МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
НАҚША:
1.Сарватманд чӣ кори хато кард?
2.Хизматгор ба чӣ кори бад даст зад?
3.Бойи хасис аз гум шудани хиштҳои тиллояш ба чӣ ҳол афтод?
4.Оё сарватманд аз кори кардааш пушаймон нашуд?
5.Ҳамсояаш барои ором шудани бой чӣ маслиҳат дод?
ИСФАНДИЁР
Зардолуҳои бобом,
Номҳои хушрў доранд.
Мувофиқи номашон,
Рангу таъму бў доранд.
Сафедакаш мисли барф,
Моҳтобиаш чун моҳтоб.
Тўлакиаш чун набот,
Дар даҳон мешавад об.
Хўҷамираш чун асал,
Қандакаш пораи қанд.
Тагобиаш аз тагоб,
Хуҷандиаш аз Хуҷанд.
Бобои ман дар деҳа,
Боғбони номдор аст.
Номи пайванди наваш,
«Рўҳи Исфандиёр аст».
Кӣ бошад Исфандиёр?
Тобу тавони бобош!
Нури чашмони бобош!
Набераҷони бобош!
Гулназар Келдӣ
НАҚША:
1. Зардолуҳои бобо чӣ хел будаанд?
2. Зардолуҳои бобо чӣ ном доштаанд?
3. Пайванди нави бобо чӣ ном доштааст?
4. Зардолуҳои боғи шумо чӣ ном доранд?
5. Рўҳи Исфандиёр номи чӣ будааст?
ДАВОИ ДАРДҲО АСАЛ
Зи ширинӣ сухан гар рафт ҳар ҷо,
Асал ҳамвора меояд ба хотир.
Варо ҷамъ оварад занбўр аз гул,
Ба сони ҳарфҳои шеъри шоир.
Шифо дорад, шифояш беназир аст,
Ба дарди силу тарбод аст дору.
Асабро нарм бинамояд ба бўяш,
Ба сони қалби гарму нарми ору.
Саид Абдулло
Супориш: Калимаҳоро навишта гиред:
ЛУҒАТ:
Ба сони - ба мисли
Варо - вайро
Ҳарфҳо – суханҳо
НАҚША:
1. Занбўрҳо асалро аз чӣ ҷамъ мекунанд?
2. Асал хўрдан барои одам чӣ аҳамият дорад?
3. Асал ба кадом дард давост?
4. Шумо занбўрҳои асалро эҳтиёт мекунед?
МАКТАБ
Мактаб ҷоест, ки барои фоидаи мо бино кардаанд. Ҷои ёд гирифтани илм мактаб аст.. Ҷои ёд гирифтани одоб мактаб аст.
Бисёр ба моён лозим аст, ки мактабро дўст дорем. Ҳурмати мактабро нигоҳ дорем. Дар мактаб беодобӣ накунем. Асло аз мактаб нагурезем.
Рубоӣ:
Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.
Як нуктаи мухтасар зи мактаб гўям:
Одам нашавад касе, магар аз мактаб.
Садриддин Айнӣ
ЛУҒАТ:
Тааб - азоб
Супориш: Калима ва ибораҳо барои ба лавҳа навиштан: Бино карданд, одоб, мактабро дўст дорем, беодобӣ накунем, аз мактаб нагурезем.
НАҚША:
1. Мактабро барои чӣ месозанд?
2. Илмро дар куҷо ёд мегиранд?
3. Одобро дар куҷо меомўзанд?
4. Мактабро бояд чӣ кор кунем?
ДАРАХТИ САРСАБЗ
Ман дарахти сарсабзам,
Метапад дилу набзам,
Мисли инсон ҷон дорам,
Хоҳишу армон дорам.
Ман ҳам ҷузъи заминам
Зебову нозанинам.
Насрину ёсаминам.
Чун ёри маҳҷабинам,
Дар сояам нишинед,
Гармо шавад, эминед.
Хар ки кунад бониам,
Бувад дўсти ҷониам.
Қасд кунад канданам,
Яқин бувад душманам.
Набуретон шохамро,
Наканед пўстлохамро.
Обам диҳед тобистон,
Ғизо диҳед зимистон.
Гул мекунам баҳорон,
Ҳосил диҳам фаровон,
Бозор Борон
НАҚША:
1. Оё дарахти сабз ҷон дорад?
2. Дарахт ба мо чӣ мегўяд?
3. Дарахт аз чӣ ғизо мегирад?
4. Обро аз куҷо мехўрад?
5. Оё дарахти сабзро буридан мумкин аст?
6. Дарахти хушкро чӣ?
2. НАҚЛИ ХАТТИИ МУХТАСАР
ДАЛЕЛИ ДУРУСТ
(Латифа)
Мулло Насриддин ду сабад ангур ба хараш бор карда, ба шаҳр меомад. Ҷавонҳои маҳал пеши ўро гирифта гуфтанд: «Мулло, ба мо ангур намедиҳӣ?»
Мулло онҳоро аз назар гузаронида дид. Агар ба ҳар кадом як хуша бидиҳад, чизе боқӣ намемонад.
Бинобар ин як хўша берун оварда ба ҳар як ду дона дода гуфт:
Чун мақсад чашидан аст, маззаи як дона бо як хўшаи ангур баробар аст. Байни каму зиёди онҳо фарқе нест.
НАҚША:
1. Мулло Насриддин ба куҷо меомад?-
2. Мулло бо киҳо вохўрд ва онҳо чӣ хоҳиш карданд?
3. Насриддин чӣ фикр кард ва ба бачаҳо чӣ гуфт ?
4.Фарқи як дона ангурро аз як хуша шумо чӣ хел мефаҳмед?
ҲАР ЧИ ДАР КИТОБ ДИД, БА ИСБОТ РАСИД
(Латифа)
Шахсе дар китобе хонд, ҳар кӣ сари хурд дорад ва риши дароз, аҳмақ мебошад. Он шахс сари хурд дошт ва риши бисёр дароз. Ба худ гуфт, ки: «Сарро калон карда наметавонам, лекин ришро кўтоҳ хоҳам кард.
Миқроз (қайчӣ) кофт, наёфт. Ночор нимаи ришро дар даст гирифт ва нимеро ба назди чароғ бурд.
Чун мўйҳои ришро дар оташ гирифт, шўълае бар дасти ў расид. Ҳамчунин ришро фаро гирифт. Ҳама риши ў сўхта шуд.
Он шахс бисёр шарманда гардид. Ба сабаби он ки ҳар чӣ дар китоб хонда буд, исбот гардид.
Аз «Ҳикояҳои латиф»
НАҚША:
1. Шахсе дар китоб чиро хонд?
2. Баъд аз қайчӣ наёфтан он мард чӣ кор кард?
3. Аз чӣ сабаб он шахс шарманда гардид?
ОДАМИ БОАҚЛ ВА СОҲИБИ БАХТИ БАЛАНД
1
Дар дунё бахтиёр он касе аст, ки соҳиби илм , дониш бошад. Ақалан хонда, навишта тавонад. Одами оқил боинсоф ва соҳиби хулқу ҳуш мешавад.
Ба ҳеҷ кор ё кас хиёнат намекунад. Ба ҷамъи мардум ва ҳатто ба ҳайвонҳо некӣ мекунад.
Ҳеҷ касро озор намедиҳад. Бар мардум зарар ва заҳмат намерасонад. Ба моли мардум хиёнат намекунад…
Садриддин Айнӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё