Зеҳн
МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.

Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

ОДАМУ ОДАМГАРӢ

АСРОР

1

Мамлакату Салима ҳеҷ муросо намекарданд.

Яке роҳи назди ҳавлиро мерўфту хокрўбаро дар назди дари ҳавлии дугонааш ҷамъ карда мемонд. Дигаре низ ҳамчунин мекард.

–Чаро ту хокрўбаро намегирӣ?-меранҷид

Мамлакат.

–Худи ту чаро хокрўбаро ба тарафи ман мерўбӣ?-мегуфт Салима.

– Ман ба ҷойи дигарон кор намекунам.

Чанде мегузашту духтарҳо баҳсу мунозираро фаромўш карда, оштӣ шуда ҳамроҳ бозӣ мекарданд.

Боре Мамлакату Салима банди таънаю маломати ҳамдигар буданд, ки баҳсашонро дугонаашон Карима шунид. Аммо шарик нашуд. Ҳатто худро ба дугонаҳояш нишон надод. Қарор дод, ки то рўзи дигар мунтазир шавад.

Пагоҳӣ аз дарвоза аввал Салима баромад.

Баромаду ҳайрон шуд ва ҷорўб аз дасташ афтид: роҳи назди ҳавлиро касе рўфта хокрўбаро гирифтааст. Ҳатто об задааст. «Мамлакат ғайрат кардааст» -аз дил гузаронд Салима ва ба хона даромад.

Сонӣ Мамлакат ба кўча баромад. Вай ҳам тааҷҷуб кард. Афсўс хўрд, ки чаро худи ў пештар аз хоб барвақт нахесту ин ҷоро рўфта об назад…

НАҚША:

1. Чаро дугонаҳо бо ҳам муросо намекарданд?

2. Каримаи боақл чиро мушоҳида кард?

3. Салима аз чӣ ҳайрон шуд?

4. Одамгарии Каримаро чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст?

5. Ҳоло ҳам касе намедонад, кўчаро кӣ аввал рўфтааст?

ДУХТАРИ БОАҚЛ

2

Пас аз нонушта дугонаҳо бо ҳам вохўрданд.

Ташаккур Мамлакат!...

Аммо Ммлакат гапи Салимаро бурида саросема гуфт:

– Акнун ба навбат мерўбем. Пагоҳ навбати ман аст.

– Чаро навбати ту будааст? Пагоҳ ман мерўбам!- эътироз кард Салима. Вай тайёр буд, ки худи ҳозир ба кор сар кунад.

– Охир, ту имрўз рўфтӣ,-гуфт ғамхорона

Мамлакат.

– Гуфтам-ку бо навбат мерўбем.

– Ту ин қадар айёр? Ду рўз паси ҳам тоза карданӣ ҳастӣ?

Ин хел намешавад.

Ин вақт Карима назди онҳо омад.

– Биёед, секаса мерўбем,- таклиф кард ў.

Рост, чаро тақсим кунед, вақте ки секаса рўфтан осонтар аст! – хурсанд шуданд дугонаҳо ва қарсак заданд.

Пас ҳар се шоду мамнун машғули бозӣ шуданд.

Мамлакату Салима то ҳол намедонанд, ки пайроҳаро аввалин шуда кӣ рўфта буд? Ин аст асрор

(сир) байни дугонаҳои меҳрубон.

НАҚША:

1. Пас аз нонушта дугонаҳо чӣ кор карданд?

2. Дар байни дугонаҳо чаро баҳс барпо шуд?

3. Магар Карима наметавонист, ки ба дугонаҳо сиррашро ошкор кунад?

4. Одамгарии Каримаро чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст?

НАҚЛИ ХАТТӢ ДОИР БА МАЗМУНИ МАТНРО

МУХТАСАР КАРДА НАВИШТАН

БА МЎЙСАФЕДОН (ПИРОН) ЁРӢ БОЯД ДОД!

1

Боре аз шаҳр ба хона бармегаштам. Ба мусофиркаши Душанбе-Алмосӣ савор шудаму дар истгоҳи охирин фуромадам. Дар сояи сари роҳ ҳамроҳи як гурўҳ одамон мунтазири мусофиркаши дигар нишастам.

Ногоҳ як мошин пур аз ангишт омада дуртар аз мо дар назди ҳавлие истод. Ронанда соҳиби ҳавлиро ҷеғ зад. Пас аз фурсате аз дари ҳавлӣ як мўйсафед лагон- лангон баромад. Вай бо як даст дасти дигарашро , ки аз афташ гирифтори касалии фалаҷ буду ларзида меистод, маҳкам медошт. Ронанда баъди вохўрӣ ангиштро дар ҷойи нишондодаи ў рехта, баргашта рафт.

Мўйсафед як ба сўйи мо нигоҳ карду ба ҳавлиаш даромад.

Бъди чанде тағйири либос карда, дар як дасташ сатил ларзон-ларзон берун баромад.

Бечора мўйсафед …- ба гап даромад яке аз муофирон- фарзанд надорад.

Тақдири шумро бинед, ки ҳамсараш ҳам ду сол пеш аз дунё гузашт. Илова бар ин мўйсафед бемор аст.

Як дасту пояш ўро азоб медиҳад. ..

НАҚША:

1. Мўйсафед чӣ аҳвол доштааст?

2. Мошин ба ҳавлии мўйсафед чиро мерезад?

3. Яке аз мусофирон дар бораи мўйсафед чӣ нақл кард?

М ЎЙСАФЕД ЧАРО ГИРИСТ?

2

Мўйсафед бо як дасташ ангиштро ба сатил андохта, лангон-лангон ду сатил дароварду дид, ки барои даровардани ҳамаи он қувваташ намерасад. Ба назди як гурўҳ бачагон, ки машғули бозӣ буданд, омад.

Ман аввал суханони мўйсафедро нашунидам…

Овози бачае ба гўшам расид, ки мегуфт:

– Бобо, мо дар хонаи худамон кор намекунем, кори шуморо кунем?

Бачаҳои дигар мўйсафедро масхаракунон баланд-баланд механдиданд.

Бобо, зўратон нарасад, мардикор киро кунед,- гуфт бачаи дигаре.

Мўйсафед зуд аз кисааш як панҷоҳсўмаро бароварда:

– Ана, писаронам, ҳаққи меҳнататонро гиред,- гуфт.

Бобо, ба пулатон чой харида хўред, мо мардикор не, монед, моро гаранг накунед, - гуфт яке аз бачаҳо.

Ман дидам, пирамард аз рафтори бачаҳо хеле озурда шуда, чашмонаш пур аз ашк шуданд. Дигар тоқат карда натавониста ба назди мўйсафед омадам.

– Бобоҷон, парво накунед, ҳоло барвақт, то омадани мусофиркаши охирин ман ангиштатонро медарорам, гуфта белу сатилро аз дасташ гирифтам.

Нав ду сатил ангишт дароварда будам, ки ҳамаи одамони дар сояи чинор нишаста ба ёрдам омаданд.

Баъди ним соат корро тамом кардем. Пирамард аз шодӣ ба куртааш намеғунҷид.

НАҚША:

1. Чаро бачагон марди пирро масхара мекарданд?

2. Оё рафтори онҳо хуб буд?

3. Чаро мусофирбача ба мўйсафед ёрӣ дод?

4. Ба одамони пир ёрӣ расондан кори савоб аст.

ТАНҲОХЎР

1

Соати аввали дарс тамом шуд. Собирҷон ба берун набаромада, аз ҷояш намеҷунбид. Ҳаммизаш

Оқилҷон ҳам дар синф монда, китобчаи нави худро мехонд.

«Агар ба ў надиҳам, чашмгушна мегўяд. Диҳам, он гоҳ дигарон ҳама мепурсанду худам ҳам сер намешавам».

Дар танаффуси дигар ҳам илоҷи хўрдани кулчаҳо нашуд. Ҳарчанд Собирҷон номаълумакак кисаҳояшро аз кулчаву мавиз пур карда, берун баромада бошад ҳам, ҳамсинфонаш Расулу Акрам аз ў дур намешуданд. Онҳо бо ҷону ҳоли Собирҷон намонда ба бозӣ таклиф карданд.

Собирҷон розӣ нашуд. Охир бо шиками гурусна чӣ хел бозӣ кардан мумкин?...

Ман ҳозир кулчаҳоямро хўрам ,- аз дил гузаронд

Собирҷон , -Оқил ҳам ба ман ҳамроҳ мешавад…

НАҚША:

1. Собирҷон дар мактаб чӣ фикр кард?

2. Чаро ў илоҷи хўрдани мавизу кулчаҳоро наёфт?

3. Шумо ба рафтори Собирҷон чӣ баҳо медиҳед?

ОҚИБАТИ ТАНҲОХЎРӢ

2

Худаш то вақти мактабравӣ ба бозӣ андармон шуда, дер монда омад. Барои гурусна намондан модараш ба ҷузвдони ў кулчаву мавиз андохт, ки вақти танаффус хўрад.

Онҳо бо баҳсу мунозира машғул буданд, ки занги даромад зада шуд.

Пас аз дарси сеюм бошад, ҳамсинфон ба саҳни мактаб баромада бозӣ ташкил карданд.

Хулоса, то охири дарс Собирҷон хеле гурусна монда, бо рангу рўйи канда ба хона омад. Ин аҳволи ўро модараш дида, ба таҳлуқа афтод.

– Ҳа писарам , ба ту чӣ шуд? Мабодо касал нашудӣ?

– Не, - беҳолона гуфт собирҷон.

Чашми модар ба лабҳои хушкидаи писараш афтоду аз таги гап пай бурд ва масллиҳатомез гуфт:

– Ин корат нағз не , писарам. Ман кулчаву мавизро бисёртар додам, ки бо ҷўраҳоят хўрӣ, ту бошӣ…

Бахтиёр Ҷумъаев

НАҚША:

1. Модараш барои хўрдан ба ҷузвдони писараш чиҳо гузошта буд?

2. Собирҷон чаро дар мактаб ба хўрдани кулчаҳо фурсат наёфт?

3. Шумо ба рафтори Собирчон чӣ баҳо медиҳед?

пешина
аз 32
навбатӣ