Зеҳн
Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…

зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сўҳроб болои рахти хобаш рў ҷониби девор буд. Чароғ куштагӣ.

Дар хонаи калон бошад падар асабиёна қадам бармезад аз гўшае ба гўшаи дигар.

Модар паси хонтахта хомўш менишаст.

Дар се ҷониби хонтахта се косаи пури шўрбо меистод.

Вале касе ба онҳо чумча назада.

- Намедонам, бо ин бачет чӣ кор би-кунам ди-гар? - ғурунгос мезад падар. - Барои лагераш роҳхата ба чӣ азоб дарёфта будаму аммо гурехта омадааст аз он.

Оташи қаҳри падар паст наменишаст ва наменишаст.

- Баъди ба ин бино кўчида омаданмон, ин бача намемонад, як лаҳза нафас бикашем озод. О, ҷони мо аз пўлод не-ест ку, - аз равзана берун, яъне ҷониби ҳавлии куҳнасохт нигаристу биафзуд: - Кош ҳамин мўйсафедро зудтар мекўчонданд ба ҷои дигар! Кош ҳавлии вайро вайрон мекарданд зу-уд-та-р! Хуб, ки аспашро бурдаанд. Вайро ҷое супорида, ки акнун аз гўшташ ҳасиб созанду аз пўсташ чарми пойафзол…

Мамнун буд падар, аз ин ҷиҳат, зиёди зиёд.

Вале яку якбора дар кушода бишуду Сўҳроб берун биомад аз хонаи хобаш.

- Бўра ба куҷо супориданд, дада-а?

- Ба ҷои на-ағз, ки онро «комбинати гўшт» ном баранд.

Ҳайвонҳоро он ҷо сар мезананду гўшташонро ба дўкони гўштфўшӣ мефиристанд, пўсташро ба чармгарӣ!

Сўҳроб ба шунидааш бовар намекард.

- Ин тавр шуданаш мумкин нест а. Охир Бўр… Ин тавр шуданаш мумкин не-ест а!…

Падар лаб баста, дигар чизе гуфтан намехост.

Сўҳроб ба ў часпида буд яку якбора.

- Дадаҷон, илоҷе кунед, а, халос шавад ун Бў-ўр…

- Илоҷ? Ҳмм…- гардан тофт падар боз.

- Илтимос, дада-ҷо-он!

- Албат, ёрдам, додан лозим, - иброз дошт модари

Сўҳроб дар ниҳоят. Ва биафзуд: - Ту ҳоло рафта хоб бикун, бачем. Пагоҳ маслиҳат мекунем.

Сўҳроб намерафт.

- Рафта дам бигир. То пагоҳ ба ягон қарор меоем, - таъкид бикард боз модар. - Ман бо падарат маслиҳат мекунам дар алоҳидагӣ доири ун асп.

Сўҳроб сўи хонаи хобаш қадам барзад, дар ниҳояти ниҳоят…

XXIX

Боз як рўзи дигари зиндагӣ оғоз ёфта, ки мисли рўзҳои пешина ташвишҳои худашро дошт ва умеду орзуҳоро ҳамчунин.

Сўҳроб дар балконаи худашон малул нишаста, ҷониби ҳавлии куҳнасохти мўйсафед назар меандохт. Баъди воқеаи дирўза даричаи дарвозаи ҳавлии мўйсафед кушода мондагӣ, аммо он ҷо касе даробаро намекард. Бе аспи сафед бошад ин ҳавлии қадим чунон холӣ метофт, ки гўё сел омада, тамоми чиҳози онро шуставу бурда.

Рўи ҳавлии бинои навсохт низ камбача метофт нисбат ба рўзҳои дигар.

Фақат дар як гўша, миёни чанд бача буҷулбозӣ мекард

Нодир ва ҳар гоҳ, ки ғолиб барояд, ба ивазаш пул мерўёнид ва пасон менигарист ҷониби муаллақайвони хонаи Сўҳробино тамасхури зафармандона мезад. Ва нусратмандона ҳам овоз бароварда буд боре ҷониби Сўҳроб.

- Туро хонаҳабс карданд ъа!

Сўҳроб дам назад, чӣ ҳам гуфта метавонист дар ҳоле, ки дошт.

Нодир ҳамоно ба сўяш нигоҳи пуртамасхўр дошт.

Рўз ноаён мегузашт ба ин минвол.

Сояи бинои баландқабата кутаҳ мешуда оҳиста-оҳиста.

Сўҳроб ҳанўз дар муаллақайвони хонаашон буд, яккаю танҳо ва маҳзун менишаст. Чӣ кор карданашро намедонист, илоҷ ҳам надошт.

Ниҳоят чизеро бидид, ки тамоми рўз умедворӣ мекашид.

Яъне дар поён намоён шуда мўйсафеди соҳиби ҳавлӣ. Бо қадамҳои ноустувору оҳиста-оҳиста меомад дар саҳни миёни биноҳои баландошён ва ҳавлии куҳнасохти худаш.

- Бо-бо-о! - фарёд барзад Сўҳроб, ки аз ҷо бархеста буд: -

Бо-бо-ҷо-он! О-ма-де-ед а?...

Аммо овози ўро нашнид он мўйсафед. Шояд гўшҳояш вазнин шуда буд дар асари касалии аз сар гузаронидааш ва ё таъсири доруҳо.

- Бо-бо-о-ҷо-он!

Мўйсафед боз нашнид, ба дарвозааш наздик бишуд, аз даричаи он ба ҳавлиаш ворид бигардид.

Нахўтак бошад ин лаҳзаҳо дар муаллақайвони хонаашон пайдо шуда буд, ин ҳамаро мушоҳида мекард.

- Сўҳро-об! - дар ниҳоят овоз баланд бикард. - Аз болоят дари хонаро қулф зада-анд?

- Беилоҷ мондаам…- навмедона ларзид овози бачаяк

Сўҳроб.

- Ман ҳозир, - баъди андешае аз муаллақайвони хонаашон ғайб бизад Нахўтак. Ва дере нагзашта пайдо бишуд ва расанеро нишеб бикард.

- Тори либосовезии модарам, - шарҳ бидод.

- Сахт бастӣ? - пурсид Сўҳроб ба боло назар бурда.

- Албат! Чӣ хеле ки модарам мебандад банди туфлиҳои маро, яъне сахти сахт!

Сўҳроб як ба ресмон ва ҳавлии мўйсафед назар бибурд.

Нигоҳаш омад аз нав ба расан ва часпид бар он. Бо кафҳои фишурдааш ресмонро дошта, зўр мезад, то болотар баромада тавонад. Баъзан ҷойи помонӣ намеёфт, ҷисмаш дар танаи муаллақайвон такон мехўрд.

Авзои Нахўтак ҳам зуд-зуд тағйир меёфт: ҳар гоҳ, ки

Сўҳроб алвонҷ бихўрад, хаёл мекард, ҳамин ҳозир, дасти вай, аз ресмон канда шуда, ҷисмаш поён равад ва парчини замин бигардад.

Аммо Сўҳроб болотар мерафт.

Ҳамин тавр талошҳо дошту талош.

Ниҳоят ба муаллақайвони Нахўтакино наздик биомад.

Нахўтак даст дароз бикард, аз куртаи Сўҳроб дошту баркашид. Сўҳроб худро ба муаллақайвони хонаи онҳо баргирифт.

Онҳо ҳар ду даруни муаллақайвон канда-канда нафас мегирифтанд аз ҳаяҷон.

Лаҳзае баъд бо шаст нишеб мешуданд аз зинаҳои бино.

Сўҳробу Нахўтак, билохир, аз баромадгоҳи поёни бино берун гардида, бидавиданд ҷониби ҳавлии куҳнасохти мўйсафед.

Даричаи дарвозаи мўйсафедро тела дода, саросема ворид гардиданд ба он ҷо.

Мўйсафед дар гўшаи суфа пойҳояшро оғўш карда, сарашро рўи зонувонаш монда, беҳолу пакар ва шахшуда менишаст.

- Бўра милиса бу-урд а! - хабар расонд Сўҳроб. - Аспа милиса ба комбинати гўшт супоридааст.

Мўйсафед ҳамоно карахт менишаст, гўё ин ҳамаро намешунид. Гўё дигар шуда буд аз таъсири касалӣ ё ғалаёни эҳсос.

Сўҳроб ба китфи вай даст расонид.

- Бобо-о!

-…Ҳа-а..- як қад парид мўйсафед дар ниҳоят.

- Бобо-о… Бўра бурд милиса, ба комбинати гўшт супордааст, барои куштан...

-…Ҳооо…- овози мўйсафед хаставу дардомез биомад.

Бетоқатии Сўҳроб афзунтар мешуд.

- Бобо, худатон мегуфтед, дўстонро шиносанд ҳангоми дармондагӣ. Мегуфтед, ки рўзи бад дўст наҷот бидиҳад дўсти худашро бояд.

- Мегуфтам, - мўйсафед тарзе ба Сўҳроб нигарист, ки гўё акнун дида бошадаш. Баъд пурсидаш: - Ту дар лагер набудӣ ъа?

- Гурехтам аз ун ҷо, - ҳақиқатро ошкор намуд, дар ниҳоят, бача.

-..Ҳо-о…- аз чӣ бошад, мад кашид мўйсафед, гўё фаҳмидан хоста сабаби ин рафтори бачаро. Сипас зўр зада, аз ҷо бархеста, хона ворид бигардид.

Сўҳроб гумон дошт, мўйсафед рўи ҷогаҳи он ҷо дароз мекашад, карахту беҳис мешавад.

Мўйсафед, дар ҳақиқат, кўрпаҳоро аз таҳмон мегирифт.

Аммо маълум шуд на барои ҷойгаҳи хоб партофтан, балки болои сандуқро холӣ кардан буда. Зеро сарпўши сандуқро баркушода буд дар ниҳоят.

Сўҳроб ва Нахўтак аз назди остони дар менигариста ба ҷониби вай.

Сарпўши сандуқи мўйсафед аз тарафи дарун суратҳои часпонда дошта, суратҳои куҳнаи рангпарида. Дар як сурат аскарбачае дар сари синааш ордену медали зиёд, ҳамроҳи аспе.

Меистода онҳо наздики Рейхстаг, яъне ҷое, ки ҷанги дуввуми ҷаҳон ба ғалабаи мутлақ анҷом биёфта. Дар сурати дигар ҷавонзани нозанине ҳамроҳи писарбача ба назар мерасида.

Яъне писари мўйсафед буд ва ҳамсари шаҳидшудаи вай.

Сарбандеро, ки ба рўймоли ун бонуи шаҳидшуда шабеҳ буд баркушод мўйсафед. Андаруни ин баста тоқии гулдўзии гирдаи бачагона меистод ва ордену медалҳо.

Мўйсафеди пуризтироб меларзид.

Дар сурати андаруни сарпўши сандуқ ҷавонмарде меистод назди Рейхстаг ҳамроҳи аспи сафед, пеши бараш овезон буд ордену медалҳои зиёде...

Бо ҳамин медалу ордени пеши бар аз дари хонаи куҳнасохташ берун гардида буд вай. Вай, ки мўйсафед буд, акнун. Яъне ҷанговари пиршуда.

Сўҳробу Нахўтак аз ў ва ордену медалҳои зиёди ў чашм канда наметавониста ва пасон аз дунболи вай бадар шуданд аз ҳавлӣ.

XXX

Дар ниҳоят расида буданд ба биное, ки милисахона буд.

- Ба ман милисаи маҳалламон лозим, - изҳор бидошт мўйсафед барои навбатдори ин ҷо.

- Дар мо чӣ бисёр - милисаи маҳал. Шумо кадомашро дар назар доре-ед а?

- Қадбаланди бурутчадор. Ҳикмат ном дошт…- мўйсафед бастаи «полвон»-ро начаспонида буд бори аввал ба охири номи ў, балки аз он ҳазар бикард…

- Не-ст вай, - ҷавоб гардонид милисаи навбатдор.

Мўйсафед бемадор ба хараки бехи девори воридгоҳ биншаст.

Милисаҳои рутбаҳояшон гуногуне даробаро мекарда ин ҷо. Вале Ҳикмат набуд дар миёни онҳо, намеомад ҳанўз.

Сўҳроб ва Нахўтак паҳлўи мўйсафеди коҳидаранг ба худ фурў рафта буда…

Ва ниҳоят милисае ворид бигардид, ки бурутчаҳояшро мемолид бо ду ангушти як даст.

- Туро нигаронанд, - хабар расонд барои вай навбатдор.

Милисаи бурутчадор тоб хўрда, мўйсафедро бидид, шояд аз ҳиҷолат ё андешаи дигар, худро андак гум бикард.

- Ҳа, Аҳмад-ака, саломатӣ чӣ хе-ел а?

- Бўр ку-у?!- ба чизи асосӣ гузашт мўйсафед ва майли аз ҷо бархестан бикард.

Ҳикмат гўё нашунида бошад, ба Сўҳроб рўй биовард:

- Ту ҳам ин ҷоъ?

- Бўр ку-у? - такрор намуд Сўҳроб.

- Бўра ёфта биовар, - талаб намуд Нахўтак.

- Ёфта биёр Бўри мо-ро ъа! - овози мўйсафед ларзид аз изтироб ва қаҳру ғазаб.

- Ба ҳаяҷон омадани шумо мумкин нест, падар, - ором кардан бихост вайро милисаи бурутчадор.

- Мана «падар» нагў, аз ту барин писарҳо ор меку-унам ма-ан!

- Мулоимтар гап зане-ед, а - ранҷид Ҳикмат. - О, ман дар ҳавлиатон не, дар идора, - баъд биафзуд: - Масъалаи асп бошад… Ҳаа, масъалаи асп. Ман маҷбур шудам, Бўра бубарам. Одамон шикоятнома навиштаанд, норизоӣ кардаанд.

Баъд ин бачаҳо, - ҷониби Сўҳробу Нахўтак ишора намуд, - барои асп шуда ҷанг хезониданд…

- Бўра куҷо бурдӣ а? - такрор намуд мўйсафед.

- Ба салоҳхона, яъне ба комбинати гўшт. Ана гувоҳиномаи он ҷо супориданам, - аз киса варақе баровард ва ҷониби мўйсафед дароз намуд.

- Ба ман коғази ту лозим нест, - биларзид мўйсафед бештар.

- Ба ман Бўра гардонида биова-ар!

- Аз куҷо гардонида биоварам, акнун. Намешавад дигар!

Шояд кайҳо сар зада бошанд ун ҷонваракро дар ун комбинати гўшт… Ҳоо!..- биафзуд: - Ба шумо ҷавоб, акнун! Ин ҷоро холӣ кунед, акнун!

- Бўра набиёрӣ, ҳеҷ куҷо намераве-ем мо-оъ!

- Ҳай, ҳай, - ба миён даромад милисаи роҳгузаре. - Бо ин ришу фаши сап-сафед ғавғоя бинанд-а. Ин бачаҳо аз шумо чӣ ёд мегира-анд ъа?

Мўйсафед гўё нашнида буд.

- Аспа ёфта мебиёрӣ, баъд аз ман халос мешавӣ-ӣ! - аз гиребони Ҳикмат чанг андохта буд якбора.

Вале аз изтироби беҳаду ҳудуд ранги мўйсафед дигар мешуду якбора як даст ба банди дили худ бибурд.

Барои он ки пурра наафтад Сўҳробу Нахўтак бидоштанд мўйсафедро ва рўи харак шинонда тавонистанд.

Ва бачаҳо аз вай дур намерафтанд, нигоҳашон бештар хавотирхез гардида буд.

- Қомат рост! Смирно! - нохост баланд гардид фармони навбатдор.

Ва палковники баландқомату таҳамтан қадам мезад тарафи баромадгоҳ.

- Озод! (Волно!) – изҳор намуд вай, сипас ба милисионери навбатдор рўйовар бишуд.

- Агар зарур шавам, занг занед ба телефони мошинам.

Ман аз паси кори зарур меравам…

Гузашта рафтанӣ буду лекин баногаҳ чашмаш биафтод ба мўйсафеди ин ҷо. Ва ҳайрон бимонд.

- Аҳмад-ака? О, Шумо чӣ мекуне-ед дар ин ҷо-о? - ҳатто афзуда буд: - Чаро рангатон аз ҳад зиёд канда-гӣ а?

Мўйсафед зўр зада, бо азобе аз ҷой хестан мехост.

- Ана…- бо лабони озурдаи ларзон ва овози паст кадом чиро гуфтанӣ буд ва қоғази гувоҳиномаро дароз намудан мехост ҷониби палковник. - Ана…

- Ин чӣ-ӣ а?

- Гувоҳинома, ки ин милисаяки шумо овардааст…- ба

Ҳикмат ишора намуд. - Вай аспи мана бурдааст… Ана ин бачаҳо шоҳид, ки вай бурда аспи мана…- сухан дар гулўи мўйсафед печид.

Сўҳроб фаҳмонидан бихост рўйдодаро:

- Ин милиса аспи ин каса бурда ба комбинати гўшт супоридааст, яъне барои он, ки бикушанду гўшташро фурўшанд, пўсташро чарму тасма бисозанд…

Палковник саволомез назар бурда буд ҷониби Ҳикмат.

Ва милиса амалҳояшро асоснок кардан мехост ҳоло:

- Сокинони маҳал шикоятнома навиштанд, рафиқ палковник. Боз бо гуноҳи ин ду авбошча ғавғо хеста буд дар он ҷо, гирди асп… Ман дигар илоҷ надоштам… Яъне маҷбур шудам, аспа бурда супорам ба кушторхона...

Палковник чанде саргаранг монда буд. Ва ниҳоят худро ба даст гирифтан мехост.

- Рафтем ба кабинети ман, Аҳмад ака, - овоз баровард.

Шояд он ҷо ба хулосае омадан мехост. Ба мўйсафед ҳам мадад расонид, ки бархезаду ҳамроҳаш равона бишавад. - Рафтем а…

Сипас сарашро якёна карда, ба милиса Ҳикмат таъкид намуд:

- Ҳамин ҷо бо-ош-ӣ!

Мўйсафеду бачаҳо ба дафтари кории палковник ворид гардида буданд.

Милисионери навбатдор менигарист саволомез ба

Ҳикмат.

- Ту магар намедонистӣ, унҳо бо ҳам шиносанд?

- Аз куҷо-о…- нимғурма бикард Ҳикмат.

- Эҳ, ошно-о, - калла ҷунбонид бо афсўс навбатдор. -

Милисаи маҳал бояд бидонад ҳама чиро. Ана ҳамин Аҳмад- ака, бо падари палковники мо ҷангидагӣ, дар як фронт.

Падари палковники мо тир хўрдагӣ, нобуд шудагӣ. Ана ҳамин

Аҳмад-ака ҷисми варо ба хок супоридагӣ дар ун фронти дур, баъд ордену медал ва хуҷҷатҳои вайро оварда супуридагӣ барои писараш - барои палковники мо…

XXXI

Мошини навсохти гулобиранг назди ҳавлии куҳнасохти мўйсафед Аҳмад қарор гирифта буду аз дарунаш берун меомада марди босалобат ва ҷавони айнакӣ. Даричаи дарвоза ва дарҳои хонаҳои мўйсафед кушодагӣ метофта, вале ин ҷо касе ба назар намерасид. Асп низ ин ҷо набуд.

Марди босалобату ҷавони айнакӣ аз ин ҳайрон монда буда, баъдан аз ҳавлӣ баромада, аз бачаҳое, ки дар наздик бозӣ мекарда, кадом чиро пурсида, аниқ кардан мехоста, аз шунидашон авзояшон тағйир мехўрда, сипас саросема ба мошин нишаста буданд. Ва марди босалобат барои ҷавони айнакӣ фармуда буд: «Сўи комбинати гўшт ҳай бикун а!

Зудтар а!»…

пешина
аз 34
навбатӣ