АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.
Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа
Вохўрии гург бо асп
- Туро Худо ба ман расонд,- гуфтааст, гург пеши аспро гирифта.
-Ту маро хўрдан мехоҳӣ, - пурсидааст асп. Ин хел бошад, ба ту гуфтанам даркор, ки ман ба як ҷо хат
(мактуб) бурда истодам. Ин хат тақдири як галаи аспонро ҳал мекунад. Агар як дамакак ҳамин ҷо истӣ, зуд гашта меоям, ту маро маза карда мехўрӣ.
- Ту ҳам бузак барин маро фиреб доданӣ ҳастӣ? – гуфтааст гург. Ту хат-пат надорӣ, дурўғ мегўйӣ!
- Дорам! – гуфтааст асп.
- дошта бошӣ, нишон деҳ! - талаб кардааст гург.
Дар таги пои рости ақибам, - гуфтааст, - асп, - бовар накунӣ, омада худат хонда бин!
Гург ба ақиб гузашта, ба таги пои асп нигоҳ карданӣ шудааст. Асп бошад, гўшашро сих кардааст. Ва ҳамин ки гург сарашро хам карда, ба таги пои рости асп нигоҳ карданӣ шудааст, чунон ба манаҳаш задаст, ки ҳамаи дандонҳояш шикастааст. Гург беҳуш шуда афтодааст. Асп хандида, чорхез карда, гурехта рафтааст.
Гург баъд аз чанд вақт ба ҳуш омада дидааст, ки ҳам асп аз даст рафтаасту ҳам бедандон мондааст:
Эй гурги нолон,
Аҳмақу нодон!
Аз дур дидӣ асп,
Даррав раву часп!
Ту на хатхонӣ,
Балки нодонӣ.
Аз гуруснагӣ,
Мурда мемонӣ!
Гург ҳарчанд зўр задаст, аз ҷояш хеста натавониста, аз гуруснагӣ мурда мондааст.
МУРҒИ ЗИРАК
Шағоле буд гушнаю ғамгин. Ба сўроғи хўрок ба назди деҳае омаду чашмаш ба таги дарахте афтод. Он ҷо як мурғи фарбеҳу тоза хоки заминро кофта истодааст.
«Ана, ризқи имрўзаам»! – гуфта, вай оҳистакак садо набароварда ба пеши мурғ рафт.
Мурғ нохост ўро дида, париду ба шохи дарахт шишт.
Шағол аз таги дарахт ба мурғи фарбеҳ хитоб карда гуфт:
- Эй мурғ, магар хабари нав нашунидӣ? Байни парандаю ҳайвонот сулҳ эълон шуд. Акнун ҳамаи мо дўсту бародар. Ба замин фаро, ба гузашта салавот (салавот гуфтан ин,ҷо ба маънои фаромўш кардан) гуфта, чорта суҳбат кунем. ..
Мурғ гарданашро дароз карда, гоҳ ба поён ва гоҳ ба атрофаш нигоҳ кардан гирифт. Ҳалқаҳои зери гулўяш ба ҷунбиш омаданд.. Дар гулўяш об меҷўшид.
Ҳой мурғи зебо, ба ту чӣ шуд? - Ту аз ягон чиз тарсида истодаӣ?
- Ҳа, албатта, кас метарсад – дия! – гуфт мурғ – Аз деҳа як гала сагон омада истодаанд! Аз саги газанда кӣ наметарсад?!
Шағол номи сагро шунида, шитобон роҳи гуезро пеш гирифт.
- Ҳой, шағол, куҷо рафтӣ? Магар мобайни парандаю ҳайвонот сулҳ эълон нашудааст? -гуфт мурғ аз паси шағол.
- Ба хаёлам сагон дар бораи сулҳ хабаре надоранд? – ҷавоб дод шағол дар ҳолате ки боз ҳам тезтар мегурехт.
Мурғи зирак бо ҳамин тадбир аз шағоли гушна ҷони худро халос кард.
РЎБОҲ ВА ПАЛАНГ
Буд, набуд, як рўбоҳ буд. Рўбоҳи айёру маккор буд.
Як рўз ягон парандаро хўрданӣ дошта хўрданӣ шуда, рафта истода буд, ки якбора аз пешаш паланг баромада монд. Рўбоҳи бечора тарсиду дир-дир ларзиду роҳ пеш гирифт.
Гурехта рафта истода буд, ки ҷарии чуқуре баромад.
Илоҷи гузаштан набуд. Чӣ кор карданашро надонист. Ба болои як санги калон баромаду ба гиря сар кард.
Паланг ҳайрон шуда пурсид:
- Эй рўбоҳ, ба ту чӣ шуд, барои чӣ гиря мекунӣ?
- Оҳ, ман шуморо дидаму падаратон ба хотирам омаданд. Раҳматӣ, ҷояшон ҷаннат шавад…
Ҳамин қадар нотарсу чобуку чолок буданд, ки чашм пўшида аз кўҳҳо мепариданд. Аз дарёҳо мегузаштанд. Сад афсўс, ки дидани корнамоиҳои ин хел далерон дигар ба ман муяссар намешавад. Гиряи ман ана барои ҳамин аст.
Паланг ин гапро шунида, бо ғурур сар бардошт. Дар пеши рўбоҳ чусту чолокии худро намоиш доданӣ шуда, аз ҷарӣ ҷаҳид. Ҷаҳиду ба қаъри ҷарӣ рафта зад.
Рўбоҳ ба таги ҷарӣ нигҳ карда, писханд зада гуфт:
- Ман медонистам, ки шумо дигару падаратон дигар.
Ҳар фарзанд падараш барин намешавад.
ЛАКЛАК – ТАБИБ
Буд, набуд, як гург буд. Гурги гўсфанддузду гўсфаднхўр буд. Рўзе дар гулўяш ногаҳон устухон дармонд.
Гулўяш дард кард. Оби даҳонашро фурў дода, нафас гирифта наметавонист. Тарсида, ба пеши табиб рафт.
- Дарди ту даво надорад, - гуфт табиб. Устухон ба таги гулўят чуқур даромада рафтааст. Илоҷи гирифтан нест. Бо ин аҳвол зинда намемонӣ.
Гург ба воҳима афтод. Худро ба чор тараф зада, гиряву нола кардан гирифт.
Лаклак дар лаби кўлмак гашта, қурбоққа дошта мехўрд. Вай нолаи гургро шунида, омада пурсид:
- Эй гург, ба ту чӣ шуд?
- Напурс! –гуфт гург,- умри ман охир шудааст! Дар гулўям устухон дармондааст. Табиб ҳеҷ кор карда натавонист… Лаклакро раҳмаш омад.
- Канӣ, наздиктар биё! – гуфт. – Падари ман табиб буд. Ман ҳам як табибӣ карда бинам.
- Ой дўсти азиз! – хурсандона фарёд кард гург. – Агар ту маро аз ин дард халос кунӣ, ҳар чӣ гўӣ, мекунам!
Лаклак нўли дарози худро ба гулўи гург дароварда, устухонро кашида гирифт.
- Гург ҳамон замон сабукӣ ҳис кард. Аз ҷояш хесту ба роҳи худ рафт.
- Ист! Охир ба ваъдаат вафо кун! – гуфт лаклак.
- Ту розӣ нестӣ? Фарёд зад гург. -Ту каллаатро ба гулўи ман тиққонда, сиҳату саломат берун кашидӣ. Магар ин вафо нест?! Ман метавонистам туро хўрам. Гум шав аз назарам. Дигар вонахўр, ки хўрда мемонам!
Лаклак чизе нагуфт. Фақат аз дил гузаронд, ки ба кўрнамакон ёрӣ додан лозим набудааст.
ХАРГЎШАКИ ШЕРДИЛ
Харгўшчае буд, харгўшчаи тарсончаке буд. Шохчае қирси карда шиканад, ё парандае қанот занад. Ё парчаи барф аз дарахт таппӣ афтад, як қад мепариду гирён мешуд.
Баъд калон шуд, ҷасоратдор шуд. Як рўз калонӣ карда, гуфт:
- Ман аз ҳеҷ чиз наметарсам! Вай ин суханонро бо тамоми овозаш такрор карда ба даруни беша даромад.
- Чӣ, ту аз гург ҳам наметарсӣ? – пурсид як харгўши дигар.
Аз гург ҳам, аз рўбоҳ ҳам аз хирс ҳам наметарсам! – ҷавоб дод харгўшча. - Агар гургро бинам, пора карда мепартоям.
- Ту аҳмақ! - гуфт як харгўши дигар.
Ҳамин вақт як гург пайдо шуда монд. Гург гушнаю хаста буд. «Кошки ақаллан як харгўш вомехўрд» - гуфта орзу мекард. Нохост ба гўшаш овози харгўш расид. Вай бозистоду поида - поида пеш омадан гирифт.
Гург наздик омада шунид, ки харгўшҳо ўро мазоҳ карда истодаанд. Як харгўшчаи каҷчашми думкалта ўро пора карда хўрданист…
«Исто, ман ҳозир ба сари ту, лофзан, об мерезам», - гуфт гург ва нигоҳ кард, ки кадом харгўш лоф мезанад.
Харгўшча ба болои кундаи дарахт баромада, мегуфт:
- Гўш кунед, эй тарсончакҳо, гўш кунед, ман ба шумо як чизи аҷиб нишон медиҳам…Ман… Ман…
Ҳамин вақт вай гургро дида, гапашро гум карду нафасаш гашт. Аз тарс мисли ҳаппак лўнда шуд, ба болои сари гург афтод. Афтоду поён ҷаҳида, гурехта рафт.
Қувваташ намонд, лекин истода натавонист.
Гумон кард, ки гург аз ақибаш давида меояд. Ва ҳамин замон ўро дошта мехўрад.
Вай чашмонашро пўшида, дар таги буттае афтиду аз ҳуш рафт. Ва баъди чанд вақт ба ҳуш омада, ҳайрон шуд, ки гург чаро ўро нахўрдааст.
Гург бошад, вақте ки харгўш ҳаппак барин ба болои сараш афтод, гумон кард, ки касе ўро парронд. Ва бо тамоми қувваташ ба як тарафи дигар гурехта рафт.
Харгўшча фикр карда, чӣ хел шудани воқеаро пай бурд. Ва ҷасорат пайдо карда, аз таги бутта баромаду ба пеши харгўшҳо баргашта, худро таъриф кард:
- Ана, дидед, ман аз гург ҳам наметарсам!
Шариконаш гапи ўро маъқул дониста, сар ҷунбонданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё