Зеҳн
Сармаддеҳ (Китоби дувум)

“Сармаддеҳ” ҳамчун китоби дуввуми нависандаи маъруф Баҳманёр фарогири ҳикояҳои тоза буда, дар Душанбе тавассути нашриёти “Истеъдод” соли 2014 ба дасти хонандагон расидааст. Ин китоби соли 2016 ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид шуда, барои хонандагони ба он дастрасӣ пайдо накарда китоби тоза ҳисоб меёбад.

зеҳни сунъӣ · 31 октябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ЧИЛДУРЎҒ ДАР ТАНЎР

– А-а-а! Ба дастам афтодӣ, шайтони бедуму бесум! – хитобид Шераки Хол дўсташ Холдори Чилдурўғро дар танўри ошхонаи худ дида, – акнун қандата хўру дурўғбозӣ кун: «агар дурўғ гўям, санг шавам кулўх шавам!» Ҳа-ҳа-ҳа!

Холдор, ки аз сару рўяш арақ мешорид, ҳарфе намезад. Ин ҳафтумин танўри деҳа буд, ки вай худро дар он табобат мекард.

Бист сол бо сардоя зиста, ҳамвора аз ў бадгумон буд, ки нозост. Ана духтурон санҷиданду хуну пешобашро таҳлил карданд, баъзе узвҳояшро рентген намуда, гуфтанд, ки худи ў бемор аст.

Нагуфтанд, балки як силӣ ба рўяш заданд, ба рўи росташ заданд, чунон заданд, ки аз зарби он бурути пушти лаби чапаш париду афтод. Худро зишту паст ёфт, ба деҳ омаду пай бурд, ки дигар ба чашмони занаш нигоҳ наметавонад карду ба сари ун бечора овоз баланд. Чароки ғолмағоли чанд сол қабл ба роҳ мондааш ҳамоно пеши назараш хоҳад омад.

Он вақт дар кадом хатнасури деҳ ба ҷамъияти арақхўрон афтода буд. Чун ҳама медонистанд, ки ў арақ намехўрад, дарди сараш нашуданд. Аммо вайро гўё кадом як бало зада бошад, нишаст-нишасту баногоҳ ба соқӣ гуфт: «ба ман ҳам як пиёла рез!» Ҳама аҳли давра баякбор «о-о-о!» гуфтанд, чанд тан «муборак шавад» ҳам гуфтанд. Шояд алами дарунаш рў задан дошту мехост, ки ин «оби маразкоҳ» онро бозпас ба ниҳонҳонаи ҷисмаш бубарад. Аммо ним соат бозпас мебурдасту баъд онро даҳчанд берун меафкандааст.

Ана барои чӣ вай ним соат худро дар осмони ҳафтум, аз дарду ғам дур ҳис кард ва ҳатто мастона ҷеғ кашид, ки хона қариб аз қаҳ-қаҳи мастон таркида буд.

– Агар арақаш чунин кайф медода бошад, биллоҳи азим, дигар ҳар рўз мехўрам!

Пиёлаи дуюмро нагирифт, «боз дар ҷару ҷўй афтода намонам, ки расвои олам гардам!» Калавида-калавида хона омад. Занашро ки дарвозаи ҳавлиро ба пешбози ў кушода буд, бо пушти даст аз сари роҳаш дур кард. Омаду ба курсии айвон нишаст ва амр дод:

– Мўзаҳоямро бикаш!

Сардоя хомўш мўзаҳояшро кашид.

– Офтоба ва тағора биёру пойҳоямро бишў!

Сардоя бечуну чаро ин амрро низ иҷро карданӣ буд, агар пай намебурд, ки шавҳараш сархуш аст. Ин на ба ақл мегунҷиду на ба тарозу – Холдори ў арақ хўрдааст!

– Боз чӣ ҷинат зад, ки касабаи Шоҳони писари Майсабибиро пайгир шудаӣ!

– Ба ҳамаш ту гунаҳгорӣ, дояи безурёт!

Сардоя хам шуда буд, ки мўзаҳоро бардорад ва ба ҷои ҳамешаашон тоқчаи даҳлез бурда гузорад, бо шунидани ин ҳарфҳо қоматашро рост кард, дасташро ба миён камон сохт ва гуфт:

– Ҳанўз кӣ гунаҳгор аст, пайдо нест!

Чанд раҳ хоҳиш кардамат, ки маро назди духтур бар, «имрўз-пагоҳ» кардиву набурдӣ. Модари раҳматиам мегуфт, ки «агар дар замини шудгор шошидиву пешобат кафк кард, ба яқин дон, ки базурётӣ». Пешоби ман кафк чӣ, дуд мекунад!

– Дуд мекунад?!

– Ҳа, дуд мекунад!

Холдор баякбор ҳушёр шуд, аммо надонист чӣ бигўяд. Ҳароина занаш рост мегўяд. Чаро ўро духтур набурд?

Ҳо, ҳеч намехост, ки бубарад. Худо нокарда, ўро зоянда донанд, расвои олам мешавад ва пеши зан забонкўтоҳу музтару пакар... хулоса, як латтаи дегпокун мешаваду мемонад. Аз ин рў ҳанўз ки қайла аз мазза нагузаштааст, духтури шиносу розпўше мебояд ёфт, то аввал ўро бисанҷад, агар сиҳат ёфт, он гоҳ бо қомати афрохта биёяду ин дояи аблаҳро пешандоз созад.

Духтури розпўш ҳам ёфт, худро ташхис ҳам кард ва забонкўтоҳ, музтар, пакар... омаду дигар ба чашмони занаш нигоҳ карда наметавонист.

Доруву давои духтури ошно додаву фармуда коргар наёмад. Чилёсини Бухоризода ва шогирдонаш низ – Холдор дар деҳа овозаи миёндард, яъне радикулит ба роҳ монда буд: «рози мардон пўшида беҳ!»

Чору ночор омад назди кампири Осуда. Вай аз алоқамандони сахти кампири Осуда буд ва имонаш қавӣ буд, ки кампири рамузфаҳм рози ўро ба касе ифшо нахоҳад кард.

Ана ҳамин кампир буд, ки ўро ба табобати каснодиду гўшношунид гирифтор кард. «Пас аз он ки занат нонро пухта мегирад, хокистару лахчаҳоро берун кашу худро дар он ҷо кун, даҳ-понздаҳ рўз!»

Сардоя ҳафтае як раҳ танўр метасфонд, даҳ-понздаҳ нон мепухту мегирифт, хўранда набуд, ду тан ҳамин қадар мехўрад, боз охири ҳафта се- чаҳор нон дар нонсабад боқӣ мемонд. Агар рафту ҳамин тур даҳ-понздаҳ рўз пайиҳам танўр тафсонад, магарам зимистон аз хунукиву гушнагӣ рақс карда барояд, чароки Холдори мо, ба қавли Шераки Хол, «забонро шермард машқ дода буду дасту бозуро не!»

Ҳамин қадар аз кўҳу пушта ҳезум мефуровард, ки сардоя, ба қавли худаш, «бо ҳазор найрангу экунум» то охири зимистон мерасонд.

Холдори Чилдурўғ як субҳ аз бистари хоб «ё Алӣ, шери худо, мадад!» гўён бархосту сардояро супориш дод, раваду рўзу соати нонбандии аҳли деҳро ошкор сохта ояд. Баъд аз рўи баёноти занаш, ба қавли Шераки Хол, «ҷадвали проседури танўрии худро тартиб дод».

Рўзи нонбандии сардоя – одами одӣ набуд, роддоми сайёри деҳ буд, ў намуна нишон надиҳад, кӣ диҳад! – тамоми занҳои деҳ ҷамъ шуданд, то раванди «проседури танўрӣ»-ро бо чашми сар бубинанд ва омодагӣ бигиранд. Кампири Осуда низ омада буд – тагу болои ин амалро ў надонад, кӣ донад!

Чун сардоя нонро пухта гирифт, кампирак бифармуд, ки танўрро аз лахчаву хокистар тоза кунанд, бо ҷорўб бирўбанд, таги танўр намадпорае густурданд – боз куни бемор насўзад! – Холдорро бо либоси таҳпўш то гардан дар он ҷо кунанд, даҳони танўрро бо халтаву бо латта анборанд.

Холдор мардона панҷ дақиқа тоқат кард, баъд зўр зада, аз танўр худро берун гирифтан хост, бо амри кампири Осуда занҳо нагузоштанд, «мемуриву ним соат тоқат мекунӣ!»

Аз сару рўи Холдор арақ ба чакидан оғозид, сардоя ҳар дам бо дастмол онро тоза мекард, бечора Холдор ҳар дам чой ё оби хунук металабид, лек сардухтур – кампири Осуда манъ карда буд, ки занҳо намедоданд. «Чанд дарди дигарро ба ин анбори бепосбон – танатро мегўям, ҷо кардан мехоҳӣ?!»

Вақте бечораро баъди ним соат аз танўр кашида бароварданд, ба қавли Оростаи Сиёҳ, «мардак бедаму дуд буд!»

Баъд кампири Осуда сардояро фармуд, ки зуд либосҳои тари шавҳарашро иваз кунад ва тани нимҷони ўро зери кўрпа кашад...

Табобати Холдор дар деҳ рангу бўи таҳрикангез гирифта буд. Мардҳо бетоқатона навбати танўри худро мепоиданд, то як раҳ Холдори танўриро бо чашми сар бубинанд.

– Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, – мегуфт Шераки Хол, – агар дурўғ гўям, санг шавам, кулўх шавам, занҳо Холдорро либ-луч карда, бо навбат дар танўрҳояшон пухта гирифтан доранд!

– Ҳайфо, ки танўри ман дар навбат набудааст, – сар меҷунбонд Фармони Мурод, – вагарна ман як соати дароз қасди худро аз ў меситондам!

– Ба шахси бемор хандидан ё ўро масхара кардан ҳаром аст, – ўро накўҳиш намуд бобои Сангин, – худо накунаду ту ҳам миёндард бишавӣ, мўҳтоҷи танўри ў гардӣ, баъд чӣ?

– Баъд, – бо истеҳзо мегўяд Яздони Орзу, – танўри Холдор ҳам дар сарашу ҳам дар ошхонааш баробар метафсад.

Рўзи дигар навбати танўри Оростаи Сиёҳ буд. Ороста аз Яздони Орзу ҷудо шуда буд, аламаш, ки ба фалак анқо шуда буд, ҳоло ба замин якто шуда буд, ҳавлиро об зада рўфта буд, ошхонаро низ чанд раҳ ҷорўб кашида буд, испанд ҳам давру пеш дуд дода буд.

Ў ҳам, сардоя ҳам, ҳатто кампири Осуда ҳам ин нуктаро ба назар нагирифта буданд, ки беморро чун аз танўр берун кашиданд, куҷо мехобонанд. Нашавад, ки бечораи беҳол, арақшорро хонааш бифиристанд, сармо бизанад, як дардаш сад дард бишавад.

– Ҳеч гап не, – мегуфт зани Шераки Хол, – агар Холдор соатаке дар хонаи Ороста бихобад, осмон ба замин намечаспад.

– Аҳа, – мегуфт зани Фармони Мурод, ки танўраш дар навбат набуд, лек ҳама ҷо ҳозиру нозир будан мехост, – агар Шерак соате мехобид, намедонам, ту қабри ўро дар куҷо мекандӣ!

– Беваҳои беҳуш, – ба гап ҳамроҳ мешавад зани усто Шоҳаки Ранда, – магар сардояро фаромўш кардед, ки ҳама ҷо паҳлўи шавҳараш аст?

Оростаи Сиёҳ, ки пеши хурду калон бепардаву пурзарда ҳарф мезад, ҳоло хомўш танўрро тоза кард, таги он намадпора партофт, халтаву латтаҳои зиёд ба дасти сардоя доду пайи кораш рафт, чанде пас баргашту Холдори сару рў арақшор ва бинии обчаконнашро диду ба сардоя рў овард:

– Ба пиндор мегирӣ, ки ман дар ҷавонӣ ба ҳамин хунуки худо ошиқ будаам ва аз сари девор роҳашро мепоидаам?

– Ту ҳам ба пиндор мегирӣ, ки ман ҳам дар ҷавонӣ ба Яздони Орзу ошиқ будаам ва аз сари девор роҳашро мепоидаам?!

Сардоя ба абрў гиреҳ андохта буд, то боло гирифтани ғазабашро нанамояд.

Ороста аноӣ набуд, ки инро пай набарад ва бозиашро идома надиҳад.

– Ту донӣ, худо! Чӣ мазҳакае мешуд, агар ту Яздонро мегирифтиву ман Холдорро...

– Чаро мазҳака мешуд? Киро мегирӣ, чаро мегирӣ, аз мо напурсидаанд.

Сардаргумии мо низ ҳамин аст, аз беақлии мост ё аз қазои худост, намедонам...

– Ҳой беваҳои беҳаё, магар вуҷуди маро фаромўш кардед, ки таги гўшаму пеши чашмам байтбарак доред?!

– Ваҳ! – гуфт сардоя. – О, аз арақ чашмони ин бечора қариб аст кўр шаванд...

Сардоя дастмолашро пеш бурду сару рўи шавҳарашро бо дилсўзӣ хушк кард.

Ороста ба Холдор чашмак заду гуфт:

– Мардона бигў, Холдор, тафси танўри ман чӣ ҷўр аст?

– Зўр аст.

– Тафси танўри танам ҳам ҳамин ҷўр буд, лек Яздони худозада ба ҳамсоя ошиқ шуду оташашро қўр кард!

Холдор надонист чӣ бигўяд. Агар гўяд, ки гуноҳи даҳони бефаровезат буд, дар бало мемонад, агар гўяд, ки Яздон сабуксарӣ кард, ки чунин ҷононаро аз даст дод, дурўғи тобандае мешавад, аз ин рў ҳарфе назад...

Рўзи дигар ўро дар танўри зани усто Шоҳаки Ранда ҷо карданд. Бачаи калонии усто Шоҳаки Ранда дар шаҳр мехонд, ҳоло ба таътил омада буд.

Бародари усто чун Холдор бебача буд ва усто писари худ ба ў дода буд, то доғи бефарзандиро камтар эҳсос бикунад. Бачаи шаҳрӣ буд, «табобати танўрии» ин деҳотиҳои нотарошида ҳай ҳисси кунҷковияшро ҷунбонда буд, ки ҳар замон ба ошхона сар мехалонд ва Холдорро алағда мекард. Шоҳак, ба қавле, «як шахси мундуқ, қадаш баробари сандуқ» буд, аммо ин бача баландболо ва қариб ду метр қад дошт. Холдор ҳароина ўро надида буд, агар дида буд, аҳамият надода буд.

– Ҳой бача, писари кӣ мешавӣ?

– Бачаи усто Шоҳак.

– Ваҳ, бачаи ҳамин мундуқ?! О, ман гумон кардам, бачаи сафедорӣ!

Хуҷаста, зани усто Шоҳаки Ранда, ки он ҷо ҳозир буд, бо қаҳр гуфт:

– Ҳоло сабр хоҳем кард, ки сардоя аз сафедор мезояд ё аз вағнич!

– О, – гуфт Холдори Чилдурўғ, – боз мегўянд, ки мусичаро бубину Хуҷастаро, ҳарду яке. О, ту шайтона дарс медиҳӣ-ку!

– Муаллимат Холдор, ки шуд... агар дурўғ гўям, санг шавам, кулўх шавам, шайтона дарс медиҳӣ...

– Ҳой, занак, – сар тофт Холдор ҷониби сардоя, – ҷадвалатро бубин, пагоҳ навбати кист! Агар мусичааш ҳамин бошад, зоғу каргасаш чӣ сон бошад?

Сардоя бе он, ки ба ҷадвалаш нигоҳ кунад, ҷавоб дод:

– Навбати танўри Фарангбону, зани Раиси Баста...

– Бало зад кора! Курсиашро чун ҳамеша беруни дарвоза намегузораду равандаву ояндаро бозпурсиш намекунад, ки куҷо меравад, чаро меравад, аз куҷо меояд, чӣ меорад... бал меораду пеши танўр мешинад ва рўзи дароз маро бозпурсиш мекунад...

Занҳо баробар хандиданд, чароки чунин шуданаш яқин буд.

– Хўш, – гуфт Раиси Баста, курсиро назди танўр гузошта, худ бароҳат ба он нишаста, – назди духтур рафта будӣ?

– Ҳо, – гуфт Холдор, ки тоза дар танўр ҷо гирифта буд ва худо мегуфт, ки раис курсиашро бардошта наояд, ки омад ва ба он нишасту суоли болоро дод.

– Дардат дар забони тиб чӣ ном доштааст?

– Радикулит.

– Радикулит? Аҳа. Пас кадом аҳмақ ба ту гуфт, ки радикулитро бо танўри тафсон табобат мекунанд?

Холдор фикр кард, ки гўяд-нагўяд, чун дид, ки роҳи гурез нест, ночор гуфт: – Кампири Осуда.

– Тўба кардам, худоё! – раис чун одат ба атроф нигарист, ки ба худо рў овардани ўро касе шунид ё нашунид, аммо дар ошхона ғайр аз ўву Холдор касе набуд, ҳатто сардоя аз раис ибо карда, назди Фарангбону рафта буд, – Коммунизмро насохтем, лек ин маънои онро надорад, ки ба феодализм баргардем. Ҳоло духтурон саратон – ракро табобат мекунанд. Ин аз пеши духтур – коммунизм рост ба пеши Осуда – феодализм рафтааст!

– Охир...

– Баста! Охир-похиратро мон!

Агар радикулит ба ҳар гуна танўру чанўр табобат мешуд, духтурҳо ба ҳар гуна доруву даво сарашонро гаранг карда намегаштанд. Танўрҳоро қатор мекарданду рас-два, рас-два... чунонки занҳо хамирро зада, нонро берун меоранд, инҳо низ касолатҳоро ҷо карда, саломатҳоро берун меоварданд. Так что ба умеди давоҳои дақёнусӣ як дардатро сад дард мекуниву баста!

Агар Холдор то гулў дар танўр намебуд, аз шарм сар хам мекард, ҳоло гунаҳгорона ба раис менигаристу бас.

– Хуб, сип-сиҳат чун Холи Девзўр будиву, ба қавле, кўҳа занӣ, талқон мешуд, баногоҳ миёндард шудӣ, чаро? – Худам ҳам намедонам, шояд беақлӣ карда, ягон бори миёншиканро бардошта бошам...

– Худоё, тўба кардам! – раис боз чун одат ба атроф нигарист, ки ба худо рў овардани ўро касе шунид ё нашунид. – О, чӣ тур забонат мегардад, ки «шояд» мегўӣ. Шумо деҳотиҳо, – раис худро ҳеҷ гоҳ деҳотӣ намешумурд, – баъзан чунон билибердаҳое мегўед, ки...

Бори «миёншикан» бардоштанашро ёд надоштааст... Зидес что-то не тову баста!

Холдор имдодталаб ба дари ошхона менигарист. Арақи сару рўяш чашмонашро месўзонду аз биниаш мечакид. Аммо раис инро намедид, агар бинад ҳам, ақлаш намерасид, ки рўймолчаи сардоя паси намакоб мондаро гираду пок кунад, ё сардояро фарёд:

«Худаш дар сад сол пок намекунад, аз аспи раисӣ пиёда шуда бошад ҳам, ҳанўз по дар узангу дорад!»

– Фарз кардем, ки ана бори миёншиканро бардоштиву нафаҳмидӣ, пас чаро нишонаҳои аввали дардро дида, ба духтур рў наовардӣ?

Холдор гунаҳгорона гуфт:

– Гумон доштам, ки мегузарад...

– Хайр, дидӣ, ки намегузарад, чаро нарафтӣ?

Холдор боз чӣ ҷавоб доданашро надониста, хомўш монд. Танўри раис чунон тафсаш баланд буд, ки гумон мерафт, агар бозпурсишаш дунбола гирад, вай зинда ба зинда дар он кабоб хоҳад шуд. «Бало занад, танўраш ҳам аз танўри дигарҳо фарқ мекунад!»

– Як чиза аз ту пурсиданӣ будам, доим фаромўш мекунам, чун Холи Девзўрро ном бурдам, бозёдам шуд. О, ҳамин Шераки Хол – ба бачаи ҳалолии Холи Девзўр будани ў сахт шубҳа дорам, деҳ куҷову дарахтон куҷо! – туву ў ду фалаки чапагардон, лек бе ҳамдигар нафас гиред, нафасгардон мешавед, чаро?

Холдор дар ин бора ҳеч фикр накарда буд, табиист, ки ҳеч посухе низ надошт, лек ба ин хира агар ҷавоб надиҳӣ, ба сарат чормағз мешиканад. «Худоё, кадом шайтони лаин Холдори дар чанд обрав машҳурро аз роҳ зад, ки ба танўри ошхонаву зулми раис тан дод. Як рўз прагул мекардам, табобати танўрии маро бало намезад!»

– Шояд ситораамон рост омада бошад...

Раис аз таҳи дил хандид, ҳатто аз ҷайб рўймолча бароварда, ашки чашмонашро пок кард.

– Чанд соли ахир касе маро ин қадар хушҳол накарда буд! Ман туро як одами бафаҳм пиндошта, сахт хато карда будаам. О, ситораи туву ў агар дар гўр рост наояд, дар осмон ҳеч гоҳ! Ин чигилро низ, мебинам, чун дарди миёнат аз куҷо пайдо шуд, намедонӣ...

Ин дам сардояи даҳонаш бо зани раис тафсида ва баногоҳ шавҳари худро ба ёд оварда «ваҳ, шўрам хушк, ун бечораро фаромўш кардаам» гуфта, осема ба ошхона омада, ҷони Холдори «дар чанд обрав машҳурро» харид. Чароки Холдори бечора як дасташро берун оварда буд, бо латтакўҳнаҳои даври гарданаш сару рўи арақшорашро пок карда буд ва акнун фикри онро дошт, ки тамоми ҷулҳои даври гарданашро дур бизанад, тани нимсўхтаашро берун бикашад ва ҳарду танўрро – танўри ошхона ва зулми раисро дидорашонро ба Бобокўчаки мурдашў вогузошта, ҷониби хона битозад.

пешина
аз 17
навбатӣ