Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.

Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

ЧИСТОН

Дар ҳаёти маънавии бачагон чистонгўӣ ва чистонёбӣ мавқеи калон дорад. Чистонҳои зиёде мавҷуданд, ки эҷодкунандагони онҳо одамони мушоҳидакор, нозукбин ва хушзеҳн будаанд. Ба олам бо назари дақиқ чашм андохта, аниқтарин аломат ва хислатҳои ҳодиса ва ашёро муқаррар намудаанд.

Ҳар як чистони хуб асари мукаммал аст. Дар қолиби шеъри равону салис ва ё насри мусаҷҷаи хушоҳанг эҷод гардидааст. Бачагон дар мавриди мувофиқ ба чистонгўӣ ва чистонёбӣ машғул мешаванд. Яке чистон мегўяд, дигарон бояд ҷавобашро ёбанд. Ёбанда таъриф мешунавад, таърифи ҳазломез: «дег ба сарат тағора». Ин ибора чӣ маънӣ дорад, маълум нест. Мумкин ҳама гап дар ҳамин набудани маъно бошад. Ин ҳазл аст, бозӣ аст. Бачагон ба бемантиқӣ хандида шўхӣ мекунанд.

Корней Чуковский яқинан чунин ҳодисаро дар назар дошта, дар китоби машҳури худ «Аз ду то панҷ» қайд кардааст, ки кўдакро ин қабил калимаҳои маънояшон норавшан ва суханони ғайриоддӣ ба ваҷд меоварад.

Бачагон ҳатто дар давоми чистонгўӣ шўхӣ ва шодмонӣ мекунанд.

Агар чистон душвор бошад, гўяндаро саволборон мекунанд:

- Ҷондор аст ё беҷон?

- Ҳалол аст ё ҳаром?

- Дар ҳамин атроф аст ё не?

- Хурд аст ё калон?

Аммо саволҳо аломатҳои асосӣ ва бевоситаи ашё

(предмет) - ро дар бар намегиранд. Бачагон бояд фикр кунанд, тамоми донишу фаҳмиши худро ба кор андозанд.

Агар ҷавоби чистонро наёбанд, гўянда чизе талаб мекунад: шаҳр, деҳа, боғ, дарахт ва монанди инҳо. Вале бачаҳо ба додани ин чизҳо розӣ намешаванд, гўё чизи бисёр зарур, қимат ва азизашонро аз даст медода бошанд.

Аммо дар ин ҳолат маҷбур мешаванд, ки чизе ваъда кунанд вабачагон ҷавобро шунида, ба ҳоли худ механданд: ҳамин чизи оддӣ ба хотирашон нарасид – е!

Дар воқеъ, агар ёфтани чистон осон мебуд, аҳамияти ин бозии бисёр осон ва шавқовар кам мешуд ва дар сари масъалаи додан ё надодани чизе талош карда нишастан зарур намегардид.

Дар фолклоршиносӣ сабаби ваъда кардани шаҳре, деҳае, умуман молу мулк аз тарафи онҳое, ки ба чистонёбӣ ширкат мекунанд, муайян шудааст.

Дар гузашта дар доираи ҳокимони мамлакатҳо маҷлиси чистонгўию чистонёбӣ барпо мешудааст. Аммо ин барои ҳокимон бозӣ набудааст. Агар як ҳоким мулзам

(мағлуб) шавад, ба ҳокими дигар аз молу мулкаш чизе медодааст. Барои бачагон бошад, чунин доду гирифт шартист ва танҳо ба шавқовар шудани бозӣ мусоидат мекунад. Ёфтани ҷавоби баъзе чистонҳо, умуман душвор аст.

Дар онҳо фақат рангу бў, сахтию нармӣ, шаклу сохт, вазифа, садо, вазъияту мавқеъ, миқдори ашёву ҳодиса не, балки хислату рафтори гуворои он қайд мешавад.

Ҳушёрӣ, тарсончакӣ ва дуздтабиатии муш ва зарарнокии он дар як чистони машҳур бо надомат хотирнишон шудааст:

Талап – талапи по шуд,

Падарлаънат куҷо шуд?!

Асбоби дигареро, ки инсон барои осон шудани кори худ ихтироъ кардааст, «чигина» меноманд. Онро дар шроити пасту баланди кўҳсор ҷуфти гов ё асп мекашад.

Мардум дар эҷоди чистони оид ба чигина муболиға ба кор бурдаанд садояшро ба раъду барқ ташбеҳ додаанд.

Чор чўбе, росте, ки дар чор кунҷаш барои нигоҳ доштани бор устувар карда шудааст, найза номидаанд. Бо чигина одатан дарзаи гандум мекашанд ва дар чистон хўшаҳои пурбор табақи тилло ном гирифтааст:

Осмони ғуроғур,

Чор найзаву ду айғур.

Болораву хамикаш,

Табақи тилло таи каш.

Дар чистони дигаре, ки бо ҳамин навъ шаклу муболиға ҳайвони ба рўзгори мардум бисёр лозим - модагов тасвир шудааст. Аз ин тасвир сурату сирати як ҷондори аҷиб ба ҷилва меояд:

Дуто дорад - осмонкўб,

Якто дорад - заминрўб,

Чорта дорад - рўғанӣ,

Чорта дорад - заминкўб.

Дар чистонҳои халқии тоҷикӣ ҳамаи ҳамон хусусиятҳое ба назар мерасанд, ки чистонҳои халқҳои дигар дар бар кардаанд. Як гурўҳ чистонҳо дар нақшҳои садоӣ бунёд шудаанд. Онҳо садои дар, камон, табар, соат, садои пой, даст, шамол, асбобҳои рўзгору хоҷагӣ ва монанди инҳоро акс мекунанд. Рўзона бисёр такрор шудани садои дар ва шабона як бор садо дода, то саҳар хомўш мондани он дар чистони зерин басо диққатангез тасвир шудааст ва такрори овозҳои (ш, а, п, б) ба чистон оҳанги хос ва гўшнавоз ато кардааст:

Рўз – шап,шап,

Шаб – як шап.

Дар як гурўҳ чистонҳо фақат ранг тасвир мешавад:

Зард асту зардолу не,

Сафеду шафтолу не

(Тухм)

Гурўҳи чистонҳое, ки «арифметикӣ» ном гирифтаанд, асарҳоеро дар бар мегиранд, ки заковатмандона ва моҳиронаанд. Дар онҳо ҳар рақам аҳамияти махсус пайдо мекунад ва ҳусне ба вуҷуд меоварад. Ана як намунаи ин қабил рақамҳо:

Аҷоиб як дарахт дидам дар ин боғ,

Ки як тан дораду дувоздаҳ шох.

Ба ҳар шохаш он сад барг дорад,

Сафед як рў, сияҳ рўйи дигар дорад.

(Сол, моҳ, рўз, шаб)

Чистонҳо бо зиндагӣ, ҳаёти маънавии маишӣ ва таърихии халқ робитаи узвӣ доштани фолклорро собит

(исбот) мекунанд. Онҳо маҳсули зиракӣ, мушоҳидакорӣ ва фаросати халқанд. Чистонҳо дар муайян намудани шабоҳат (монандӣ) ва ҳамрангии чизҳо ва ҳодисаҳои олами беруна, хусусиятҳои хос ва фарқҳои онҳо зеҳни комил ба кор андохтани мардумро нишон медиҳанд. Дар як чистони машҳур шабоҳати узвҳои ҷондоре бо узвҳои як қатор ҷонварони дигар бо оҳанги пуртантанаву муболиғаомез зикр мешавад:

Як саволе аз ту дорам, эй рафиқи боҳунар,

Дар биёбоне бидидам як аҷоиб ҷонвар.

Морчашму мўрпо, лайлакпару аждаршикам,

Ноқазону, филгардан, шерсина, аспсар.

(Малах) Луғат: Ноқа-а. китобӣ уштури мода.

Ҳар сифатеро, ки дар чистони халқӣ тасвир ё ишора мешавад, ба хубӣ тасаввур кардан мумкин аст, зеро дар он акси табиат, зиндагӣ, муҳити мушоҳидашаванда вуҷуд дорад.

Осмон ва сайёраҳое, ки ба назар мерасанд, табиат, парандаю ҳашарот, растаниҳо, инсон ва узвҳои он, ашёҳои рўзгор, олами меҳнат, техника ва бисёр чизҳои мансуби маориф, маданият (фарҳанг), илм ва амсоли инҳо мавзўи чистонҳо қарор гирифтаанд.

Дар чистонҳое, ки фоклоршиносони тоҷик аз забони мардум навиштаанд, чизҳое тасвир шудаанд, ки кайҳо аз истеъмол баромада, ба таърихи гузашта тааллуқ доранд ва ҷавоби онҳо шарҳу баён металабад.

Яке аз ин чизҳо ҳаллоҷӣ ё чархи ресмонресист.

Ҳаллоҷӣ (ихтирои халқи тоҷик) асбоби дастие буд, ки мардум барои аз пахта (пунба) ҷудо кардани чигит истифода мебурданд. Одамон дар бораи он чистонҳои зебое бофтаанд ва ба ҳусни хоси табиати сарзамини зебои худ ишора кардаанд:

Сари кўҳи белона,

Як сў барф, як сў жола.

Дар айни замон бисёр чистонҳои нав эҷод шудаанд, ки ба ҳодисаҳои имрўза дахл доранд. Дар баъзе чистонҳо аҳамияти ин ҳодисаҳо дар пешрафти ҳаёт таъкид мешавад.

Қатора (поезд) зиндагии мардумро нисбатан осон кард ва инро мардум бо хурсандӣ васф кардаанд:

Аз ин ҷо то Ҳисор,

Метозад қатор - қатор.

*

Ҳазорто буд, ҷондор буд,

Борҳошон як ҳазор буд,

Ҳафто беҷон қатор шуд,

Борҳошон ҳафт ҳазор шуд.

Дар ин қабил чистонҳо одатан санъати инкор ба кор бурда мешавад ва ба воситаи ин санъат бартарии нав ба кўҳна бо қаноатмандӣ қайд мешавад: кори ҳазор шутурро мекунад, аммо худ шутур нест; аз асп ҷафокортар аст, аммо ҷаву алаф намехўрад, мисли фил бор мекашад, аммо на паранда аст, на даранда ва на аспи даванд:

Об мехўрад, дарранда нест,

Лаҷом дорад, чаранда нест.

Бор мекашад мисоли фил,

Тез меравад, паранда нест.

(Автомашина)

Мардум ба воситаи чистонҳо дар бораи чизҳои муҳим ва ҳодисаҳои диққатангез изҳори ақида кардаанд.

Алалхусус дар бораи хусусияти аҷиби қалам, китоб, илм чистонҳои дилчасп офаридаанд:

Як парча фатир доштем,

Тухми сиёҳ коштем.

Ба чашми худ бидидем,

Бо ақли худ шинохтем.

(Китоб)

Илм дар чистони халқӣ ҳамчун гули бехори ба ҳама даркор тасвир шудааст:

Гуле дидам, ки он бехор бошад,

На дар дашту на дар бозор бошад.

На кас ўро харад, на кас фўрўшад,

Ҳамеша бар сараш бозор бошад.

(Илм)

Чистон ба воситаи бисёр ин қабил фазилатҳои худ ба адабиёти бачагонаи тоҷик дохил шуд ва дар он мавқеи хосе ишғол намуд.

пешина
аз 25
навбатӣ