Паррончакҳо Абдулҳамиди Самад

«Паррончакҳо» ҳамсадои дарду армон ва орзуву талошҳои ҷавонони имрӯз низ ҳаст. Зеро ба таъбири устод Фазлиддин Муҳаммадиев «Қиссаест аз такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим».
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 17 саҳифа
− Даст нарасон! − дод задам ва хостам қафасро аз панҷаи ӯ кашида гирам. Вале ӯ маро чунон сахт тела дод, ки якпаҳлӯ рӯи замин чалпак шудам ва дар банди пои чапам дарди ҷонкоҳеро ҳис кардам.
− Хурусчӯҷа-е, дина аз тухм баромадиву аллакай кабкбоз шудӣ? − ғурунгос зад ӯ ва даричаи қафасро канда дур партофт. − Аз ту кӣ гап мепурсад? Рав, хӯроката хӯр!
Аз ҷоям нимхез шудам. Сарам чарх зад, пеши чашмонам шарораҳои рангоранг падид омаданд. Ва аз байни шарораҳо аранге дидам, ки дасти сиёҳтоби акаи Абдухолиқ андаруни қафас аз паси кабк мисли мор печутоб мехӯрад. Ҷонварак бо талвоса худро ба танаи қафас мезад, парҳояшро мерезонд, садои ҷонхарош мебаровард. Дар чашмони ҳалқа-ҳалқаи зебои кабк чӣ қадар ташвишу ҳасрат ҷо дошт. Акаи
Абдухолиқ, лабаш ба табассуми безеб моил, аз гардани мурғак дошт ва пишаквор онро кашида баровард.
Чеҳраи вай аз ҳамон лаҳза ба назарам бегонаву манфур намуд.
− Сар деҳ кабка, cap деҳ! − бо тамоми овоз фарёд задам ва аз гиребони акаи Абдухолиқ дошта, сахт сӯи худ кашидам. Ӯ дасти кабкдорашро ба ҳаво бардошта, бо дасти дигар ба сару рӯи ман чанд шаппотӣ фуровард.
− Девона шудед? Айба намедонед? − модарам маро ба оғӯшаш кашида аз панҷаи Абдухолиқ раҳонд.
− Кабка чӣ кор мекунӣ?
− Аввал ин кучуката бигир! − ҳашасзанон дод зад ӯ ва афзуд: − Мекушам... Дар хона меҳмон...
− Кушу рӯзата бин... Дар бари кабк худата мекушам! − бо овози гирифта бонг задам ман, ки ду бари рӯям аз зарби шаппотӣ месӯхт.
Абдухолиқ дар ҷояш истод ва аз ғазаб ларзид.
− Оҳо, боз дӯғ ҳам мезанӣ? Ҳозир агар дар пеши чашмат сарашро наканам, мард набошам! − гуфт ӯ ва сӯи аловхона шитофт.
− Ба ҷои ин кабк ду-се мурға бикуш, бачам, − модарам таваллокунон аз пасаш давид. − Аз гӯшти ин кабки қафасии хароб кӣ сер мешавад? Мон, бе хархаша рӯз бинем...
− Қавли мард якта! − аввал овоз, сипас худи Абдухолиқ корд дар даст аз аловхона баромад. − Ана, нигоҳ кун, − масхараомез нидо кард ӯ ва рӯ ба қибла гардонида, кабкро ба замин хобонду пойҳои нозуки мурғакро бо туфлиҳояш бераҳмона пахш карда, кордро ба гулӯяш монд... Дунё ба назарам тангу торик, чапаву роста шуд. Давида белро, ки ба такяи девор меистод, бардоштам... Фиғони модарам ба ҳаво печид. Баъд чашм кушода дидам, ки Абдухолиқ бо дасти рост китфи чапашро дошта, сӯи дарвоза медавад. Ҷонвараки беҷон дар ангуштони дасти чапи ӯ сарозер овезон буд ва ба ҳар қадаммонӣ болҳои акнун ба ду тараф фориғболона кушодааш алвонҷ хӯрда, аз гардани бесараш қатра-қатра хун мечакид.
Модарам белро аз дастам кашида гирифт ва шаппотие ба рӯям заду гуфт:
− О бадбахт, қариб зада мекуштӣ аката. Дар ду олам шарманда, рӯсиёҳ мешудем. – Ӯ аз ҳаяҷон дарақ- дарақ меларзид. – Фарзанди падарат мешавад-е!
− Аз афти ин хел бародар безорам! − ниҳоят гиряомез гуфтам ва аз паси пардаи ашк нигоҳам ба пеши поям бархӯрд: он ҷо сари бетану ба хоку хун ҷӯлидаи мурғак зору низор меистод. Ман сари кабкро аз замин бардоштам. Диламро як ҳисси ноумедӣ, хашму ҳасрат фаро гирифт. Бештар аз нотавонии худ ва кабк аламам меҷӯшид. Кошкӣ ин мурғак ҳам барои ҳифзи ҷони худ қудрате медошт. Кошкӣ пеш аз марг бо нӯлаш зада чашми Абдухолиқро кӯр мекард... Аммо номеҳрубониро бин, ки табиат ба ин ҷонварак ҳусну овози дилрабо бахшидаасту ҷуръату қудрат не... Аз дасти ман чӣ омад? Бо бел Абдухолиқро задам. Не, ин кам аст. То зиндаам, қасоси кабкро аз вай меситонам. Охир, ӯ кабкро не, маро кушт, зӯру тавоноияшро ба ман нишон дод.
Он рӯз танҳо як қарзамро адо кардам. Сари кабкро ба латтаи наве печонида дар кунҷи боғ гӯронидам.
«Бигзор зери по намонад, тӯъмаи гурба ё саг нашавад», − гуфтам ба худ ва пару боли рехтаашро барои хотира байни китобҳоям гузоштам... Вале рӯзи дигар бегоҳ ба чизи аз ҷон ҳам азизтари акаи Абдухолиқ,
− мошинаш ғадр кардам, − ҳарчанд мошин гуноҳе надошт − охир кабк ҳам ба ӯ чӣ бадие карда буд! Аз паси девор бо санг зада, шишаи пешашро шикастам...
− Ситораи инҳо бо ҳам рост наомад, − афсӯсомез гуфт модарам. – Душмани ҷони якдигар...
− Аз дасти ман як кор меояд, − бо тааммул гуфт амакам. − Пагоҳ аз гӯшаш дошта Наимро ҳамроҳам мебарам…
Модарам, ки то ин дам гӯшу ҳуш шуда, аз даҳани амакам чашм намеканд, безобита шуд.
− О қадаш ҳамин хел дарозу ҳоли мактаба тамом накардааст.
− Ҳеҷ гап не, ҳамон ҷо мехонад, − луқма партофт амакам.
− Мактаби ин ҷо, муаллимҳояш ҳам нағз, − падарам акнун яхи даҳонашро шикаста, ба сӯҳбат шарик шуд. − Худат дар ҳамин ҷо хонда будӣ-ку...
− Он ҷо хубтар, − табассумкунон гуфт амакам ва афзуд: −Аз янгааш забони хориҷӣ меомӯзад. − Вай суханашро боз ба ҳазл кашид. − Ҷонаш аз зарби химча раҳо меёбад.
«Ҷои акаи Абдухолиқ кушод мешавад», − гуфтам дар дил.
− Химча ҳам мисли дарси омӯзгор ба бачаи бофаросат ибрат мебахшад, − бо мулоҳиза гуфт падарам ва илова кард: − Додар, ту одами аёлманд, ташвиши кору рӯзгорат беҳисоб, боз ӯро сарборӣ куҷо мебарӣ?
− Хайр ба ман супоредаш, − овози амакам андаке ларзид ва чашмонаш дар равшании чароғ дурахшиданд. − Ман ҳануз ба ягон некии шумо ҷавоб надодаам...
− Э ин гапа нагӯй, − модарам саросема шуд. − О бачаи ширин, байни мо ягон чиз ҳисобу китоб надорад... Худаш рафтан хоҳад – мо розӣ. Ҳамроҳи амакат меравӣ? − якбора пурсид модарам.
Аввал чӣ ҷавоб доданамро надонистам, дудила шудам. Сипас бо дарду алам гуфтам:
− Меравам!!!
... Саҳар хешон ва ҳамсояҳо, ҷӯраҳои амакам барои гусел омаданд. Акаи Абдухолиқ аз ҳама пеш ҷомадону халтаҳоро бурда, ба бордони мошинаш ниҳод. Ҳамин ки падарам ба мо фотиҳаи poҳ дод, вай ҳавобаландона дари қафои мошинро кушода, ба соаташ нигарист. Ман хаёл кардам, ки ҳозиир ӯ боз
«Ҳар дақиқа пул аст» мегӯяд. Не, ин гапро ба забон наовард. Лекин як ба ману як ба шишаи пайвандии мошинаш нигаристу ғурунгос зад:
− Ту чӣ хода барин рост истодаи? Рав, барои говҳо алаф биёр!
Ман бо нафрат рӯй тофтам. Падарам бо сурфаи маънидорона гулӯ равшан кард.
− Наим ҳамроҳи ман меравад, − гуфт амакам ва бо ришханд афзуд: − Ҷонат халос шуд...
− Мон, ака-е, ин дарди ҳаринаро куҷо мебарӣ? − нописандона луқма партофт Абдухолиқ. − Аз ин гӯсола ҳеҷ кас обрӯ намегирад...
− Мулло Наим, аввал ту бишин, − гуфт амакам ва даст ба китфам ниҳода бо мулоимат афзуд: −
Натарс, аз ту пул намегирад...
− Туф кардам дар мошинаш! − худро ба қафо кашидам.
Ҳозирон музтар монданд. Акаи Абдухолиқ гӯё ба мақсадаш расида бошад, баланд хандид. Модарам
«ҳазл кард, хафа нашав» гуфт. Вале падарам коҳишомез пичиррос зад:
− Ғунда барин боз заҳрата чакондӣ-а?.. Хайр, ба мошини Абдулло савор шавед...
− Бишин, ака-е, ба умеди ин фисин аз роҳ мемонӣ, − бо ситеза гуфт акаи Абдухолиқ. − Савор нашавад, садқаи cap. Ба ҷояш як каси дигарро шинонда, ду сӯм мегирам.
Ӯ намоишкорона паси рул нишаста моторро ба кор даровард.
− Ман, ошно, дар ҳамроҳӣ ягон бор ғадр накардаам, − ҳазломез, вале таҳдор гуфт амакам. − Бахтат тофт, Абдухолиқ, боз ду сӯми дигар меёбӣ...
Амакам рафта дари мошини Абдуллои ҷӯраашро кушод. Баъзеҳо паси cap хорида, нешханд заданд.
Ана ҳамин лаҳза гӯё кӯҳе аз сари китфам афтода бошад, дар вуҷудам як сабукии роҳатоварро ҳис кардам ва осуда нафас кашидам. Ба гӯшаи чашм дидам, ки ранги рӯйи акаи Абдухолиқ якбора парид. Вай ноилоҷ аз мошин фуромад ва гӯё хунук хӯрда бошад, дастҳояшро бо ҳам молида-молида назди амакам омаду қоматашро хам карда ба кабина cap халонд ва ба илтиҷо даромад. Амакам марди яклухт буданашро ҳамон ҷо исбот кард: аз мошини Абдулло нафуромад. Сипас акаи Абдухолиқ ночор худаш ҷомадону халтаҳои моро оварда ба бордони мошини Абдулло монд.
Аз тамошои ин манзара дилам хело таскин ёфт. Акаи Абдухолиқ аз ғазабу алам хайру хушро ба амакам нася монда, ба мошинаш нишаст ва ончунон гази онро зер кард, ки нолиши мошин ба осмон печид ва аз тутааш дуди ғализ фағона зада, ҳама ҷоро пахш кард.
− Димоғи Абдухолиқ сӯхт, − луқма партофт Абдулло ва мошинро ба роҳ даровард. − Вақтҳои охир назарбаланд, бодӣ шудааст...
− Дуд аз димоғаш баромад, − шакарханде ба лаб гуфт амакам ва маънидорона афзуд: − Ҳоли одами бодӣ ҳамин...
Аз ин гап ҳам дилам об хӯрд.
\\\*
Бегоҳӣ бо дили хиҷил дипломатамро гирифта ба ҳавлӣ баромадам. Амакам дар сояи тут нишаста, рӯзномаеро мутолиа мекард, ҳамсараш ба мурғҳо дон медод, бачаҳо аз боғ барои гӯсфандон алаф медаравиданд.
− Раҳакӣ шудӣ? − пурсид амакам ва даме пешониашро палмосид. – Як гап мегӯям, фаромӯш накун: дари донишгоҳ ба рӯи ҳама кушода аст. Ҳар кас, ки дониш дошта бошад, дохил мешавад... Лекин дар тӯли панҷ сол на ҳар кас аз ғалбери донишгоҳ мегузарад. – Ӯ саволомез ба рӯям зеҳн монд. − Гапамро фаҳмидӣ? Одамиву ноодамӣ ҳам дар донишгоҳ бештар маълум мегардад... Ҳоло худатро донишҷӯ ҳисоб накун. Дар пеш бедорхобиву ҷонкоҳонӣ ва санҷишу имтиҳонҳои зиёд ҳаст...
Янгаам омада ба пояи хавоза такя кард ва маънидорона ба чеҳраи ҷиддии шавҳараш нигарист. Ман бори аввал ба рӯи онҳо зеҳн мондам. Аҷиб, гӯё хоки ҳардуро аз як ҷо гирифта бошанд. Дар зоҳир ва гуфтору рафторашон низ як монандие ба чашм мерасад.
− Ғам нахӯр, додар, амакат воҳима мекунад... Одам ҷон коҳонад, аз сари сидқ меҳнат бикунад, ба мақсад мерасад... Дилам аз ту пур, − ҳангоми хайру хуш маро таскин дод ӯ.
Ҳар қадар аз ҳавлӣ дур ва ба истгоҳ наздик мешудам, диламро ҳаяҷони дардолуде фаро мегирифт.
Зеро ҳоло дарёфтам, ки амакам бо ин суханҳояш он кафолатро, ки то имрӯз барои тарбияи ман ба зимма дошт, бар дӯши худам вогузошт. Аз ин чиз дар вуҷудам ҳаросе ҳис кардам. Охир, амакам гӯё мухлис буду ман бозигар. Ба эътимоди чунин мухлиси сахтгиру ғамхор сазовор бояд шуд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё