Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.

Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

БОЗИИ «ТЕЗГЎЯК»

Як ҷузъи муҳими фолклори бачагон аз тезгўяк иборат аст. Гуфтану шунидани ин қабил асарҳо чистонгўгйиро ба хотир меоварад. Бачае ягон тезгўяк мегўяд ва дигарон кўшиш мекунанд, ки онро тез ва равону бурро такрор кунанд. Бачае, ки ин корро хуб иҷро менамояд, ҳуқуқи тезгўяк гуфтан пайдо мекунад. Ин машғулият баъзан ба бозии доманадоре табдил меёбад. Бачаҳо як нафарро сармир (ҳоким) ва дигареро котиб (иҷрокунандаи ҳукм) интихоб мекунанд. «Ҳоким» мефармояд, ки тезгўкро се карат такрор кунанд. Ў номи яке аз бозигаронро мегирад:

- Ҳасанҷон!

-Лаббай!

- Лабатон ба шакар, ҳам қанд хўред, ҳам асал!

Шаб ба як шамшер сӣ сар шикаст.

Ҳасанҷон бояд фавран тезгўяки мазкурро ба забон оварад. Агар се бор хуб баён кунад, «котиб» «ғолиб», ғолиб» мегўяд, баръакси ҳол ў ҷазо мебинад: яъне бо фармони «ҳоким» ё суруд мехонад, ё мерақсад ва ё ба масофаи муайян медавад, ба шарте ки бачаҳо берун аз синф ё гурўҳ машғулият гузаронанд.

Дар байни бачагон тезгўякҳое паҳн шудаанд, ки асосан дар рўзҳои мо ба вуҷуд омадаанд. Қисме аз ин тезгўякҳо ба қалами шоирон Убайд Раҷаб, Наримон

Бақозода, Нуъмон Розиқ ва дигар эҷодкорон тааллуқ доранд.

Тезгўякҳо зимнан аҳамияти таълимӣ доранд. Бачаҳо ин асарҳои хурди фолклориро такрор ва ё ҳифз карда, талаффузи буррои ҳарфу овозҳо (фонемаҳо), калима ва ибораҳои мураккабро ёд мегиранд. Ба ғайр аз ин, ба дуруст гузоштани задаи мантиқӣ, риояи оҳаги сухан малака ва маҳорат ҳосил мекунанд.

Нодуруст талаффуз кардани ҳарфу калима ва дар ҷояш нагузоштани задаи мантиқӣ, маънои тезгўякро дигар мекунад ва боиси ханда мешавад.

Собит шудааст, ки тезгўякгўйӣ барои инкиишофи узвҳои нафасгирии бачаҳо низ мусоидат мекунад.

ХУЛОСАИ ЖАНРИ АФСОНА

Афсона дар ҳаёти бачагони халқи тоҷик аз замонҳои қадим нақше гузошта омадааст. Аз рўйи кор , аҷдодони мо, мисли ҳамаи халқҳои ҷаҳон , манфиатҳои маънавии афсонаҳоро дар тарбияи фарзанд фаҳмида будаанд, ки онҳоро дар як китоб гирд оварда, «Ҳазор афсона» номидаанд. «Ҳазор афсона» яке аз қадимтарин китоби афсонаҳои халқист. Баъдтар дар асоси ин қабил (гуна) афсонаҳо, «Ҳазору як шаб» барин маҷмўаи ҷаҳоншумули нақлу афсонаҳо ба вуҷуд омад.

Падару модар ва модаркалону бобоён дар ҳама замон ба воситаи афсонаҳое , ки дар онҳо ҷонварон амал мекунанд, ба бачагон тарзи зиндагиро меомўхтанд. Агар гунҷишкаки танбал дар сари вақт аз меҳнат нагурехта, барои худ хонаи мустаҳкаме месохт, дар зимистон хору зор ва нобуд намешуд («Гунҷишкаки гапнодаро»).

Афсонаҳо хурдтараконро бо ҷараёни меҳнат шинос мекунанд.

Пахтаро аввал ресмон мекунанд (одамони махсус ба ин кор машғул мешаванд), ресмонро аввал пеши бофанда мебаранд. Бофандагон аз он матоъ тайёр мекунанд, матоъро мебурранд, дўзанда медўзад. Гунҷишкак аз он куртаи оҳарӣ дўзонда, пўшида, зебо мешавад. «Ба замин палосу ба одам либос» гуфта шудааст, дар зарбулмасали халқӣ. Гунҷишкак дар либоси нав худро ба домодии подшоҳ сазовор дида, азми қатъӣ пайдо мекунад ва аз сар ба сар шудан ба подшоҳ наметарсад («Гунҷишкак»).

Дар афсонаҳои тоҷикӣ тасаввуроти қадимии мардумони эроннажод

Дар бораи мутассил зидди якдигар амал кардани ду қувва, ки яке - Ҳурмуз – Худои некӣ ва дигар ном

Аҳриман – Худои бадиро ба худ гирифтааст, осори равшан дорад. Дар онҳо бадӣ дар симои гурги хунхор, деви одамхўр , подшоҳи золим, вазири бадхоҳ, рўбоҳи маккор, мори заҳрдор, фили бераҳм ва ғайра, некӣ дар симои писари камбағал, кали айёр, парӣ, духтари донишманду ҷасур, писаракони чаққону ҳушёр ва монанди онҳо муҷассам мешавад. Бисёр афсонаҳо дар муборизаи ин ду қувва бунёд шудаанд.

Афсонаҳо ҳақиқати зиндгиро ба шуури бачагон мерасонанд. Дар як гурўҳ афсонаҳо , занҳое тасвир мегарданд, ки бо ақли расо, ҳунару ҷасорати худ ба мардон бартарӣ доштани худро исбот менамоянд. . .

Духтари хурдӣ ба ватани девҳо рафта, бо машаққати зиёд доруи ноёб ба даст меоварад. Аз он дору чашми нобинои падараш бино мешавад

(«Духтари ҷасур»). Духтари дигар ба воситаи зеҳну фаросоти баркамоли худ подшоҳи бераҳмро мағлуб ва мутеи худ мегардонад

(«Духтари оҳангар»).

Инсонро ҳамеша ва дар ҳама ҷо азми қатӣ лозим аст.

Агар ў мақсади наҷибе пеши худ гузошта бошад ва ё ўро иҷраи кори неке ба уҳда афтад, собитқадамиро аз даст надиҳад.

Қаҳрамонони афсонаҳои халқӣ аз паси чизҳои ба инсон зарур ба ҷойҳои дур сафар мекунанд, азоб мекашанд, қариб, ки нобуд мешаванд, вале ақибнишинӣ намекунанд. Дев ба дастаи алав мубаддал шуда, тойҳои навзоди аспи парандаро дуздида меравад. Аҳмадпҳлавон ба ҷустуҷўи дев рафта мамониатҳои зиёдеро паси сар карда, ўро ҷазо медиҳад ва тойҳоро бармегардонад

(«Аҳмадпаҳлавон»). Аҳмад-паҳлавон барин афсонаҳо:

Мурғи заррин, Тўтиҳои сухангў, Оинаи Ҷаҳоннамо, ангуштаринҳои муъҷизакор, доруҳои ҷонбахш ёфта, ба ватани худ меоваранд.

Эраҷ ба ватани девҳо рафта, бо лашкари девон ҷангида падарашро аз асорат халос мекунад ва ватанашро аз ҳуҷуми девҳо муҳофизат менамояд. («Эраҷи девафкан»).

Бисёр афсонаҳо дар замони мо навишта шудаанд, вале қаҳрамонони баҳодури онҳо Қиличпаҳлавон,

Кўлулабаҳодур, Салимпаҳлавон ва дигарон, ки дар иҷрои мақсадҳои наҷиб ҳеҷ ҳеҷ чиз садди роҳи онҳо шуда наметавонад, қаҳрамонҳои эпоси (достонҳои) қадимии халқ, алалхусус Фирдавсӣ «Шоҳнома») ва достонҳои

(«Гўрўғлӣ») -ро ба хотир меоваранд. Дар бораи ҳар кадоми инҳо халқ афсонае эҷод кардааст ва ин афсонаҳои пур аз саргузаштҳои аҷоиб, пур аз талошҳои тезутунд. барои барқарор намудани адолат ва некӣ , дар қувват додани рўҳи хурдсолон аҳамияти махсус пайдо карда омадаанд.

Афсонаҳо нишон медиҳанд, ки одамони худбини дурўя ва бадкирдор кам нестанд. Онҳо барои манфиатҳои шахсии худ касонро фиреб медиҳанд, дурўғ мегўянд, ҳилаҳо ба кор мебаранд, сафедро сиёҳ мегўянд, шахсони поктинат ва росткорро ба вартаи ҳалокат меандозанд.

Яке аз ҷонвароне, ки дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ хислати ин қабилҳоро дар худ таҷассум мекунад, рўбоҳ мебошад. Ин ҷонвари айёр, баъди пир шуда аз қувват мондан , худро шайх эълон карда, хурўсу мурғи содадилро ба доми худ кашида, худро шайх эълон карда, нобуд мекунад («Рўбоҳ, хурўс, мурғ ва бедона»).

Дар зиндагӣ ҳушёр, ва зирак будан зарур аст. Дар афсонаҳо ин фикр гаштаю баргашта таъкид мешавад. Агар мўрча – персонажи (иштирокчии) афсонаи «Ҷазои ҳилагар» ҳушёрӣ ва чолокӣ аз худ зоҳир намекард, ҳосили гандуми дар давоми сол бо заҳмати зиёд бо ҳамроҳи сангпўшт ба даст овардаи ўро рўбоҳи коргурези фиребгар соҳибӣ мекард. Писарбачаи меҳнатдўст , ки дарахти зардолу сабзонда, ҳосил гирифт, агар зирак намебуд, луқмаи девбарзангӣ мешуд («Донак»).

Афсонаҳо зиндадилӣ, диди расои аҳли меҳнатро дар муайян намудани иллатҳои ҳаёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ акс мекунанд.

Қаҳрамонҳои як силсила афсонаҳои халқии тоҷикӣ

(«Ҳасанак», «Кал», «Девона Ҳусайнӣ», «Кўса» одамҳои шўх, хушдил, бебок (нотарс, далер), ҳозирҷавоб ва ҳазлбозанд. Онҳо дар сифати намояндагони меҳнаткашони ҷафодида амал карда, бар хилофи намуди назарногир ва нуқси баданашон ақли расо, зарофат ва зиракӣ аз худ зоҳир мекунанд, золимонро ҷазо медиҳанд, ба ҳимояи мазлумон мешитобанд, дар вазъиятҳои душвор ва дар мушкилиҳо дасту по гум намекунанд.

Муллоҳои фиребгар писари бетаҷрибаи Кўсаро фиреб дода, ба ивази як тоқӣ тутмавиз гови ўро гирифта мераванд. Кўсаи зирак ҳилаҳо ба кор бурда, харашро ба сифати тиллопартояк, харгўшро дастёри хабарбарак ва калтакро мурдазиндакунак нишон дода, онҳоро ба муллоҳо фурўхта қасд мегирад («Кўса ва муллоҳои фиребгар»). Кали зирак бойи хунхорро сахт ҷазо медиҳад.

Афсонаҳи халқӣ чунин фикрро ба диққати бачагон мерасонанд, ки барои аз одамони золим, беадолат ва беномус қасос гирифтан нотарс ва ва чаққону ҳушёр будан лозим аст.

Ҳар кас , ки меҳнат кунад, аз ҳама зўртар аст, оне, ки меҳнат намекунад, ба хўрдан ҳақ надорад – ба чунин хулоса меоваранд « Аз ҳама кӣ зўр», «Мурғ, мурғобӣ ва муш» барин афсонаҳои халқӣ.

Мардум дар афсонаҳои худ, дар зимни тасвир кардани одамони зираку пухтакор, ба ҳоли содалавҳҳо хандидаанд, нодонӣ ва кўтоҳандеширо ҳаҷв кардаанд ва ба ин восита, ба бачагон омўхтаанд, ки зиндагӣ мураккаб ва пур аз задухўрду мубориза, пур аз ҳодисаҳои ғайричашмдошт, фаҳму донишро тақзо (талаб) дорад.

Агар бузичаҳои мағруру якрав каме ақлу фаросат медоштанд, ба дарё афтода нобуд намешуданд («Ду бузича»).

Яке аз афсонаҳои халқӣ «Лаку Пак» ном дорад. Ин ду инсони покдил, ба сабаби содадилии худ , корҳое мекунанд, бе шавқу ханда тасаввур кардан мушкил аст.

Хаҷви хасисӣ, баднафсӣ, ҳасуд (ҳасадхўр), бахилӣ дар афсонаҳое , ки мардум барои бачагон эҷод кардаанд, мавқеи калон дорад. Тинати (хулқи) бад сарчашмаи азобу машаққат аст. Балки на танҳо азобу машаққат!

Саги баднафс дар об акси худ – саги стухон дар даҳонро дида, барои зада гирифтани устухон худро ба дарё андохта, нобуд мешавад («Саги чашмгурусна»). Рўбоҳ санги сафеди зери чоҳи чуқурро думба гўсфанд гумон карда, худро ба чоҳ меандозад ва нобуд мешавад (Чоҳкан зери чоҳ»).

Афсонаҳои халқӣ ба тарбияи завқи бадеии хурдтаракон бо муваффақият хизмат кардаанд. Вале хизмати оҳо бо ин маҳдуд намешавад. Ба воситаи афсонаҳо мардум ба фарзандони худ ахлоқи нек меомўзанд, беҳтарин хислатҳои инсонӣ: меҳнатдўстӣ, шуҷоат, накукорӣ, покдилӣ, садоқатро тарбия мекунанд.

Афсонаи «Кайкак» нисбат ба атрофиён ҳисси дилсўзӣ доштанро тарғиб менамояд. Кайкак аз ноэҳтиётии худ ба даруни шири ҷўшон афтода, нобуд мешавад. Канаяк рўю мўй канда, ба хотири дўсти қаринаш мотам мегирад.

Афсона бо суханони зерин хотима (хатм, анҷом) меёбад:

«Ана ҳамин хел Канаяк дар ғами дўсташ азодор шуду Алошақшаққа парашро партофта, чанор баргашро рехта, бузак шохҳояшро шикаста, оби равон лойолуд шуда, ба дарду алами худ шарик шуданд».

Фил ба дарахте, ки саъба лона мондааст, худро молида, дарахтро ларзонда, ба афтондани хонаи саъба аз шохи дарахт ва нобуд шудани бачагони он сабаб мегардад.

Ин ҳодиса чанд бор такрор мешавад.

Занбўру қурбоққа ба мадади саъба омада, филро ҷазо медиҳанд: занбўрон чашми филро мегазанд, пилкҳои чашми фил варам карда, нобино мешавад, қурбоққа гўё аз даруни об овоз дода, фили ташнаро ба лаби ҷар мекашад,

Фил ба қаъри ҷар афтода нобуд мешавад («Фил ва саъба».

Қисми асосии афсонаҳои бачагона ҳамин хел панде дар замиир доранд ва насли наврасро ба роҳи нек раҳнамоӣ мекунанд.

Умуман бисёр афсонаҳои халқӣ дар тарбияи маънавии хурдсолон нақши муҳим бозидаанд ва мебозанд.

Онҳо да ҳаёти маънавии бачагони имрўза ба воситаи бисёр маҷмўаи афсонаҳо мавқеъ ва мақоми хосае пайдо кардаанд. Хушбахтона, миқдори чунин маҷмўаҳо торафт меафзояд ва аҳамияти онҳо бе аз пеш вусъат мегирад.

Мураттибон бисёр кўшиш карданд, ки ба ин ҷилди

«Тазкираи адабиёти бачагон» намунаҳои беҳтарини афсона, суруду тарона, бозиҳо ва чистону тазгўякҳои халқӣ дохил шаванд. Онҳо ҳар асарро баъди интихоб бори дигар аз таҳрир гузаронанд ва такмил доданд.

Масалан, афсонаи «Бузаки ҷингилапо» дар асоси 15 нусхаи ин афсона ва бозии «Лелак - лелаки боқӣ» дар асоси 20 нусхаи ин бозӣ таҳрир ва такмил ёфтанд. Бозиҳои халқӣ дар қолаби ҳикоя тасвир шуданд ва дар натиҷа хусусияти асари бадеиро ба худ гирифтанд.

Тазкира гулчини адабиёти даҳанакӣ барои бачагон аст ва намунаҳои мукаммалу барҷастаи асарҳои халқиро дар бар кардааст, ки нависандагон, олимон, дўстдорони фолклор дар давоми солҳои дароз аз тоҷикони маҳалҳои гуногуни Осиёи Миёна гирд овардаанд.

пешина
аз 25
навбатӣ