МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
ЧОРЯКИ 4
РЕЙТИНГИ 2
МАРҲИЛАИ 2
НИМСОЛАИ 2
СУРУДИ ЧЎПОН
(Рўйнависӣ)
Ин пуштаю саҳроҳо,
Ҷавлонгаҳи ман бошад.
Аз хаймаи ман осор,
Дар кўҳу даман бошад.
*
Гаҳ аз лаби дарё ман,
Пайваста сафар дорам.
Гаҳ аз ҷару гаҳ аз зов,
Бо рама гузар дорам.
*
Ҳар субҳи сафо хезам,
Хуршед ба бар гирам.
Лаб бар лаби най монам,
Савте зи ҷигар гирам.
*
Молам ба чаро хезад,
Бо савти навои ман.
Аз шабнами тар резад,
Гавҳар ба чарои ман.
*
Аз бўи алафзорон,
В-аз накҳати гулхорӣ.
Дар домани кўҳистон,
Сад нашъа бубардорӣ…
Ҳабибулло Файзулло
Супориш: 1. Калимаҳои «пушта», «хайма» ва
«зов»-ро шарҳ диҳед.
2. Бо калимаи «чўпон» ҷумла тартиб диҳед.
ЛУҒАТ:
Осор -нишона
Зов-дара
Нашъа-кайфият
Хайма- хонаи чўпон
Накҳат- бўйи хуш
ДАР ИНТЕРНАТ
(Рўйнависӣ)
1
Баъди рафтани Карим як бача бо фармони
Ҷаббор маро ба сартарошхона бурда, мўйи сарамро тарошид. Аз сартарошхона баргашта будам, ки мудири хоҷагии интернат ба ман як куртаи тозаи чит ва як шими сиёҳи нимдошт дод. Ман соате бо бачагони дигар дар ҳавз машғули оббозӣ шудам. Ва баъд либоси тоза пўшида, худамро сабуку хушҳол ва хушбахт ҳис кардам.
Ногаҳон як бача оҳани дарози ба девор овехташударо бо санг се-чор бор зад.
Бачагон бо шунидани садои ин «занг» давон- давон дар гирди мизи дарозе, ки ба кунҷи ҳавлӣ гузошта шуда буд, ҷой гирифтанд. ..
Супориш: 1. Аз матн аввал исмҳои хос, баъд феълҳоро муайян карда, онҳоро бо хатча ишора кунед.
2. Муайя кунед, ки «сартарошхона» аз чанд калима сохта шудааст.
ВОХУРӢ БО РАҲИМҶОН
(Имло)
2
Дар байни онҳо ман як шиноси худамро ёфтам, ки номаш Раҳимҷон буд: вай барои дидани хоҳари дар
Қизилтеппа истиқоматкунандааш боре ба он деҳа рафта буд. Ман ўро дар ҳамон ҷо дида шинос шуда будам. Вай ҳам маро шинохт, мо дар паси миз бо ҳам нишастем.
Ду бача аз ошхона бо косаҳои мисин мошкичирӣ оварда, ба пеши ҳар як бача як косагӣ гузоштанд.
Мошкичирӣ ба ман ончунон писанд омад, ки гумон кардам солҳои сол он гуна таоми бомаззаро нахўрдаам.
Сотим Улуғзода
Супориш: 1. Калимаҳои «Қизилтеппа» ва
«мошкичирӣ» аз дигар калимаҳо бо чӣ фарқ мекунанд, муайян кунед (аз ду калима сохта шудаанд).
2. Бо калимаи «шинос» ҷумла тартиб диҳед.
ДАРСЕ, КИ АЛӢ (а) БА МАРДУМ ОМЎХТ
(Имло)
1
Зару зевари дунё назди ҳазрати Алӣ алайҳиссалом қадру қимате надошт. Хўроку пўшоки
Алӣ ва ҳам хонаводааш бисёр одӣ буд. Алӣ (а) ҳатто, вақте ки халифаи мусулмонон буд, либосҳои гаронбаҳо намепўшид. Ҳеҷ кас наметавонист Алиро бо моли дунё гўл (фиреб кунад) бизанад.
Мегўянд, ки касе хоҳише аз Алӣ (а) дошт. Вай шабе дари хонаи Алиро мекўбад ва Алӣ (а) дарро боз мекунаду шахсеро мебинад, ки косаеро дар даст дорад.
Коса пури ҳалво буд, ки бо шакару гулоб пухта буданд.
Алӣ (а) ба ў мегўяд:...
Супориш: 1. Алӣ (а) зару зеварро оё меписандид?
2. Шахсе барои иҷрои хоҳишаш ба хонаи Алӣ (а) чӣ овард?
АЛӢ(А) РИШВА (ПОРАРО)-РО БА ХУД
НАМЕПИСАНДИД
(Имло)
2
- Агар ин коса аз закот ё садақа бошад, закоту садақа бар мо ҳаром аст!
- Он шахс посух медиҳад:
-На закоту на садақа аст, пешкаш мебошад.
-Алӣ (а) мегўяд:
- Оё ту мехоҳӣ бо ин корат маро шармсор бисозӣ?
Магар ту намедонӣ, ки ҳафт иқлими ҷаҳонро ба ман тақдим дорӣ ва аз ман бихоҳӣ, ки пўсти ҷаверо аз даҳони мўрчае бигирам, чунин кореро намекунам!
Дарсе, ки Алӣ (а) бо ин кораш ба мардум омўхт, ин буд: ва ба курсии раёсат менишинад, ҷуз ҳаққу ҳақиқат дигар чизеро набояд дар назар бигирад. Фақат бояд дар фикри нафъи мардум бошад.
Супориш: 1. Ба Алӣ (а) чӣ гуна хўрок ва пўшок писанд буд?
2. Ҷумлаи охири матнро хонед ва ба маънои он диққат диҳед.
ЛУҒАТ:
Гўл-фиреб
Закот -садақа
ПАНДҲОИ ҲАЗРАТИ МУҲАММАД (С)
(Имло)
Ҳеҷ суханчин ба мақсад нарасад.
Ҳар кас, ки бо ҳамсояаш бадӣ кунад, рўзи нек намебинад.
Гуфтори нарм пайвандгари дилҳо мебошад.
Танҳоӣ аз ҳамнишинӣ бо шахси бад беҳтар аст.
Накўӣ ва хушҳамсоягӣ хонаҳоро ободу умрҳоро дароз мекунад.
Ду бародар чун ду дастанд, яке дигареро мешўяд.
Ахлоқи хуш гуноҳро об мекунад, чунончӣ офтоб яхро.
Биҷўй илмро, агар дар Чин бошад.
Дастҳо се гуна аст: гиранда, диҳанда, нигоҳдоранда.
Аз ҳама беҳтар дасти диҳанда аст.
Се чизро Худо дўст медорад: кам гуфтан, кам хуфтан, кам хўрдан.
Се чизро Худо душман донад: пургўйӣ, пурхобӣ, пурхўрӣ.
Супориш: 1. Имлоро оромона хонед ва ба мазмуни он диққат диҳед.
2. Аз пандҳо маъқулашро шарҳ диҳед.
ЛУҒАТ:
Суханчин-хабаркаш
Шарр-бадӣ
Чин-Хитой
Хуфтан-хобидан
РУСТАМИ ДОСТОН
(Рўйнависӣ)
1
Аз Рустами достон –қаҳрамони номдори Ориёни куҳани мо, ки Абулқосим Фирдавсӣ – достонсарои
Хуросон дар «Шоҳнома»-аш дар бораи ў доди сухан додаст, ҳикоят мекунанд:
Рустам одат дошт ба ҳар манзил ва ҷойгоҳе мерасид ва ба чашмаш шодобу сарсабз менамуд, он ҷойро чарогоҳи хубе барои Рахшаш интихоб мекард.
Аз Рахшаш фуруд меомад ва ликом (лаҷом) аз сари он гирифта раҳо месохт, то дақоиқе (дақиқаҳое) Рахшаш дар он марғзор бичарад. Ва худаш аз ин, ки хаста ва монда мешавад, лаҷомро зери сар карда ба хоб мерафт, то лаҳзае биосояд…
Супориш: 1. Бачаҳо! Оё шумо боре ҳам аз касе номи Рустамро шунидаед? Бо як калима қайд кунед.
2. Рустам чигуна ҷойҳоро бо Рахшаш маъқул мешуморид.
ҒАЙБ ЗАДАНИ РАХШ
(Рўйнависӣ)
2
Мегўянд, ки Рустам дар яке аз водиҳои шодобу зебои Ҳиндукуш аз рахш фуруд омад ва онро ба чаридан гузошт. Худаш лаҷоми Рахшро зери сар карда, рўйи саҳрои бузурге ба хоб рафт.
Баъд аз чанд соат, ки аз хоб бедор шуд ва ба гирду навои хеш назар кард, аз Рахш асаре надид.
Якбора дар ташвиш шуда пайи ёфтани Рахш рафт.
Ҳарчанд ҷустуҷў кард, нишоне аз он наёфт. Дар ин мавқеъ ба марди тануманд ва бузургҷусса вохўрд ва аз вай ҷўёи Рахш гардид…
Супориш: 1. Матнро хонед, сабаби бо ҳарфи калон навишта шудани баъзе калимаҳоро муайян кунед. Намуна: мегўянд – сархат…
2. Дар матн калимаеро ёбед, ки дар он як ҳарфаш такрор шудааст.
ПАҲЛАВОНИ НОШИНОС
3
(Имло)
Паҳлавони мавсуф бо ҳайбат аз Рустам пурсид:
- Кистӣ, ки нишони Рахши Рустамро аз ман меҷўйӣ?
Аз ин, ки Рустам аз вай дар ҳарос (тарс) дошт ва худро чун мавҷуди кўчаке (хурдаке) дар баробари ў медид, аз муаррифии (шиносонидани) худ ба вай худдорӣ кард.
Тавре вонамуд (худро нишон дод) сохт, ки гўё аз ходимони Рустам аст ва Рустам ўро ба ҷустуҷўйи Рахш фиристодааст. Паҳлавон бо шунидани ин сухан аз забони Рустам бемуҳобот (бегуфтугўй) Рустамро ба як даст аз замин баланд карда бар сари шонаи хеш қарор дод. Бо дасти дигараш ба тарафе, ки Рахши Рустам он ҷо буд, ишора намуда гуфт:
- Рахши Рустам он ҷост!
Супориш: 1. Матнро аз назар гузаронида сабаби дар қавс гирифтани баъзе калимаҳоро фаҳмонед. Аз он ҷумла: (тарс)…
2. Ба ин савол ҷавоб ёбед: Чаро Рустами паҳлавон аз паҳлавони ношинос тарсид?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё