Зеҳн
Сармаддеҳ (Китоби дувум)

“Сармаддеҳ” ҳамчун китоби дуввуми нависандаи маъруф Баҳманёр фарогири ҳикояҳои тоза буда, дар Душанбе тавассути нашриёти “Истеъдод” соли 2014 ба дасти хонандагон расидааст. Ин китоби соли 2016 ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид шуда, барои хонандагони ба он дастрасӣ пайдо накарда китоби тоза ҳисоб меёбад.

зеҳни сунъӣ · 31 октябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ГИРДБОД

Ин воқеа дар замоне рух дода буд, ки Парвонаи Шопур, мулаққаб ба Раиси Баста халтаи коҳро ба шифти коҳдони колхоз овехта буду «танса» машқ мекард.

Яъне халтаи коҳро оғўш гирифта буду пасу пеш мерафт, ҳар замон ба замин менигарист, мабодо пои ҳамрақси худро зер кунад.

Муҳосиби идораи колхоз Вағнич рўи боми коҳдон буду ба ҳар нафаре ки ба ҷониби коҳдон тоб мехўрд, дастакзанон кафашро ба даҳон карнай карда, рамзомез, бо ҳамин чӣ қадар муҳим будани хабарашро таъкид карда, мегуфт:

«қафо гард, комиссия!»

Парвонаи Шопур ҳафтаи гузашта ба шаҳр рафта буд, то дар ҷамъомад, пасон дар зиёфати ҷамъбасти нимсола ширкат варзад. Ҷамъомад бо кафкўбиҳои бардавом поён ёфт, чизи хотирмоне надошт. Ана зиёфат…

Ҳама паси мизи таъом нишаста буданд, ки тўлу арзаш дар хотири Парвонаи Шопур намонда буд. Гурўҳе рўи саҳна мерақсиданд, албатта бо хонумҳои рус, ки дар идораҳо кор мекарданд ва шояд онҳоро ба ҳамин мақсад даъват карда буданд. Баъд валс садо дод, «кош забонгир мешуд» – баъдҳо мегуфт Раиси Баста. Ҳамин ки валс садо дод, дасте рўи китфи Парвонаи Шопур нишаст.

Раис чунон бо иштиҳо мехўрд, ки пай ҳам набурд. Рафиқи дар паҳлў нишаста бо зону ўро ҳушдор доду бо гўшаи чашм ишора ба болои сараш кард.

Парвонаи Шопур сар боло карду ранги рўяш канд, зани муншии дувум болои сараш меистод! «Патансуем?» – гуфт бо табассуми малеҳе зани муншӣ.

Парвонаи Шопур як ҷавонмарди хушбуруту хушнамуде буд. Зани муншӣ зудсайр ба ў баҳои занона дода буд. Вале раиси бечораи «Сармаддара» боре ҳам дар умри сари хеш, ба қавли кампиракҳои Сармаддеҳ, «дум наҷунбонида буд».

Аз ҷо осема хесту оҷизона ба атроф нигарист, ки шояд нафаре, омўхтаи рақсе ба имдодаш бихезад. Мутаассифона, ҳама ончунон машғули хўрдан буданд, ки барояшон на рақс вуҷуд дошту на муншии дувум.

Раиси бечора ҷониби раққосон нигарист ва дид, ки мардҳо аз камари занҳо доштаанду мавзун пасу пеш мераванду бас, пеши худ гуфт: «наход ҳаминро ҳам ман надонам!». Аз ин рў ба зан нимтаъзиме карду даст сўи раққосон бурда гуфт: «бифармоед!». Ва мунтазир истод, ки зан пеш дарояду вай аз пас равад. Аммо зан дасти ўро гирифту бо ишваи занона ўро аз дунбол бурд.

Ҳар ду ба анҷумани раққосон даромаданд. Парвонаи Шопур бо эҳтиёт – ҳар чи ҳам нагўӣ, зани муншии дувум!

– аз камари зан дошт ва ба ҳавои мусиқӣ ду-се раҳ ҳар ду пасу пеш рафтанд, ки ба ногоҳ фиғони зан баромад. Раиси бадбахт пои ўро магарам сахт зер карда буд, ки чунин дод зада буд ва баъд зани муншӣ бо нидои «вандал проклатый!» як кашидаи обдор ҳам фуроварда буд.

Раис ҳам «зуд нигару дер мапо» аз он манзил худро берун кашида буд.

Аммо субҳ дари ҳуҷраи меҳмонхонае ки ў мехобид, кўфта шуд. Нафаре ба ў хабар расонд, ки муншии аввал ўро филфавр диданист. Ин каме равшанӣ ба дили ў андохт, чаро ки муншии аввал бо ў дўстнамо буд ва гоҳу ногоҳ барои буду боши колхози «Сармаддара»-ро дидан меҳмони ў мешуд.

Парвонаи Шопур баъди иҷозаи котиба дари дафтари муншии аввалро бо тарсу ларз кушоду хост ба салом лаб кушояд, ки овози омир гуфт: «молчать! Ба ту як моҳ мўҳлат, то рақсро биомўзӣ, вагарна аз вазифа сабукдўшӣ. Тепер марш ба Сармаддеҳ!»

Ҳамин сабаб буд, ки раиси бечора халтаи коҳро дар болори коҳдон биовезад ва зери обу арақ монда, «танса» машқ кунад.

Аммо дар ин вақт дар лабобаи Кафкрўд ду нафар шаст ба рўд андохта моҳӣ медоштанд, яке Шопури Моҳигир буду дигаре Барзуи Озарпур, донишҷўи факултаи таърихи донишгоҳ, ки мехост моҳигириро биомўзад ва ҳам аз Шопури Моҳигир ақоид ва русуми мардумро вобаста ба рўд ва лабоба ёддошт бикунад, чароки этнограф шуданӣ буд ва дар ин бора мақолае навиштанӣ буд.

Қаблан аз Шопури Моҳигир дар бораи «обсуворон», яъне гупсарбозон, анвоъи гупсару кадуву саночу боз даҳҳо васоили дигари убури рўд дар фаслҳои сол, дар обхезиву сел нақлҳои зиёде шунидаву расмҳо гирифтаву харитаҳо кашида буд.

Хеле хушнуд буд, ки барои як мақолаи ҷиддӣ мавод фароҳам оварда дар ҷомадон гузоштааст.

Соли гузашта вай рағзабофӣ, намадмолӣ, куппизанӣ ва боз чанд ҳунари дигари деҳотиёнро расм гирифтаву раванди корашонро аз оғоз то анҷом ёддошт карда, ба раҳбари кори дипломияш нишон дода буд ва аз ў ба шахси худ офарину аҳсант шунида буд, ки имсол низ таътилро ба саёҳату шикор не, бал ба илм бахшиданӣ буд.

Этнографи оянда пайиҳам аз рўд моҳӣ кашидани шарикаш ва ҳамеша холӣ баромадани чангаки худро дида, пеши худ иқрор мекард, ки моҳигирӣ низ илм будаасту вай бехабар. Вагарна бубинед, шастҳо як хел, чангакҳо як хел, кирмакҳо як хел, – Барзу ба гумони беҳии ҷой чанд раҳ бо моҳигир шастгаҳ иваз карда буд, – лек ў ҳар раҳ шастро бо моҳӣ берун меорад, аммо вай хип-холӣ!

Аз дилтангӣ Барзуи Озарпур ба гирду атроф нигарист. Чизи тозае ки ў медид, ин хонаяке, оғилаке ва ошхонаяки он сўи соҳил буд, ки соли гузашта низ буд.

Ба қавли Шопури Моҳигир ин ҳамаро мардум барои Луда-Палвон, ки ба шаҳр баргаштан нахост ва ба ташвиқи мулло Бухоризода мусалмон шуд – ҳарчанд гоҳу ногоҳ ба ҷои даст ба рў бурдан салиб мекашид ба андомаш ва занҳои Сармаддеҳро ба даҳшат меовард – сохта буданд, занак дар як муддати кўтоҳ чунон пешқадам дар домпарварӣ шуд, ки ҳама ба ҳунараш аҳсан мехонданд.

Шумори мурғҳояш аз шаш ба чилу ду расид, ду бузи дўшоияш ҳоло ҳашт буз шудааст, шумори харгўшҳояшро на худаш медонад, на каси дигар, чароки занак ба онҳо дар кодоки се ғўт хона сохтаву чапара-дарбача шинонда буд.

Аммо харгўшҳо аз чаҳор тараф барои худ «роҳҳои рўзи мабодо» канда буданд, ки занаки бечора намедонист, чанд харгўши худӣ, чанд ваҳшӣ дар «кодокҳо» хуфтухез доранд.

Аммо мурғҳоро Луда-Палвон субҳ аз катак берун меоварду шом онҳоро пешандоз карда худ ба катак медаровард. Агар рафту ба коре банд бошад, ин амалро саги майдаҳаки русӣ бо номи Барсик иҷро мекард. Ҳаминки Луда-Палвон «Барсик, иди!» мегуфт, ин ҷонвари бафаҳм, ак-акзанон аз зери буттаву аз зери ғўту санг мурғҳоро пайдо мекарду ба сўи катак пешандоз.

Вақте ки хукхона сўхту Раиси Баста аз бозсозии он даст кашид – ин айём Н.С.Хурущёвро аз подшоҳӣ маъзул карда буданд ва ҷонишини ў на ба хукҳо меҳре дошту на ба шоҳи зироат – ҷуворӣ, раис изҳори ақида намуд, ки агар Людмила Павловна хоҳиши дар деҳ мондан дошта бошад, бифармояд, тамоми деҳ ба ихтиёраш: хоҳад дар кадом меҳмонхонае – ҳамчун хонаандари худаш хуфту хез бикунад, хоҳад аз ҳар гўшаи деҳ барои ў замин ҷудо мекунанд ва ҳашар ба роҳ мемонанд, барояш сарпаноҳ месозанду медиҳанд. Аммо Людмила Павловна танҳо ҳамин пораи замини он сўи Кафкрўдро хуш карду бас ва раис ночор монд, ки ҳашар эълом дораду ин ҷо барои ў хонаву оғилу ошхона бисозад.

«Бубинед ва сабақ гиред! Зани бечора роҳату фароғати шаҳрро пушти по зада дар деҳи худозадаи мо зистанист! Пас мо чӣ бояд кунем? Агар дар паҳлўи ў бошем, дўсти ў ва тарафдори даъватҳои хуби ҳизбамонем, агар аз ў дурӣ ҷўем, пас мо ҳаводори тарғиби душманон ҳастем, ки мегўянд: «оқибат ин муназзами сохта ба хаос мубаддал мегардад!». «Мо ҳама дар ҳайратем, – мегуфт Шопури Моҳигир, – тани танҳо – хонаи Яздони Маҳрбон аз ў хеле дур аст – дар ун хилватгоҳ, шабҳои пурвоҳима чӣ тур ором мехобида бошад?»

Ин дам диққати моҳигиронро гирбодҳои баногоҳ дар соҳили муқобил пайдошуда ба худ кашид. Гирдбод чандто буд. Даставвал онҳо хурд-хурд пайдо шуданд мисли дуди мўриҳои деҳ.

Ин гирдбодҳо дар тарафи чапи пули Кафкрўд буданд.

Баногоҳ як гирдбоди дигар дар лабобаи рўбарў ба гардиш даромад ва пеши нигоҳи шигифтзадаи ин ду моҳигир ба дамидан оғозид ва рў-рўи замин чархзанон то ба назди чашмаи Марво рафт ва ба ҳаво танўра кашида ғайб зад. Лодмила Павловна магарам аз гирдбодҳо тарсида буд, ки мурғҳоро ҷамъ карда, ба сўи катак меронд. Ин баъд мегуфтанд, ки агар ин корро намекард хубтар мебуд. Беҳуда Барсик ин қадар давру пеши занак гирд гашта, ак-ак намекардааст, бечора саг занакро ҳушдор медодааст. Инро низ баъд фаҳмиданд.

Аммо гирдбоди дигаре, ки наздики чашма пайдо шуд, шишаи азими чароғро мемонд.

«Гирдбодҳои ташна! – хандида ба Шопур гуфт Барзу, – яке дар соҳили Кафкрўд, дигар дар наздики чашма пайдо шуд...»

Аммо ҳамоно ваҷоҳаташ ҷиддӣ шуд – гирдбоди лабоба танўразанон рост ба ҷониби Луда-Палвон ва мурғонаш мерафт.

Занро пушт ба гирдбод буд ва онро намедид. Барсик худро куҷое пинҳон карда буд. Гирдбод, ки акнун чун шишаи фонуси азим дамида буд, ба Луда-Палвон ва мурғон расид...

Шопури Моҳигир ва Барзуро ваҳм гирифт, онҳо баробар ба додзаниву дастафшонӣ оғозиданд, аммо шав-шуви рўд овозашонро пахш мекард ва зан намешунид, чун ба онҳову гирдбод пушт гардонда буд, дастафшониашонро низ намедид...

Лаҳзае пас ин ду моҳигирро даҳшат гирифт, чароки медиданд, чӣ тур мурғҳо ва матоъи сурх – Луда-Палвон! – даруни «шишаи фонус» давр мезананд. Баъд гирдбод ба ҳаво хест ва нопадид шуд...

Ду моҳигир кам-кам ба худ омаданд, зеро Людмила Павловнаро зинда пеши чашм медиданд, ҳарчанд бараҳна бо синабанду тунбонча. Пироҳани занакро бо мурғҳо гирдбод бурда буд.

\* \* \*

Ду моҳигир бе он ки ба ҳам чизе гуфта бошанд, баякбор ҷониби пули Кафкрўд давиданд, то бубинанд ба зани мусофир чи кўмаке метавонанд бикунанд.

Онҳо пули ларзонро гузаштанд, ҳарчанд ҳоло ин пул «ларзон» набуд, на меларзид, на меҷунбид, парчҳояш аз бетону шаҳтирҳояш аз мисрон буд, лек мардум чун одати пешина «Пули ларзон»-аш мегуфтанд. Моҳигирҳо пулро гузаштанду ғавғое пушти сари худ шуниданд, баргашта нигоҳ карданд ва даҳонво монданд – ними мардуми деҳ аз пушти сари онҳо меомад!

– Шоҳид танҳо мо набудаем, – бо таассуф гуфт Барзу.

– Сармаддеҳро аз ягон мўъҷиза дар ғафлат монда намешавад, – хандид Шопур ва суръати гашташро суст кард.

– Чаро диранг кардед? – ҳайрон шуд Барзу.

– Бигузор бечора занак ягон курта ёфта пўшад, вагарна бараҳна бубинем, як аламаш сад алам мешавад.

– Рост мегўед! Ин ҷамоатро низ нигоҳ мебояд дошт.

Вақте ки онҳо ба чашмаи Марво расиданд, Луда-Палвон пироҳан пўшида, рўи кундаи назди хонааш нишаста буд, бо дидани ҷамъияти зиёд, ки ба яқин дилбардорӣ меомаданд, беихтиёр ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд.

– Господи! Ин чӣ бало буд?

– Девбод, – гуфт яке.

– Шайтанвихр, – русидониашро намудан хост дигаре.

– Гоҳу ногоҳ зоҳир мешуд, аммо ин турашро бори аввал мебинем, - гуфт савум.

Ҷамоати занҳо ҳам расида омаданд ва Луда-Палвонро аз гарду авҳом тоза кардан пардохтанд. Мардҳо давру пешро менигаристанд ва ягон мурғро надида мешигифтанд, ки наход девбод ягон мурғро дар амон намонда бошад! Гўё Людмила Павловна фикри онҳоро пай бурда буд, ки ба занҳои давру пешаш мегуфт:

– Гуноҳи худам, худам онҳоро сарҷамъ кардам, худам ба коми ин бало супурдам.

Агар парешон буданд яке, дуеро мебурду бас!

– Худоро шукр гў, ки худатро набурдааст! – мегуфт кампири Осуда, – танҳо куртаатро бурдаасту бас! Мурғҳо тухми анқо нестанд, меравӣ аз бозор мехарӣ. Ҳозир ман ба ту сиёҳии дег меорам, бо оби сарди чашма мехўрӣ, се рўз аз хўроки равғанӣ парҳез, варна зарпарвин мешавӣ, тарсат саҳл набуд, ки бепарво гардӣ. Имшаб ман ҳатман наздат мемонам ба ҳар эҳтиёт.

– Ғами мурғҳоро хўрдааст бадбахту лек ғами худро не, аз ин рў хавфро пай набурдаасту натарсидааст, вагарна дар ҷои ў дигаре мебуд, дар ҷояш мемезид. – Ин Оростаи Сиёҳ буд, ки дар ҳар фурсат неш заданро фаромўш намекард.

Кампири Осуда ба ў тунд нигаристу Ороста забонашро банд зад. Ин дам аз куҷое Раиси Баста бо муҳосиб расида омад. Ин вай буд, ки Людмила Павловнаро барои хукбонӣ аз шаҳр гирифта омада буд бо сад ваъда, хукхона сўхту занак дар деҳ монд ва ҳоло Парвонаи Шопур ба каму кости рўзгори ў худро масъул мешумурд. «Худоро шукр, – мегуфт кампири Майса, – ки ақаллан ба чизе худро масъул медонад, вагарна нисфи деҳро сел шуста барад, буруташ хам намехўрад».

– Чӣ гап шуд?! – ҳанўз ҳам нафас рост карда наметавонист раис, – Ман аз идора ин издиҳомро дида, заҳракаф шудам... гумон бурдам, ки бо Людмила Павловна ягон воқеа рух додааст. Худоро шукр, ки тансиҳату бегазанд мебинам! – Раис афзуд: «чун моро хабар карданд, ҳарчанд машғули корҳои муҳими давлатӣ будам, онро вопас гузошта, ба ин ҷо шитофтам», – раис гоҳу ногоҳ ибораву вожаҳои тозаеро ки аз муаллимон мешунид, дар нутқаш кор бурданро хуш дошт.

Людмила Павловна даст афшонд.

– Бо ман ҳеч чиз нашудааст, лек ин шайтанвихр мурғҳо, чилу ду торо, як то нагузошта бардошту бурд... ҳайфи мурғаком, якта ҳам намонд-а!

– Кӣ бардошту бурд?!

– Гирдбод!! – ба як овоз гуфтанд атрофиён.

Раис бемадор паҳлўи Людмила Павловна рўи кунда нишасту монд.

Вай ҳеч гоҳ надидаву нашнида буд, ки гирдбод чизеро, боз ба ин миқдор бардошта бурда бошад. Не, дида буд, саҳеҳтараш пайомадашро дида буд. Вай кўдак буд. Баногоҳ осмон тира шуду аз осмон борони хунӣ борид... аз новдонҳо хун мерехт... халқи олам ба даҳшат омад... танҳо мулло Бухоризодаи Аввал орому ботамкин буданд ва вақти намози пешин дар масҷид, мардумро огоҳ карданд, ки ин ҳеч гуна хун нест, балки хоки Сурхкўтал аст, гирдбод ба ҳаво бардошта, ба борон омехтааст. Мардум оромиданд. Аммо чанд рўз пас ҷанги ҷаҳон сар шуду мардум бар ин ақида устувор шуданд, ки ҳароина хун будаасту мулло барои таскини мардум чунон гуфтаанд.

Раис рўймолчаашро аз ҷайб бароварду арақи пешониашро пок кард, «хуб, гуфтем, ки он гирдбод ишора ба ҷанг буд, ин гирдбод ишора ба чист?» Раис атрофиёнро нигарист, ангор ба суоли пеши худ гуфта аз онҳо ҷавоб мехост.

Шераки Хол, ки ба раис банди хешӣ ҳам дошт – хоҳараш Фарангбону зани раис буд – аз ин рў фикрҳои аз назари худаш рангинро гоҳу ногоҳ беибо ба ў мегуфт, чароки агар зудандоз намегуфту дар дилаш маҳфуз медошт, ба қавли дўсташ Холдори Чилдурўғ: «ғамбемор» мешуд.

– Модари раҳматиам мегуфтанд, ки агар шамол ё гирдбод пироҳани занро бубарад, фоли нек аст, агар, худо нокарда, поҷомаашро бубарад, бадбахтие чашмчор мебояд шуд...

Мардҳо лабханд заданд, чанд зан остин ба даҳон бурда пиқ-пиқ хандиданд.

Бачаҳо ба чизе сарфаҳм нарафта, ҳайрон бузургсолонро менигаристанд, чароки воқеаи мўҷиби лабханду ханда шуда, пеш аз зода шудани онҳо рух дода буд. Шераки Хол зани аввали худро бо найранге гирифта буд – худо ҷоша ҷаннат кунад, зани хушзабону меҳрубоне буд.

Чанд раҳ ба хонаи духтардор хостгор фиристода, ҷавоби рад гирифта буд.

Духтар магарам дилкашолӣ ба дигаре дошт, ки ду поро ба як мўза хаста буду «не!» мегуфту бас.

Шераки Хол дилу гурдаи худро канор заду дилу гурдаи падари шукўҳманди худ Холи Девзўрро ба орият гирифта, шабона рафту поҷомаи духтарро, ки бегоҳ шуста, аз назарҳо дур дар торе овехта буд, дуздиду омад. Ин амри нангине буд, ки поҷомаи дўшизаро номаҳраме бубинад ва сад чанд гаронтар буд, агар бидуздад.

Аз ин рў падару модари духтар ночор монданд, ки ин хиҷлат рўшоди дўсту душман нагашта, ҳарчи зудтар ба ин довталаби хира духтарашонро бароранду бидиҳанд.

Ин буд, ки раис пас аз жож лоидани додарарўсаш ўро тунд нигарист ва бо қаҳр гуфт:

–Ту ҳеч аз фачгўӣ намондӣ! Бо ҳарзаҳои бобокўчакӣ сари мардумро гаранг макун. Забонгир шаву гўш фаро дор, ки ҷаҳондидагону доноён чӣ мегўянд. Баста!

Бобокўчак – мурдашўи Сармаддеҳ буд ва ба содалавҳиву бепоягўӣ зарбулмасал шуда буд. Бо «ҷаҳондидагону доноён» раис ба шахси худ ишора дошт. Аз ин рў Шераки бечора баякбор забонгир шуду дигар то охири ин «ҳамоиши гирдбодӣ» ҳарфе назад.

Ҳарчанд раис он раиси пешина набуд, ки бо шиорҳои ваҳмангезаш, бо шаш қуттии телефонаш, ки яке рост бо Кремлу дигар бо Сибир пайваст буд, мардумро дар каманди таҳлука нигаҳ дорад, лек бало занад, чунон сиёсаташро ба мағзу ҷони онҳо нишонда буд, ки ҳоло низ аз ў ибо мекарданду амрашро бечуну чаро иҷро.

–Ана, боз як абулвоҳимаи дигар омадан дорад, – гуфт раис ва ҳама сарҳо ба сўи пули Кафкрўд тоб хўрданд, Холдори Чилдурўғро диданд, ки осема меояд.

Ин аҷиб буд, ки Холдор дар байни онҳо набуд, одатан вай ҳар ҷо бўи ҳангомаву валвала мехест, шоҳиду нозири аввал буд. Ҳоло ҷамъомадагон кунҷковона ўро менигаристанд, ки боиси диранги ў дар чунин як воқеаи «каснадиду гўшношунид», ки метавонад дар китоби ҷилдфарбеҳи ў «Таърих ёд надорад» мақоми арзанда дошта бошад, чӣ буда?

Хол пеш омад, аввал Людмила Павловнаро дилбардорӣ дод, баъд бо раис дудаста салом кард, дигаронро бо ҳавои сар дуруд фиристоду «уф-уф» гўён рўи кунда аз ҷониби дигари Людмила Павловна нишаст ва рўймолчаро аз ҷайб берун оварда, арақи сару рўяшро пок кард. Баъд нигоҳи ҳамаро ба худ дўхта дида, дарёфт, ки чӣ мехоҳанд, худро ҷамъ карду гуфт: – Ба шумо дурўғу ба халқи олам рост, коре шуд, ки таърих ёд надорад, – Холдор чун дид, ки ҳама лаб ба табассум кушоданд, салоҳ дид беҳтараш қасами маъруфашро ба забон наорад, – ношито мешикастам, ки ба ногоҳ аз оғил шиҳаи асп баланд шуд – мо асп надорем, хар дорем – ҳайратзада дохили оғил шудам ва дидам хар ҳаст, аспноме нест, ҳанўз ба чизе сарфаҳм нарафта будам, ки мияв- мияви гурбаро аз саҳни ҳавлӣ шунидам – мо гурба надорем, саг дорем – сагро дидам офтобаке ёфта, сар рўи дастон гузошта хобидаасту гурбаноме нест…

– Сар кард шаҳбоз! – бо зарда гуфт раис ва Холдор ночор буд ҳикояташро мухтасар намояд.

пешина
аз 17
навбатӣ