МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
МАТНҲО БАРОИ ГУЗАРОНИДАНИ НАҚЛҲОИ ХАТТӢ ВА ИНШО ДАР СИНФҲОИ 2 – 4
ЧОРЯКҲОИ (РЕЙТИНГҲОИ) 1 – 2 ВА 3-4
СИНФИ ДУЮМ
1. НАҚЛИ ХАТТИИ МУФАССАЛ
НАМОЗХОНИИ АФАНДӢ
(Латифа)
Афандӣ дар вақти таҳорат об камӣ карда, як пояш ношуста монд. Вақте ки вай ба масҷид даромад, ҳамон пои ношустаашро аз замин қариб ним метр бардошта истода намоз хонд. Баъд аз намоз имом хоҳиш карда пурсид:
-Афандӣ, - ин чӣ гуна намозхонӣ?
- Ин намозхонии касест, ки як пояш бетаҳорат мондааст.
ЛУҒАТ:
Масҷид - ҷойи намозхонӣ
Метр -100 сантиметр
Имом - пешдарои намоз дар масҷид ё ҷаноза.
НАҚШАИ НАҚЛИ ХАТТӢ:
1. Шумо номи Афандиро боре шунидаед?
2. Чаро Афандӣ намозро якпоя хонд?
3. Имоми масҷид Афандиро чаро коҳиш кард?
4. Афандӣ чӣ ҷавоб дод?
ДАРАХТИ СЕБ ВА АНОР
Як дарахти себ ва анор дар ҳамсоягӣ бо ҳам сабз шуда буданд. Рўзе байни анору себ ҷанҷол шуд. Ҳар кадоми он мегуфт, ки ман аз ту зеботарам. Дар наздикии онҳо буттаи хоре буд. Ҷанҷоли онҳоро шунида бо қаҳру ғазаб гуфт:
-Чӣ ҷанҷол мекунед, ки ман аз ҳар дуи шумо зеботарам.
Луқмони Ҳаким
НАҚША:
1. Дар ҳамсоягӣ чиҳо сабз шуда буданд?
2. Рўзе байни чиҳо ҷанҷол шуд?
3. Онҳо бо ҳамдигар чӣ даъво карданд?
4. Хор ба ҳар дуи онҳо чӣ гуфт?
БАЧАИ ТАРБИЯДИДА
Ҳар бача, ки тарбият дида бошад, бисёр боодоб мешавад. Хўроку пўшокашро покиза медорад. Аз таом хўрдан пеш ва ҳам пас дасташро мешўяд. Нохуни дасту пояш ҳамеша гирифтагӣ мебошад. Либосашро чиркин намекунад. Эҳтиёт карда мепўшад, ба чангу хок олуда намекунад. Ҳама вақт боодоб гап мезанад. Асло дурўғ намегўяд. Ҳамеша ростқавл мебошад.
Садриддин Айнӣ
НАҚША:
1. Бачаи тарбиядида киро мегўянд?
2. Хўроку пўшокашро бача бояд чӣ гуна нигоҳ дорад?
3. Нохунҳои дасту пояшро чӣ гуна нигоҳубин кунад?
4. Либосашро чӣ намекунад?
5. Ҳамеша бачаи чигуна аст?
МОР ВА ДЕҲҚОН
(Афсона)
Море дар хунукии сахти зимистон чунон ях баста буд, ки маҷоли роҳравӣ надошт. Деҳқон тасодуфан бо мор дучор шуд. Деҳқони дилсўз ба мори яхкарда раҳмаш омад ва онро гирифта ба бағалаш гузошт.
Мор аз таъсири гармии бадани деҳқон ба ҳуш омада ўро газид. Деҳқон дар лаҳзаи охирини ҷонканӣ чунин васият кард:
- Воқеъан ҷазои худро ёфтам, вале ба Худо қасам, ки набояд ба чунин махлуқ раҳм кард.
НАҚША:
1. Мор аз хунукии сахт чӣ шуда буд?
2. Деҳқони раҳмдил чӣ кори хато кард?
3. Мор ба некии деҳқон чӣ ҷавоб дод?
4. Деҳқон дар ҳолати ҷонканӣ чӣ васият кард?
ХОНАИ САГ
(Афсона)
Саге дар зимистон он қадар ба худ мепечид, то худро аз хунукӣ муҳофизат кунад. Ба фикри он шуд, ки то барои худ хонае бисозад, ақаллан бо пойҳои дарози худ бихобад. Вале ҳамин ки тобистон шуд, саг тавонист бо пойҳои дароз дар ҳар ҷо бихобад. Сохтани хонаро ғайри зарурӣ донист.
Ҳамон аст, ки ҳар зимистон сагҳо азоб мекашанд, вале дар тобистон боз фаромўш мекунанд, ба худ хона бисозанд.
НАҚША:
1. Саг дар зимистон аз чӣ азоб мекашид? 2. Ў дар назди худ чӣ қарор дод?
3. Вақте ки зимистон гузашту тобистон омад, саг чиро фаромўш кард?
4. Оё сагҳо барои худ хона сохта метавонанд?
5. Кӣ барои онҳо бояд хонача бисозад?
ПАДАРУ МОДАР
1
Падару модарро иззат кардан, онҳоро бисёр бузургу калон донистан, аз гуфтаҳои онҳо набаромадан, суханашонро рад накардан, ҳамеша дар ҳама кор ризои онҳоро ҷустан ба ҳама лозим аст.
Падару модар дар тарбияи мо бисёр азобҳо кашиданд. Ба хуни ҷигар парвариш намуда калон карданд. Ба синни ҳафтсолагӣ ба мактаб фиристоданд.
Ҳоло мо дар мактаб мехонем, ҳеҷ ғам надорем…
Садриддин Айнӣ
НАҚША:
1. Падару модарро иззату ҳурмат кардан.
2. Оё аз гуфтаҳои онҳо берун баромадан мумкин аст?
3. Падару модар дар тарбияи мо чиҳо кашидаанд? фиристоданд? чандум мехонем?
4. Аз синни чандсолагӣ онҳо моро ба мактаб
5. Мо ҳоло ба чӣ кор машғулем ва дар синфи
ПАДАРУ МОДАР
2
Хўроку пўшоки моро онҳо тайёр мекунанд.
Акнун моёнро лозим аст, ки қадри падару модарро донем. Онҳоро бисёр иззат кунем. Бе иҷозати онҳо ҳеҷ корро накунем. Агар ба коре иҷозат надиҳанд, «ҷавоб диҳед»,- гуфта талаб накунем. Зеро ки ҳама кори нағзу бадро ҳоло намедонем, онҳо медонанд. Ба ҳар коре, ки онҳо ҷавоб надиҳанд, албатта, зарарнок аст.
Садриддин Айнӣ
НАҚША:
1. Хўроку пўшоки моро киҳо тайёр мекунанд?
2. Акнун, бояд ки мо чӣ кор кунем?
3. Агар ба иҷрои коре онҳо иҷозат надиҳанд чӣ?
4. Ҳа, ҳоло мо кори нағзу бадро он қадар намедонем.
Эзоҳ: Матнҳои назмӣ на барои нақли хаттӣ, балки барои нақшаи нақли хаттӣ истифода мешаванд.
ДАР РЎЗИ БАРФ
Зарра – зарра барф борад аз ҳаво,
Медурахшад барф бар дидаҳо.
Села - села чун кабўтарҳои сулҳ,
Мебиёянд аз ҳаво пешу қафо.
*
Барф бар болои бому дар нишаст,
Дар сари шоху лаби ҷў шуша баст.
Бар тамоми боғу роғи кўҳу дашт,
Ҷомаҳои оҳарӣ овардааст.
*
Мурғи кўҳӣ аз барои дону ҷо
Мефарояд аз баландӣ беибо.
Монда ризқаш зери барфи нуқрагун,
Манзили нав мегирад аз деҳи мо.
*
Мурғакон меҳмони хушхони мананд,
Дар таги долону айвони мананд.
Ман ба онҳо донаву ҷо медиҳам,
Мурғакон илҳоми ҷўшони мананд.
ЛУҒАТ:
Беибо – нотарсона, натарсида
Манзил - хона
Нуқрагун – монанди нуқра, мисли нуқра
НАҚША:
1. Барф чигуна меборид?
2. Кабўтарҳои сулҳ чӣ маъно доранд ва онҳо ба чӣ монанд карда шудаанд?
3. Мурғи кўҳӣ аз зери барф чӣ кофта ёфта мехўрад?
4. Шоир барои чӣ мурғаконро хушхон номидааст?
БАРОДАР ВА ХОҲАР
Падаре як писар ва як духтар дошт. Писар хеле зебо, вале духтараш зишту бадрўй буд. Рўзе дар вақти бозии тифлона (кўдакона) назарашон ба оина афтод.
Оина дар рўйи мизи модарашон гузошта шуда буд.
Писар аз дидани зебоии худ хурсанд шуд ва худро таъриф кард. Вале духтар ҳайрон шуда, назди падари худ шикоят карда гуфт, ки бародараш ба чизе ифтихор мекунад, ки бояд духтарҳо бо он ифтихор кунанд.
Падараш ҳар дуро ба оғўш кашида, насиҳат карда гуфт. «Хоҳиш мекунам, шумо ҳар рўз ба оина нигоҳ кунед.
Ту, эй писарам, бикўш то хубӣ ва зебоии чеҳраи
(рўи) худро бо кору рафтори нек беҳтар ва хубтар бисозӣ!»
Ту «эй духтарам, кўшиш кун бо некўӣ ва эҳсони хуби ботинӣ худро матлубу мақбул гардонӣ».
Луқмони Ҳаким
НАҚША:
1. Бародару хоҳар дар вақти бозӣ ба чӣ нигоҳ карданд?
2. Писар худро чӣ таъриф кард?
3. Духтар ба падар аз чӣ шикоят кард?
4. Падар ба писару духтараш чӣ маслиҳат дод?
5. Шумо ба рафтори писар чӣ баҳо медиҳед?
6. Бачаҳо! Оё шумо ҳам мисли ҳамон писар рафтор мекунед?
7. Одам бояд худро бо чӣ таъриф кунад?
БОЙИ ХАСИС
(Ҳикоя)
Бойе тамоми бойигарии худро фурўхта, ба ивази онҳо хиштҳои тилло харид. Хиштҳои тиллоиро дар наздики девори кўҳнае гўр кард.
Сарватманд ҳар рўз мерафт ва онҳоро хабар мегирифт, то касе тиллоҳоро нагирад.
Яке аз хизматгор аз ҳаракатҳои ў огоҳ гардид.
Рўзи дигар хизматгор рафт, заминро канд ва хиштҳои тиллоиро дуздида гурехт. Марди бой аз ин ҳодиса огоҳ шуд ва фаҳмид, ки хазинаашро дузд бурдааст. Вай ба гиряю фиғон сар кард ва мўйҳои худро меканд ва ба сару рўйи худ мезад. Яке аз ҳамсояҳояш бетобии ўро дида насиҳаткунон гуфт:
- Ин қадар ғаму андуҳро ба худ роҳ мадеҳ. Бирав чанд дона сангро дар ҳамон ҷо дафн кун ва тасаввур кун, ки ҳамон хиштҳои тиллост. Барои пинҳон кардан чӣ сангу чӣ зар!
ЛУҒАТ:
Ба ивази – ба ҷойи
Дафн кун - бигўрон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё