Зеҳн
Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…

зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Истаравшани аз зиндагӣ тиҳишуда дар куҷои думбол монда буд. Балки дар дурии дуриҳое.

Балки дар гузарҳои зиёди қадимаш ва шохаву баргони дарахти боғоташ ҳаракате зоҳир намегардид. Гўё ин ҷо ҳама чиз абадан мурдаву шахшуда шамолҳои даргузараш низ аз рўйдодҳои ин ҷо ваҳмида, ба ин ҷониб ҳаракат намекарда дигар.

Вале дар каҳдоне алафҳо ба ҷумбиш омада. Магар зери унҳо мори азим ё ҷондори дигар монда? Ниҳоят алафҳо боло шуданд, аз миёни унҳо саре намоён бигардид. Аҷиб, ки сари инсон буд.

Мўи сари вай амсоли пахоли хушкида сафедча ба назар мерасид. Балки яке аз ду мўйсафед буда, ки дар собиқ рўи суфачаи боғистон нишаста, суҳбат дошта ҳамроҳи ду дарвеши дигар. Сари мўйсафеди шарики вай аз тан ҷудо гашта ва ҳамчу хишти аввали калламанор истифода гардида. Аммо ин мўйсафеди дигар андаруни каҳдони як ҳавлӣ пинҳон шуда тавониста буд ва ҳоло зўр зада, аз миёни алафҳои ин ҷо баромадан мехост. Баъдан боэҳтиёту оҳиста назди дар биомада, берун назар андохта. Кўчаю ҳавлиҳоро гўё сел шуста бурда буда, ки ҳама ҷо бекасу бертартиб ва ғажду валангор метофта.

Мўйсафед боғоҳоти паҳлўи ҳамро хабар гирифтан хост.

Миёни меваҳои рехтаву афтода тоқию рўймоли духтарон, саллаи мўйсафедон парешону бетартиб хобида буда ҳар ҷо.

Мўйсафед, ки дар чашмаш тарсу ҳарос ва ташвишу хавотирӣ монда буда боэҳтиёт мегузашт аз боғ ба боғе, авзоро то охир аниқ кардан мехост.

Аз хамхўрдаи девор нигоҳи вай ба боғе биафтод ва қадамаш суст бигардид.

Зеро кафи аз даст ҷудо ва бо тирчўба ба тани дарахти биҳӣ дўхташударо дида чашмони пурташвиши ў.

Ба хамхўрдаи девор наздик омада буду чашмаш ба соҳиби даст ҳам биафтод. Вай Аржанги ба хоку хун олуда буд.

Аржанг қиёфаи мурдасо дошт, вале нигоҳи бемадораш, ки оҳиста ҷониби мўйсафед омада, аз зиндагии ҳанўз боқимондаи вуҷудаш дарак медода.

Мўйсафед аз рахна фаромад ба даруни боғ. Баъд назди

Аржанг расида буд. Ба дасти хунолудаи вай нигарист.

Мўйсафед лаҳзае чанд чӣ кор карданашро намедонист, баъдан салларо аз сар баргирифту гўшаи онро саросема дарронд, дасти Аржангро печонду сахт кашида барбаст, мақсадаш он буд, ки хунравиро пурра боздорад. Вале инро нокифоя пиндошта, як бари салларо оташ дардод, баъд лахчаи салларо ба буғуми буридаи дасти Аржанг пахш намуд.

Ҷавони захмӣ ларзиш бихўрд, қиёфааш бурма бизад.

- Медонам, ин ҷонкоҳ… Лекин воситаи ягона бошад барои боздошти хунравӣ…- мўйсафед, ки ҳамчунин ба ларзиш омада буд пичиррос мезад.

Дигар хун намезаҳид аз дасти кўтоҳшуда.

Мўйсафед қисмати боқимондаи салларо ба ҷои сўхтаи захм печонида барбаст…

\\\*

Асирони хасташудаи шалпару беҳол ва нукарони ҳамчунин беҳол мерафта. Мерафта рўи дашти паҳно, ки

«чўлистон» ном бубаранд, яъне ҷое ки Шоираи хастаҳол қадам бармезад бо бандиён.

\\\*

Аржангро оварда буд мўйсафед ба айвон, рўи пўстаке хобонда - шарбатро ба лаби вай наздик оварда.

- Оби анор бадал меёбад ба зудӣ ба хун. Бинўш, ки хуни бисёрат рехта.

Ҳозир шинии тут ҳам медиҳам…

…Мўйсафед дар оташдон алоб монда, таом пухта буд.

Баъд онро ба коса кашида овард.

- Таом хўрданат лозим, ки қувват шавад, - таъкид карда буд.

Аржанг як ба дасти кўтоҳшудааш, ки бо порае аз салла печонда барбастагӣ буд нигаристу ба таом майл накард.

- Бе як даст зистан мумкин… аммо бе хўрдани ғизо мумкин нест, - мўйсафед чумчаро аз оби таом пур карда, ҷониби даҳони Аржанг овард: - Бихўр-е... Ҳамин тур!...

Баргҳои рўзи дароз шахшудаи дарахтони боғ аз шаббодаи навхеста шуввос мезаданд ҳоло, балки гўё рўйдоди мудҳиши аз сари ин ҷо гузаштаро бо пичирроси пурхавотир ба якдигар ҳикоят мекарданд. Балки шамоле гўё тоқат накарда, бархоста буд, то ин ҳама даҳшатро бозгўяд, ки дар худ ғунҷонидан ё бардоштани он душвор шуда.

Чанд қоғази нимдаронро ҳам ин шаббода пешандоз намуда аз куҷое оварда, ба тани ҳезуми паҳлўи гулхан пахш карда. Навиштаҳои рўи авроқ, аз шунаҳи оташи гулхан аёнтар мешуданд. Гўё навиштаҳои ошно буда. Аржанг аз онҳо нигоҳашро барканда наметавонист, баъд зўр зада, дасти ягонаашро ёзонда, варақро баргирифтан бихост.

Кафтар шаваму шинам ба дўши ёрам,

Қум-қум бизанад дилам ба гўши ёрам…

Гўё қум-қуми дилро эҳсос кард Аржанг аз қоғаз. Охир мисраҳои қалби Шоира буданд. Шоирае, ки баробари иншо замзама мекард ва Аржанги ҳампаҳлўяш инро шунида, ба оҳанг мекашид.

Акнун Шоира набуд ва дар кундаи танаи биҳӣ кафи дасти бо чўбтира дўхтаи Аржанг монда, худи вай бошад бастаи бистар гардида.

Балки даъвати Шоира монда бо василаи авроқ ва абёти парешоне:

Эй ёри азиз, маро фаромўш макун,

Ту оташи ишқи дўст хомўш макун!…

\\\*

Асироне, ки ба пастхамии миёни пуштаҳо фароварда буданд, нукарон иҳота намуда, ки гурехтани нафаре аз онҳо муяссар нагардад.

Аспону молу маводи дигарро, ки ғаниматҳои ҷангӣ буда, ҳамчунин иҳота карда, ба пинак мерафта. Охир шаб расида буд.

Шоираро хоб намебурд. Чашмонаш хаёлзада. Шояд дар бораи Аржанг ё зодгоҳаш Истаравшан андеша мекард.

Чун чашми рўз бикафид, асиронро зўр зада хезонда, ба роҳ биандохтанд.

Хон, ки пешопеши нукарон ва асирон мерафт, ба яке аз муқаррабонаш ишора намуд ва ун нафар андаруни хўрҷини болои асп даст бурд, дастнависҳо, ки аз ҳавлии Шоира дарёфта буда, баровард, ҷониби хон дароз бикард.

Дастнависҳоро аз назар мегузаронид хон: шояд бо ҳамин васила якрангии роҳи тўлониро барҳам задан мехост.

Ба чунин мисраҳо мутаваҷҷеҳ шуда буд болои асп, ки мерафт:

Дар синаи мо кӣ деви ғамро бикушад?

Кӣ дарди ҷудоиву аламро бикушад?

Ку рўи чу офтоби ў, то як дам,

Дар дидаи мо ҳуҷуми намро бикушад?!

Хон аз мутолиа чашм бардошта, ҷониби асирон дида биандохт. Яқин соҳиби ин мисраҳоро дидан мехост, яъне оне, ки чун сарви равонест дар миёни чўлистони чангхез. Чўле, ки аз бодҳош ба димоғ мезанад бўи яъсовар, ноумедгар.

\\\*

Дар Истаравшан манори марг меистод ва бод меҷумбонд ду гесўи дарози аз девораи он берунмондаро.

Аз пастхамии рахнаи девор Аржанг менигарист ба ин.

Бехи дарахти биҳӣ истода буд худаш ҳоло, ки пеш ҳамроҳи

Шоира аз ин ҷо, тирчўба меандохт ҷониби рақибон. Аз ун набард кафи ҷудошудаи дасти худаш монда буда дар танаи ниҳол...

Мўйсафед пораи матои сафед дарёфта, ҷониби ин ниҳоли биҳӣ омада, бехи кундаи он паҳн бикард. Баъд аз тани ниҳол чўбтира ва кафи бо он дўхташударо кашида ҷудо намуд. Кафи дастро аз чўбтира ҳам баровард, бо эҳтиёт рўи карбос барниҳод, зери лаб дуое хонд, баъд ҳар ду даст ба рў баркашида, «омин» бигуфт.

- Дасти инсон як ҷузъи инсон бошад. Ба ҳар ҷузъ ҳамчу ба тамоми узвҳои инсон муомила бояд кардан.

- Ва биафзуд: -

Ана барои ҳамин мардуми мо ҳатто нохун ё мўи сарро бигиранд, ба ҳар ҷо напартоянд, балки бо пахта ё матоъ печонида, бехи девор ё зери дарахт гўр бикунанд, то зери по нашавад…

Мўйсафед бехи девор ҷоеро барканда, порадасти кафанпечро зери хок намуд.

Аржанг зўр зада, рост меистоду шоҳид буд: чӣ тур як ҷузъи худаш гўронида мешавад, болои он пуштачаи кўчак ба миён меояд.

Дар гўр кардани як ҷузъи худ иштирок кардан ва шоҳид будан ҳайратангез буд, ки аз қиёфаи Аржанг бармеомад.

Мўйсафеду Аржанг мушоҳида накарда буд, яки дигар пайдо шуда дар Истаравшан. Истаравшане, ки бўи мурда меомад аз он. Каси пайдошуда қариби манори марг истода буд ва менигарист ба ҷисмҳои бесармонда. Ҳамчунин дуо мехонд, балки гўё ҷаноза мехонд барои ин мурдагон. Балки фавтида зиёд будаву ҷанозахон яке.

Ва ў дарвеши гурехтаву халосхўрда буд.

Ниҳоят хеста, ба хонаву ҳавлиҳои наздик ворид гардида буд дарвеш, балки баъди муддате баргашта аз он ҷо бо каланду белу зоғнўл, сипас ба гўр кардани инсонҳои бесар шурўъ намуд.

Мурдагон бешумор будаву гўркан ва гўргар нафаре.

Нафаре дар бари манори азими марг, ки аз каллаҳои зиёд қад кашида ва дар бараш монда буда ин ҳама ҷисмҳои бесар.

\\\*

Асиронро мебурданд ҳамоно. Мебурданд рўи чўлистон.

Мебурданд ҷониби шаҳристони хон.

Асироне, ки ба тақдир гўё муттасил тан медода ва нукарони савор ва пиёдаи хон инро бештар дарк намуда, фориғбол мешуда.

Ҳамаи инро ба мушоҳида мегирифт Шоира. Шоираи дилшикастаи андешапеч.

Ҷое, ки роҳ тоб мехўрд, Шоира худашро барандохт тарафе. Инро чунон ногаҳону барқсон кард, ки гўё касе пай набурда.

Паси буттадарахте истода буд, сипас худашро баргирифт паси харсанги азим.

Нукарони хасташудаи беҳол панаҳ шудани варо эҳсос накарда буданд.

Шоира қафои харсанг часпида меистод ҳанўз.

Асиронро мебурданд ҳамон. Балки дур мешуда.

Шоира, ниҳоят, ба қафо, ба самте нигарист, ки асиронро гузаронида оварда буданд аз ин ҷойҳо. Чўлистони нопайдоканор доман густурда буд. Чўлистони азим, ки паси он, дар кадом ҷое мавзеъ дошт Истаравшан. Он ҷо монда буд ҳамсоябача Аржанг, ки дасташро кўтаҳ карда табарзин.

Шоира, дар ниҳоят, аз паси харсанг канда бишуд. Ва бо шаст бидавид. Медавид ба самте, ки мебурда ба ҷониби

Истаравшан…

*

Хон ҳамоно болои зини асп аз сатрҳои авроқу китоб чашм намеканд: шояд бо ҳамин васила якрангии роҳро барҳам додан мехост. Хуллас болои асп, ки ба самти пойтахти худаш мебурд, бастаи мутолиа буд.

Бемораму ҷуз лутфи ў табибам нашавад,

Ҷуз ёду хаёли ў ҳабибам нашавад…

Аз мазмуни ин байт гўё хавф бурда, чашм бардошт хон ва дида андохт ҷониби асирон. Яқин нигоҳи вай соҳиби ин мисраҳоро дарёфт кардан мехост.

Аммо аз чӣ бошад ба чашм намерасид муаллифи он, яъне

Шоираи Истаравшан.

Нукарон бошанд қадам бармезада беҳолу лоқайду хоболуд.

Бемораму ҷуз лутфи ў табибам нашавад,

- гўё маънои аслии ин мисраҳоро амиқ сарфаҳм рафтан мехост хон.

Ва якбора лаҷоми аспашро баркашид. Асп шиҳа баровард ташвишомез, гарданашро ба осмон бардошт: шояд аз дард кашидан аз оҳани лаҷоми кашидае буд.

- Нест-ку? - изҳор намуд якбора хон.

- Чӣ нест? - ҳайрон шуданд нукарон, ки ҳамагӣ ҳамчунин истода буданд.

- Чӣ неъ, балки кӣ! Кўр шудаед магар? Куҷо шуда

Шоираи Истаравша-ан?!

Медавид Шоира болои чўлистон. Мефитоду ҷонҳавл зўр зада мехест, ба самте медавид, ки паси чўлистони азим монда буда зодгоҳи худаш.

Аз пеш меомад яке ба истиқболаш. Магар Аржанг нест?

Ё хаёлу рўъё бошад?

Аржанг ғайб зада буд, вале монда шарфаҳо…

Шоира ба зудӣ дарк накард: шарфаҳо аз пеш неву аз думбол меоянд. Балки бо шаст меоянд ва наздик мешаванд торафт.

Қафо нигаристу рўи пушта чанд нукари хонро бидид.

Яъне думболагир шуда буда ин нафарон вайро.

Шоира бо тамоми ҳастӣ медавид, акнун. Мефитод ва ҷонҳавл зўр зада мехест, аз нав гурехтан мехост. Гурехта халос хўрдан мехост.

Нукарони хасташуда гўё ба вай расида наметавонистанд;

Шоира оҳуи дашт барин медавид бо суръате.

Оҳу куҷову нукарони пиёда куҷо ъа?

Аз нукарони қафомонда дур шуда, раҳоӣ ёфтани Шоира яқин мегардид.

Аспе пайдо гардида буд ин вақт дар болои чўлистон. Бо шаст меомад.

Духтарак ҳам медавид.

Асп думболагир буд яксон.

Ба Шоира наздик меомад ва баробараш шуда буд. Баъд аз вай гузаштпеши роҳи давиши Шоираро танг кардан гирифт

, ниҳоят, ин ҷонвар, балки пеши роҳи вайро бармебаст бо тани худ.

Болои ин саманд нишаста буд хони зарринкулоҳ!

Нукарони аз думбол расида, ки ҳиш-ҳиш ва канда-канда нафас мегирифта, ҳамчунин духтаракро печонида буданд.

- Интизори ҳукми шумоем, хони аъзам, - изҳор намуд яке. - Хоҳед пора кунем, ин ҷо партоем, тўъмаи лошахўрон шавад, - суханаш амсоли нафасгириашон канда-канда буд.

- Ман пеши роҳашро гирифтаму ҳукма шумо мебароред- ъа?! - қаҳри хон фузуда бишуд.

- Мо гумон кардем хас кам шавад, ҷаҳон пок бигардад! - изҳор намуд нукаре. - Охир аз ҷумлаи ислоҳ мешудагӣ ва сар мефаровардагӣ нест ин бонуча!…

- Чанд бор гуфтам, ки ба ман ақл нашавед а! - изтироби хон аз ҳадаш мегузашт. - Вақте ки ба ман ёд доданӣ мешаванд, ҷонам мебарод ва ё баръаксашро карданӣ мешавам а. Ё дигар хел мекардам бояд?

Хон чун ба суолдиҳӣ мегузашт, ҳамкешонаш хавотир мешуданд аз ин ва дам ба дарун мекашиданд.

Дастнавису китобро, ки ҳанўз дар дасташ буд, аз нав эҳсос бикард хон. Охир онҳо дахл доштанд ба ин бону.

Ҷони ман хоҳӣ бурун рафтан, озодӣ талаб.

Субҳу шом аз ғам гузар кун, шодӣ талаб,

Таппиши ноҷояро бас кун даруни ин қафас,

Баҳри озодии худ як хати иршодӣ талаб.

Ба Шоира менигарист хон.

«Ростӣ, чашми дид надорам саркашонро…- сухани ботинии хон ғулғула мезад. - Сари саркашонро накашӣ онҳо бикашанд ҷониби хок сари туро… Лек… хоҳаму нахоҳам ба унҳо бетараф набошам. Охир саркаширо на ҳар кас битвонад… Ин коғазҳо бошанд, гувоҳ аз саркашии нигорандаи онанд» - ба авроқ, ки дар кафи дасташ буд, дида бурд аз нав.

- Ҳамин авроқ халосгари ҷонат нашуда магар, ки маро мафтун карда? - ба ошкоргўӣ гузашта буд хон.

- Вагарна ду бор ягон касро бахшида будам магар?

Муддатҳо гузашта буд то миёни ғазабҳо сухани дигар роҳ ёфта битвонад:

- Акнун бо пойи худ мерафтагистӣ а? - гуфтааш дахл дошт ба Шоира: - Ё ҳанўз аз майлат нагзаштаӣ, ё мадад кунем ба ту ҳам, ки ин ҷо бимонӣ? - як дасти хон ба дастаи шамшеру шашпари миёнаш рафт ва соҳиби табарзин низ бо табари тези ялаққосӣ пайдо бигардид.

Шоира пас гардонда мешуд ҳолиё, балки нукарон миёнагир карда мебурданд.

Аспи хон меомад баробари унҳо ва маълум набуд барои худ ё барои ҳамроҳонаш ғурунгос мезад:

- Хон, ки худаш сухан густурданро хуш дорад, фақат суханварро бахшида метавонад. Ё нодуруст мекунам а?

Анбўҳи асиронро аз нав ба ҳаракат оварда буданд нукарон.

Аспи хон қадам мезад аз бари унҳо. Хон аз нав ва беихтиёр ба дастнависҳо назар оварда буд.

Таваҷҷуҳи вайро ба варақу китоб ва Шоира эҳсос карда, тааҷҷуб намуданд чанде аз атрофиён:

- Шеърҳои худаш бошад ё аз ягон ҷо гирифта?

Хон бо тааҷҷуб ба вай нигарист.

- Яъне гуфтанӣ, ки сину сол…- ба сухан омада буд хон. -

Яъне ин бону ҳоло навҷавон а?…- ва хулосаашро зикр карда буд: - Вале нашнидӣ, гуфтаи шоири ҳамин халқ Саъдиро:

«бузургӣ ба ақл бошад, на ба сину сол!»

Хон чашм ба дастхатҳо бурда буд:

Тафсири фиғони мурғ осон набувад,

Зеро ки забони мурғ мурғон донанд.

Ва ба завқ омада буд аз ин дарёфт:

- Зеро, ки забони мурғ мурғон донанд! Охир ман ҳам гоҳе мисраъ ба мисраъ зам бикунам. Аз ин боис ба ҳар чиз бетараф буда тавонаму вале ба лашкарбарӣ… ва илова ба шоириву шеър бетараф намондаам ҳаргиз…

Қоҳ-қоҳ зада хандида буд якбора.

Балки боз мутолиа карда буд аз дастнависҳои Шоира:

«Дар синаи ман ҳазору як тўфон аст,

Барги лабам аз сукут ноҷумбон аст.

Фаҳмидани кешу мазҳабам мушкил нест,

Дар ҷомаи шеър дини ман пинҳон аст»

Асиронро мебурданд ҳамоно. Мебурданд беист.

Ба чўлистоне мебурда, ки гўё охир надошт ё охираш дида намешуд.

Дасти кўтоҳшудаи Аржангро марҳам молида, аз нав барбаста буда мўйсафед.

Ва ин дар мулки Истаравшан буд.

\\\*

Дар чўл бошад ҳамоно бурдан мехостанд асиронро.

- Яъне боз гурехтаниӣ, пеш рафтанӣ нестӣ?

Ин суол ба Шоира равона шуда буд ва тела дода, ба роҳ андохта буданд ўро аз нав.

- Наход ба саркашон дигар ҷазо муқаррар накунад хо- он? Бояд кунад, ки чашми ину он боз тарсаду гашти худро бе нағмаву ноз идома бидиҳанд.

- Ба ман маслиҳат диҳанд баръаксашро мекунам а! - сухани хон буд, балки кафиши вай.

*

Пойҳои асирон, ки ҷониби пойтахти хон гашти худро идома медода обила пайдо мекард.

Вале фурҷа намедоданд барои зиёд истодану дам гирифтан.

Шоира, ки гашташ торафт душвор мешуд, намедонист роҳашро идома бидиҳад ва ё биистад.

Мисли вай зиёд буда касон.

Суст шудани ҳаракати асирон хонро безобита мекард боз.

пешина
аз 34
навбатӣ