Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.

Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

АФСОНАҲО БАРОИ КЎДАКОНИ СИННИ ХУРДИ ТОМАКТАБӢ

Афсонаҳо барои кўдакони томактабӣ бо қисмҳо ҷудо карда шудаанд, зеро онҳо ҳаҷман калонанд. Бинобар ин, ҳар қисми он дар як рўз ва як машғулият истифода мегардад. Кўдакон бошанд бесаброна шунидани давоми афсонаро аз мураббия интизор мешаванд.

ГУНҶИШКАК

Буд набуд, як кампир буд. Кампири пири бекасу бенаво буд. Вай аз пагоҳ то бегоҳ бо чарх ришта мересид.

Калоба карда мефурўхту бо ҳамин роҳ зиндагӣ мекард.

Зиндагиаш бад буд.

Як рўз пахтааш тамом шуд. Пулаш набуд, ки пахта харад. Шишту ба ҳоли худ зор-зор гиря кард. Оби дидааш селу дарё шуд. Осиёбҳо гардон шуданд, одамон ҳайрон шуданд. Нохост дар пеши ҳавлиаш як пахтазори сап-сафед шукуфтагӣ пайдо шуд.

Ҳамин вақт як акка омада, ба сари девори ҳавлии кампир шишта гуфт:

- Шақ-шақ-шақ, мома, маро ба пахтазорат посбон намегирӣ?

- Ба ҳаққи посбониат чӣ мегирӣ – пурсид кампир.

- Шақ-шақ-шақ-шақ, - гуфт акка,-нисфи ҳосили пахтазоратро диҳӣ, бас аст!

- Бирав! - гуфт кампир, - даркор нестӣ!... Акка парида рафту як зоғ омада гуфт:

- Қар-қар –қар , мома , маро ба пахтазорат посбон намегирӣ?

Ба ҳаққи посбониат чӣ мегирӣ?-пурсид кампир.

- Қар-қар , - гуфт зоғ,- нисфи ҳосили пахтазоратро диҳӣ бас аст!

-Бирав! – гуфт кампир,- даркор нестӣ!

Зоғ парида рафту як гунҷишк парида омад.

Гунҷишкак «чуқ»-«чуқ» гуфта, ин ҷо шишт, «чуқ»-

«чуқ» он ҷо шишт.

Кампир пурсид:

-Чӣ чуқ-чуқ мекунӣ, чи магўӣ? Мома, маро ба пахтазорат посбон намегирӣ? –гуфт гунҷишкак.

-Ба ҳаққи посбониат чӣ мегирӣ?- пурсид каммпир.

-Чуқ-чуқ ,- гуфт гунҷишкак, - ба ман камакак пахта деҳ, курта карда пўшам…

Кампир камакак пахта гирифта дод. Гунҷишкак пахтаро ба нўлакаш гирифту пеши ресанда рафта гуфт:

- Пахтаро рес-рес карда деҳ, рес-рес накунӣ, хоната вайрон мекунам, рўйи ҳавлита оғилу каҳдон мекунам.

- Ресанда чархашро ба пешаш монд, пахтаро гирифта ришту як калобача ресмон карда дод. Гунҷишкак ресмонро гирифта, пеши бофанда бурд. Пеши бофанда бурду гуфт:

- Инро гиру боф-боф карда деҳ, боф-боф накунӣ, хоната вайрон мекунам, бачата гирён мекунам, рўйи ҳавлита каҳдон мекунам!

- Бофанда ресмонро гирифта, бофту ба қади гунҷишкак чен карда, бурида дод.

- Гунҷишкак буридаро гирифта, пеши дўзанда бурд.

Пеши дўзанда бурда гуфт:

- Дўз-дўз карда деҳ, дўз-дўз накунӣ, хоната вайрон мекунам, бачата гирён мекунам, рўйи ҳавлита оғилу каҳдон мекунам!

- Дўзанда як куртаи хушрўй дўхта дод.

Гунҷишкак куртаро пўшида, ба пеши кампир омад.

Ба пеши кампир омаду гуфт: …

Чуқ-чуқ, ана акнун пахтазоратро посбонӣ мекунам!

- Майлаш, ист, посбонӣ кун! – гуфт кампир.

Гунҷишкак рўзи дароз «чуқ- чуқ» мегуфт, ин ҷо мешишт, «чуқ-чуқ» мегуфт, он ҷо мешишт, посбонӣ мекард.

Як рўз гузори подшоҳ ба ин ҷо афтод. Подшоҳ дид, ки як пахтазор сап-сафед шукуфтагӣ. Вай аспашро нигоҳ дошта, ба аскарҳояш гуфт:

- Ин ҷо замини ман, ин пахтазор аз куҷо пайдо шуд?

Дароед, ҳамаашро чинда гиред, якто ҳам намонад!

Гунҷишкак дид, ки аскарҳо ба пахтазор даромада, чида истодаанд:

«Чуқ-чуқ» , бечора кампир,

Пахтазорат шуд ҷазир.

- гуфта кампирро ҷеғ задан гирифт…

ГУРГИ НОДОН

Будааст, набудааст, як гург будааст. Вай гушна мондааст. Дара ба дараю саҳро ба саҳро гаштааст. Дар ҳеҷ ҷо хўрок наёфтааст. Харобу беҳол шудааст. Базўр роҳ мерафтагӣ шудааст. Як рўз ғамгину маъюс шудааст. Рафта истода будааст, ки дар роҳ ба як бузак вохўрдааст.

- Оҳ бузаки ҷонон! - гуфтааст гург. Ман туро ёд кардам. Ҳеҷ вақт, дар ҳеҷ ҷо ягон ҷонвари дигарро ин қадар ёд накардаам.

- Аз ин гапҳоят маълум, ки ту маро хўрдан мехоҳӣ гуфтааст, бузак.

Аммо ба ту гуфтанам даркор, ки ҳозир гўшти ман бемаза. Агар розӣ бошӣ, ин ҷо ист. Ҳў ба он тарафи кўҳ гузашта, зираю пиёз хўрда меоям, гўштам хеле бомаза мешавд. Гург ба гапҳои бузак бовар карда, розӣ шудааст.

Бузак бошад, рафтаасту дигар бар нагаштааст… Пушаймонии гург

Гург «барои чӣ наомад гуфта, ба ақиби кўҳ гузашта дидааст, ки «на пай асту на ҳайдар» (маънои мақол бе дарак шудан бе нишон ғайб задан). Гург пушаймон шуда гуфтааст:

Эй гурги нолон,

Аҳмақу нодон.

Дидӣ, ки бузак,

Бихўр бомазак!

Гўшт-ку тайёр!

Зира чӣ даркор?

Наход бе пиёз,

Гўшти нағзу соз,

Бемазза бошад,

Белаззат бошад?!

Хўрок надорӣ,

Ҳам бемадорӣ,

Акнун медонӣ,?!

Мурда мемонӣ?!

Гурги гурусна боз хўрок ҷуста рафтан гирифтааст.

Лекин базўр роҳ мерафтааст. Пойҳои бемадораш печутоб мехўрдаанд.

Мушу калламушҳо аз хонаҳояшон сар бароварда, гурги бемадорро дида, масхара мекардаанд. Аз болои сари гург парида гузашта, «ин ҳамин замон мемураду дар болои сараш базм мекунем» гуфта механдидаанд.

пешина
аз 25
навбатӣ