Зеҳн
МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.

Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

ДАР ХОНАИ БАЧАҲО

Баъди рафтани Карим як бача бо фармони

Ҷаббор маро ба сартарошхона бурда, мўйи сарамро таршид. Аз сартарошхона баромада будам, ки мудири хоҷагии интернат ба ман як куртаи тозаи чит ва як шими сиёҳи нимдошт дод. Ман соате бо бачагони дигар дар ҳавз машғули оббозӣ шудам ва баъд либоси

тоза пўшида, худамро сабук, хушҳол ва хушбахт ҳис кардам.

Ногаҳон як бача оҳани дарози ба девор овехташударо бо санг се-чор бор зад. Бачагон бо шунидани садои ин «занг» давон-давон дар гирди мизи дарозе, ки ба кунҷи мизи ҳавлӣ гузошта шуда буд, ҷой гирифтанд. Дар байни онҳо ман як шиноси худамро ёфтам, ки номаш Раҳимҷон буд: вай барои дидани хоҳараш дар Қизилтеппа истиқоматкунандааш боре ба он деҳа рафта буд ва ман ўро дар ҳамон ҷо дида шинос шуда будам.

НАҚША:

1. Карим ба Ҷаббор чӣ маслиҳат додааст?

2. Мудири хоҷагии интернат ба писарча чиҳо медиҳад?

3. Баъд аз садои занг бачаҳо ба куҷо ҷамъ шуданд ва писарча бо кӣ вохўрд?

ШОИСТАИ ДАСТЁР

Шоиста монанди ҳаррўза барвақт аз хоб хест.

Ҷойгаҳашро ба тартиб оварду зуд берун баромад.

Аввал шустушўй кард. Баъд ҷорўбро ба даст гирифта, айвонро рўфт. Болои хонтахтаро пок кард, ба атрофаш кўрпача андохт.

Модараш хўрок пўхт. Акнун мехост чой дам кунад.

– Очаҷон, чойро ман дам мекунам,- гуфт

Шоиста.

– Ту чой дам карда метавонӣ? – ҳайрон шуд модараш.

– Ҳа, Мавлуда метавонад,- ку?- гуфт Шоиста.

– Мабодо чойникро наафтонӣ ? – гуфт модараш.

– Не намеафтонам. Ман акнун калон шудагӣ! – хурсандона гуфт Шоиста.

Шоиста чой дам карда, чойникро ба болои хонтахта оварду бо сачоқ пўшонда монд.

Модар ба айвон омада ҳайрон шуд:

– Дастархонро кӣ андохт? - пурсид ў.

– Ман, - гуфт Шоиста.

Модар аз хурсандӣ Шоистаро ба оғўш кашиду бўсид.

НАҚША:

1. Шоиста аз хоби саҳар чӣ тавр мехест?

2. Баъд аз хоби саҳар хестан чӣ кор мекард?

3. Шоистаро барои чӣ дастёр меномиданд?

ҲАСАН – ШИНОВАР

Ҳасан – писари Ятими оббоз марди қоматбаланди тануманд буд. Дастони бақувват ва бозувони мустаҳкам дошт. Дар вақти аз об баромадан ҷисми аз хунукӣ кабуд гардидаи вай кўҳпораи мармаринеро ба ёд меовард. Чашмони чуқури гўсфандӣ, абрўвони ғафс, ки қариб пеши чашмонашро пўшонда буданд, бинии теғадори ба мисли минқори уқоби шикорӣ саҳл ба пеш хам шуда дошт. Бо мўйлаби чун дастаи шамшер ғафс ва риши сиёҳи калтааш дар назари аввал хеле одами хашмгин ва воҳиманок менамуд. Лекин дар асл ин тавр набуд.

Вай шахси камгапи раҳмдил ва одами беозор буд. Бо хурду калон як хел муомила мекард.

НАҚША:

1. Ҳасан- шиновар писари кӣ будааст?

2. Ҳангоми аз оббозӣ баромадан ҷисмаш ба чӣ монанд мешудааст?

3. Вай чӣ хел шахс будааст?

ПОДШОҲ ВА ШОҲИН

1

Як подшоҳ шоҳини дўстдоштаашро аз паси харгўш сар дода, асп тозонд. Шоҳин харгўшро ба чангол даровард. Подшоҳ харгўшро аз чанголи шоҳин гирифт.

Ташнагиашро шикастанӣ шуда дар ҷустуҷўи об шуд.

Подшоҳ дид, ки аз балндие об мечакад. Ў косаро аз пушти зин гирифта ба таги об дошт. Об чакра-чакра мечакид ва ҳангоме ки коса аз об пур шуд, подшоҳ онро ба даҳон наздик бурда, нўшиданӣ буд. Шоҳин, ки дар руйи дасти подшоҳ нишаста буд, бол афшонд ва косаи обро чаппа кард.

Подшоҳ боз косаро зери об дошт. То дами пур шудани коса хеле нигоҳ карда истод ва боз косаро ба даҳон наздик бурданӣ буд, шоҳин бол афшонда обро резонд…

НАҚША:

1. Подшоҳ шоҳини худро ба куҷо бурд?

2. Шоҳин ба подшоҳ чиро шикор карда овард?

3. Баъд подшоҳ чӣ хост ва Шоҳин косаи обро чӣ кор кард?

ПУШАЙМОНИИ ШОҲ

2

Бори сеюм ҳам, вақте ки подшоҳ косаро аз об пур карда ба даҳон наздик мебурд, шоҳин обро зада резонд. Подшоҳ оташин шуд ва шоҳинро бо тамоми қувват ба санг зада кушт. Дар ин асно хизматгорони шоҳ расида омаданд ва яке аз онҳо ба боло ба сари чашма давид, ки зиёдтар об ёбаду косаро аз он тезтар пур кунад. Лекин хизматгор об наовард, косаи холӣ дар даст баргашта гуфт: «Аз ин об нўшидан мумкин нест, дар даруни он море гашта истодааст, заҳрашро ба об сар додааст. Нағз, ки шоҳин косаи обро чаппа кард.

Агар шоҳам аз об менўшидӣ , ҳалок мешудӣ!

Подшоҳ аз кори кардааш пушаймон шуда гуфт:

«Ба шоҳин ҷазои сахт додам, вай ҷони маро раҳонд, ман ўро куштам».

Аз китоби «Чиҳил тўтӣ»

НАҚША:

1. Чаро шоҳин шоҳро об нўшиданӣ намонд?

2. Шоҳ нисбат ба шоҳин аз чӣ дар ғазаб шуд?

3.Подшоҳ чаро аз куштани шоҳин пушаймон шуд?

МЎЗАҲОИ ДОНО

(Афсона)

1

Ҷангалбоне мўзаҳое дошт. Мўзаҳояш хеле доно буд!

Боре ҷангалбон ба хонааш бармегашт. Аз наздаш дуроҳае баромад: яке аз роҳҳо ба тарафи рост, дигаре ба тарафи чап мебурд. Бо кадоми ин роҳҳо ба хонааш равад?

Ҷангалбон қарор дод, ки бо роҳи дасти рост ба хонааш равад. Акнун ба тарафи рост қадам гузошта буд, ки мўзаҳояш ба ў гуфтаанд:

– Ба роҳи рост нарав, ба роҳи чап рав!

– Барои чӣ – ҳайрон шуд ҷангалбон.

– Барои он ки дар роҳи тарафи рост туро бадбахтӣ интизор аст.

–Боз чӣ хел бадбахтӣ? – Аз пештара ҳам зиёдтар ба тааҷҷуб афтод ҷангалбон.

_Ана ҳамин тавр, - гуфтанд мўзаҳо. _ Ту бо роҳи тарафи рост меравӣ, дар наздат кўпрук пайдо мешавад, азбаски кўпрук кўҳна аст, дар зери поят фурў меравад.

Ту ба дарё афтида ғарқ мешавӣ. Туро тасодуфан роҳгузаре наҷот медиҳад…

НАҚША:

1. Мўзаҳои ҷангалбон чӣ буданд?

2. Дуроҳа ҷангалбонро ба кадом тараф мебурд?

3. Агар ҷангалбон ба тарафи рост мерафт, ба ў чӣ воқеа рух медод?...

ЯКРАВИИ МЎЗАҲО

2

– Ҳамааш бофта - гуфт ў. – Ман бо роҳи тарафи рост садҳо маротиба рафтаам ва бо ман ҳеҷ воқеа рўй надодааст. ҷавоб доданд мўзаҳо.

– Ту чӣ хел хоҳӣ, ихтиёрат, аммо мо намеравем,

Нахоҳед худатон рафтан гиред – гуфт ҷангалбон.

Аз пояш мўзаҳоро кашида, худ ба тарафи рост равон шуд.

Мўзаҳо бошанд ба тарафи чап.

Ҷангалбон ба кўпрук расид. Кўпрук фурў рафт, ҷангалбон ба дарё афтод, қариб буд, ғарқ шавад. Овози имдодталабонаи ўро шунида роҳгузаре, ки аз занбўруғчинӣ меомад, ба ёриаш тохт ва ўро аз об баровард. Сару либоси ҷангалбон тар шуда буд.

Вай ба хушк шудани он интизор нашуда ба хона шитофт.

Дари хонаро кушоду чашмаш ба мўзаҳо афтод, ки дар ҷойи худ истодаанд.

–Канӣ кӣ ҳақ будааст? – дарҳол пурсиданд онҳо..

Ҷангалбон чизе ҷавоб надод. Аммо аз ҳамон рўз сар карда, ба мўзаҳояш гўш мекардагӣ шуд. Онҳо чӣ қадар маслиҳат медоданд, ҳисоб надошт.

НАҚША:

1. Чаро ҷангалбон ба гапи мўзаҳои худ гўш надод?

2. Гўш накардани ҷангалбон ба гапи мўзаҳо оё дуруст буд? наҷот дод? чӣ мекарданӣ шуд?

3. Баъд аз ғарқ шудани ҷангалбон ўро кӣ аз марг

4. Пас аз ин воқеа ҷангалбон ба гапи мўзаҳояш

ДАР РОҲ

Офтоб ба сари кўҳ наздик шуда, поёнтар лағжид.

Мураббия ба Сабоҳат ва Ғиёс ҷавоб дода гуфт:

– Акнун даст ба даст гиреду ба хонаатон равед.

Сабоҳат ва Ғиёс тохта - тохта, бозикунон аз боғча меомаданд.

Дар сари роҳ пиразанеро диданд. Пиразан тўқ - тўқ рафт- рафт банохост:

«Ап-тшу -у» гуфта атса дод.

– Бибӣ,- гуфт Ғиёс,- ин қадар сахт атса задед?

Чӣ шуд, бачекам?

– Ман тарсидам , бибӣ.

Сабоҳат бошад:

– Саломат бошед, бибиҷон! - гуфт.

– О, боракалло, духтари нағзак. Ту ҳам калон шав, боақлу бофаросат шав, - гуфт пиразан шод шуда, кокулони майдабофтаи Сабоҳатро сила кард.

Пиразан ба Ғиёс дигар чизе нагуфт. Ҳатто нигоҳ накард. Ғиёс аз гуфтаи худ шарм дошт ва сарашро хам кард.

Ғиёс ҳарчанд зўр зад – зўр зад, хандааш наомад.

Додоҷон Раҷабӣ

НАҚША:

1. Мураббия ба Сабоҳат ва Ғиёс чӣ гуфт?

2. Дар сари роҳ онҳо бо кӣ вохўрданд?

3. Пиразан ба Сабоҳат чӣ дуо дод?

пешина
аз 32
навбатӣ