МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
ПАДАРУ МОДАР
3
(Имло)
Агар ба коре иҷозат надиҳанд, «ҷавоб диҳед», гуфта зўр накунем. Зеро, ки кори нағзу бадро мо наме- донем. Онҳо медонанд. Ба ҳар коре, ки онҳо ҷавоб нади- ҳанд, албатта, зарарнок аст.
Садриддин Айнӣ
Супориш: 1. Аз матн ҷумлаи дуюмро ҷудо карда хонед ва нақл кунед.
2. Суруди алларо кай мехонанд? Барои чӣ мехонанд, нависед.
Намуна: Барои хобидани кўдак.
БАЧАИ БООДОБ
(Имло)
Бачаи боодоб вақти ба мактаб рафтан ва омадан бисёр боодоб роҳ меравад. Ба дари хонаҳои мардум ва ба дуконҳо ва тирезаҳояшон нигоҳ карда намеистад.
Дар роҳ худашро ба ҳар чиз машғул намекунад. Ба ҳар кас, ки вохўрад, салом медиҳад. Одамони пирро масхара намедорад. Онҳоро бисёртар иззат мекунад.
Садриддин Айнӣ
Супориш: 1. Шуморед, ки чанд ҷумла навиштед.
2. Ҷумлаи дуюми матнро такроран хонед ва ба маънояш диққат диҳед.
3. Шумо ҳам ба бачаи боодоб пайравӣ кунед.
БОЙИ ХАСИС
(Имло)
Бойи хасисе тамоми бойгарии худро фурўхта, ба ивазаш чанд хишти тилло харид. Хиштҳои тиллоиро дар наздики девори кўҳнае гўр кард.
Бой ҳар рўз мерафт ва онҳоро хабар мегирифт, то касе онҳоро нагирад. Яке аз хизматгор аз ҳаракатҳои ў огоҳ гардид. Рўзи дигар хизматгор рафт, заминро канд ва хиштҳоро гирифт.
Супориш: 1. Калимаи «бой»-ро боз чӣ гуфтан мумкин? (сарватманд, бадавлат, доранда…)
2. Гўед, ки дар имло маънои кадом калимаҳоро нафаҳмидед, онҳоро нависед.
ЧОРЯКИ 2
РЕЙТИНГИ 2
МАРҲИЛАИ 2
НИМСОЛАИ 1
ПАНДИ КИТОБ
(Рўйнависӣ)
Хоҳӣ, ки доно шавӣ,
Шахси тавоно шавӣ.
Бош зи ман баҳраёб,
Ҳикмати ман беҳисоб.
Гиру зи дастат намон,
Гаштаю баргашта хон.
Лек фақат зинҳор,
Тоза нигаҳам бидор!
Хат нанавис ту ба ман,
Аз варақам ҳам макан!
Ман ба ту ҳастам рафиқ,
Бош ба фикрам шарик!
Алӣ Бобоҷон
Супориш: 1. Муайян кунед, ки чанд ҷумла навиштед. онҳоро нависед.
2. Маънои кадом калимаҳоро нафаҳмидед,
МАКТАБ
Имло
Мактаб ҷоест, ки барои фоидаи мо бино кардаанд.Ҷои ёд гирифтани илм мактаб аст. Мактаб ҷои муқаддас аст.
Бисёр ба моён лозим аст, ки мактабро дўст дорем. Ҳурмати мактабро нигоҳ дорем. Дар мактаб беодобӣ накунем. Асло аз мактаб нагурезем.
РУБОӢ
Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.
Як нуктаи мухтасар зи мактаб гўям,
Одам нашавад касе, магар аз мактаб.
Садриддин Айнӣ
Супориш: 1. Ҷои ёд гирифтани илм куҷо будааст, нависед.
2. Нависанда ба мо чӣ таъкид кардааст, бо якчанд калима нависед.
ЧИСТОНҲО
(Рўйнависӣ)
1. Як рўймоли кабуд,
Дарунаш пури қурут?
(Осмону ситораҳо)
2. Аз дур дидам пахта барин,
На дар баҳру на дар замин?
(Абр)
3. Давонравак по надорад,
Ҷингиласарак мў надорад?
(Абр)
4. Мепараду бол надорад,
Мегардаду по надорад?
(Абр)
5. Сари кўҳу миёни осмон,
Об мепошад як паҳлавон?
Супориш: 1. Калимаи «чистон»-ро ба ҳиҷоҳо ҷудо кунед.
2. Бо калимаи «абр» ҷумла тартиб диҳед.
ҲУРМАТИ ҲАМСОЯ
(Имло)
Ҳазрати Муҳаммад (с.) одамонро ба риояи ҳуқуқи ҳамсоя бисёр таъкид кардаанд: «Ҳар касе ҳамсояи худро озор дода бошад, бо мо наояд»-гуфтааст пайғамбарамон Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи вассалам).
Ҳамсояи хуб дар ҳолати зарурӣ аввалин шуда ба кас дасти ёрӣ дароз мекунад.
Супориш: 1. «Дасти ёрӣ»-ро нависед ва савол гузоред.
2. Ҳаммаънои калимаи «озор»-ро боз чӣ гуфтан мумкин? (ранҷ, азоб, заҳмат).
ТЕЛЕФОН
(Рўйнависӣ)
Занги телефон омад,
Ба ҷони ман ҷон омад.
Аз хурсандӣ шукуфтам,
Гўшакашро гирифтам,
Овози бобом омад.
Бобом салом мегўянд,
Номи ба ном мегўянд.
Бобом «биё» мегўянд,
«Ҷони бобо» мегўянд.
Равам ба Конибодом,
Пеши бибию бобом.
Раҳмат ба ту, телефон,
Корама кардӣ осон.
Гулназар Келдӣ
Супориш: 1. Калимаи «Конибодом»-ро ба ҳиҷоҳо ҷудо кунед.
2. Оё «ҷони бобо» гуфтан ба шумо маъқул аст, нависед ё «ҳа» ё «не».
НИҲОЛИ ҲАМЕШАБАҲОР ВА ГУЛИ ГУЛОБ
(Рўйнависӣ)
1
Гули ҳамешабаҳор наздики гулоб ҷой гирифта буд.
Ҳамешабаҳор аз дидани гулҳои гулоб хушҳол шуда гуфт: «Гулоб чӣ гуна зебое ҳастӣ?! Табиат ва инсон ҳар ду аз зебоиҳои ту лаззат мегиранд. Ман ба зебоӣ ва атри (бўйи) ту ҳасрат мехўрам»…
Супориш: 1. Ибораи «гули ҳамешабаҳор»-ро ба ҳиҷоҳо ҷудо кунед.
2. Ҷумлаи «Ниҳоли ҳамешабаҳор»-ро маънидод кунед.
ҶАВОБИ ГУЛОБ
2
(Имло)
Гулоб ҷавоб дод: «Дуруст аст, эй ҳамешабаҳори азиз! Ман зебо ҳастам, вале барои муддати бисёр кам.
Ҳатто агар касе гулҳои маро ҳам начинад, умри ман он қадар давом намекунад. Аммо ту ҳамеша баҳор ҳастӣ ва зебоии ту ҷовидон аст».
Луқмони Ҳаким
Супориш: 1. Ҳаммаънои калимаи «ҷовидон»-ро ёбед. (абадӣ, доимӣ, ҳамешагӣ).
2. Гўед, ки ҷумлаи охири матн ба чӣ тааллуқ дорад. (Яъне ба гулоб ё ҳамешабаҳор).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё