Зеҳн
МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.

Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

ЧОРЯКИ 3

РЕЙТИНГИ 1

МАРҲИЛАИ 1

НИМСОЛАИ 2

МОДАРАМ

(Рўйнависӣ)

Шукр гўям сад ҳазорон, модарам,

Гавҳари ятоӣ дар баҳру барам.

Эй, раҳонидӣ маро аз ҳар хатар,

Баҳри ман модар будӣ, ҳам падар.

Ҳар куҷо бошам, ба ёди ман туӣ,

Хотири ҷамъ, табъи шоди ман туӣ.

Хоки поят сурмаи чашмони ман,

Модарам, эй қиблаи имони ман.

Зинда бошӣ, дар ҷаҳонам, модарам,

Қувати дил, меҳрубонам, модарам.

Номи покат дар забонам, модарам.

Шаҳсутуни хонадонам, модарам.

Қуввати ҷону равони ман туӣ,

Каъбаи ман дар ҷаҳони ман туӣ.

Б. Борон

Супориш: 1. Ҳурмату эҳтироми модарро донистан барои мо чӣ аст? Бо ду ибора нависед (қарз аст, зарур аст).

2. Каъбаи мо кӣ будааст, то мо ба ў таъзим

(саҷда) орем. Бо як калима ҷавоб нависед.

ДУ ГУНОҲ

(Рўйнависӣ)

1

Баҳром дар синфи чорум мехонад. Баинтизому аълохон аст.

Вай одати ба мактаб нарафтан ё ба дарсҳо дер мондан надошт.

Ҳар саҳар баробари падару модар аз хоб мехест.

Баъди варзиш дасту рўяшро нағакак мешусту нонушта мекард. Либосҳояшро, ки шабона омода карда буд, пўшида, роҳи мактабро пеш мегирифт.

Падару модараш аз хонишу рафтори Баҳром хушнуд буданд.

Вале ин саҳар Баҳром аз мактабравӣ сар кашид.

Модар бисёр хоҳиш кард, баъд коҳишаш дод. Лекин

Баҳром аввал надоштани дафтар, сипас дарди сарашро баҳона овард. Модараш аз ин рафтори Баҳром асабиву малул шуда ба кор рафт. Ханда аз лабони додару хоҳараконаш гурехт. Онҳо ба якдигар ботааҷҷуб менигаристанд: Ба Баҳром чӣ шуда бошад?...

Супориш: 1. Дар матн сухан дар бораи кӣ меравад, номашро нависед ва ба савол ҷавоб шудан ва ба кадом ҳиссаи номии нутқ тааллуқ доштанашро муайян намоед.

2. Фикр кунед, ки дар байни шумо ҳам чунин писарон ё духтарон мисли Баҳром ҳастанд? Агар бошанд номашонро нависед.

АЗ КОР БАРГАШТАНИ ПАДАРИ БАҲРОМ

(Рўйнависӣ)

2

Ҳамин вақт падари Баҳром аз кори шабона баргашт. Вай хаста буд, истироҳат кардан мехост.

Аммо Баҳромро дар хона, назди телевизор дида ба ташвиш афтод.

-Чаро ба мактаб нарафтӣ, писарам? –пурсид ў.

-Сарам дард кард. Ба мактаб дер карда рафтам, муаллима ба синф роҳ надоданд. –ба зўр ҷавоб дод

Баҳром ва хост ба хонаи хоб гузарад.

Падараш Баҳромро боздошта, ба пешониаш даст расонд.

Баъд гуфт:

Ҳарорат надорӣ-кў!

Намедонам, паси сарам дард мекунад, -барои он, ки дурўғаш фош нашавад, рўй тофта, нолишкунон гуфт

Баҳром…

Супориш: 1. Матнро аз назар гузаронед ва баҳонаҷўии Баҳромро бо хатчаҳо ишора кунед.

2. Калимаи «нолишкунон»-ро маънидод кунед ва аз мазмуни он хулосаи зарурӣ бароред.

НАСИҲАТИ ПАДАР

Имло

3

Падараш бошад, ўро насиҳат кард:

-Ин корат нағз не, писарам, либосҳоятро тез мактаб бирав.

пўшу

-Дер шудааст, муаллима ҷанг мекунад, бачаҳо механданд,- баҳона овард Баҳром…

Падар аз дасти ў дошта, ба мактаб рафт. Ҳама ҷо ором буд. Дар синфхонаҳо дарс мегузашт. Падар дари синфро оҳиста кўфт. Муаллима дар як дсташ китоб ва дар дасти дигараш бўр аз синф баромад.

- Салом , муаллима,- оҳиста гуфт падар ва ранҷишомез илова кард:

- Муаллима узр, ки имрўз Баҳром ба дарс дер омадааст, лекин шумо ба синф роҳ надодед.

- Наход? Кӣ гуфт? Ман имрўз Баҳромро акнун мебинам! Хитоб кард муаллима ва бо табассум илова намуд: - Баҳромҷон, ту ин хел одат надоштӣ – ку. Нағз не, ҳам ба мактаб наомадию ҳам дурўғ гуфта , падаратро саргардон кардаӣ.

Супориш: 1. Матнро хонед ва ҷумлаҳоеро, ки дурўғгўйии Баҳромро фош мекунанд, ёбед ба зерашон хат кашед.

2. Мақоли «Дурўғгўй душмани Худо»-ро шарҳ диҳед.

ХИҶОЛАТ КАШИДАНИ БАҲРОМ

(Рўйбардор)

4

Ҳай, ҳай, ҳай. Ку, ба синф даро!

Баҳром аз хиҷолату шарм сар бардошта наметавонист. Ў гуноҳашро акнун фаҳмида буд, вале бефоида. Охир, падараш аз дурўғгўйии вай дар назди муаллима шармсор гашта, сурху сафед шуд.

Баҳром гунаҳкорона ба синф даромад. Падараш бори дигар аз муаллима узр пурсида, ба хона баргашт.

Вай аз рафтори нодурусти писараш сахт ранҷид. ..

Фиребгарию дурўғгўйӣ одамро ана ҳамин хел шармандаву шармсор мекунад.

Абдулҳамиди Самад

Супориш: 1. Ин пандро шарҳу эзоҳ диҳед: «Коре ки хато бошад, оварад пушаймонӣ».

2. Маънои калимаҳоеро, ки маънояшонро дар матн нафаҳмидед, навишта гиред ва аз шарикдарсон пурсед.

ЛУҒАТ:

Коҳиш-сарзаниш, таъна, маломат

Сипас-баъд, пас аз он

Хаста- монда шуда

Узр- бахшиш

ХОЛА ХУРСАНД ШУД

(Рўйнависӣ)

1

Зайнаб - хола баъд аз дарсҳо сатилу ҷорўб дар даст ба синфи 4 «А» даромаду ҳайрон шуд.

Наход имрўз дар ин ҷо дарс нашуда бошад-а? – аз дил мегузаронд ў.

Тозагии синфу мизҳо, оинаю тирезаҳо, лавҳи

(тахта)-и синф ўро шод карда буд.

Ҳоҷати оворагию рўфту рўб нест, қарор дод

Зайнаб хола.

Вай дари синфро оҳиста пўшида, ба синфи дигар гузашт. Рўзи дигар ҳам Зайнаб-хола синфи 4 «А»-ро чун дирўз озодаю покиза дид. Аммо вай нағз дар хотир дошт, ки имрўз дар ин ҷо дар ҳар ду баст дарс гузашта буд. Ин кори кӣ бошад-а – мепурсид ў худ аз худ…

Супориш 1. Муайян кунед, ки касби Зайнаб-хола дар мактаб чӣ буд, бо истифодаи як калима нависед

(фаррош)

2. Мақоли «Тозагӣ – гарави саломатӣ»-ро дар байни худ шарҳу эзоҳ диҳед.

САНҶИШ

Имло

2

Бегоҳии дигар Зайнаб-хола барвақттар ба кор омаду аввал ба синфи 4 «А» даромад. Лабони хола беихтиёр ба табассум моил шуданд. Ҷаннатой фаршҳою Дилбар оинаро бо латтаи тар пок мекарданду Саломат лавҳи синфро мешуст.

-Ин кори шумо будааст-дия,-гуфт Зайнабхола бо миннатдорӣ.

-Бале, кори мо, - гуфт Ҷаннатой пеш омада ,- мо қарор додем, ки доим синфамонро тозаю озода нигоҳ дорем. – Охир ин корро худи ман ҳам карда метавонам,- гуфт Зайнаб-хола.-мабодо шумо монда нашавед? – Магар кас аз озода нигоҳ доштани синф монда мешавад,-ҷавоб доданд духтарон. Хурсандии хола интиҳо надошт.

Супориш: 1. Муҳокимаи умум дар синф: Тозаю озода будани худи инсон чӣ маъно дорад?

2. Бо яке аз се замонҳои феъл (гузашта, ҳозира, оянда) ҷумла тартиб диҳед. Намуна: Хондани китоб ба кас ҳаловат мебахшад.

ЛАТИФАҲО

(Рўйнависӣ)

1

Афандиро хар гум шуда буд. Гирди шаҳр мегашт ва шукр мегуфт.

Гуфтанд:

- Шукр чаро мекунӣ?

Гуфт:

- Аз баҳри он ки ман ба хар нанишаста будам.

Вагарна ман низ имрўз чаҳорум рўз буд, ки гум шуда будам.

(Рўйбардор)

Шахсеро як киса динор ( пули тиллоӣ) гум шуда буд. Ў ба Қозӣ хабар кард. Қозӣ ҳамаи аҳли хонаводаи ўро талабид ва ба ҳар кас як чўбӣ дод.

Ҳамаи он чўбҳо ба дарозӣ баробар буданд ва гуфт:

- Ҳар кӣ дузд аст, чўби ў ба қадри як ангушт дароз хоҳад шуд. Чун ба ҳама рухсат кард, шахсе, ки

дуздида буд, тарсид ва чўби худро як ангушт тарошид

(кўтоҳ кард)

Рўзи дигар чун қозӣ ҳамаро талабид ва чўбҳо дид, маълум кард, ки дузд кист. Қозӣ динорро аз ў гирифт ва ҷазо дод.

Алии Баҳорӣ

Супориш: 1. Агар шумо боз латифаи дигаре донед, нақл кунед.

2. Оё тадбири Қозӣ дуруст баромад ё нодуруст.

Бо як калима нависед.

ИСКАНДАРКЎЛ

1

(Имло)

Ҷумҳурии офтобрўяамон манзараҳои аҷоибе дорад. Кўҳҳои сар ба фалак кашидаи осмонбўс ва обҳои шаффофу нуқратоби ҳаётбахш дорад.

Манзараҳои дилфиреб, табиати фораму дилкушои Тоҷикистон боби тамошою истироҳат мебошанд. Ҳар сол барои мактаббачагон дар доманаи кўҳҳои Варзобу Алмосӣ, Яврозу Харангон ва дигар ҷойҳо даҳҳо истироҳатгоҳҳо кушода мешавад.

Мактаббачагон дар ин гуна ҷойҳо истироҳат мекунанд.

Ба шаҳру деҳаҳои атроф ба сайру саёҳатҳо баромада, худро боз ҳам обутоб медиҳанд…

Супориш: 1. Шумо дар кадом истироҳатгоҳ истироҳат кардед? Бо ду калима нависед.

2. Ба зери исмҳои хос як хат ва феълҳо ду хат кашед.

САЙЁҲОНИ ҶАВОН

(Рўйнависӣ)

2

Дар бошишгоҳи сайёҳии ҷумҳуриявии

«Сайёҳони ҷавонон» ҳам аз бисёр гўшаву канори ҷумҳуриамон бачаҳо омада истироҳат мекунанд.

Ба наздикӣ онҳо ба Искандаркўл ба сафар баромаданд. Дар ҳақиқат Искандаркўл манзили сайру тамошо, истироҳату вақтхушӣ будааст.

Кўл дар байни кўҳҳои баланд воқеъ гардидааст ва оби он бисёр ҳам соф мебошад. Ба заврақҳо савор шуда сайр намудан боз ҳам хубтар аст.

Бачаҳо, шумо , ки калонтар шудед, албатта, ба ин кўли сеҳрангез сафар ва аз он дидан хоҳед кард.

Супориш: 1. Тобистони гузашта шумо дар кадом истироҳатгоҳ истироҳат кардед?

2. Боз номи кадом кўлҳои Ватанро медонед, нависед.

пешина
аз 32
навбатӣ