Зеҳн
Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…

зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Милисае аз банди дасти як бача дошта меовард.

- Ту ҳам омадӣ?- пурсид Ҳикмат аз ин бача.

- Инро мешиносӣ?- савол дод милиса, ки банди дасти бачаро сар намедод.

- Вай аз бинои баландошёни нав, - равшанӣ андохташ

Ҳикмат.

- Ин бошад мегўяд, суроғаи хонаашонро намедонад. О, фиребро ёд гирифтааст, кайҳо-о!

Ҳамин вақт палковник аз дафтари кориаш баромад, ба навбатдор бифармуд:

- Рақами телефони сардори кушишхонаро биёбед. Агар дар идорааш набошад, рақами телефони хонаашро пайдо би- кунед. Зудта-ар!

Ин ҳангом дари милисахона якбора боз шуду он ҷо қариб бо дав даромаданд ду нафар, яқинтараш падару модари

Нодир буданд.

- Барои чӣ писари маро овардед ба ин ҷоъ? Бо кадом асо- ос ъа?

- Ором бишавед, шаҳрвандон, - ба миён даромад навбатдор.

- Барои чӣ ором шаве-ем ъа? Бачаи моро бе гуноҳ дошта, зўр ба зўрӣ милисахона оваранданду мо хап исте-ем ъа?

- Ғавғо барои чӣ? - пурсид палковник пеш омада.

- Началники инҳо шумоед? Агар шумо-оъ бошед, фармоед писари моро озод бикунанд! Худи ҳамин ҳози-ир!

- Агар гунаҳкор набошад, раҳо мекунем, - иброз дошт палковник дар ниҳоят. - Фақат ин қадар шўру ғавғо барои чӣ- ӣ а?…

- Ҳоло чунон ғавғо хезонам, ки…- як даст ба миён монда, пўписа бикард модари Нодир. - Шумо бо собуни ман ҷомашўӣ накарда-ед, намедонед, ки чашматона месўзонад кафки ин собун. Яъне ман роҳи идораҳои калонтару болотарро медонам… Бо воситаи онҳо аз вазифа парронданам мумкин

Шумо баринора-а!…

Ин дам чашми модари Нодир биафтод аз роғи дари дафтари кории палковник ба Сўҳробу Нахутак.

- Ана ун шўрапуштҳоро дошта овардед, хато накарде-ед.

Кайҳо ба милисахона супоридани онҳо лозим буд. Ҳо-оъ!…

Аммо намедонам барои чӣ писари мусича барин бегуноҳи маро оварде-ед ъа?…

Палковник асли воқеаро аниқтар кардан бихост.

- Барои чӣ писари ин касҳоро овардед? - ба милисае, ки банди дасти Нодирро ҳанўз сар намедод, суол намуд.

- Дафъаи чандум, ки пулмайдакунак вайрон мешавад, - эзоҳ бидод он милиса. - Ниҳоят вайронкорро болои ҷинояташ ба даст гирифтам. Ин автоматро вайрон карда, аз дигарон бо фиреби пулашонро майда кардан, фоида мебардоштааст.

Палковник рўй оварда буд ба волидайни Нодир:

- Пас писари шумо моҳи беайб набудааст! Албат, вайро озод мекунанд. Вале аввалан барои гуноҳҳош ҷавоб гуфтанаш лозим мешавад.

- Ҷарима ди-ҳем а?- падари Нодир ҳайрон монда. - Чанд пу-ул мешавад-ъа? - дар изтироб буд сари ин масъала.

- Намедонам. Инаша ҳисоб карда мебароянд! - таъкид карда буд палковник.

Падари Нодир хавфи харҷ шудани пули калонро эҳсос намуда, ба буни гардани писараш шаппотие фаровард.

- Ана ин кора кардан мумкин нест, - иброз дошт палковник, - фарзандро бо дигар роҳ тарбия мекунанд. Бештар бо намунаи ибрат шудани худи падару модар…

Баъд ба навбатдор рўйовар бишуд:

- Протокол тартиб диҳеду ба суд супоредаш.

- Ҳамин хел бачаи донои бомаънӣ буд-у…- нимғурма кард Ҳикмат дар бораи Нодир.

- Барои ту ин бача бамаънию бачаҳои даруннишаста беодоб, шўрапушт?! Аҷа-аб а? - ва фармон бидод: - Ку ту ҳам бидро-о ба кабинети ман!

Ҳикмат ба дафтари сардор ворид шуда буд аз думболи ў.

- Чӣ тавр тавонистӣ ин хел мўйсафеда ранҷонӣ-ӣ а? - пурсид палковник ба вай бори дигар зеҳн монда.

- Аз рўи дастурамал рафтор кардам, рафиқ палковник.

Аз рўи қонун, - ғуррунгид Ҳикмат чунин.

- Аз рўи қонун? - тамасхур бизад палковник. - Қонунро дуруст фаҳмидан лозим, албат. Вале ғайри қонунҳои навиштаву тасдиқшуда боз ҳаст қонуни дигар. Яъне қонуни дил, қонуни инсоф, қонуни эътибор. Ин бачаҳо, - ба Сўҳробу

Нахўтак ишора кард, - дар ин масъала аз ту ҳасостаранд, аз ту ҳақтаранд. Зеро, қонуни дилро медонанд. Умуман… Умуман қонуни меҳри дилро надониста милисаи ҳаққонӣ шудан ҳам душвор… Инро медонӣ магар, Ҳикмат?...

Ҳамин вақт телефон занг заду палковник паси мизаш гузашт ва гўшакро бардошт.

- Ҳаа, пайваст бикунед…- пасон идома бидод: - Ассалому алейкум, Тўйчӣ Сатторович. Ҳаа, ин ман… Не, як нохушӣ сар зад, яъне як кори фач шуда. Ҳаа… Як корманди мо аспе бурда супурдааст ба комбинати Шумо. Аниқ мекуне-ед а?

Мунтазираш бишавам? Ху-уб…

Палковник овозчинаки телефонро ба кафи қавиаш пўшонда, аз нав зеҳн бимонд ба милисионери маҳал:

- Умуман фикр карданат лозим, ки касби милисагиро саришта карда метавонӣ ё не? Охир дар ҳар касб истеъдод даркор… Вагарна сарфаҳм наравӣ ба нозукиҳояш ҳеҷ го-оҳ- е…

Яқин дар гўшак боз чизе бигуфтанд, ки палковник каф аз рўи овозчинак бардошт.

- Ҳа, гўшам ба Шумост Тўйчӣ Сатторович… Ун аспа дигарон ҳам кофта-анд? Киҳо кофта?... Аз «Тоҷикфилм»?…

Ҳоо, фаҳмо-оъ… Аспа ба Данғара фиристоданд, яъне бо галаи аспҳои дигар фиристоданд? Ба чарогоҳ барои каме фарбеҳ кардан, гуфтед, ки пеш аз кушта шуданашон фарбеҳтар мекунанд чунин?... Фаҳмо-оъ… Чӣ? Баъзе аспҳои бемадору пирро ба кушишхонаи сари роҳ супориданашон, он ҷо кушта шуданашон аз эҳтимол дур не-ест?… Худо накунад, ки…

Фаҳмидам…

Авзои палковник бештар тира гардида буд ва гўшакро, дар ниҳоят, бимонд.

Як ба андеша рафту сипас аз ҷой бархест.

- Ман худам бо Шумо меравам, - изҳор дошт. - Меравам ба Шумо, Аҳмад-ака… Ба ҳурмати Шумо…

…Баъди ба мошин нишастанаш, ба ронандаи худ фармон бидод.

- Зудтар биронӣ бояд!… Фаҳмидӣ?... Ҳарчӣ зудтар!…

Дар ин мошин нишаста буданд ҳамчунин мўйсафед ва

Сўҳроб ва Нахўтак…

Мошин бо суръате мерафт ва палковник ҳанўз дар хавотир буд.

Мўйсафеду бачаҳои дар ду тарафаш нишаста ҳамчунин хавотирӣ мекашида ва алағда буда аз пешомади номуайян….

XXXIII

На вобаста ба роҳи пурпечи кўҳистон бо суръат мерафт мошини милиса. Бо суръати афзун...

Палковник, ҳар гоҳ, сўи нишастгоҳи қафо, ба Сўҳробу

Нахўтак нигариста, билохир гўё барои худаш изҳор дошта буд:

- Мо, калонсоло, бисёр вақт ба корҳои зарури худамон овора гардида, ҳис намекунем, ба воя мерасанд бачаҳо… Ё вақте ҳис мекунем, ки аллакай дер шуда, ба онҳо бисёр чизҳоро дода натавонистаем, ҳатто баъзан халал расондаем.

Яъне халал расонидаем ба меҳри арзандаи дили инҳо, ба майлу хоҳиши покизаи инҳо…

Мўйсафед ҳам, ки ба бачаҳои ду бараш нишаста менигарист, калла ҷумбонид ба тасдиқе.

- Ҳоо… Дуруст гуфте-ед…

Дар роҳи пурпечи кўҳистон медавид мошин ҳамоно.

Фикру хаёли ҳама банд буда ба Бўр, ба саманди солхўрдаи тақдираш номуайян? Магар раҳо дода мешуда бошад варо ё аллакай сар зада бошанд ун аспро дар ягон кушишхонаи сари роҳ?

Мошин мерафт ҳамоно бо суръати афзуда.

Баъд ағба монда буд дар қафои қафое.

Мошин медавид ҳамоно.

Кўҳҳои ун тарафи ағба танаи ноҳамвори худро нисбатан рост намуда, кушодии ба дара монанде ташкил дода. Яъне ҳамвории паҳнои миёни кўҳпораҳои азим буд.

Сўҳроб чашмони тези худро дўхта буд бар он ҷониб.

Нигоҳаш мекофт саманди пиршудаву оворагаштаро.

Дар изтироби сахт буд. Сари синааш номураттаб пасту боло мерафт.

Баъд якбора нидое бароварда буд вай:

- Ана-а! - бо дасташ ишора карда сўе. - Ана-аъ!

Дар ёнаи теппакўҳҳо ба чашм расида буд гала. Галаи аспон, ки дарозо мерафта.

- Ҳу ан-на-а! - такрор карда буд Сўҳроб.

Мўйсафеду Нахўтак ва палковник менигариста ҷониби ишоракардаи вай.

Галлаи аспон буда, дар ҳақиқат, дар доманакўҳ.

Ронанда суръати мошинро афзунтар карда буд ба сўи галла.

Чашмони пиронаи мўйсафед Аҳмад аз миёни даҳҳо саманд ҷустаниву дарёфтан мехоста аспи сафедро. Бўри худро, ки барояш ҳам фарзанд буд, ҳам дилбанд, ҳам дўст, ҳам гармии зиндагии имрўзааш ва ҳам умеди ояндааш. Ва он оянда, гар вуҷуд дошта бошад, пас вобастагӣ дошта ба вуҷуд доштани саманд…

- Ҳоо ана! - нидо зада Сўҳроб боз. - А-н-аъ. Бўри мо-о-ё- н!...

Мўйсафеду Нахўтак ва палковник ҳамчунин дарёфта буданд бо нигоҳ аспи сафедтанаро дар дури дуриҳо.

Мошин дар канори роҳ қарор гирифта буд, дар ниҳоят.

Роҳе, ки дар поёнаш пастхамӣ ва пасон нимҳамвории миёни кўҳҳо буд.

Сўҳроб ҷаста, аз мошин фаромад.

- Бў-ўр, - ҷониби гала давидан мехост бачаяк. Ҷониби галае, ки дар дуриҳо, дар нимҳавории пояи кўҳҳо ба назар мерасид.

- Бў-ўр! - Сўҳроб ҳамоно медавид.

Аз миёни гала аспе гўшҳояшро чух карда, ба писарчаи давон менигарист. Менигарист бо чашмони бодиққату пурҳикамташ ва пасон шиҳа баркашида буд. Якбора шиҳа баркашида. Ва ҳамчунин якбора ба чорхез даромада.

- Бў-ўр! - нидо зада Сўҳроб. - Бўри мо-оъ! Бў-ўр!

Бача медавид ҳамоно ба истиқболи саманд.

Асп медавид ба истиқболи Сўҳроб.

Солхўрдае медавид сўи бачаяке.

Ва бачае медавид ҷониби солхўрдаи сафедтане.

Покўбии ҷонвар ва овози батакрори бачаро акс мекарда кўҳистони сангини атроф.

- Бў-ў-ўр!...

Садои суми аспи давон буд.

Ду ҳастӣ, яке солхўрдаи безабоне ва дигар бачаяки нидогар медавида. Медавида бар истиқболи якдигар.

Ниҳоят ба ҳам расида буданд унҳо.

Сўҳроб ба гардани асп часпида овезон шуда. Ёлу рўи

Бўрро мебўсид, мебўид, мешамид.

- Бў-ў-ўр!!!

Асп бо лабони нармаш ва гармаш сару рўи бачаро мелесид.

Мўйсафеду Нахўтак ва палковник наззора мекарданд аз канори роҳ ин ҳамаро, чашмонашон аз ҳаяҷону сурур мерахшид. Балки дар чашмони пиронаи мўйсафед ашки шодӣ ҳалқа мезад.

Ҳамин вақт паҳлўи мошини милиса мошини дигар омада, қарор баргирифт. Дар танаи он навишта шуда буд:

«Тоҷикфилм».

Аз мошин фаромад марди босалобат, ки варо аллакай, чандин маротиб, дида будем назди ҳавлии мўйсафед. Аз дари дигари мошини «Тоҷикфилм» берун гардид ҷавони айнакдор ва чанд каси дигар.

Онҳо ба аспи сафед, ки болояш бачаяке савор буду пешопеши гала медавида, мисли афсуншуда менигариста.

Марди бо салобат гўё, якбора, чизи муҳиму асосӣ ба хотираш расида бошад, саросема бо овози баланд фармон бидод:

- Барои чӣ шах шуда монде-ем а? О, ку-у камера-а? О, ин ҷо биёредаш. О, зуд-та-ар е!

Ҳама саросема ба ҷумбиш даромада буда. Ва камераи киногириро тайёр мекарда.

Офтобе, ки ба ғуруб омода буд, дар сари кўҳҳо бо ҳашаму бузургӣ меистод. Бўру бача маҳз аз ун ҷониб меомаданд ҳолиё. Аз ин боис ба назар мерасид, саманду бача амсоли анвори поки офтоб бошанд, ки аз уфуқҳои осмони фасонабор меоянд.

- Ин финали филм мешавад, - шарҳ бидод марди босалобат, ки яқин таҳиягар буд, яъне режиссёр ва ҳамкоронашро саросема мекард барои зудтар навор гирифтан.

- Ку-у, гирифтем ба наво-ор! Тезтар-ъа! Шурўъ карде-ем ъа!

Камераи кинобардорӣ ба гардиш омада буду овози хоси муттасилаш ба гўш мерасид.

Мўйсафеди рўҳгирифта Аҳмад-ака, ки ин ҳамаро бо чашмони обгирифта мушоҳида мекард, баногаҳ пурсид аз марди босалобат:

- Филми шумо дар бораи чӣ боша-ад а?

Мард, яъне таҳиягар посух дардода буд:

- Дар бораи муҳабба-ат, падар. Дар бораи муҳаббат ба табиат, ба ҷонварони олам, ба одамону ҳама чизи дигар. Дар бораи муҳаббат, дар бораи садоқат, дар бораи вафодорӣ бошад ин филм…

- Фаҳмо-о…- калла ҷумбонд мўйсафед Аҳмади пурҳаяҷон.

Бўр ҳамоно мисли анвори поки хуршед аз уфуқи дури осмон меомад сўи одамон, балки парвоз дошт гўиё. Парвоз мекард аз болои замин, аз болои теппа, аз болои кўҳҳои пурмуаммо. Дигар хатари марг ба ҳаёти вай таҳдид намекард…

Чунин буд ва чунин шуда…

Дигар хатари марг вуҷуд надошт дар атроф ва дар осмону дар замин…

пешина
аз 34