Сармаддеҳ (Китоби дувум)

“Сармаддеҳ” ҳамчун китоби дуввуми нависандаи маъруф Баҳманёр фарогири ҳикояҳои тоза буда, дар Душанбе тавассути нашриёти “Истеъдод” соли 2014 ба дасти хонандагон расидааст. Ин китоби соли 2016 ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид шуда, барои хонандагони ба он дастрасӣ пайдо накарда китоби тоза ҳисоб меёбад.
зеҳни сунъӣ · 31 октябри 2024 · 17 саҳифа
ХАРИ ШЕРАКИ ХОЛ
– Шукри худо, ки аз соҳибат чобуктар будаӣ!
Ин таҳсинро Холдори Чилдурўғ ба хари Шераки Хол гуфт, ки субҳ аз ў ба орият гирифта буд, то бурси дирўз буридаву тал задаашро ба деҳ кашонад.
Хар ҳам аз таъриф магар ҳаво гирифт, ки боз чанд гоме тундтар бардошт, Холдор қаноатманд бо халачўб гардани ўро хорид.
– Ҳай, дар мўйлабҳои Шерак садқа, хар бошад чунин бошад!
Ба зудии зуд ба мавзее расиданд, ки насли кўҳна Басокаш мегуфтанду насли тоза Гулбасаронаш мехонданд. Холдор, ки субҳона нахўрда буд, харро кишан зада, ба чаро гузошту худ, камарбандашро кушода, нони дегиро берун оварда, дар фикри шиками худ шуд. Ними нонро бо оби чашма хўрду ними дигарашро боз ба камарбанд печонду ба миёнаш баст. Баъд танобро бар қад партофту ба ду нўкаш ҳезумҳоро сарчин кард, ду дарзаро ҷудо- ҷудо басту ба зини хар гузошт, байни ду дарза боз ҳезум чинду бо ресмоне ҳар се дарзаро ба шиками хар гулкамон заду бо бари ҷелак арақи сару рўяшро поккунон, оҳи сабуккашон харро «их» гуфт.
Хар як ба ў – ба Холдор намуд, ки норизо – нигаристу боз ба алафҳои сарнакандаи пеши чашмаш хира монд.
Холдор «их-их» гуён кафали харро хала кард.
Хар ҳамоно аз ҷояш намеҷунбид.
– Ҳе... мўйлабҳои Шерак баякбор резад! Не-не, ду-се тор монад, ки ман ўро Кўсашерак! – гўён мухотаб кунам.
Холдор боз ба сурини хар халачўб зад: як... ду... се...
– Ё ин фарозро баромада хаста шудӣ, ё фосилаи ҳезум бастани ман рагу паят сард гашт, ҳар чӣ буд-набуд мемириву ин дарзаҳоро ба хонаи ман мерасонӣ! Хар фарозро чунон бо машаққат ба хамбидан оғоз кард, ки ҳароина дили Холдор ба вай сўхт ва дарзаи сарбориро ночор буд ба пушти худ гирад, вагарна гумон буд ба ин ҳол то шом ба деҳ расад.
Дарзаҳои рўи зинро аз нав ба шиками хар гулкамон зад, пуштораи худро бардошту ба чашмони маъюси хар нигариста гуфт: – Мегўянд, ки мол ба соҳибаш наравад, ҳаром аст. Ту бо Шерак кал додари кўрӣ! Бад-ин минвол ҳар ду ба деҳ расиданд. Чун ба масҷид баробар шуданд, бобои Сангинро дар кафаи айвон рўи намадпорае нишаста ёфтанд. Бобои Сангин як ба Холдори арақшор нигаристу як ба хар, баъд ба пои пеши хар хира монд ва оқибат гуфт:
–Аввал, харбанда бояд хари наълшикастаро ба ту намедод, баъд ту бояд чор паҳлўи харро санҷида ба кўҳ мебаромадӣ. Хулласи калом, кал додари кўр.
Холдор ҳарфе назаду ба сўи хонааш по бардошт. Дарзаҳоро фуроварду ба ихтиёри занаш вогузошт ва худ харро ядак гирифта ба хонаи Шерак бурд.
Шераки Хол дар хона набуд. Занаш ҳам аз куҷо будани ў бехабар буд. Аммо Холдори Чилдурўғ вақти Шеракро интизор шудан ё ба ҷустуҷўяш рафтан надошт. Вай ба зани Шераки Хол ҳарфе зад, ки чун гуфтаҳои бисёри дигараш дар деҳ зарбулмасал шуд.
–Агар, – гуфт Холдор, – харро ба маҳкама кашидан муҷоз мебуд, ман ин хару он харро рост ба додгоҳ мебурдам!
\\\*
Рўзи дигар Холдор аз осиёби Шаҳдара меомад, сари ҳол набуд, осиёбон гандумашро орд накарда буд. Навбат нарасида ва осиёбон ҳам гузашт накарда буд.
Дар нимароҳ дид, ки Шераки Хол аз муқобил харсавор, ҳамон харе ки ҳанўз ҳам як пои пешаш наъл надошт, сархам, пеши худ дастакзанон меояд.
Алами ҳезумкашии дирўз ва якравии осиёбон имрўз ба ҳам печиду ҳамин ки Холдор бо Шерак сар ба сар зад, аз дур оғозид:
– Ҳа, дўстам, ба хайр аст? Чунон дастакзанон меравӣ, ки гумон мебарӣ ба ҷанги андақудоҳо меравӣ!
Духтарони Шераки Хол ҳама шавҳар аз деҳоти такоби Сармаддара доштанд.
Вале Шераки Хол ба инкор сар ҷунбонду бемадор даст афшонд, яъне «напурс!»
Аммо алами ҳезумкашии дирўз ва якравии осиёбон имрўз боз дар дили Холдор тоза шудан дошт, ки тоқат наёвард:
– Пас чӣ балоят зада?!
Шераки Хол ба ҷуз Холдори Чилдурўғ дар деҳ ғамбароре надошт, аз ин рў сироҳанг ба ў гуфт:
– Боз бо ҳамин занак, – Шераки Хол баъди мурдани занаш як зани ҷавон гирифта буд – пасту баланд омадем.
Медонӣ, барои чӣ? Барои ҳамин як гови нозо, ки харидор ёфтаму фурўхтам. Охир, аз он хўрандаи зиёдатӣ чӣ фоида буд?
Холдор пушти сар хориду ангор каме ба андеша рафту баъд Шеракро гуфт:
– Хуб ҳам кардааст, ки арбадаи мокиён намудаасту хурўши хурўсон барнакашидааст. Ту бояд харро мефурўхтӣ!
Шераки Хол моту мабҳут ба дўсташ хира шуд.
–Инаш боз барои чӣ? – базўр ғурунгид ў.
–Барои он ки дар як хона як хар бас аст, ду хар, ки шуд, бало андар бало хезад.
Инро гуфту Холдори Чилдурўғ ба роҳаш идома дод ва надид, ки чӣ тавр Шераки Холи накбатрасида ба пушти сари дўсти дуршудааш ҳайратзада менигарад ва ҳеч намефаҳмид, ки ғайр аз хари зери ронаш вай боз кадом харро дар назар дошт?
ЧАШМИ МЎР
Кампири Майса овози мошинро шунида, аз хона берун омада буд. Паси фармони «Уазик»-и нав писарашро дида буд, каме шигифтзада ҳам шуда буд. Паси рул писараш нишаста буду хелеяк сархуш намуда буд, аз ин тааҷҷуб накарда буд, пиразан гирди мошини нав се раҳ чархида буд, ба писари масташ низ се раҳ нигоҳ песонда буд, филҷумла ба нутқи таърихии худ омода буд.
– Ҳеч ҳуш дар сар дорӣ, ки мошини нав гирифтаӣ?! Андешаи модар дар сар надорӣ, ҳақ ҳам дорӣ, офтоби теғаи кўҳ, ана-мана нагуфта ғуруб мекунад. Аммо зану кўдакота фикр накардӣ? Задӣ таги ҷар бо ин мошини сарсахт, шудӣ зеби тахт, тахти шоҳиро намегўям, маркаби чўбиро мегўям, сағираҳоту беваат дари кӣ мераванд: бобоҳошон мурда, аз бибиҳо як мани шўрпешонӣ монда, ки ҳамонам соатбашумур... Ун мошини кўҳна, буд- набуд, ба туи сияҳмаст хў гирифта буд, ҷару ҷўро дида буд, роҳҳои чапу уребро санҷида буд, туи мастро зиндаву беосеб гирифта меомад. О, ин на ҷарро дидаву на ҷўро, на хонаи моро, меравад лаби ҷар, мезанад таги ҷар, худатро мебаранд ба ун камар, сағираҳот дар ба дар...
Пиразан, худо медонад, боз чӣ қадар ба нутқи таърихии худ дунбола доданӣ буд, агар ин дам писараш дари мошинро кушода, пеши пои ў чапагардон намешуд.
– Вой, ин чунон маст аст, ки ҳатто ба по рост истода наметавонад!!!
Кампирак синҳорашро садо кард, ду зан натавонистанд як мастро бардоранд, ҳамсояро ҷеғ заданд. Ҳамсоя марди ҳузарбе буд, омаду аз зери ду каши маст гирифт, кашола намуд, бурду зери айвон рўи намад хобонд.
– Ҳо, – гуфт ў, – мастӣ ҳам ҳадде доштагист, агар ба ин сурат давом диҳад, пайомадашро худо ба хайр гардонад!
– Ман то ҳол чӣ гуфтам? – кампирак ранҷишомез ўро нигарист, гўё ун бечора чанде пеш шунавандааш буда бошад, – ҳаминро гуфтам, сад чизи дигарро низ гуфтам. Ба сарқути раис чунон одатӣ шудааст, ки аз фарзанд рў мегардонаду аз он не!
– Дирўз қариб хатнасурони Шод- монро вайрон карда буд...
– Худоё, тўба! Чӣ ҷўрӣ?!
– Дар кате бо ҷўраҳояш арақ мехўрд, ба фикрам, «пахол» ҳам дуд дода буданд, ки пурсадову нофорам ҳарф мезаданд, ҳамсоягонро хушоянд набуд. Чун ҳофизи маърака ба ин мисраъ расид: «Худоё, ту гўрамро чароғон мекунӣ ё не!», ин, – ба масти зери айвон хобида ишора кард, – аз ҷояш баланд шуду хитобид: «Акаи ҳофиз, ғам махўр, агар ў накунад, худам лампочка мегузаронам аз симчўби Фармони Мурод!»
Ҳама заданд ба ханда, ҳофиз қаҳр кард, баромада рафтанӣ шуд, базўр оромаш карданд, инро гуселонидан мехостанд, ҷўраҳояш ҳомӣ шуданд, намонданд, кор ба мушту гиребон наздик буд, худоро шукр, ки муаллим Озар миёнаравӣ намуд, вагарна, худо медонад, чӣ пеш меомад!
– Худоё, чӣ расвоӣ!
Ҳамсоя рафт ба хонааш.
Пиразан болои сари фарзандаш лаҳзае чанд қоим истод, пасон пеши худ гуфт: «меравам пеши мулло Бухорӣ, – вай ягона шахсе дар деҳ буд, ки муллоро дар ғоибу ҳозир «мулло Бухорӣ» мегуфт, – ягон тўморе ё оби маразкоҳе бидиҳад алайҳи шарри шайтон ва уммулхабоис... шояд кора кунад ва ин гумроҳро ба роҳи ҳақ бигардонад».
Рафт, муллоро наёфт. Эшон дар деҳи ҳамсоя будаанд, то азоим бихонанду бидаманд ба рағми ғундаҳо, ки дар он деҳ соле чанд як раҳ хурўҷ мекарданд ва бо заҳри ҳалоҳили худ чанд танро мекуштанд. Чун мулло азоим мехонданду деҳро ба хатти мандал мегирифтанд, ягон ғунда деҳандар намегашт, агар мегашт, месўхту дуд мекард ва бўи он дуд дигар ғундаҳоро ҳушдор медод, ки макони балохез аст, аз ёлаву пуштаҳо поён маоед. Ва мардум бузу гўсфандҳоро ба камару сиртаҳо меронданд, то ғундаҳоро поймол бикунанд. Кампирак шигифтзада буд, ки чаро заҳри ғунда ба гўсфанду буз кора надорад ва бечора одам ба он ёра.
Пиразан аз дугонаи худ Осуда ёд оварду ба сўи хонаи ў гом бардошт.
Ҳарчанд дугона буданд, рўзе пас ҳамдигарро набинанд, пазмон мешуданд, лек кампири Майса ба сеҳру афсунҳои Осуда мўътақид набуд. Дида буд, бо чашми сар дида буд, ки себҳои шохи баланд аз афсуни дугонааш канда шуда, пеши пои ў меафтанд, аммо пиразан ба мисли Оростаи Сиёҳ бовар дошт, ки ин ҷо бўи ҷодуи Кашмир меояд, на каромоти худодод. «Худо накунаду сеҳру ҷодуяш зиён орад ба фарзандам ва як бало сад бало гардад!» Пиразан аз нимароҳи хонаи дугонааш баргашт.
Пеши Раиси Баста ҳам рафтан бефоида буд. Ҳаминки арзатонро шунид, лаҳзае чанд ба шумо хира мешавад, баъд сар меҷунбонад, билохир даст меёзад ва яке аз гўшиҳои рўи мизро мебардорад, вобаста ба ҳолаташ. Рўи мизаш пур аз қуттиҳои телефон: зарду сабзу сурху сиёҳ. Сурх ба Кремл пайваст, сиёҳ ба Сибир. Худо накунад, ки даст ба гўшии сиёҳ бубарад – рост ба сияҳчолҳои Сибир мефиристад...
Ана, фарз кардем, ҳоло кампири Майса бираваду аз писараш шикоят пеш орад, ҳатман даст ба гўшии сиёҳ ё сурх мебарад.
Агар ба сурх бубарад, бо Маскав чунин гуфтугў хоҳад кард: «ало, рафиқ Хурушуф!
Ҳолат хуб аст? Империализми Амрико дарди сарат шуда? Э, парво макун, мо, ки кайҳонро гирифтем, аз ин пашшаи хунмак чаро бояд тарсем, миёнашро чунон шиканем, ки ягон асобағал дархураш наояд... Мо ҳам худоро шукр... э, дар паноҳи партияи азизамон ҷонона зиндагӣ дорем. Пилонҳо буд, лек боз якта-нимта... нимтааш ҳамин кампири Майсаро мегўям, пир аст-охӣ, соатбашумур. Ҳеч намефаҳмад, ки мо дар остонаи асри бист не, дар дудмўриаш истодаем, коммунизм сохтан дорем, аммо ин аз феодализм ҳарф мезанад... Ман ҳам ҳаминро мегўям, қабул надорад, пир аст-охӣ, соатбашумур... Хуб, фаҳмидам. Слушаюс!»
Гўширо мегузорад ва бо як нигоҳи ба боди фано диҳанда ба ту менигарад. «Агар пир намебудӣ, рост ба Сибир мефиристодат!
Акнун бираву дуои сари калашро бикун ва дигар бо ин сафсатаҳои девлохиат сари ману рафиқ Хурушуфро гаранг макун. Баста!»
Кампири Майса чӣ, ҳар каси дигар ҳам мебуд, баъд аз ин муҳовара, худоро шукр гуфта, рў ба гурез мениҳод. «Зеро, – мегуфт кампири Майса, – ҳар рўз як ҳангомаву як ҳандаса (зери ин мафҳум магарам «лабиринтро» дар назар дошт), роҳе пеш нагирӣ, сарат ба девори битонӣ дакка мехўрад!»
Қариби ба хона расидан кампири Майса аз муаллим Озар ёд кард ва баргашт. Боз ҷониби хонаи мулло Бухорӣ, зеро муаллим Озар ҳамсояи ў буд.
Муаллим дар ҳотааш буд, зироатҳои киштаашро об мемонд, чун дид, ки кампири Майса пушти чиғдевор қад алам кард, пеш омад, гўш фаросўи ў дошт, донист гуфтание дорад, агар нагўяд, метаркад.
– Худат медонӣ, тамоми олам медонад, ки бачаи ман рўшание дар пайомади кораш надорад. Мошина нав кардаву захмҳои дили маро тоза. Ун мошин ҳарчанд кўҳна буд, ҷару ҷўро медонист, писарам маст буд-набуд, ун бечора – ҳамун мошина мегўям – роҳро пармосида меомад. Инаш напа-нав, роҳи хонаро, ҷару ҷўро на дидаву на гузашта. Ин шофури бадмасти беандешаро мебарад, мезанад таги ҷар, сағираву бевааш куҷо мераванд?
Ба гуфтаҳои ту ҳама гўш фаро мениҳанд, биёву ўро насиҳат кун, шояд коргар ояд.
– Чашми мўр барин кор дорам, – ба ҳота ишора кард муаллим Озар, – навбати обро намешавад, ки раҳо созӣ, навбати дигар баъди чаҳор рўз!
– Боз беҳтар. Вай ҳоло маст хоб, таги гўшаш путки Миршодиро ба сандон бизанӣ ҳам, бедор намешавад. Соате пас низ хуб аст.
Кампири Майса муаллим Озарро ба паноҳи марзаву обаш гузошта, худ бори ташвишу ғурбати зиндагиашро анбон сохта, ба роҳ афтод. Дар роҳ чанд касро дид, боз наистод, хоҳиши бо мардум сўҳбат кардан, рўзро кўр сохтан надошт.
Чун билохир кампири Марям пеши роҳаш ғавчўб шуд, ночор боз истод ва чашмони хираашро ба ин зани хира дўхт.
– Ҳа, бева, чӣ ин қадар роҳи чилаи тобистонро барфу борон сохта, меравӣ?
– Э, Марями хушбахт, агар фарзанд рўзат надиҳад, фикри набераву синҳор хоб аз чашмат бубарад, барфу борон нашуда, абри найсон мешудӣ!
– Боз чӣ шуда?
– Мегўям, худо нокарда, ҳамин писари ман аз ҷару ҷў чаппа шуда, бо ун мошини наваш тика-тика шавад, ин бевааш бағали кӣ меравад?
– Ҳа, беинсоф, аз Шоҳони ту қавитару ҳузарбтар ман ҷавонмарде дар ин деҳ намебинам. Чунин мардҳо ду-се занро таги хок мекунанду боз зан мегиранд... – Ту Комрони маро дидӣ? Набераамро мегўям. Ман ин хел бачаи дидадарову меҳрубону корогоҳро дар умри сарам надидаам. Агар худо накунаду додош мурад, бо аҷали қазоӣ не, чунон ки ту фаҳмидаӣ, ба аҷали ҳавоӣ, ҳавову ҳаваси майнўшиву нашъакашиашро мегўям, ҳоли ин бача чӣ мешавад? Хору зор мешавад, дастнигари мардум мегардад.
Дастнигари мардум, ки шуд, чӣ мешавад?
Ранги маймун мешавад! Хоҳанд, бо ў бозӣ мекунанд, нахоҳанд, турктозӣ! Пас зистану гаштани маро маъно чист?
– Насиҳат накардӣ ҳамун хумбар- дўшатро?
– О, аз гуфтану навохтан забонам мў баровард, ҳосил чӣ? Боз ману раҳпоӣ, боз ману шабзиндадорӣ.
– Ба раис як даҳан нагуфтӣ, ки лаҷомашро кашида монад.
– Ба гуфтан мегўӣ, вале ҷавоб чӣ мешунавӣ? «Ҳо? Ман дигар коре надорам, даҳони бачаи туро поида гардам? Дар кор наменўшад, не? Аҳа! Берун аз кор бигузор гуҳ бихўрад! Ин муҳим нест. Баста!»
Кампири Марям хуб аз таҳи дил хандид ва оби чашмашро поккунон гуфт:
– Рўят сафед, бева! Чунон гўлаку гарангак менамоӣ, ки илоҳӣ, тўба! Раисро даст камони миён чунон намудӣ, ки Холдор назди ту об бихўрад! Ду пиразан худоҳофизӣ карданд, яке зам-замакунон ба суроғи шаҳбузаш рафт, дигаре мўякунон ҷониби хонааш.
\* \* \*
Писараш аз хоби гаронсанг бедор шуда буд, саҳеҳтараш, рафиқон хабари мошини навро шунида, як-як ҷамъ омада буданд, ба сару рўи Шоҳон як сатил об рехта, ўро бедору ҳушёр карда буданд. Ин дам таккачае аз оғил берун мекашиданд, то ба ин муносибат сар бизананд ва шодхорӣ кунанд. Ҳама кампири Майсаро дидан баробар: «муборак шавад, муборак шавад!» гуфтанд, вале пиразан ҷавобе надод. «Инҳоро чӣ ғам? Баҳонаи сартафсониву шикамчаронӣ ёфт шуд – мехўранду менўшанду мераванд. Боз ман мемонаму сари сахтам».
Комрон аз дабиристон омада буд, рўи пўстак зери дарахти себ дароз кашида, китоб мехонд. Шодон, додараш наменамуд, ба яқин чилликбозӣ рафта. Синҳор куни дегро метафсонд. «Аҷаб занаке, сол аз дувоздаҳ моҳ ғингаш намебарояд. Осўхтаро намебардорӣ, ба сари шўт зада майда-майда кунӣ, дам ба дарун зада мегардад, гўяд ҳам, ба худ мегўяд, гиряд ҳам. Комрон ба ў рафтагӣ, Шодон ба додош...»
– Мома, ҳо, мома! – фарёд мезад аз рўи суфаи лаби ҳавз Шоҳон. – Чӣ мехоҳӣ? – хашмин пурсид пиразан.
– Инҳо қурутоби туро пазмон шудаанд!
– Шумо шаробро пазмон шудагӣ, бешармҳо! Қурутоб хўроки зимистон аст, на тобистон.
– Холаам рост мегўянд, – ба гап даромад Сардор бачаи Раҳдор, – беҳтараш, худамон шакароб мекунем, ана ҳама чиз ҳаст: помидор, бодаринг, пиёз... холаам камтар чака диҳанд, шуд.
– Ҳама чиз чун дар ресторани шаҳр – хўроки якум шакароб, дуюм кабоб...
– Таккакабоб! Инашро орзу кунӣ ҳам, дар ресторан намеёбӣ.
Онҳо то дер шўру мағал доштанд. Баъд ором шуданд, кадоме ба сурудан оғозид.
Кампири Майса гоҳ-гоҳ берун мебаромаду роҳро менигарист, ки муаллим Озар менамояд ё не. «Чашми мўраш чашми аждаҳо шуд магар?»
Ин раҳ, ки пиразан берун омад, ё «ҳофиз» монда шуда буд, ё барномаи консертиаш поён ёфта буд, ки хомўш гашта буд. Аммо шўру мағал дучанд шуда буд – мастона мегуфтанду сахтона.
«Одам, ки маст шуд, ҳама тормузҳои ақлу шармаш суст мешавад...» Ва кампири Майса ба ёд овард, ки соле қабл писараш раису муҳосиби колхозро шаҳр бурда буд.
Раис пушти кораш назди «маъшуқааш» мераваду ин дуро то пагоҳ иҷозаи сайру гашт медиҳад. Ин ду ҳам Худо дод гўён аввал хуб дар ресторан шаробу кабоб мехўранду баъд ба меҳмонхона рафтан мехоҳанд. Сари роҳ мебинанд, ки аз муқобил ҷаноза меоранд. Ҳар ду аз русуми шаҳр бехабар (ин ҷо тобуткашонро киро мегиранд, зеро то сарманзил роҳ дур асту сангин, ҳар маҳал тобуткаши худро дорад, ки ағлаб ҷавонмардони ҳузарбу варзидаанд), гумони деҳа мекунанд, ки ҳар нафари пешомад меояду барои савоб пояи тобутро мегирад ва ўро зуд дигаре иваз мекунад. Ин ду гўлаки савобҷў меоянду пояки тобутро мегиранд, – «агар ҳушёр мебуданд, шояд «савобҷўӣ» намекарданд!»
– тобуткашони кироя зуд мефаҳманд, ки деҳотии гўланд, бепарво паҳлўяшон қадам мезананд ва то гўристон, ки панҷ- шаш километр будааст, ҳеҷ онҳоро иваз намекунанд.
Тобуткашони мо вақте ба сарманзил мерасанду тобутро ба замин мегузоранд, ангор зери борони новдонӣ монда бошанд, аз сару танашон арақ мечакидааст. Ҳар ду қавл медиҳанд, ки ин шармандагиро овоза намекунанд, лек боз маст мешаванду мепўканд…
Шом фаро расида буд. Аз мўрии ошхонаҳои деҳ дуд танўра мезад, дуде ки бўи шаппаҳои бурс ва тапак медод, бўе ки кампири Майса хуш дошт. Аммо бўи дуде ки аз ҷониби рўи суфа нишастагон меомад, басе нохуш ва дилбеҷокунанда буд – бўи «пахоли» банг буд. Диққат дод, папироси нашъаанбоштаро дар лабони писараш дид.
«Арақ мехўрад, нашша мезанад, токистонро гўристон мебинад, ҳеҷ пандаш намешавад!» Ин воқеа зимистони гузашта рух дода буд. Дар шаҳр арақ мехўрад, «пахол» дуд медиҳад, баъд паси фармони мошин мешинаду озими деҳ мешавад. Аз ҳамдеҳагон низ ду нафар бо ў будаанд.
Ҳар ҷо токзоре мебинанд, гумон мекунанд, ки гўристон аст – он вақтҳо охири тирамоҳ токҳоро зери хок мекарданд, то сармо назанад ва ҳароина токистон гўристонро мемонд – аз мошин мефароянду дуову фотиҳа мехонанд, даст ба рў мекашанд. Аз мошинҳои роҳгузар онҳоро мебинанду мешиносанд ва ин қисса дар тамоми обрав овоза мешавад.
То ҳол ба ёд меоранду писари ўро масхара мекунанд, зеро маҳз ў будааст, ки биллоҳу валлоҳ мегуфтааст, ки «ин гўристон аст, шояд падари ман ин ҷо хок шуда бошад!» Падари ў солҳои қаҳтӣ – соли чилу ҳафт – пайи рўзӣ рафтаву беному нишон шуда буд ва кампири Майса, он вақт ҷавонзани бева, сари танҳо ўро бузург карда буд...
«Агар ба ҳамин минвол дунбола бидиҳад, – меандешид пиразан, – дигар як мисқол обрў намемонад дар ў. Бечора Комрон сар бардошта наметавонад дар деҳ, аз мастиву пастии додош шарм медорад...»
Хархаша бархосту дашномдиҳӣ оғоз шуд, касеро кутак мезаданд, пеш омад ва писари худро зери мушту лагади ду нафар дид.
– Ҳай, худобехабарҳо! Нону намаки мардумро мехўред, подош боз мушт мезанед! – пиразан асое бардошта, сўи онҳо давид ва ҳар тахтапуште медид, асо мезад. Ҷавонмардҳо ҳаёҳукунон рў ба гурез ниҳоданд, ў монду писараш.
– Шарм намедорӣ?! Ҷои ту як баномуси дигар мебуд, худро ба дор мекашид. Ё ҷои ту ман худро ба дор бикашам?
Шоҳон нишаста буд бо сару рўи кабуд ва сар бардошта ба модараш нигоҳ намекард.
– Як ба ин дастархон нигоҳ кун! Ғайр аз шири мурғу тухми анқо дигар ҳама чиз ҳаст. Аммо натиҷааш чӣ? Гумон доштӣ, мехўранд, менўшанд, сипос мегузоранд, ки аз дастархони Ҳотами Той луқма бардоштаанд? Хестӣ, ки хобӣ! Як ба оина нигар, пасомадашро хоҳӣ дид. Лек ин ҳама мўе аз пўстак, тўба накунӣ, идома диҳӣ, радди маърака хоҳӣ шуд, мардум аз ту чун аз кўҳрӣ ҳазар хоҳанд кард. Ин бори ахир аст, ки бо ту ҳарф мезанам, дигар ту медониву шишаи паҳлўят, ки ҷои модар, зан ва фарзандонатро гирифтааст... Пиразан аз писараш лом-алифе нашунид, баргашт ҷониби хона. Комронро дид, лаби ҷўй нишаста, шонаҳояш меларзиданд, коре наметавонист бо худ кардан, ҳар замон як каф об ба рўй мекашид, то ашки чашмашро пинҳон дорад. Хост равад, паҳлўи набера шинад, шонаҳои ларзонашро бағал гирад, тасалло диҳад, лек дарк кард, ки ба ин кор қодир нест, алами дилаш зўр буд, худ низ гардани ўро гирифта, ҳой-ҳой мегирист.
Муаллим Озар наомад. «Кори чун чашми мўраш магарам чандин бало шуд!»
Кампири Майсаро он шаб хоб дар чашм набуд. Хурўсбонг аз ҷой баланд шуд, дасту рў шуст, таҳорат кард. Хост биравад ва аз ҳоли писар хабар бигирад. Рўи суфа нишаста буд, шишаи арақ бо як табақча газак пешаш гузошта. «Ё хоб нарафта ё аз дарди сар бедор шуда, хумор мешиканад!»
Чизе нагуфт, баргашт, либосҳои навашро пўшид: пироҳани сафед, поҷомаи сафед, қарси сафед низ ба сар гирифт. Аз паҳлўи писараш гузарон буд, ки вай сар бардошт ва гўё гунаҳгорона пурсид:
– Мома, ин қадар барвақт куҷо меравӣ?
– Чашми мўр барин коре дорам, зуд меоям...
Чанд лаҳза пас рўшании субҳ чашм бузург кардан дошт, ки дар деҳ мағал бархост. Касе дар кўчаҳои деҳ медавиду ҷеғ мекашид: «кампири Майса худро дар чанори сари чашма овехтааст!!!»
Ҳама таги чанор рехтанд. Ҷасади сафедпўши пиразан – бо қарс сарашро печида буд, ба яқин намехоста, ки чеҳраи баднамошудаашро касе бубинад – аз шохи чанори азим овезон буд. Ангор мардум ба худро овехтани кампири Майса ҳайрат надоштанд, ҳама дар шигифт буданд, ки чӣ тур ин кампири нимҷон тани чанори то се метр ягон шоху барг надоштаро часпида баромадааст...
Бунгуфтор Шоҳон на танҳо арақнўшиву нашъакаширо бас кард, балки аз деҳ ғайб зад. Мегўянд, ки ў дар ҳамон шаҳре ки боре бо амри тасодуф тобуткашӣ карда буд, тобуткаши кироя шуда кор мекунад, то гуноҳашро назди модар бишўяд. Оё мешўяд?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё