Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…
зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа
Асире пойи луч қадам мезаду нохунаш дарида ва дигар пеш рафта наметавонист.
- Яъне ҳамин ҷо монданиӣ? - пурсид хон, ки пеши вай пайдо гардида.
- Дигар рафта мешавад магар бо ин пойҳо? - изҳор карда буд асир.
Хунҷўш гардида пойҳош дар ҳақиқат.
- Нарафтани ту дигаронро вонамедорад чунин бикунанд?
- Охир чӣ хел тавонам бо пойи хунре-ез а! - асир дар ҷояш биншаст беҳол.
- Чӣ кунем, ки поят барои бардоштани ҷисмат ранҷ накашад? Охир ин туро аз асирӣ ва рафтан халосӣ бахшида тавонад.
- Шояд бо аспе савор шаваму…- аспони ғаниматгирифтаро, ки аз думболи асирон меоварда, ишора намуд асир бо кадом умеде.
- Пас ин асирони дигарро вонамедорад орзу бикунанд аспсаворӣ? Ин чанд асп барои ҳамаи шумо селаи ҳайвонҳо мерасад магар?
Асир зўр зада, роҳашро идома бидод боз.
Вале ин кўшиши вай зиёд тўл накашид бо пойҳои хунрез.
- Туро аз ташвиши рафтан халос кунем ъа? Ту розӣ ъа? - боз пайдо шуда буд хон болои сари вай. Вай, ки аз нав нишаста буд.
Ва хон баркашида буд аз наёми камарбандаш шашпаре.
Асир хавфи ҷонро эҳсос карда, якбора хез зад, рост шуд, рў ба гурез биовард. Аз марг дур рафтан мехост, бо душвории зиёд ва калавида ҳаракат мекард. Аз ин боис чанд лаҳза баъд зери чанголи нукарон фитода буд.
Хон шашпар дар кафи даст ба вай наздик биомад.
Маълум буд, аз чунин рафтори асир сахт дар қаҳр шуда, бо худаш ҳисобро баробар карданӣ.
- Кадом поят беҳад ба дард омада? Ку бубинем а?
Рў ба рўи асир, ки варо нукарон пахш карда шинонда буда, сари зону зад худаш.
- Ку он по-ят?
Шашпар якбора бардошта шуд ва бо тамоми нерў поён биомад. Ва шашпари борику дароз аз гўшту устухони пойи бе ин ҳам хунҷўш бигзашт, ба замин ғўтид.
Наъраи ҷонхарош баркашида буд соҳиби по ва сўи панҷаҳош хам зад ва дудаста онро дошт, шояд бо ин дарди ҷонкоҳро кам кардан мехост ё теғро кашида берун оварданӣ мешуд.
- Яъне халос хўрдан мехоҳӣ ъа? - хон хандид якбора ва бо ишораи вай чанд нукар дасту бадани асирро сахт пахш карда буданд ва хон санг бардошта, бо ун барзад дастаи шашпарро, ки ҳанўз ду ваҷаб аз по болотар меистод, яъне то гулўбанди даста ба по нағўтида буд. Вале бо ҳар зарби бошиддати санг шашпар ба по ва ба замин чуқур мерафт. Доду войи соҳиби поро гўё намешунида ва то даме ки гулўбанди чиликвори шашпар рўи пойи вай пахш нахўрд, хон ба санг мекўфту мекўфташ.
- Хуллас туро аз асирии худам халосӣ бахшидаму дар ин ҷо монда меравам. Дигар ихтиёри худат! Ба мо иҷоза аст, акнун, биравем ъа?
Бо аҷале, ки ба сурати шашпар ба пош часпида монда ва бо дастони ба қафо барбаста ин нафар имконе надошт ба пояш даст зада, талоши шашпарро аз он берун кашидан зоҳир бикунад.
- Боз кӣ мехоҳад бимонад ин ҷо? - суол ба миён партофта хон ба асирони шахшуда. - Охир баъзан сабру тоқати мо ҳам ба охир мерасад ъа? Ё нодуруст мекунам ъа?
Асирон ба роҳ даромада буданд аз нав. Балки ба роҳ андохта буданд унҳоро нукарон.
Хон амали ҷонкоҳу хунборро нисбати асири саркаши рў ба гурез овардае, шояд, барои он карда, ки чашми асирони дигар бештар тарс бихўраду майл зоҳир накунанд барои гурехтан; хоса Шоира чунин майл зоҳир накунад, вагарна ҳамааш пурдард анҷом биёбад барои вай ҳам.
Болои чўлистон тирагие мерехт, ки амсоли қисмати асирони ноумед сиёҳ мегардид. Ва торафт ғализ мешуд.
Ниҳоят асиронро аз равиш боздошта буданд нукарон.
Асирон рўи замин дароз кашиданд, ки зеркўрпаву болокўрпаи унҳо либоси танашон ба ҳисоб мерафт.
Дар атроф гулханҳо фурўзон ҳам карда буданд, ки наздашон посбонҳои навбатдор меистода, то наззора бикунанд асире рў ба фирор наоварад.
- Хоса аз Шоира бохабар бошед а! - фармон дода хон. -
Ин дафъа магар мебахшам шуморо, агар гурехта тавонад вай?
Балки минбаъд барои ҳар асири мегурехта на танҳо ун асир, балки як нукари худам низ мемонад абадан дар ин чўлистон.
Маънои инро мефаҳмед а? - дасти хон пахш карда буд дастаи шамшери камарбандашро.
Қатори асирони дигар рўи замини чўлистон ёзида буд Шоира.
Чашмони сиёҳ, вале ғамзадаву хастаи худро ба синаи торикӣ дўхта.
Дар ин дунёи фонӣ ҳеҷ кас доим наосудаст,
Ҳамеша хавфи мурдан, чашми гирён, ёд меояд…
Боз ба андеша ғўта зада:
Дилам гум мезанад, эй Истаравшан, дар фироқи ту
Маро аз дўсту хешу таборон ёд меояд.
Ва боз ин буда:
Маро ун боғбону давру даврон ёд меояд.
Замони сайр андар боғу бўстон ёд меояд,
Гуле мечидам аз боғи муҳаббат, ғофил аз хораш
Ба зери ҳар дарахт аз бўсаборон ёд меояд…
Ин манзари дар шеър тасвиркарда пеши назараш падидор мегардад.
Баъд ин тасвираҳо ғайб зада, чашмони пур аз ашки
Шоира монда дар қароргоҳи имшабаи асирон, ки гирдашро посбонҳо печонда буданд.
\\\*
Чашми каси дигар ҳамчунин маъсумона менигарист.
Балки ба забонаи печони гулхани кўчак дўхтагӣ буд.
Ин чашмони Аржанг бошад дар бари гулхани кўчак дар
Истаравшан.
Шохаи дарахтони боғотро шамол бо изтироб меҷумбонд, баргҳо шув-шуви хавотирхез ҳосил мекарда.
Гўё дар паси дарахтон касе по мегузорад ва кадом чиро наззора месозад.
Ана аз паси дарахт ба дарахте гузашта тани поянда
(наззорагар).
Мўйсафед инро эҳсос карда буда.
- Касе ун ҷо, - пичиррос зад мўйсафед, - шояд одамони хон бошанд - а…
-чашмонаш хавотирӣ пайдо карда ва зўр зада кӣ будани омадаро аниқ кардан мехоста аз замири торикӣ: -
Шояд барои қасди ҷони мо омада бошад ъа?...
Аржанг ҷониби табарча, ки мўйсафед бо василаи он чингаву шохаҳоро баршикаста, ба гулхан андохта буда, дасти ягонаашро бурд ва дастаи табарро байни панҷаҳояш сахт фишурд.
Паси кундаи дарахт кадом як попўш намоён шуд, вале он ҳам қафо кашида, панаҳ гардид.
- Шояд ба хаёл намудагист а…
- изҳор намуд Аржанг.
Вале мўйсафед тез-тез чашмак мезад, мехост бифаҳмад: дарккардаи ҳозирааш бофтаи хаёл буда ва ё ҳақиқат? Осўхтаи дигар баргирифту партофт: он паҳлўи кундаи дарахт биафтид, аз асари забонаҳои баландаш сояи ларзони дарахт, аз паҳлўи он сояи инсони паси кунда пинҳонбуда намоён бигардид.
Мўйсафед гўё пахш бихўрд. Аржанг дастаи табарчаро фишурд сахттар бо кафи дасти ягона.
Касе, ки паси кундаи дарахт буд, якбора аз он ҷудо гардид, аммо аз чӣ бошад тарафи Аржангу мўйсафед наомада буд, балки бидавид ҷониби рахнаи девор. Яъне аз ин ҷо гўё гурехта рафтан мехост. Аммо чанд қадам баъд по ба по печиду ғалтид.
Нукари хон ё ягон одами калонсол набуд. Балки писараке буд, чоруқҳои калон-калон дар по. Сабаби уфтиданаш аз ин ҳам буда. Маротиби дуввум чун сахт бо шикам барзад, ба зудӣ хеста натвонист.
Мўйсафед, ки ҳанўз тез-тез чашмак мезаду осўхтаи пуроташи дигар дар даст дошт, ба бача бирасид, хам бигардид, вайро бардошт.
Бача амсоли заргўши ба чанголи паланг уфтода метапид.
Мўйсафед бачаро ҷониби гулхан овардан бихост, ҳарчанд бача дасту по меҷумбонд, хусусан пойҳояшро, ки чоруқи азим дошт, такон медод. Шояд халос шуда, боз гурехтан мехост.
- Ту аз куҷо пайдо шудӣ ъа? - суоли мўйсафед буд, ки ҳанўз аз бача дида намеканд.
Бача ҳанўз ҳарос дошт, аз ин боис ҳарфе зикр намекард.
- Аз миёни асирон, ки хон бурда, гурехтиъ?
Бача баъди лаҳзаҳое бо аломати инкор ба ду тараф калла ҷумбонд.
- Ҳамин ҷо будам…- ҳатто афзуда буд: - Дар но-ов…
Мўйсафеду Аржанг ҳайратзада меистода:
- Даруни об пинҳон будам…- илова карда буд бача.
Акнун ҳамааш рўшан буд.
- Очаю додот куҷоянд? - суоли дигар рўида буд ҳолиё.
Бача ҷонибе нигаристу ишора намуд:
- Он ҷо…
Аржангу мўйсафед назар бурданд он самт. Вале касеро надиданду пайхас накарда.
- Яъне онҳо руст шуда? - ба миён омада буд суол.
- Сарашонро руст кардаанд, дар калламанора… Балки сари унҳоро одамони хон бурида чунин карда…
Хуллас маълум буд, сари волидайни бача ду хишти калламанори азим гардида. Маноре, ки ҳамчу рамзи маргу ҳасрату ваҳм ба назар мерасида пурмуаммо зери анвори моҳи заъфарон. Моҳе, ки сар мекашид ҳолиё.
- Аз падарам фақат ҳамин чоруқ монда, - ба пойҳош ишора намуд вай, - дигар ҳама чизи хонаи моро бурданд нукарони хон…
Бача, ки меларзид, идома дода:
- Ман, ки даруни об зиёд пойи луч истодам, баъди аз он баромадан ҳаминҳоро пўшидам, ки андак гарм ишавам...
Бо вуҷуди ин ларзаи бача намеистод.
- Ин ларза на танҳо аз таъсири об, балки аз таъсири захми бардоштаат,
- тахтапушти бачаро ва сари китфи варо мушоҳида карда буд мўйсафед. Новаки тирчўбаи камон он ҷо монда.
Мўйсафед баъди кашидани новаки тир аз китф ва онро барбастан барои бача ошомондан мехост ордоб, яъне таом, ки барои Аржанг омода карда буд.
Баъд мўйсафед ҷелакашро кашида, ба китфи бача партофт, пойҳои варо ба оташу лахчаи гулхан наздиктар биовард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё