Сармаддеҳ (Китоби дувум)

“Сармаддеҳ” ҳамчун китоби дуввуми нависандаи маъруф Баҳманёр фарогири ҳикояҳои тоза буда, дар Душанбе тавассути нашриёти “Истеъдод” соли 2014 ба дасти хонандагон расидааст. Ин китоби соли 2016 ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид шуда, барои хонандагони ба он дастрасӣ пайдо накарда китоби тоза ҳисоб меёбад.
зеҳни сунъӣ · 31 октябри 2024 · 17 саҳифа
– Ба шумо дурўғу ба халқи олам рост, зуд дарёфтам, ки имрўз рўзи одие нест, чизе рух хоҳад дод, ки халқи олам ҳайрон мемонад, чароки ин дам аз катаки мурғон ғуд-ғуди филмурғон баланд гашт – мо филмурғ надорем, мурғ дорем ... – Тафси танатро насанҷида ин қадар сафсата мехонӣ! – раис ҳароина олуғда шуда буд, ўро чунин менамуд, ки Холдор ин дафъа аз ҳад зиёд масхарабозӣ дорад, ҳамаро, аз ҷумла ўро, як одами номдори ин обравро аҳмақ мепиндорад. – Бемор бошӣ, бемористон бифиристамат, девона бошӣ, темористон.
Холдор аламзада шуд, ки «ба инҳо дурўғ гўӣ, филфар бовар мекунанд, гапи ҳақро гўӣ, беморат мешуморанд!»
Чашми раис ба байтори колхоз афтоду ўро пеш хонд:
– Сомоншо, ин чилдурўғро як тафси танашро бисанҷ, ба фикрам табларзаи сафедаш гирифта...
– О, ин наменўшад-ку!
– Чӣ тур наменўшад? Дар хатнасури писари Яздони Маҳрбон ин не, ман нўшида будам? Магар ин набуд, ки гуфта будааст: «агар арақаш чунин ҷонона чиз бошад, биллоҳи азим, ҳар рўз менўшам!»
– Ҳамону ҳамон дигар қатрае ба даҳон набурдаам...
Раис ҳамоно ба абрўяш гиреҳ зада буд ва ошкор буд, вай «сайди тозаёфтаашро» ба осонӣ аз даст раҳо карданӣ нест.
Холдор боз руймолча аз ҷайб берун овард ва арақи сару рўяш, ин дафъа аз кўфти фарозу нишеб не, балки аз неши забони раис заҳида буд, пок кард ва имдодталабона ба Шераки Хол нигарист:
«о, маро аз дасти почои худозадаат раҳо бикун!» Харчанд Шерак пеши худ қавл дода буд, ки ҳарфе дигар ба забон намеорад, ба дўсташ дилаш сўхт.
– Раисҷон! – вай Парвонаи Шопурро ҳеч гоҳ «почо» намегуфт, – магар рост аст, ки занак ба кайҳон паридааст?
Раис лаҳзае чанд ба хешбачааш хира монд. Навбати аз ҷайб руймолча бароварда, арақи сару рў пок кардан ба вай расид, чароки медонист, акнун раис «политикаашро» ба гардани ў бор мекунад. Ҳамин тур ҳам шуд.
– О, ту Шерак - намедонам кадом аҳмақ ин номро ба ту дода бошад – «Харгўшак» чӣ номи мувофиқе будӣ, – о, ту Харгўшак, ки бо даҳонат шавла мепазӣ ва дар маъракаҳо касеро гап намедиҳӣ, мемурӣ маҷаллаву рўзнома бихонӣ, радио гўш бикунӣ, дар кўча пеши мардум часпак, хона пеши зани ҷавонат хапак...
Ду-се нафар ҳозирин аз ҷой бархостанд ва ҷониби пули ларзон равон шуданд. Ин ба раис нафорид, онҳоро садо кард.
– Ҳой фалону фалону фалон! Ин ҷо барои тамошо омада будед? Ҳамдардӣ?
Хуб, ҳамдардиро кардед, акнун ёрмандӣ кунед, ки ин мусофири бечора хасароти зиёд дидааст, бе кўмаки мову шумо онро ҷуброн карданаш муҳол аст. Бигузор Сомоншо мурғдорҳоро як-як бо шумори мурғашон рўихат намояд ва ҳар нафар аз даҳ мурғ зиёд дошта бошад, як сар мурғ биёраду бидиҳад, ман аз ҳисоби колхоз ду мокиёну як хурўс ва аз ҳисоби худам як мокиёну як хурўс медиҳам.
Дар деҳ ғайр аз мулло Бухоризода ҳама мурғ доштанд. Мулло як бор филмурғ парвариданро ба роҳ мондан хостанд, лек комёб нашуданд, чароки ин ҷонварҳои пурхўр ини туву ини манро намедонистанд, ба полизу анборҳои атрофу акноф ҳуҷум меоварданд, дудро аз димоғи ҳамсояҳо мебароварданд. Мулло ночор монданду онҳоро бозпас ба шаҳр фиристоданд.
Байтори колхоз бо кўмаки атрофиён шумурду баромад, ки дар деҳ шумори аз даҳ мурғ зиёд доштагон бисту ду нафар будааст.
Ин рақам раисро хеле хушҳол кард.
– Бисту ду мурғ! Плюс се аз колхоз, ду аз ман, ин мешавад бисту ҳафт. Охӣ, мо бачаи гург нестем, бачаи одамем, беҳуда шиори давлати мо як кас барои ҳама, ҳама барои як кас нест. Баста!
Ин дам Шопури Моҳигир, ки ба даҳон об гирифта менишаст, изҳори норизоӣ намуд.
– Аз рўи инсоф нест!
Қариб буд, ки гирдбоди ҳайрат кулоҳи лабадори раисро ба ҳаво барад.
– Чӣ, чӣ? – раис то ба таки фуки Шопур омад, – Магар моҳӣ ҳам ҳарф мезанад?!
Шопур аз камбизоатони деҳ буд, рўзгорашро базўр сару дум ёфта ба ҳам мепайваст, аз ин рў нишаст-нишасту маддаашро кафонд. Чун раис таги фукаш нафас-нафас мезад, ин бечора ҳам рўймолча бароварда, арақи пешониашро пок кард ва худро аз раис каме дур кашида гуфт:
– Масалан, ман даҳ сар мурғ дорам, бояд якеро бидиҳам, Сомоншо, байтори колхоз сӣ мурғ дорад, ў ҳам бояд якто бидиҳад, раиси колхоз...
– Шуд, шуд, баста! Фаҳмидам чӣ гуфтан мехоҳӣ, – раис баргашту ба байтори колхоз нигарист, байтор аз вай нигоҳашро гурезонд. Раис чун одат пасу пеш қадам задан гирифт. «Ҷин занад ин Моҳигири дамдуздро! Масъалаи ҳал шударо боз чигилтар кард, магарам даҳ мурғи колхозро акти мурданашонро нависему ба зани мусофир диҳем...»
Ин дам писараке бо даҳшат дод зад:
– Бубинед! Бубинед!
Ҳама ба тепаи Сумиганҷ, ки писарак ишора мекард, нигаристанд.
Онҳое ки нишаста буданд, ғайриихтиёр бархостанд, онҳое ба по истода буданд, бемадор ба замин нишастанд.
Аз тепаи Сумиганҷ чилу ду мурғ ба сўи катаки худ «қут-қут»-кунон поён мехамбиданд, ки дар тани худ як паре надоштанд.
ОБСУВОР
Шопури Моҳигир рўи бом баромаду ба Кафкрўд нигарист. Он чи дар хоб дида буд, ҳоло рўшод, бо чашми сар медид.
Кафкрўд ба худ мепечид, ба боло медамид ва чун уштури маст кафк дар даҳон ба пеш медавид. Кафкрўдро дар обхез хоб дида буд ва ҳоло дар бедорӣ медид.
Обхез ду-се пули сароби Сармаддараро шуста бурда буд, инро онҳое ки аз деҳоти сароби дара омада буданд, мунтазири мошини пўшида (почта) рўи боми оғили колхоз нишаста буданд, баъд ба Шопур ҳикоят карданд. Мошини пўшида аз пули Тангӣ мегузашт, пули мустаҳкаме буд, парчҳояш аз битону шаҳтирҳояш аз мисрон. Аз пул, ки гузаштед роҳ ду қисм мешуд, шоҳроҳ ба ҷойҳои маъмуриву ободӣ мебурд, роҳи борике ки ба чап, ба кўҳи Шанобурз тоб мехўрд, ба гўристони Мардони Мард ва чарогоҳи Гулбасарон.
Аз ин рў мардуми Сармаддеҳу болооби Сармаддара каме дилгарм буданд, ки ба ҳар ҳол аз оламу одам канда намешаванд, Сармаддеҳ ҳарчанд кўррўда бошад ҳам, дар тани одам мемонад. Боз кӣ медонад, кўррўдае ки узви зиёда медонанд, барои василае офарида шудаасту мо намедонем.
Охир, ҳамин кампири Осуда, табиби ҳозиру нозири деҳ бар ин ақида аст, кўррўда бодҳое ки дар шикам пайдо мешаванду одам дар ҳузури ҳамнавъи худ онро берун омадан монеъ мешавад, аз шарм албатта, дар кўррўда ҷо мешаванд, то вазъи мулоиме фароҳам ояду соҳиббод онҳоро раҳо кунад...
Обхез аз болои пули ларзони Сумиганҷ мегузашт, шакке набуд, ки инро ҳам рўфта мебарад.
Аз ун лабоба Людмила Павловна, бобои Маҳрбон ва занаш рўи ғўти азиме баромада буданд ва ҳар яке бо умед ба пул менигаристанд, ба худои худ зора мекарданд, ки пулро бегазанд нигаҳ дорад, вагарна обхез бардораду барад, онҳо як-ду моҳ дар гўшаи узлати худ аз олами рўшан ҷудо мемонанд.
Аксари сармаддеҳиён дар ун соҳил мазрааҳои худро доштанд ва замини обии колхоз ҳам ҳамон ҷо буд. Зуд аз пайи бозсозии пул мешаванд ва чун ҳамеша бо ину он сабаб барқарор кардани он як моҳ-ду моҳ ба дарозо мекашад...
Ин дам Нўшинаи париёр, ки айёми гул дарди хуфтааш бедор мешуд, ба бомраҳа мерафту даф мезад, бо овози ҳазин замзама мекард:
Даф мезанам, даф мезанам,
Бар доира каф мезанам.
Рўзе қатори мурдагон,
Дар он макон саф мезанам.
Рўзе, вале имрўз не,
Имрўзи рамзомўз не,
Ҷуз осмон дар хокдон,
Як чашми ашкафрўз не...
Шопури Моҳигир ба ун се тани болои ғўт менигаристу худ низ ғайри ихтиёр муноҷот ба худо мекард, ки пулро сел набарад ва ў ба гупсарсаворӣ ночор намонад.
Шопури Моҳигир пир шуда буд, рўҳан, чароки ҳанўз ба қавси шаст наафтода буд, лек медид, ки дасту бозуяш сол пайи сол заиф мешаванд, дилхушиву ҳарорате ки ба моҳигириву гупсарбозӣ дошт, кам-кам аз байн рафтан дорад.
Нўшина аз бомраҳа ба рўи боми ошхонааш баромада буду дар як гўшаи он қоим истода даф мезаду замзама мекард, овозаш ҳоло матину расин шуда буд:
Даф мезанам, даф мезанам,
Бар доира каф мезанам.
Бо ҳукми шоҳи охират,
Бар хобгоҳи охират,
Рафтанду ман ҳам меравам,
Рўзе ба роҳи охират.
Шопури Моҳигир таконе хўрд, агар мушоҳиде мебуд, гумон мебурд, асари пурсадо шикастану ба коми селоб фурў рафтани пули ларзон аст, вале ин тур набуд. Шопури Моҳигир ин манзараро бори аввал намедид, ҳатто дар деҳ набошад ҳам, вай тўъмаи обхез шудани пули ларзонро ҳамоно дарк мекард. Ҳоло ўро замзамаи Нўшина, бадурустӣ мазмуни байтҳои ў такон дода буд. Ва аз шунидани ин байтҳо ҳамоно хоби шаб дидааш ба ёдаш омаду такон хўрд. Хоби кобус дида буд. Дар хобаш Кафкрўд ҳай бадвоҳима талотум карда буд. Гўё рўд набуд, баҳр буд.
Рўд ҷўшидаву тўфон хеста буд. Баъд тўфон фурў нишаст, рўди ниммаст, чун море ки ғукро балъидаасту он оҳиста-оҳиста аз гулў ба сўи дум меравад, пуфасзанон ғирев кашида буд:
–Вақт расид, Шопури Гупсарбоз нарасид!!!
Шопур ваҳшатзада аз хоб бедор шуда буд ва лаҳзаҳое чанд нимхез рўи ҷогаҳ ҳангу манг нишаста буд. Аз хоб фоли бад гирифта буд ва ҳоло сари ҳол набуд. Вай лаҳзае чанд ба Нўшина хира монду баъд аз бом ба зер омад.
Соате пас дари хонаи ўро кўфтанд, дарро боз кард, кампири Осударо дид. Кампирак ба ў ишора кард, ки бо ман биё ва роҳ афтод, ҳар ду аз бомраҳа рўи бом баромаданд. – Мебинӣ коҳдудро? – ба он сўи рўд ишора кард пирзан.
Аввалин чизе ки Шопур ба мушоҳида гирифта буд, набудани Нўшина рўи боми ошхонааш буд, чун ба ҷониби лабобаи дигари рўд нигарист, рўи ғўтро холӣ аз он се тан дид, ошкор буд, ки онҳо ба коми сел рафтани пулро дида, ноумед баргаштаанд.
– Мебинӣ коҳдудро! – суолашро такрор кард кампираку Шопурро ба ваъзи воқеӣ овард.
Моҳигир дид, ки аз ҳотаи Людмила Павловна дуди ғализе чун дуди чўби тар аз кўра танўра мезанад.
– Ба балое гирифтор омада, ки чунин кўрдуд ба роҳ мондааст, медонад, ки фарёдраси рўзи мусибаташ ҷуз ман касе нест, гупсарҳоятро ба оби ҷўш тар кун, то зудтар мулоим шаванду дам задан бароят осон гардад.
Дар деҳ ҳама ўро Шопури Моҳигир меномиданд, имшаб дар хоб рўд ўро «Шопури Гупсарбоз» хитобид, ин ҳам аз пайомади нохуше дарак медод. Чароки моҳигирон ба ихтиёри худанд, обсуворон ба ихтиёри рўданд. Ҳоло ки рўд осиву хунталаб шуда буд, ба яқин қурбониашро пайдо карда буд, ки шаб дар хоб суроғаш дошт. Медонад хунхор, ки дигар дасту пои ў он гирумонро надоранд, ки қаблан соҳиб буданд ва шушаш низ наметавонад ба он тарангии пешин саночҳоро бидамад...
–Гўш ба ман дорӣ ё на? – кампири Осуда, ки осудагӣ дар динаш ҳаром буд, ўро ба худ овард.
–Ба хайр аст, рангат кандаву вазъат беҷост?!
Шопури Моҳигир дар бораи хоби дидааш ҳарфе назад, лоқайд ҷавоб дод:
–Шаб хобам набурд, ҳоло сардард шудаам.
–Меравам, бароят дору меорам, барои Луда ҳам баъзе чизҳоро мегирам, гумон меравад, ки ё касалии қадимааш хуруҷ карда, ё ягон балое ба сараш омада, вагарна дар ин обхез маро фаросўи худ намехонд...
Кампири Осуда кафи дасташро рўи чашмонаш соябон карда афзуд:
– Мебинӣ, обхез нишастан дорад, то ту омода мешавиву ман бармегардам, худо хоҳад, гузашт аз рўд бехавф мегардад.
– Магар шумо бо ман рўдро убур карданиед? – ҳайратзада пурсид Шопур.
– Баъд чӣ, магар ту ба дарди Луда-Палвон сарфаҳм меравӣ? Не? Дуруст. Агар ягон мусибате ба сараш омада бошад, роҳи халосӣ меёбӣ? Не? Дуруст. Пас чорае ҷуз бо ҳам рафтан дигар надорем!
Шопури Моҳигир дар шигифт монд, надонист, ки чӣ гўяд. Кампирак магарам вақти ўро гўш кардан надошт, ки баргашту рафт то барои дарди сари моҳигир даво биёрад ва ҳам ғами Людмила Павловнаро бихўрад.
Шопури Моҳигир рўи бом лаҳзае чанд андешаманд истод ва як гот хост пирзанро садо кунад ва аз хоби дидааш огоҳ, вале зуд аз фикраш гашт. Гумон буд, ки бо чунин хоби барои ў номафҳум, кампири хирургро аз раъяш баргардонӣ, чун қисмати дугонаи наздикаш дар миён буд, боз Людмила Павловнаро дар деҳ ҳама ғарибу ба ғамхории умум мўҳтоҷ меҳисобиданд, ба тақдираш бепарво буда наметавонистанд, бепарвоиву канорҷўиро аз ў айбу гуноҳ мешумориданд.
Шопури Моҳигир аввал ба ғўт нигаристу пеши худ тасаввур кард, ки чӣ тавр он се тан пулро шикастану бурдани селро дида, умед канда, вазнин аз ҷой мехезанд, бобои Маҳрбон бо кампираш, Людмила Павловна сари танҳо хомўш ба сўи хонаҳояшон равон мешаванд. Бобои Маҳрбон, ки пеш-пеши кампираш гом мебардорад, гоҳ-гоҳе меистаду ба ҷониби Кафкрўд менигарад, дар асл вай оғили назди мағозаро менигарад, ки инак зиёда аз се сол аст, ки меравад, ҳар бомдод он ҷо бомгўшаро бо ду-се пирмарди дигар, ки як-як меоянд, иҷора мегирад ва рўзи дароз он ҷо менишинад, рўзро кўр мекунад...
Акнун бечораи пирмардро кораш ҳамин мешавад, ки меояд рўи ҳамин ғўт, асояшро паҳлўяш мегузорад, равандаву ояндаи он соҳилро менигарад. Рафту аз фарзандҳои дар марказ муқимшудааш номае бирасад, – хушбахтона, мошини пўшида ҳар рўз меояду меравад, – Шопури Моҳигир обсувор меояду ба ў медиҳад ва пирмард ўро ба ҷону ҳолаш намонда хона мекашад, то аз оламу одам тозахабаре бишнавад. Ба Людмила Павловна ҳеч хату хабаре намеояд, бечора касе надорад, агар дошта бошад ҳам, дер аст, ки ўро фаромўш кардаанд. Аз ин рў кампири бобои Маҳрбон рўзе як раҳ ўро хабаргирӣ меравад, агар ба кори мазраа банд шуда монад, худи Людмила Павловна ўро хабаргирӣ меояд, сагчааш Барсикро ба ҷои худ посбони мурғу харгўшон гузошта.
Ин се тан ангор дар ун лабоба худро бад ҳис намекарданд, агар чунин обхезиву пулшўӣ рух надиҳад.
Шопури Моҳигир ҳанўз ҳам дар бомгўшаи хонааш чун ҳайкали мунҷамид истода буду намедонист гирифтории имрўзаи худро чӣ гуна дид занад. «Тарси рўд дар дилам ҷо шудан дорад. Шояд ман ўро бо чи пиндору гуфтору рафтори бади худ озурда бошам? Охир, ман ҳар гоҳе оҳанги убуру моҳигирӣ мекардам, аз рўд иҷоза мехостам, ниёиши обро менамудам, баъд ба ин ду амал даст мезадам. Пас чаро ҳоло мехоҳад шармандаи ду олам гардонад?!»
Рўи мавҷҳои балохези Кафкрўд кўробае пайдо шуду зиндагии якрангу якмароми ў пеши чашмаш чун навори филми беовоз чархидан гирифт... моҳигирӣ, оббурӣ, ба ҷуз ду-се воқеае ки аз ин маҷмўъ истисно буданд, чун ҳалқаҳои набоястӣ, ки ба ҳалқае овезонанд, вале дар силсила наянд.
Ба мисол ҳамин қазияе ки шаш сол қабл рух дода буд. Писари бузурги бобои Маҳрбон, Боғбон ба мураххасӣ омада буд бо зану бачаҳояш. Чун мураххасиаш поён ёфту омодаи бозгашт шуд, обхез пули ларзонро бардошту бурд. Писари бобои Маҳрбон дар лабоба бузург шуда буд, шиноро хуб балад буд, ҳамин ки тафси дили рўд паст шуд, онро шино карду гузашт, ҳарчанд падару модар инро ҷилавгир шуданд. Аммо вай ночор буд. Рўдро гузашту аз Шопур хоҳиш кард, ки саночҳояшро тар кунад...
Шопур ду писараку духтаракро бемушкила гузаронд. Онҳо бо навбат ба пушташ савор шуданд, дастҳоро ба гарданаш чанбар заданд, Шопур ба ҳар эҳтиёт бо яккабанди худ ҳар якеро ба камари худ баст. Чун ду бародараш рўдро бебок гузаштанд, духтарак ҳам ҷасур шуд. Ҳамин ки навбат ба зани Боғбон расид, як мушкилаи зудхез дерхусп шуд. Вай намехост ба пушти Шопур савор шавад, гузашта аз ин дастонашро ба гардани ў ҳалқа занад. Хоназоди як шаҳрӣ буд, аммо ноз оварданаш шаҳбонуро рам медод. Ҳарчанд хусуру хушу мегуфтаанд, ки обхезро маҳраму номаҳрам якест, сар намефуровард.
Бечора Шопур дид, ки ҳарчанд ҷои бим аст, ночор аст, ки занаки якравро ядак (буксир) бигирад, бо умед ба атроф чашм бардамонд, дари ошхонаро дид, пеш рафту дарро аз ошиқмаъшуқ берун овард, дастаашро санҷид, устувор нишаста буд, банду басти тахтаҳо низ нақши дасти устои ҳалолкор буд – ошкор, ки усто Шоҳаки Ранда! Шопури Моҳигир хушнуд дарро бардошту лабоба фуромад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё