бикард, аввал аспу фойтун бигзаранд, пасон мошинҳо.
…Одамони либоси рангоранги оҳарӣ дар бар аз пайдо гардидани фойтуни қашанги ҳайратбахш моту маҳбут шуда буданд. Яъне ин дар тўйхона буд.
Арўс лаҳзае нобовар истода, сипас чашмони шармолуди духтаронаашро бидўхт ба домод: яъне шукргузорӣ кардан бихост бе сухан, яъне барои фойтуни мўъҷизабор, ки маросими тараби онҳоро маънии изофа бахшида буд.
Одамони солхўрдаи маърака бошанд пеш омада, бо соҳиби аспу фойтун, яъне мўйсафед даст дода, вохўрдӣ мекарданд.
Модаркалони арўс «бахташон сафед шавад!» гуфта, ба пешона ва сари китфи арўсу домод ва ҳамчунин ёлҳои Бўр гарди орди сафед мепошид.
Сўҳроб мисли дигарон ба ҳавои рақс қарсак ҳамезад.
Ниҳоят домод арўсро бардошта, болои фойтун баровард, ба нишастгоҳи он нишонид, худаш паҳлўи вай ҷой баргирифт.
Аз ҳар тараф ба сари арўсу домод танга ва гул ҳамерехт, ки «чошалак» меномиданд дар ин мавзеъҳо.
Баъд аспу фойтун ба роҳ даромаданд, аз дунболашон мошинҳо, ки дар онҳо тўякиҳои дигар нишаста, ба ҳаракат омаданд. Фойтун, акнун, бо тантанаи пуршукўҳ убур мекард кўчаҳои шаҳристонро. Ҳама хушрўзу хушдил буданд. Алхоса арўсу домод ва мўйсафеду Сўҳроб. Ҳатто Бўр гўё ҷавонтар шуда, ки чобукона ҳамерафт, вазни фойтунро гўё эҳсос намекард.
Ин дам мошини навбаромад, ки ранги гулобӣ дошт, аз пеш биомад, дар канори роҳ биистод. Аз он марди босалобат ва ҷавони айнакӣ берун бишуда. Ҳар ду дурудароз ба аспе, ки фойтунро бо шавқи хоса кашида мебурд, назар медўхтанд.
Сипас миёни худ кадом чиҳо радду бадал мекарданд, пасон то панаҳшавии аспу фойтун аз дунболи онҳо нигаҳи худро канда наметавонистанд. Хусусан нигоҳи марди бо салобат бо таваҷҷуҳи хоса омехта буд.
Ниҳоят аспу фойтун назди хонаи ақди никоҳ қарор гирифтанд.
Чанде баъд арўсу домод ба пояи ҳайкали бузургмарди халқи тоҷик, яъне Шайхурраис Абўалии Сино гулдаста гузоштанд.
Аспу фойтунро туристони хориҷӣ бо шавқу иштиёқи тамом сурат мегирифтанд.
Баъд Бўру фойтун расида буданд ба тўйхонаи дигар, яқинтараш ба хонаи домод.
Ва соҳиби ин аспу фойтун, яъне мўйсафед Аҳмад барои хушбахтии домоду арўс дуои хайр медод.
Ҳамчунин ёлҳои аспро сила намуда буд ва барои вай шукргузорӣ бикард:
- Кам нашавӣ, бародар! Имрўз хело заҳмат кашидӣ, шодию хурсандӣ овардӣ…
Асп фараҳмандона калла ҷумбонд: чашмонаш мерахшиданд.
XIII
Кўҳҳои боҳашами перомуни Душанбе аз партави офтоби ғуруб ниқоби тиллоӣ ба сар дошта.
Баъд ин ранг муттасил аз байн мерафт, пардаҳои торикӣ болои шаҳристон ва кўҳистон мерехтанд.
Ин ҳама аз тирезаи хонаи Сўҳробино айён дида мешуд.
Падари Сўҳроб, дар ниҳоят, аз паси равзана ҷудо гардид, аз як гўшаи хона меомад гўшаи дигараш. Яъне бештар асабӣ мешуд бо гузашти вақт.
Аз ошхона овози резиши об ва бархўриши зарф меомад, яъне модари Сўҳроб ҷунбуҷўл дошт.
Падар боз пешу қафо рафту омад ва дигар худро дошта натвонисту бикафид.
- Ин шайтончаи ту боз куҷо ғайб зада боша-ад а?! Шаб даромадаасту…
-…Намедонам…- овози модар омад.
- Бин, ки таоми пешинашро хўрдааст ё не?
Ин дафъа ҷавоб дер омада буд ва басо паст буд:
-…Ба таом даст нарасондааст.
- Тоқатам намо-онд дигар, - аз роҳгардӣ биистод падар. -
Ба бесариҳои шайтончаи ту хотима додан зарур!
Модар аз ошхона баромад, рўи фароғаткурсии хонаи калон беҳолона биншаст.
- Ман чанд бор таъкид карда будам, барои лагери истироҳатии бачаҳо роҳхат бигирем, - хастаҳол изҳор дошт вай. - Охир бисёриҳо мераванду бачаи мо монда ин ҷо…
- Гуфта будам - гуфта будам! - даст афшонд падар бо истеза. - Дер шуд, акнун. Пагоҳ шанбе, ягон идора кор намекунад. Баъд якшанбе. Рўзи душанбе бошад бачаҳо мераванд аз каллаи саҳа-ар!
Баъди дилашро камтарак холӣ кардан бо овози каме сулҳҷўёна идома бидод:
- Гумон карда будам, вақти рухсатии ман якҷоя меравем ба истироҳат.
- Кай меояд рухсатии Шумо-о ъа? Шояд охири тобистон, ё шояд тирамоҳу зимистон ё соли дигар. Охир зиёдтар кор карда, пул ёфта, қарзи мошина супориданамон лози-им… Ин мошинхарии Шумо ҳисоби зиндагимона гум ка-ардааст, кайҳо-о…
- Наҳ наза-ан а! - норизоии падар афзуда буд. - Мошин чӣ қадар, ки ба ман даркор, ба ту ҳам дахл дорад, ба ин хонадон ҳам!
- Набошад, бачаро ба деҳ, назди падару модари ман фиристем хубтар будагист?
- Боз ғазали куҳна мехонӣ а. Баъд қишлоқиҳо «бачета фиристодӣ, мо парасторӣ кардем» - гуфта тамоми сол охурча мекунанд хонаи моро, ба меҳмонсарои бепулашон табдил медиҳанд, ба таомхонаи ройгоне ва барои ин чӣ қадар харҷӣ зиёдатӣ лозим аст!…
- Воҳима накуне-ед а… Деҳ ва мардуми деҳ афзалиятҳои худро ҳам доранд. Ҳатто бачагонаш афзалият доранд. Дар деҳ бачаҳо, асосаш, вақти холигӣ намеёбанд. Об овардан, алаф кашондан, ҳезум тайёр кардан, молу ҳола дидан, ҳавлиро саришта кардан, ташвишу корҳои дигару дигаре. Дар шаҳр чӣ?
Ҳама чизпш тайёр: оби гарм дар обреза, хўрду хўрок дар яхдон, газ ҳаст, барои оташ даргирондан фақат гўшаки онро тоб дода, донаи гўгирдро наздик бурдан лозим. Яъне дар шаҳр барои бачаҳо ташвиш ва кору бор камтар… Балки қариб нест.
Бекорӣ бошад касро ҳар тараф мезанад. Ҳама фалокат аз бекорӣ сар мешавад, аслан…
- То кай ба ман ақл мешавӣ-ӣ а? - кафид падар.
- Охир ман ақидаи худамро гуфтаму тамом…
Гар овози тақ-тақи дар намебаромад, шояд ҷанҷол мерасид ба ҳадди пуршиддати дигаре.
- Ҳозир ман ин бачета чунон боб кунам, ки! - сўи дар шитобид падар, ки гумон мекард Сўҳроб бошад дар паси он.
- Исто-о! - пешдастӣ карданӣ бишуд модар, ки метарсид ҷанги нав бармехезонад падари хонадон: - Ман худам…
Вале паси дар меистода падару модари Нодир.
- Шабатон ба хайр, ҳамсояҳо, - овоз бароварданд унҳо.
Ва давом доданд: - Саломату бардам ҳастед а?
Дар дасти модари Нодир ба назар мерасид варақи лўндакарда.
Чун ҳамсояҳо даромада нишастанд, модари Нодир он коғазро рўи миз паҳн намуд:
- Мо ариза овардем.
Ва «чӣ хел ариза?» назари ҳайрат бидўхт падари Сўҳроб.
- Аз болои мўйсафеду аспаш ариза навиштем. Мо аллакай худамон имзо мондем. Чанд ҳамсояи дигар ҳам.
Акнун навбати шумо-ён…
- Ана, - ба хондани ариза даромад модари Нодир. - Ба раиси ҳукумати шаҳр… Аз номи сокинони бинои нав…
Ариза… Ва баъд: доштани баъзе намуди ҳайвон дар шаҳристон… ғайри қоидаи санитарӣ шуморида шавад… ин касалиҳо гуногун ва ҳатто тифу вабо оварданаш мумкин…
Ҳавлии куҳнасохт низ ба ҳусни шаҳри навшаванда доғ меоварад… ва ғайра… Хуллас ин мўйсафеду ҳавлияш ва аспашро нест кардан лозим. Чунин лозим, то маҳалли нав зебою тозатар ба назар бирасад.
Дар байн чанд лаҳза сукунат фитода буд.
Модари Сўҳроб кебиш мехўрд.
- Ман дирўз, - баъди андешае ба забон овард, - дар ҳавлии мўйсафед будам… Рўи ҳавлӣ озода… Асп ҳам тоза. Аз он ҷо касалӣ рўиданаш мумкин нест… Албатта, дасти зан ҳис намешавад дар он ҳавлӣ… Вале баҳри дил кушода мешавад аз тамошояш...
- Ана, ҳимоятчӣ ҳам ёфт ун мўйсафеди ҷунунзада ва аспи аз он девонатараш, - тамасхур зад падари Нодир, - Дилашон ба ун гандапиру гандаасп месўхтааст а!
Дар миён боз хомўшии ноҳинҷор лангар партофта буд.
Модари Нодир аз вазъият истифода буда, барои модари
Сўҳроб изҳор бидошт:
- Куртаю поҷомаи фармудаатон қариб тайёр шуд. Пагоҳ метавонед бигиред.
Инро шунида падари Сўҳроб ташвиш бикашид:
- Ту либос фармудӣ а?
- Ҳамсоямон чевари гулдаст…- шарҳ дод: - Мисли ин кас дўхта наметавонад нафари дигар.
- Либос фармую пул сарф бикун бо-оз! О, пули қарзи мошина кай медиҳем?
- Охир либосҳоям фарсуда шуда… Пўшоки сози мепўшидагиам намонда… Бо ин фарсудаҳо дар коргоҳам шарм медорам…- ба либоси танаш ишора кард.
Ин дафъа модари Нодир гапро тарафи дигар гардонданӣ шуд ва дар хона набудани Сўҳробро пай бурда, суоле ба миён биовард:
- Писаратон барнагашта? Ҳаа… Нодир гуфт, ки Сўҳроб ба аробаи мўйсафеди девона нишаста, куҷое рафтааст. - ва баъд биафзуд: - Ин ша-аб шояд барнагардад ъа…
Падари Сўҳроб, ки то ин дам аризаро имзо монданӣ набуд, акнун «ба ман диҳед!» гуфта, чанг зада, аз дасти ҳамсояҳо баргирифт ва ҳамоно имзо гузошт.
Модари Сўҳроб оҳ кашид бо авзои дигаршуда ва баромад муаллақайвон. Нигоҳаш мерафт ба кадом дуриҳо.
Шояд омадани писарашро интизорӣ мекашид ниҳонӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё