Зеҳн
Сармаддеҳ (Китоби дувум)

“Сармаддеҳ” ҳамчун китоби дуввуми нависандаи маъруф Баҳманёр фарогири ҳикояҳои тоза буда, дар Душанбе тавассути нашриёти “Истеъдод” соли 2014 ба дасти хонандагон расидааст. Ин китоби соли 2016 ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид шуда, барои хонандагони ба он дастрасӣ пайдо накарда китоби тоза ҳисоб меёбад.

зеҳни сунъӣ · 31 октябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рўзи дигар навбати танўри Шераки Хол буд. Ҳарчанд Холдор пас аз танўри Раиси Баста дигар ба безурётӣ тан дода буд, аз баҳри табобати танўрӣ бебозгашт даст шуста буд, чун номи Шераки Холро шунид, боз дудила шуд. «Хайр, – гуфт пеши худ, – ба хўрдан-ку хўрдем, чаро аз лесиданаш тарсем?»

Вақте ўро дар танўри Шераки Хол ҷо карданд, Холдорро чунин намуд, ки дар ин танўр чандин сол аст, ки оташ наафрўхтаанд. «Ё шояд баъди ун танўри доғи раис ба назарам чунин намояд?»

Дирўз пўсти арғавонии ўро дида, сардоя ба ваҳм омада, ба ҳар эҳтиёт – «боз обила накунад» – ба тани ў равғани доғношудаи пунба молида буд.

Аммо танўри Шераки Хол чун худаш мулоимхунук будаасту бас. Чанд дақиқа пас чунон ба тафсидан оғозид, ки Холдор, агар аз занҳои давру пеш – сардоя ва зани дуюми Шераки Хол – ибо намекард, ба ҳафт пушти Шераки Хол сахтона роҳӣ мекард. Ана, чӣ мегўед, ки номаша гиру гўшаша каш, худи Шераки Хол бо пўсту гўшташ аз дари ошхона андарун омад ва Холдори хушномро дар ун сурату ҳол дида, аз хушҳолӣ таркид:

– А-а-а, ба дастам афтодӣ, шайтони бедуму бесум! Акнун қандата хўру дурўғбозӣ кун: «агар дурўғ гўям, санг шавам, кулўх шавам!» Ҳа-ҳа-ҳа!

Холдор ҳайратзада ўро менигарист:

«аз чӣ ин қадар завқ дорад?» Шерак аз ҷайбаш рўймолчае берун овард ва обҳои чашмашро пок кард ва пай бурд, ки хандаҳои ў дўсташро хуш наёмадааст, гунаҳгорона гуфт:

– Мехостам дар оғози табобати ту ин ҷо бошам, лек ин занаки аҳмақ – ба занаш ишора кард – борхалта ба дастам тапонду мағозаи деҳ роҳӣ кард, ки дўсти дардмандат имрўз меҳмони мост, бираву ину он харида биё, хуб гуфтаму рафтам.

Аз куҷо донам, ки ту ин қадар барвақт меоӣ...

Шераки Хол чун дид, ки арақ аз бинии дўсташ ба чак-чак оғозид, боз худро нигаҳ дошта натавонист.

– Ҳайфо, ки дар оғози табобати танўриат набудам... Акнун чӣ тур ман метавонам пеши мардум бираваму бигўям: «агар дурўғ гўям, санг шавам, кулўх шавам», Холдорро кунлуч карданд занакову дар танўр хастанд... Ҳа-ҳа-ҳа!

Холдор дирўз баъди он ки раис нисбати дўстии ўву Шерак шакку шубҳаи худро эълом дошт, имрўз чунин пазироии ғайричашмдоштро дида, ба дили худаш низ зоғи шубҳа минқор зад. «Тўба, як сухани бегона метавонистааст ба рўи дўстии бистсола соя бияфканад!»

– Ҳа, чаро ба даҳон об гирифтӣ?

О, пештар лаҷоми гапро ба дигаре намедодӣ. Ё дар ҳақиқат дарди миёнат ин қадар сахт аст, ки забонатро аз гардиш боздоштааст?

Холдор ҳамоно мўҳри хомўшӣ ба лаб задаву чашми шак ба дўсти мулоимхунукаш дўхта буд. «Бигузор дилашро холӣ кунад!»

– Ҳо, мардак, ман ба ту ҳарф мезанам ё ба танўри сарднафас?!

– Бо ман, – тоқати Холдор тоқ шуд, – бисёр мехостам туро чун ман дар танўри тафсон ҷо бикунанд, то гарданат латтаву халта анборанд, то ту бидонӣ, ки дар ин вазъ ҳарф задан чӣ кайфияте дорад...

– О, мегўянд, ки дар дигар танўрҳо ҳай чархҳои осиёи сарат дар гардиш буд?!

– Кӣ мегўяд?

– Ҳоло дар тамоми деҳ ғайр аз табобати танўрии ту дигар гапе нест.

Холдор лаҳзае чанд гаранг бимонд.

«Чӣ, ин мардум дигар кореву ҳарфе надоранд, ки табобати танўрии ўро бо ин қадар кунҷковӣ мавриди баҳс қарор додаанд? Ё он духтури «розпўш» дарди ўро ошкор кардааст?!»

– Чиҳо мегўянд?

– Ба мисол бачаи Хуҷастаро аз Шоҳак неву аз сафедор гуфтани туро мегўянду механданд. Усто низ арраҳои даҳонашро тез карда гаштааст ва афсўс мехўрад, ки он рўз дар хона набудааст...

– Боз чӣ мегўянд?

– Боз дар ҷавонӣ ба ту ошиқ будани Оростаро мегўянд. Яздони Орзу ба тақдири пешониаш лаънат мехонад, ки чаро дар он Ороста навишта шуда будаасту сардоя не! Вагарна вай аз ҳазор бало мерасту ба ин ҳама гирдобҳо гир намеафтод!

– Хуб, ахиран чӣ мегўянд?

Холдор мехост, ки бидонад аз моҷарои танўри раис чӣ мегўянд. «Агар аз ин моҷаро ба осонӣ растам, баъд ба масъалаи Яздони Орзу машғул хоҳам шуд».

– Ахиран мардум мегўянд, ки ба падари Холдор раҳмат, ки ҳарчанд як рўз ҳам бошад, онҳоро аз бозпурсиши дами дарвозаи раис раҳонид...

– Ҳамин?

– Боз чӣ мехостӣ бигўянд?

– Ҳеч...

– Воқеан фаромўш кардам бигўямат, ки пагоҳ навбати танўри мулло Бухоризода бо кампири Марям иваз мешавад.

– Ба ман, ки фарқе надорад...

– Ба ту надорад, вале ба онҳо дорад.

Мулло ба деҳи ҳамсоя ба солгардиши падари волидаашон мераванд.

– Хуб, бошад. Ҳама танўрҳои олам акнун нишоне аз дўзаханд. Боре Бухоризода гуфта буданд, ки «дар ҳадисе хондаам, камгуноҳтарин дўзахӣ кафше дар по хоҳад дошт, ки аз гармии он мағзи сараш хоҳад ҷўшид!» Ҳар гоҳе дар танўрҳо тани худро ҷо медиҳам, ҳамвора ин ҳадис ба хотирам меояд ва мўй дар танам сих мешавад... Худованд гуноҳҳои моро биёмурзад, ки мо тобу тоқати саҳлтарин ҷазои дўзахро надорем...

Холдор дид, ки Шерак рўи кундаи гўштпоракунӣ менишинад, ҳайратзада пурсид:

– Ба хайр аст?

– Ҳар гоҳе аз дўзах ҳарф мезананд, мадори пойҳоям хушк мешавад. Мо, ки худ дар дўзахем, худованд боз чаро дўзах сохтааст, боз бо ин ҳама ҳайбату даҳшат?

– Инро аз мулло Бухоризода пурс, ки ақли ман ба умқи чизҳои одӣ намерасад, чӣ ҷои муаммоҳои малакутӣ!

Баъд пеши худ гуфт: «ин аблаҳро низ ақлу фаросат намерасад, ки латтае бардораду арақи сару рўи маро пок кунад. Ун мўдарози ақлкўтоҳи ман дастмолро – гуё пари Ҳумо бошад! – боз бо худ бурдааст».

Аммо Шераки Холро магарам ҳуҷайраҳои хуфтаи пояш бедор шуданд, ки чун сар бардошту ба Холдор нигарист, осема аз ҷой ҷаст, пасу пешро нигарист, чизи меҷустаашро наёфт, ки даст ба ҷайб бурд, рўймолчаашро берун овард ва бо ҳавсала сару рўи Холдорро аз арақ пок кард. Баъд бозпас омаду рўи кунда нишаст.

Ин дафъа латтапорае рўи он густурда.

Ин дам сардоя ба ошхона сар хаст, аз шавҳараш ҳол пурсид ва афзуд, ки агар ба ў коре надоранд, раваду ба арўс кўмак намояд, чароки онҳо ошхонаро банд кардаанд, мебояд дар берун сепоя гузошт ва палав пухт.

– Бирав, – гуфт Шераки Хол ба ҷои дўсташ, – агар арақи сару рўи ўро пок кардан вазифаи ту бошад, аз дасти ман ҳам меояд.

Сардоя рафту онҳо хомўш шуданд, гўё ҳарфи дигари мегуфта надоштанд.

– Медонӣ, чӣ гуфтан мехоҳам, – баногоҳ гуфт Шераки Хол, – агар рафту ин табобат туро судбахш омад, маро огоҳ намо...

– Ваҳ, магар ту ҳам миёндардӣ?!

– Не, – ором гуфт Шераки Хол, – мехоҳам ба оташи дўзах худро омода созам. Агар ўро – ба осмон ишора кард, – ин оташ, – ба танўр ишора кард, – ва ҳам ин оташ, ангушти ишора давру пеш чархонд, – кифоя набошад, пас мебояд...

Вай ҳарфашро нотамом, Холдорро ҳайрон монду аз ошхона бадар рафт ва дигар барнагашт. Ба ҷои ў чанде пас сардоя омад ва ба суоли Холдор, ки суроғи Шеракро мегирифт, бепарво ҷавоб дод: – Масчит намозхонӣ рафт.

Ҳарчанд Холдор медонист, ки Шерак то бад-ин рўз намоз нахондааст, лек аз ин посухи занаш тааҷҷуб нанамуд.

Рўзи дигар чун сардоя хост, ки шавҳарашро ба хонаи Марямбибӣ бубарад, вай оромона гуфт, ки дард миёнашро во гузошта, ба миёни Шераки Хол часпидааст, акнун ҳамроҳи Шерак намоз мехонад.

пешина
аз 17
навбатӣ