Сармаддеҳ (Китоби дувум)

“Сармаддеҳ” ҳамчун китоби дуввуми нависандаи маъруф Баҳманёр фарогири ҳикояҳои тоза буда, дар Душанбе тавассути нашриёти “Истеъдод” соли 2014 ба дасти хонандагон расидааст. Ин китоби соли 2016 ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид шуда, барои хонандагони ба он дастрасӣ пайдо накарда китоби тоза ҳисоб меёбад.
зеҳни сунъӣ · 31 октябри 2024 · 17 саҳифа
СИЗ МУЛЛО
Аз қадим бигўямат.
Ду нафар аз деҳи мо барои дидани гўсфандҳои худ ба чўлҳои Ўзбакистон мераванд. Он вақтҳо ҳамин хел буда, ки дар тобистон молҳои майдаи Ўзбакистонро мавсими гармо ба кўҳистони пурхезу пурфайзи мо меовардаанд, ки чаро кунанд ва баръакс фасли сармо рамаҳои моро, ки аз пурбарфӣ ғизо ёфтанашон сахтиҳо доштааст, ба чўлҳои Ўзбакистон мебурдаанд, то барфи тунукро пуштипое бизананду ғизое ёбанд.
Ин расм аз қадим маъмул будааст. Аз ин рў дар баъзе кўҳу пуштаҳо номҳои ўзбакиро дида, ҳайрон нашавед, чароки худи ўзбакҳо иқрор мекунанд: «то ўзбак тоҷикиро ёд мегирад, ки чўпони тоҷик мулло мешавад!»
Хуб, омадем сари ин матлаб, ки ду тоҷик барои хабаргириву ёрӣ ба чўпонон озими Ўзбакистон шуданд.
Чун он вақтҳо ба он чўлҳо мошине намегашт, ин ду нафар аз Ҷизах (дар куҳан Дизакаш мегуфтанд) пиёда ба сўи чўл пай месипаранд. Дар роҳ онҳоро шаб дармеёбад ва ба андешае ки ба коми гургҳову ба чанги дуздҳо наафтанд, ба сўи деҳи ношиносе мешитобанд.
Ба деҳ мерасанду ҳалқаи дари пешомадаро мекўбанд. Соҳибхона берун меояд, мақсади онҳоро фаҳмида, хушҳол онҳоро ба хона мехонад. Онҳоро дар меҳмонхона ҷо медиҳад ва худ пайи омода кардани хўроки шом мешавад. Ба суоли меҳмонон, ки магар зану фарзанд надорад, мармуз ба мисли Рўдакӣ ҷавоб медиҳад:
«аёл на, зану фарзанд на, маунат на, аз ин ҳама дилам осуда буду осон буд».
Аз ин ҷавоби мизбон дар назари ин ду меҳмон байни гуфтаҳои ў ва коми гургу дасти дузд фарқи казоие дида намешавад ва онҳо дириқ-дириқ ларзида менишинанд.
Баъди чанде мизбон нону чой ва дар як табақи сафолӣ гўшти туркҷўш меорад.
Меҳмонон, ки хеле гурусна буданд, ба ин неъмати худодод бепарво буда наметавонистанд, ҳамоно даст ба гўшту нон бурдан мехоҳанд.
–Тўхтанг! – мегўяд мизбону меҳмонон дар ҳамон вазъе ки доштанд, ба қавли худашон «ях мебанданд».
–Ин гўшт, – мегўяд мизбон, – моли дуздӣ аст. Шумо, ки ҳар ду тоҷикмуллоед, бигўед, чӣ ривояте мебояд ёфт, ки он ҳалол бошад?
Меҳмонон худро тарҳу ҷамъ кардаанд, ба ҳамдигар нигаристаанд, билохир яке ҷуръат ёфта гуфтааст: –Моли дуздӣ, агар ўро аз кўраи дўзах ҳам гузаронӣ, моли дуздӣ буду хоҳад монд...
–Қоч! – бонг задааст соҳиби хона, – ту муллои бесаводӣ, аз ин рў ривоятат мисли худат хунук, яъне қор ёғадӣ аст!
Соҳибхона ба меҳмони дигар рў меорад:
–Ту чӣ мегўӣ?
Ин меҳмон масали «дурўғи масли- ҳатомез беҳ аз рости фитнаангез»-ро ба хотир меораду мепурсад:
–Вақте гўсфандро дуздида мебурдӣ, ба чапу ба рост нигоҳ мекардӣ?
Мизбон гуфт:
–Чаро не, менигаристам, албатта, аз тарс!
Меҳмон гуфт:
–Аз шири модарат ҳам ҳалол аст, чароки бандаи муъмин вақти намоз ба чапу ба рост менигараду салом мефиристад, то душман набошад.
Мизбон бо ваҷд каф ба каф заду гуфт:
–Ана сиз мулло! – ва ба оне ки «қоч» гуфта буд, рў меорад, – ба хотири ин домуллои азиз аз гуноҳат гузаштам, шину бихўр, ки шаб боз ҳам хунуктар мешавад, шиками сер гармат медорад, вагарна кўраи дўзах ҳам ба дардат намехўрад!
Ҳар ду чунон бо иштиҳо ба хўрдан сар мекунанд, ки ўзбакро ҳам иштиҳо бедор мешаваду ба ду тоҷик шарик.
БЎҲТИ ЧИЛДУРЎҒ АЗ ДУРЎҒ
Холдорро занаш исрор кард, ки субҳона бихўру баъд бирав, муҷмал гуфт: дер шуд!
Ҳароина вақте ба назди мошини пўшида расид, мусофиронро ҳама савори мошин дид. Аҷаб не, Холдор мусофири охирин буда бошад, ҳамин ки худро ба баданаи мошин гирифт, ронанда муҳаррикро ба кор дароварду мошин ба роҳ баромад.
Холдор нахуст ба бозор рафт ва ҳар чи занаш ёддошт карда буд, як- як ба харидан оғозид, тубра пур шуду супоришҳо бе каму кост иҷро.
Вай тубраро бурду ба нигаҳбони саройи «Сармаддара» супурд, баъд дар фикри ғизои наҳор шуд, чароки ба субҳона дер шуда буд. Барои ў чун ҳамеша фарқе надошт, ки дар кадом ошхона ё чойхона наҳор бихўрад. «Шикам сер шавад, шуд!»
– мегуфт ҳамвора.
Аммо имрўз хоҳиши дар чойхонаи «Агмаддара» наҳор хўрдан кард. «Бисёр таъриф мекунанд, ку бубинем, чӣ ҷўрӣ моро мехўронанд!»
Холдор дер боз ба ин чойхона наомада буд, ҳоло шаклу сурати онро диду бо ҳайрат аз худ пурсид: ин ҳама васоили осоиш аз куҷо? Магар даромади чойхона зиёд шуда, ё «савобҷўи» олиҳиммате ёфта, ки ин қадар хушнавову хушҳаво кардааст?
Мусофири мо ҳанўз ба саволҳои худ ҷавоб нагирифта ва барои худ ҷои нишаст хуш накарда буд, ки нидои «Холдор!»-ро шуниду ба самти овоз чашм бардамонду амаки Салмонро дид.
Амаки Салмон рўи кати назди чашма ба ду болиш такя зада нишаста буду ўро бо имои даст назди худ мехонд.
Холдор ҳайратзада буд, ки чӣ тавр рўз нисф шудаву ҳанўз ҳам амаки Салмон дар чойхона нишастааст? Чароки туфайлиҳояш мегуфтанд, ки ҳамин ки субҳонаашро, ба қавли худаш «моҳиҳои охури»-ро хўрд, ҳамоно пайи корҳои мустаъҷил меравад.
Аммо имрўз ҳеч туфайлие набуд, марди ношиносе рў ба рўи амаки Салмон нишаста буд.
Аз зайни либосҳояшу сиккаи нишасташ Холдор тахмин зад, ки тоҷирест.
Чун Холдор бо ҳар ду муаддабона салом карду бо ишораи амаки Салмон болои кат баромада нишаст, амаки Салмон ба ҳама саволҳое ки гирди сари ҳамдеҳаш давр мезаданду намеёрист ба забон орад, худ аз пеши худ ҷавоб гуфт:
– Бо Мираки бангӣ омада будам, насибаашро хўрду рафт, ман, ки ба ин бародар, – ҳамсўҳбаташро нишон дод, – муомилае дорам, ночор будам ин ҷо бимонам.
Холдор бо такони сар «фаҳмидам!» - гуфту ҳарфе ба забон наовард. Ба ишораи амаки Салмон ёвари чойсолор як чойник чойи сабз, ду нону як пиёла нишолло оварду пеши Холдор гузошт ва бист дақиқа пас як табақча моҳикабоб ҳам овард. Амаки Салмон танҳо моҳикабоб мефармуд, ба туфайливу меҳмон низ ҳамчунон. Ин одати вай ба расмият даромада буд.
Он ду тан дар чӣ мавзўъ баҳс мекарданд, Холдор сарфаҳм намерафт, танҳо мутаваҷҷеҳи ин нукта шуд, ки амаки Салмон барои исботи фикре чунин гувоҳ меорад:
– Маро Салмони сармаддеҳӣ мегўянд, агар ба чап такя занам, нисфи замини дасти чап меламад, агар ба рост такя занам, нисфи замини дасти рост меламад!
Холдор аз ин таърифи амаки Салмон ба шахси худ аз хоидани гўшти моҳӣ дар ком бозмонд, баъди чанде ба худ омаду пеши хеш гуфт: ҳайфи он касе ки ба ман «Чилдурўғ» лақаб додааст! Агар ҳамаи дурўғҳои маро ҷамъ орӣ, ба ин як дурўғи амаки Салмон ҳамвазн намеояд!
Пасон хўрокашро осема хўрду бо он ду тан хайрухуш кард – «кори заруре дорам!» – ва роҳи саройи «Сармаддара»-ро пеш гирифт.
МАҲБАСИ АСПҲО
... Хоҳ бовар кунӣ, хоҳ не, дар умри сарам ягон кори аз ин аламовару ҳайратовару тарсоварро бар дўши ман нагузошта буданд. Соли ҳазору нўҳсаду шастуанд буд. Қароре содир шуд, ки аспҳо чорпоёни пурхўру пурсарфу... хулоса ҷонварони бефоида, гузашта аз ин зиёноваранд. Аз ин рў онҳоро мебояд аз совхозу колхозҳо ва нафарони аспдор гирд оварду нобуд кард.
Хуб, дар бораи он ки аспҳоро аз колхозу савхозҳо чӣ гуна бардоштанд, чизе намедонам – набудам, надидам. Лек чӣ тур аз мардум гирд оварданд ва ба онҳо чӣ карданд, мехоҳам бароят қисса кунам.
Чароки ман посбони маҳбаси аспҳо будам.
Бовар намекунӣ? Ҳақ дорӣ. Ман ҳам ба ҷои ту мебудам, бовар намекардам.
Зеро ин ҳама чунон музҳику бемаънову бепоя менамояд, ки гумон мекунӣ аз лаълии паррон фуромадаанд, заминро тасарруф кардаанд, аспҳоро дида тарсидаанд ва барои аз миён бардоштани онҳо дастур додаанд.
Ту аз асп зеботар, хушгомтар, содиқтар ҷонваре дидаӣ? Не? Ман ҳам надидаам.
Соҳибони асп онҳоро додан намехостанд, маълум ки чаро, дўст медоштанд, зиндагиашонро бе онҳо тасаввур карда наметавонистанд...
Милиса мефиристоданд, аскар мефиристоданд ва иҷборӣ меоварданд ба ҳамин сарой ва ман... посбон.
Ҳоло саройи бузҳои ангорӣ ном дорад, он вақт маҳбаси аспҳо буд.
Гап байни худамон, аз ҳамин буз ҳайвони пурхўру зиёновару бадфеъле дар рўи замин намеёбӣ. Аз коми ҳамвора ҷунбони инҳо на дарахт мемонаду на алаф!
Ана оварданд аспҳоро як-яку ду-ду ва раҳо карданд дар ҳамин сарой.
Аспи аввалро соати шаш бастанд ва соати ҳафт ҳамоно соҳибаш пайдо шуд. Мегўямат, боз ба касе нагўӣ. Ба ман дастур дода буданд, ки ба сарой ҳеч касро, ба хусус соҳибони аспро роҳ надиҳам. Агар рафту онҳо пайдо шаванд, хоҳиши ба сарой даромадан кунанд, ҳамоно ба милисахона занг занам.
Ту ягон саройро дидаӣ, ки телефон дошта бошад? Не? Ба саройи мо гузаронда буданд, рост ба посхона.
Аммо ман дастурашонро ба гўри момаашон фиристода будам. Маро дил ҳам ба аспҳо месўхту ҳам ба соҳиби онҳо. Аз ин рў чун ун мардак ба дидани аспаш омад, ҳарфе назадам, қуфли дарвозаро кушодам...
Ҳозир ман ба ту чӣ гуфтан мехоҳам?
Фарз кардем, фарзанди ту ё маро ба ҷурме боздошт карданд, магар ману ту ин хабарро шунида, ҳамоно ба милисахона намедавем?! Ҳарчанд медонем, ки аз дастамон расидагие ба кори фарзанд кардан намеояд.
Ин соҳибони асп чунин буданд.
Аввал аспро меоварданд, баъди чанде соҳибаш меомад. Боз ҳамин туре ки қаблан гуфтамат, ба фарзанди дар Сизо нишастаат чӣ мебарӣ? Раҳмати худо бар падарат бод – хўрок! Инҳо низ бо ҷаву алафу... ҳатто қанд меомаданд.
Мерафтанд назди аспҳояшон, онҳоро хору мол мекарданд, ба гўшашон чиҳое мегуфтанд, буданд ду-се нафар, ки гардани аспашонро гирифта, ҳой-ҳой мегиристанд... Ҳатто баъди ин қадар сол ба ёд овардани ин манзара маро ба дилҳура меорад...
Лекин оризае шуд, ки маро заҳракаф кард. Ту Сармаддеҳро дидаӣ ё не? Не?
Номи Шодонпаҳлавонро шунидаӣ ё не? Не? Хафа нашаву аз ту гарангтару хадангтареро надидаам. Хадангаш чӣ мегўӣ? Ба русӣ берёзааш мегўянд, чунон чўби сахт, ки табар намегирадаш. Ва ин Шодонпаҳлавон якатози беҳамто буд дар ин вилоят, ҳоло пир шудааст, он вақтҳо дар гирду атроф ва кишвари ҳамсоя шўҳрат дошт. Чанд раҳ омада рафта буд бе ягон дағдаға...
Он рўз ҳам – ман он рўзро ҳеч аз ёд сутурда наметавонам! – омад чун ҳамеша, вале мани аҳмақ ба худ суол надодам, ки чаро Шодонпаҳлавон дар ин ҳавои тасфон ҷома пўшидааст. Ин баъд ошкор шуд, ки вай дар зери доманаш туфанги милбурида доштааст!
Баъди даҳ дақиқа садои шилики тир баромад, дартоз дохили сарой шудам, ҷои аспи Шодонпаҳлавонро медонистам, канор аз гала дар як гўшаи сарой...
Медонӣ, ман чӣ дидам? Шодонпаҳлавони туфанги милбурида дар дасту аспи рўи замин ҳамворро! Бадбахт ба сари аспи худ тир зада буд. Чаро? Намедонам.
Ҳеч намедонистам чӣ бояд бикунам.
Баъди хеле ба худу тарсу ҳарос ғолиб омадам ва ўро гуфтам: илтиҷо мекунам, зуд аз ин ҷо бирав, вагарна, ҳам худатро гирифтор мекуниву ҳам маро!
Вай бечора тоза ба худ омад, як ба ман нигаристу як ба аспи худ ва сархаму шикаста дур шуд...
Худоро ҳазорон бор шукр, ки он вақт касе дар сарой набуд.
Медонӣ, ман чӣ кор кардам? Не? Хафа нашаву боз мегўям, аз ту гарангтару хадангтарро надидаам. Сари тирхўрдаи аспро аз тан ҷудо кардам ва дар як гўшаи сарой ба замин гўр. Баъд ба милисахона телефон кардам, ки як асп, намедонам аспи кӣ, аз по афтоду ба ҷонканӣ даромад, сарашро буридаму ҳалол кардам...
Комиссия – ду нафар акт монду ман ҳам дар қатори эшон онро имзо гузоштам. Аён аст, ки суроғи сарро ҳам карданд, ман гуфтам, ки ба сагҳои овора, ки шабҳо гирди сарой мегарданду аспҳоро ба изтироб меоваранд, додам.
Бовар карданд...
Шаби ҳамон рўз мошинҳои зиёди боркаш оварданд, аспҳоро бор карданду бурданд, маълум, ки чаро шаб омаданд. Бурданд, намедонам ба куҷо, донистанӣ ҳам нестам, дар ин бора фикр кардан ҳам намехоҳам...
Медонӣ, вақте аспҳо дар сарой буданд, сарой чӣ шаҳомате дошт! Ҳамин ки онҳоро бурданд, гўристонро мемонд ва ... ман посбон.
Рез ҳамон арақи маразкоҳатро. Чунон шишаро бағал задаӣ, ки ангор арўси бебадалат бошад! Магар нашунидаӣ, ки Хоҷаи бузургвор гуфтааст: ин аҷуза арўси ҳазор домод аст...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё