Зеҳн
Паррончакҳо Абдулҳамиди Самад

«Паррончакҳо» ҳамсадои дарду армон ва орзуву талошҳои ҷавонони имрӯз низ ҳаст. Зеро ба таъбири устод Фазлиддин Муҳаммадиев «Қиссаест аз такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим».

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 17 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

IV

Рӯзи имтиҳонҳои дигар ҳам Пакана гоҳ-гоҳ пайдо мешуд. Вай риш монда буд. «То қасосамро аз ин муаллимҳои ошнобозу порахӯр нагирам, риши бебарориамро наметарошам», − мегуфт. Касе ба ин ҳарзагӯиҳояш эътибор намедод. Вале баъзеҳо бо чор чашм менигаристанд, ки Писари раис боз аз имтиҳонҳо чӣ баҳое мегирад. Вай инро пай мебурд ё не, намедонам. Вале чун ҳамеша бепарво мегашт.

Ва ин хислаташ дар дили ҳангоматалабон оташи шубҳа меафрӯхт.

− Шунидӣ, Писари раис аз иншо чор гирифтааст.

− Наход? Чаро ин хел шуда бошад?

− Аз худаш пурсидаанд... Чор кифоя, гуфтааст, − луқма мепартофтанд баъзеҳо. − Дилаш пур аст, ки мегузарад. Барои ҳамин бепарвост.

Имтиҳонҳо ба охир расиданд. Саҳни донишгоҳ, ки аз саҳар то шом мисли бозор пуродам ва серғавғо буд, якбора холиву хомӯш гашт. Аз довталабони бобарору бебарор рӯи курсиву роҳравҳо ва зери дарахтон танҳо коғазпора, дафтару китобҳои дарида, инчунин пасмондаи сигарет нишон монд. Ду фаррошзан ҷорӯб кашида, саҳни донишгоҳро тоза мекарданд. Пеши даричаҳо паи ҳам писарону духтарони аламзада пайдо гашта, бо лабу лунҷи овезон ҳуҷҷатҳояшонро пас мегирифтанд. Дар ваҷоҳати онҳое, ки имтиҳонҳоро нағз супоридаанд, баробари хушҳолӣ боз як ташвишу изтиробе ҳувайдо буд.

− Мегузашта бошем? − мепурсиданд аз якдигар. − Даҳ нафар зиёд будааст...

Воқеан, ҳанӯз як имтиҳони дигар − сӯҳбат бо роҳбарони донишгоҳ дар пеш аст. Ва аз рӯи гуфти баъзе ҳолдонҳо дар ғалбери онҳо низ андармон шудан мумкин. «Нагузарам ҳам боке не, − гуфтам ба худ. – Аз имтиҳон не, аз сӯҳбат нагузашт, мегӯянд». Охир, ман дар дил доим як орзу мепарваридам: аз имтиҳони якум наафтам. Эҳа, чор имтиҳон супоридам ва комилан бовар кардам, ки муаллимони донишгоҳ чандон беинсоф нестанд. Ба ҳар ҳол, онҳо ба ҷавонони донову босавод аз паси панҷа наменигаранд...

Имрӯз дар ҳузури раиси факулта ҷамъомади нахустин барпо шуд. Вай, марди сурхинаи паҳлавонҷусса, ба муаллимаи бодомчашми фатиламӯй, ки дар шафаташ нишаста буд, чизе гуфт ва бо хушҳолии мағрурона аз ҷояш хесту фармонро хонд.

− Аҳмаров Насим!

− Ман! − аз пас овозе баромад. Ҳама баргашта, ба қафо нигаристанд. Соҳиби овоз Писари раис буд, ки мӯйи ба пешониаш хамидаро бо панҷа ҳамвор мекард.

− Шуморо ба муносибати донишҷӯ шуданатон табрик мекунам, − ба ҳуҷҷатҳои Насим чашм давонда гуфт ӯ. − Шумо бо ҷои хоб ва моҳона таъмин мешавед.

Насим бо овози паст ташаккур гуфт ва солор қадам ниҳода, аз маҷлисгоҳ баромад. Баъзеҳо дарҳол чашмак заданд, дар буни гӯши якдигар миш-миш карданд. «Кайф − кайфи Писари раис».

Пас аз чанде маълум шуд, ки боз як писари раис ба донишгоҳ дохил шудааст. Ин сирро худи роҳбари факулта фош кард.

− Раҷабов Қайс! − аз болои рӯйхат сар набардошта, хонд ӯ, баъд бо писханд ба толор чашм давонд. Як ҷавони миёнақад, ҷингиламӯй, хушсару либос, дар чашм айнак, магнитофонашро ба гӯшаи миз тела дода, беҳавсала аз ҷой бархост.

− Қайси асри бист ҳам аҷиб будаст, − луқма партофт муаллимаи бодомчашм ва мавҷи ханда толорро фаро гирифт. − Худаш Қайсу магнитофонаш Лайлӣ…

− Шумо ғами ҷои зистро хӯред, хобгоҳ намерасад, − роҳбар каме мулоҳиза кард, сипас маънидорона афзуд: − Номат Қайс бошад ҳам, мӯи саратро ба тартиб дарор. Қайс ошиқи зори Лайлӣ буд, ғаму дард дошт, дар кӯҳу биёбон мегашт...

− Шояд ин ҳам ошиқ бошад, − боз луқма партофт муаллима.

− Ишқварзӣ хуб аст. Вале вафодориву покии муҳаббат аз зоҳир ва сарулибос аён намегардад, − ҳамчунон бо қиёфаи ҷиддӣ гуфт раиси факулта. − Дар шаҳрамон сартарошхона беҳисоб... Воқеан, агар имтиҳону санҷишҳои нимсоларо нағз супорӣ, моҳонаат медиҳем...

− Ба пул эҳтиёҷ надорам, муаллим, − беибо гуфт Қайс. − Ғами ҷои хоби маро ҳам нахӯред.

− Мо инро ба ҳисоб гирифтаем, − оромона, вале таҳдор гуфт вай ва коғазҳоро тагурӯкунон чеҳрааш алов барин сурх шуд. Ба хаёлам, аз ҳавобаландии Қайс ранҷид, ки бедимоғ гуфт: − Ин ҷо ҳама мисли ту писари раис нестанд...

Дар маҷлисгоҳ боз ҷунбишу пичир-пичир cap зад. «Намади падари вай аз намади писари инаш ғафстар будааст...» мегуфтанд ҷавонони шӯху ҳангоматалаб.

V

Ҳар қадар рӯзҳову моҳҳо мегузаштанд, Писари раис − Насим ба назари ман, шояд ба назари дигарон ҳам, пурасрортар менамуд. Аз чӣ бошад, ман доимо ӯро бо Қайс муқоиса мекардам. Онҳо аз рӯи хулқу атвор ва зоҳир аз якдигар мисли замину осмон фарқ доштанд... Насим мулоимтабиат, камгап, ҳатто дамдузду мардумгурез аст. Алҳол ӯ бо ягон шарикдарсамон, чӣ хеле ки мегӯянд, ҷӯраи ҷонӣ нашудааст, аз маъракаҳои хосаи рӯзҳои истироҳат, ки пул ҷамъ карда оши ҳарифона мепазем, дурӣ меҷӯяд. Лекин бо бачаҳои курсҳои боло истиқомат ва шинухез мекунад.

Чашмони Насим доим ба хаёле моиланд, гӯё вай ҳамеша дар бораи нофи замин фикр мекунад, ё ягон чизи гаронбаҳои гумшудаашро меҷӯяд. Агар мабодо ҳамон дӯсти навхати деринаш, ки рӯзҳои имтиҳонсупорӣ наздаш меомад, саҳни хобгоҳ ё донишгоҳ пайдо шавад, дар пайкари карахти Насим ҷони тозае медамад, дар лабаш табассуми базебе гул мекунад. Ӯро пешвоз мегирад, бародарвор ба оғӯш мекашад ва хандон-хандон ҳолпурсиаш мекунад. Вай танҳо бо ҳамон ҷавон ба сайру тамошо мебарояд.

Вале як хислати дигари Насим маро дар ҳайрат гузоштааст. Вай умуман одати бо дигарон пурсу пос ва саломалек кардан надорад, гӯё ин анъанаи қадимаи аҷдодонро як чизи нодаркору зиёдатӣ мешуморад.

Не, ҳангоми вохӯрӣ агар ба вай даст диҳед, онро самимона мефишораду ҳарфе назада, табассумкунон мегузарад. Дар чунин лаҳзаҳо лабонаш пир-пир мепаранд ва дар чашмони пурхаёлаш тобиши аҷибе ҳувайдо мешавад. Баъзеҳо ҳамин одати ӯро хуш надоранд.

− Бодӣ, худро аз ҳама боло мегирад, аз ному мансаби падараш мефахрад...− боре дар хобгоҳ гуфт сардори гурӯҳамон Раҳимбек. – Ана Қайс ҳам писари раис аст, мошинсавор ба дарс меояд, лекин худаша ба ҳама баробар меҳисобад. Хоксор-дия. − Раҳимбек даме ба хаёл рафт. − Ҷонша гардам, ин хел дӯсти бебоку дилкушод дар олам кам аст. Як тинаша бе ман сарф намекунад...

− Киса пур бошад, ошно, ман ҳам Ҳотам мешавам, − сухани ӯро бурид Раҳматшоҳи ҳамкурсамон. −

Пул барои вай барги хазон барин беқадр аст. Чиба? Мисли оби равон мефиристандаш... Ақаллан як бибии нафақахӯр медоштам...

− Ин гапи бехуда, − даст афшонд Раҳимбек. − Ана Насим ҳам писари раис-ку. Гумон мекунӣ, вай пул надорад? Боз доим пули моҳонаашро бурда ба амонаткасса месупорад, либосҳои обшуставу нимдошт мепӯшад, дар ошхона фақат танга ҳисоб мекунад. – Ӯ ришхандзанон даст афшонд: − Ҳамаи ин фиреби назар аст. Хайр, писари раис бошӣ, барои худат, чаро аз мо пинҳон медорӣ? Охир, офтобро бо доман пӯшонида наметавонӣ-ку. − Раҳимбек даме хомӯш монд, сипас худ ба худ бо алам ғур-ғур кард: − Хасис аст Насим, бисёр хасис! Ба худо, ки аз наъли хари мурда мехро кашида мегирад... Хайр, ихтиёраш, аммо бо биниаш осмона нахарошад…

− Ошно, ба панҷаи ман нигар, − Раҳматшоҳ дасти росташро сӯи Раҳимбек дароз кард. − Дидӣ, панҷ ангушт баробар нест... Масалан, раиси Шоҳназари моро аз деҳқон фарқ кардан мушкил. Дар ҷойҳои ношинос шофирашро раис гумон карда, аз ӯ боло мешинонанд. Лекин парво намекунад, баракс, аз ин чиз мезавқад. Гавҳари одам аст Шоҳназар. Бачаҳош ҳам, аҳли аёлаш ҳам доимо ҳамроҳи мардум кор мекунанд.

− Бачаҳош кор мекунанд? − ҳайратомез пурсид Раҳимбек.

− Бале. Кор ҳеҷ каса намекушад.

− Эҳа, падарам раис бошаду боз дар зери офтоби сӯзон кор кунам? Ин ҳеҷ ҷои таъриф надорад. Раиси беҳунар будааст. Ҳм, як рӯз бошу хурӯс бош!

− Ана дидӣ, ошно! − гӯё чизи аҷиберо кашф карда бошад, ба ваҷд омад Раҳматшоҳ. − Ту ҳам аз раиси мо фарқ доштаӣ! Ҳамаи мо, хоҳ писари раис бошем, хоҳ писари вазир, ба якдигар монанд нестем: Яке аз ҳисоби мардуму кисаи давлат дасткушод, дигаре мумсик, яке ба ҷое нарасида ҳавобаланд, дигаре соҳиби мансабу боз хоксор, яке доро, дигаре нодор... Ин чиз ҷои баҳс надорад, ошно, − оромона ба сӯҳбат нуқта гузошт Раҳматшоҳ.

Насим мисли Қайс аз паси духтарҳо намедавад, гӯё бармаҳал пир шуда буд ин бача ва дар дилаш шавқу завқ надошт. Лекин худи духтарон рӯзҳои аввали таҳсил гирди ӯ парвона шуда, алами дигаронро афзуданд. Ба ростӣ, Насим дар курс, шояд дар факулта ҳам ҷавони аз ҳама зебост. Қомати баланди алиф барин рост, рӯи андаке дароз, рафтори солорона, сухангӯӣ ва тарзи либоспӯшияш бо вуҷуди он ки ӯро ба одамони ду-се курта аз мо зиёд пӯшида шабоҳат медоданд, ба вай ҳусну салобати хосе ҳам мебахшиданд. Ва, албатта, духтарҳо мехостанд, ки маъшуқаи чунин ҷавони хушсимо, назарбаланд бошанду ҳангоми танаффус ва баъди дарс дар гулгашти донишгоҳ, боғу хиёбонҳои шаҳр аз оринҷи ӯ дошта бо ноз сайр кунанд.

Духтарҳо барои «ром» кардани Насим бо ҳар усул каманд партофтанд. Аввал Назокат бахташро санҷид. Вай дар ҳузури ҳама худро ҳамдиёри Насим эълон карда, бо дастони латифу нармакакаш панҷаҳои ҳузарби ӯро фишурд, дар паҳлӯяш нишаст. Аз кору бори падари худ, ки раиси савдо будааст ва гӯё бо падари Насим аз кӯдакӣ ошноӣ доштааст, бо шавқ ҳикоят кард. Гуфт, ки агар Насим хоҳад, барояш туфлии пошнабаланди шастсӯмаву ҷинси америкоӣ, пӯстини беҳтарин пайдо мекунад.

− Лозим не, − кӯтоҳакак ҷавоб дод Насим ва ба лабонаш табассум давид. − Ман ун хел либосҳоро нағз намебинам.

− Ту одами аҷиб будаӣ-ку. Не нагӯ, ун хел сарулибос ба ту чунон мезебад, ки… Хайр, пулаша ягон вақт... Хоҳӣ, медиҳӣ, − Назокат даме ба андеша рафта, сипас абрӯҳояш cap ба cap, пичиррос зад – Қайс мепӯшад-ку, ту аз вай чӣ камӣ дорӣ?!

− Ба ман ҳамаи либосҳо мезебанд, − бо ҳамон табассуми нарми зебо ҷавоб дод Насим ва Назокатро дар хиҷолат гузошт.

Тарзи ба дом афтондани духтарони шаҳрӣ тамоман тафовут дошт. Онҳо аз сумкаҳояшон шоколаду конфетҳои камёфт бароварда, бо лутфу меҳрубонӣ ба Насим муроот мекарданд:

− Даҳон ширин кунед, Насимҷон...

Насим ҳам сухани онҳоро ҳеҷ гоҳ ба замин намегузошт, бо ҳамон табассуми дилфиребаш шириниpo мепазируфт.

Ниҳоят рӯзе Латофат, ки худро шоҳбонуи духтарони курс мепиндошт ва назараш касеро намегирифт

(аз рӯи гуфти худаш, вай дар намоиши зеботарин духтарони шаҳр ду маротиба иштирок карда, ҷои якумро соҳиб шудааст), Насимро назди дӯкони яхмосфурӯшӣ имтиҳон кард.

− Насимҷон, яхмос намехӯред? − бори аввал пурсид ӯ.

− Не, гулӯям дард мекунад.

− Дилам чунон яхмос мехоҳад, ки... − бори дуюм гуфт ӯ.

− Марҳамат, дӯкон пешкаш... − ҷавоб дод Насим.

Димоғи Латофат аз ин нописандӣ сахт сӯхт. Вай рӯзи дигар шикваомез гуфт, ки шаби дароз хобаш набурда, сараш дард кардааст.

− Ту одамшинос не, − ҳасрати ӯро шунида, луқма партофт Қайс, − Ба худам як ишора мекардӣ, яхмос чӣ, ҷону дилама фидот мекардам. О вай гаранг... Наход ҳамин хел олиҳаи гул барин зеборо ранҷонӣ-а?

Хасис!

Аслан Латофат дар назари ман чандон ҳусни расо надорад. Инро дар омади гап боре ба Раҳматшоҳ гуфтам. Вай ҳам ба ман ҳамфикр будааст. Як хислати ин духтар ба ман нафорид. Ҳар рӯз ба рӯяш ончунон сурхиву сафеда мемолад, ки... Не, аз дур чеҳраи сурхо сафед, қомати расои ӯ ниҳоят зебо менамояд, вале чун аз наздик бубинӣ, дил беҷо мешавад. Аммо Латофат мудом либосҳои рангибаранг пӯшида, ончунон хиромон ва боҳунарона қадам мегузорад, ки ҳар узви баданаш алоҳида-алоҳида ларзидаву ҷунбида, дилу ҳуши касро побанди худ месозад... Танҳо як бор ҳангоми дарс дар паҳлӯи ӯ нишастан насиби ман ҳам гашт, лек ҳоло ҳам бӯи хуши атр аз машомам нарафтааст.

Ҳа, имтиҳон ва ҳасрати Латофат ихлоси дигар духтаронро, ки дар таги дил ба Насим меҳре доштанд, канд. Онҳо на ин ки аз вай дасту дил шустанд, балки акнун сояи ӯро аз девор метарошиданд.

− Фу, ин бодӣ ҳам писари раис шуду... мумсик, аз кӯчаҳо тангаи зардак меҷӯяд. Э ба наъли туфлии

Қайс намеарзидааст. Боз ман чанд маротиба шоколадаш додам-а? − гилаомез мегуфт Латофат.

Баъдтар овозаи дигар паҳн шуд. Гӯё Гулсорои ҳамкурсамон ду билет харида, Насимро ба тамошои кино таклиф карда бошад. Аммо ӯ «вақт надорам, китобхона меравам», − гӯён баҳона овардааст.

− Ақли Писари раис ғайр аз китобу китобхона ба чизи дигар намерасад. Ягон рӯз ин мумсики бадбахт дар болои китоб ҷон медиҳад, − бо ришханд мегуфт Раҳимбек.

− Не, вай зирак аст, тарсидааст, ки мабодо Гулсоро хам яхмос талаб кунад, − қоҳ-қоҳзанон гуфт

Назокат. − Аз рангу раҳмони ин хел писари раис безор ман. Боз вая ҳамшаҳр гуфтам-а!

Пас аз шунидани ин маломатҳо писарон худ ба худ мегуфтанд: «Алҳазар аз ғазаби духтарҳо! Агар каси дилхоҳашон мувофиқи майли онҳо рафтор накунад, душмани рӯйрост шуда рӯзашро сиёҳ мекардаанд». Воқеан онҳо аллакай ба сари номи Насим якчанд лақаб часпондаанд. «Мумсик, хаппак, мурғи танҳогард, гӯсфанди кар...» Вале ду рӯз пеш духтарҳо ба ӯ боз як «тоҷ»-и нав бахшиданд. Гап сари он ки дар хобгоҳи мо модасаги алое мезияд. Шояд ин ҳайвони беозор аз кучукияш бо обу нони донишҷӯён калон шудааст, ки ба ҳама бо умеду меҳр менигараду дум меликонад ва аз назди хобгоҳ дур намеравад. «Дар олам аз ҳамин саг вафодортареро надидам, − мегӯяд посбони хобгоҳ бобои Занбӯр. −

Бачаҳо ҳамин ки соҳиби диплом шуданд, ба ҳар тараф рафта, дигар ҳаргиз ёди хобгоҳ намекунанд.

Лекин ин ҷонвар дар гармову сармои чор фасли сол аз ин даргоҳ дур намеравад. Чанд бор бача зоид.

Кӯдакҳо кучукҳояшро ба ҳар хона бурданд, боз худаш сари танҳо монд...»

Тирамоҳ боз саг ҳомила шуд. Вай пакар мегашт ва рӯзи дароз дар офтобрӯяи назди хобгоҳ ҳалқа зада мехобиду ба ҳама ҳасратолуд менигарист. Насим ҳар рӯз аз ошхонаи хобгоҳ барои ин саг порае ҳасиб, устухон ё ягон хӯрдании дигар мебурд. Саг чашмони хастаашро даме ба вай дӯхта, баъди «гир, хӯр» гуфтанаш хӯрданиро фурӯ мебурд ва лабу лунҷашро лесида дум меҷунбонид.

Як бегоҳ саг нопадид гашт, фардо нисфирӯзӣ дар пеши хобгоҳ пайдо шуд. Ҳайвон ба назар ниҳоят лоғару хашмгин менамуд, аммо чашмонаш дурахши тозае доштанд. Саг ба ҳар кас бо умед менигаристу дум меликонд, бо ташвиш суи анбӯҳи буттаҳои хучу марминҷони канори хобгоҳ метохт ва пас аз лаҳзае боз бармегашт. Вафодор гӯё кайҳо Насимро пазмон буд, ки аз куҷое тозон омада, пеши пои ӯ худро партофт ва нолиши нишотомезе бароварда, ду-се карат ғел зад, кафшҳояшро бӯиду лесид. Қиёфаи Насим якбора кушода гашт ва ӯ хушҳолона сари по нишаста, сари сагро силакунон пурсид:

− Зоидӣ? Нагз... Чандта? − Саг бархест ва нигоҳу ҳаракатҳояш пур аз сурур ҷинг-ҷингкунон тарафи хучзор шитофт. Насим китобдон дар даст, аз пасаш рафт. (Воқиан, саг ҳамон рӯзҳо танҳо ӯ ва бобои

Занбӯрро мемонд, ки назди кучукҳояш раванд.) Баъд вай омада хурсандона мужда расонд, ки саг панҷ кучук зоидааст, лекин ҷояшон нобоб. Ӯ ҳамон рӯз аз ҷое қуттии калони картонӣ пайдо кард ва барои сагу бачаҳояш хона сохт; аз ошхонаи хобгоҳ устухону пасмондаҳои хӯрокро оварда, ба он ҷо гузошт.

Сипас ҳар рӯз кучукҳои сагро хабар мегирифт ва обу хӯроки онҳоро муҳайё мекард.

Сагу кучукҳояшро парасторӣ кардани Насим хаёли маро ба деҳа бурд, пеши назарам момаи

Садбаргро овард. Ин пиразани серфарзанду оромтабиат, меҳрубону беозор хислати аҷибе дорад. Айёми тирамоҳ ё аввали баҳор модасагаш зояд, барояш албатта ордбирён мепазад ва ба ягон зарфи шикаста рехта, пеши вафодораш мегузораду коҳишомез таъкид мекунад:

− Гармогарм бихӯр, исқотӣ, фоида дорад. Дарду заҳри баданата кашида мегирад...

Набераҳои пиразан, кӯдакҳои деҳа ин манзараро тамошо карда, масхараомез механданд ва кафкӯбон мегӯянд, ки «мома, дояи бачаҳои саг шудӣ...»

− Механден-а, шайтонҳои беғам, − зери лаб ғур-ғур мекунад кампир ва аз саг, ки бо забони махмал барин сурхаш ордбирёнро лакида ҳарисона фурӯ мебарад ва миннатдорона дум меликонад, чашм наканда, ба худ мегӯяд: − Кори савоб шуд. Кӣ медонад, чӣ қадар азоб кашидааст? Забони гӯё дошта бошад, ки гап занад...

Калонсолони деҳа ин рафтори пиразанро дида таҳсиномез мегуфтанд, ки кампир одами хайрандешу ҷаннатӣ аст, некиаш ба моҳиҳои дарё ҳам мерасаду ба зоғу занбӯр ҳам. Ҳаштодсола бошад ҳам ҳавсалаашро бинед, ки барои саги зоч ордбирён пухтааст...

Аммо Насим аз рӯи ин рафтораш ба як лақаби нав «хоҷаи сагпараст» соҳиб шуд. Ин гап ҳам ба гӯши ӯ расид, лек худро бепарво ангошт. Танҳо мӯйҳои хурморангашро, ки ба болои абрӯвони пайвандиаш ҳамоил буданд, ба қафо шона карду табассуми азалияш дар лабонаш нақш баст...

пешина
аз 17
навбатӣ